Перейти к содержимому

Вақте яманиҳо паҳподи пешрафтаи Омрикоро сарнагун мекунанд

Сарнагунии ҳавопаймои пешрафтаи бидуни сарнишини омрикоӣ тавассути Ҳусиҳои Яман, руъбу ваҳшатро дар миёни омрикоиҳо ва ҳамчунин эътилофи саудӣ-аморотӣ эҷод кардааст; чаро ки ин амал, паёми бисёр пураҳаммият барои онҳост бо ин мазмун, ки Яман дигар Ямани пешина нест ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ дигар наметавонанд дар он озодона амал кунанд.

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Ғофилгириҳои такондиҳанда ва нохушоянд барои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва ҳампаймононаш дар шибҳиҷазираи арабӣ ва минтақаи халиҷи Форс — баъд аз ворид кардани талафот ба 6 нафткаш, тавқифи як нафткаши ангилисӣ, ҳамалоти паҳподҳои яманӣ ба майдони нафтии “Ашшайба” дар минтақаи Рубъул-холӣ ва ихтилол дар парвозҳои фурудгоҳҳои Абҳо, Ҷизон ва Наҷрон дар Арабистони Саудӣ — идома дорад.

Давлати Омрико ба муваффақияти падофанди ҳавоии артиши Яман дар соқит кардани як паҳподи омрикоӣ аз навъи MQ-9 дар осмонҳои устони Зимор дар ҷануби шарқи Санъо, эътироф кардааст.

Яҳё Сариъ, сухангӯи расмии Вазорати дифои Яман, таъкид кард, ки мушаки истифодашуда дар соқит кардани ин паҳподи пешрафтаи омрикоӣ (дуввумин паҳподе, ки дар осмони Яман аз моҳи июн мунҳадим шудааст), бумӣ аст, ки ба зудӣ тайи конфронси матбуотӣ, аз он рӯнамоӣ хоҳад шуд.

* * *

Ин як таҳаввули то ҳудуди бисёр зиёде хатарнок аст ва руъбу ваҳшатро на танҳо дар миёни омрикоиҳо, балки ҳамчунин дар миёни эътилофи саудӣ-аморотӣ эҷод хоҳад кард; чаро ки дарбардорандаи паёми бисёр пураҳаммият барои нахустин бор ба тамоми ин тарафҳост бо ин мазмун, ки осмони Яман дигар амн нест ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ наметавонанд мисли собиқ ҳамон гуна ки мехостанд, дар он парвоз кунанд.

Афзун бар 10 сол буд, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Омрико бо озодӣ дар осмони Яман гаштзанӣ мекарданд ва яманиҳои бегуноҳро ба баҳонаи мубориза бо гурӯҳи Алқоъида мекуштанд. Дар ҳоле, ки Алқоъида дар устонҳои ҷанубии Яман ҳузури бисёр камранге дорад, пас барои чӣ далеле ин ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ дар осмони устони Зимор, ки наздик ба пойтахт (Санъо) аст, ҳузур доранд?!

Ҳузури ин ҳавопаймои омрикоӣ, бо ҳар тавҷеҳе, ки бошад, нақзи ҳокимияти Яман талаққӣ мешавад ва ҳеч робитае бо ҷанг алайҳи Алқоъида надорад ва балки бо ҳадафи ҷамъоварии иттилоот дар бораи артиши Яман (вобаста ба ҷунбиши Ансоруллоҳ (Ҳусиҳо)) ва ба нафъи эътилофи саудӣ-аморотӣ анҷом мегирад, ки ба баҳонаи бозгардондани машрӯияте, ки дигар вуҷуд надорад, вориди ҷанг алайҳи Яман шудааст.

Фаромӯш намекунам, ки як ронандаи яманӣ аз аҳолии устони Абян, дар номае, аз ман хост, ки тазминҳое аз Кунгура ё давлати Омрико барои ӯ бигирам, ки мисли дигар ҳамкоронаш бо мушакҳои паҳподҳо кушта нашавад. Ӯ таъкид карда буд, ки узви Алқоъида ё ҳеч гурӯҳе нест ва тамоми талошаш ин аст, ки луқмаи ноне пайдо кунад ва ба кӯдаконаш бирасонад. Вале мутаассифона натавонистам дархости ӯро амалӣ кунам.

Фармондеҳи марказии Омрико баёнияе содир кард ва дар ин амалиёт Эронро муттаҳам кард ва муддаӣ шуд, ки иқдомоти Эрон дар ҳимоят аз ҷунбиши Ансоруллоҳ, таҳдиде алайҳи субот дар минтақа будааст! Оё Омрико метавонад коре бештар аз эътилофи саудӣ-аморотӣ анҷом диҳад? Дар ҳоле ки ин эътилоф ба ҳеч як аз аҳдофи худ дар Яман даст наёфтааст. Омрико ҳатто аз соқит кардани мушаке, ки Эрон ба самти паҳподи онҳо шиллик карда буд, оҷиз монд ва ҳатто натавонист аз нафткаши ҳампаймони ангилисиаш муҳофизат кунад ва ҷилави тавқифи он тавассути Эрон ва ё интиқолаш ба Бандар Аббосро бигирад?

Таҳдидҳои Омрико — чӣ дар Яман ё минтақаи халиҷи Форс — дигар ҳеч касеро наметарсонад. Афзун бар ин, ин таҳдидҳо нигаронӣ, ваҳшат ва адами тавоноӣ барои контроли авзоъ ва таҳаввулоти онро бозтоб медиҳад. Ҳамчунин, “Эронҳаросӣ”, ки давлати Омрико аз он ба унвони баҳонае барои сарпӯш гузоштан ба сиёсатҳои боҷхоҳонаи худ дар минтақа ва низ барои тавҷеҳи таниш ва иқдомоти таҳрикомез истифода мекунад, дигар самарбахш нест.

* * *

Ба таври хулоса, Омрико дигар ҳеч касеро, ба истиснои муттаҳидонаш дар минтақаи халиҷи Форс, наметарсонад, вале душманони Омрико (яъне Меҳвари муқовимат) на танҳо аз ӯ наметарсанд, балки таҳдиде алайҳи ӯ ба вуҷуд меоваранд ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишину гаронқимати ӯ (беш аз 200 милюн дулор)-ро бо мушакҳое, ки арзиши чанд ҳазор дулорӣ доранд, соқит мекунанд; амре, ки зарбае шадид ба санойеъи низомии Омрико эҷод мекунад ва уфти коромадӣ ва асарбахшии онҳоро бармало месозад.

Яҳё Сариъ (сухангӯи артиши Яман) аз ғофилгириҳои баъдӣ сухан гуфт, ки қатъан барои Омрико ва ҳампаймононаш дар Яман ва чи басо дар минтақаи халиҷи Форс ва низ дар дарёи Сурх нохушоянд аст. Ҳусиҳо агар сухане бигӯянд, онро амалӣ мекунанд, ва агар таҳдиде кунанд, онро иҷро мекунанд; ҳамла ба майдони нафтии Ашшайба ва қабл аз он, ба хатти лӯлаҳои нафтии шарқу ғарб дар Арабистони Саудӣ ва ҳамчунин соқит кардани ҳавопаймои бидуни сарнишини омрикоӣ дар субҳи рӯзи чаҳоршанбе (дирӯз), яке аз боризтарин шавоҳид аст ва чи басо бузургтарин шоҳид, пинҳон бошад.

Як масали арабӣ ҳаст, ки мегӯяд: “Агар дар як сарзамин борон биборад, ба сарзаминҳои дигар ҳам муждаи борон диҳед!” Баъид нест, ки мушакҳои Ансоруллоҳ, ки паҳподи омрикоиро сарнагун кард, ба ҷунбишҳои Ҳамос ва Чиҳод дар Фаластин ва Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва Ҳашдуш-шаъбӣ дар Ироқ ҳам бирасад. Албатта агар то алъон нарасида бошад.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: