Перейти к содержимому

Ривояти ҷадиди миллигароёни ҳинду дар бораи ориётаборон

Тибқи ривояти ҷадиде, ки носиюнолистҳои ҳинду ва давлати ростгарои Норендро Мудӣ — нахуствазири кунунии Ҳинд — ироа мекунад, сарзамин ва сукунатгоҳи аввалияи ориёиҳо Ҳинд буд, аз онҷо ба фалоти Эрон рафтанд ва баъд ҳам ба Урупо.

Ҳамидризо Ҷалоипур, ҷомеашинос ва устоди донишгоҳ

Ба қалами Ҳамидризо Ҷалоипур, ҷомеашинос ва устоди донишгоҳ

Ронандаи токсӣ ҳиндӣ буд ва сареъ сари сӯҳбатро боз кард:

— Куҷоӣ ҳастӣ?

— Эронӣ…

— Чӣ олӣ… Шумо писарамуи кучаки мо ҳастед!

— Бибахшед?!

— Ҳар ду ориёӣ ҳастем, магар дар мадраса ёдат надодаанд?

— Оҳон! Чаро…

— Хуб ориёиҳо аз Ҳинд муҳоҷират карданд ба Эрон ва баъд ҳам ба Урупо.

— Ҷиддӣ? На, ба мо ин тавр нагуфтанд…

— На, ҳамин тавр аст… Медонистӣ ориёӣ яъне шариф?

* * *

Бале! Тибқи ривояти ҷадиде, ки носиюнолистҳои ҳинду ва давлати ростгарои Норендро Мудӣ, нахуствазири кунунии Ҳинд ироа мекунад, сарзамин ва сукунатгоҳи аввалияи ориёиҳо Ҳинд буд, аз онҷо ба фалоти Эрон рафтанд ва баъд ҳам ба Урупо.

Часпидан ба табори ориёӣ, дар бисёре аз ҷомеаҳои ҷаҳон дар ду садаи гузашта камубеш роиҷ будааст; дар Ангилистон, Фаронса, Русия, Туркия, Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва албатта Олмон. Имрӯз аммо баҳс дар бораи табори ориёӣ, дар Ҳинд аз ҳамаҷо доғтару печидатар аст. Сари ин ки чӣ касе ориёист, ориёиҳо аз куҷо ва чӣ тавр омаданд ва табори ориёӣ чӣ маъное барои ҳувияти миллӣ ва сарнавишти сиёсии Ҳинд дорад, даъвост.

Достони роиҷро (ки дар китобҳои дарсии таърих ҳам ба он ишора мешавад) эҳтимолан медонед: ин ки ориёиҳое буданд ва он ориёиҳо аз сукунатгоҳи аввалияашон, он болоҳои Осиё, муҳоҷират карданд. Шохае роҳашро самти Урупо каҷ кард ва шохаи дигар самти фалоти Эрон ва баъд Ҳинд. Ин фарзияро Мокс Мулер, забондон ва ҳиндшиноси олмонӣ, ки аз қазо бештари умрашро дар Бритониё гузаронд, ҳудуди 170 сол пеш матраҳ кард. Албатта Ҳинд холӣ аз сакана набуд. Ба назари Мулер, муҳоҷирони ориёӣ — ки пӯсте равшантар доштанд — ҷанговар ва мусаллаҳ буданд ва барои ҳамин тавонистанд сокинони бумии Ҳиндро, ки пӯсте тиратар доштанд шикаст диҳанд. Ориёиҳои фотеҳ, Ведоҳо — нахустин адабиёти ҳиндуурупоӣ -ро халқ карданд ва ойини ҳиндуро парвариш доданд. Ҳадси Мулер ин буд, ки сокинони бумии Ҳинд ҳамонҳое буданд, ки дар “Ригведо” аз онҳо бо номи “досо-верно” ёд мешавад. Ориёиҳои ғолиб низоми табақотии Ҳиндро бапо карданд, бумиёни мағлубро дар қаъри рутбабандӣ қарор доданд ва онҳоро наҷис хонданд. Фарз мешавад, ки ин сокинони бумӣ “дровидиҳо” ҳастанд, ки бо фишори ориёиҳо бештар ба ҷануби шибҳиқорра ронда шуданд.

Аз ҳаминҷо даъво оғоз шуд. Ҳар касе ба суди барномаи сиёсии худ бо ин фарзия каланҷор мерафт. Урупо саргарми нозидан ба табори тозакашфшудаи ориёиаш шуда буд ва ба суръат дошт ориёиро ба як мафҳуми нажодӣ табдил мекард; нажоде, ки муддаӣ буд вежагиҳои зистшинохтӣ ва тамаддунии бартаре дорад ва чорае надорад ҷуз сарварии абнои башар. Мокс Мулер исрор дошт, ки фарзияаш иддаое дар бораи тафовути нажодии ориёиҳо бо сокинони бумӣ надорад ва онҳо танҳо ба ду забони мухталиф сухан мегуфтанд. Албатта чунин набуд ва ӯ дар навиштаҳо ва ҳарфҳояш диққати кофӣ дар тафкики забон аз нажод надошт.

Фарзияи муҳоҷирати ориёиҳо вокунишҳои мутафовит ва гоҳ мутазодде миёни истеъморгарони ангилисӣ барангехт. Аз як тараф мехостанд ба ин ифтихор кунанд, ки тамаддуни азими бостонии Ҳиндро ориёиҳо бино кардаанд, ва аз тарафи дигар намехостанд қавму хеши ҳиндиҳои сабзаву тира ва ақибмонда бишаванд. (Барои ангилисиҳои рангпарида ҳатто ҳиндиҳои ориёии шимолнишин, ки пӯсти равшантаре доштанд ҳам тира ва қаҳваӣ маҳсуб мешуданд. Чора ин буд, ки назарияро дасткорӣ кунанд: ҳиндиҳо ориёии холис набуданд, имтизоҷу издивоҷ бо фарҳанги бумӣ онҳоро аз сироти мустақими ориёӣ мунҳариф карда буд.) Дар айни ҳол, нажодпарастони урупоӣ мушкиле бо ин бахш аз фарзия надоштанд, ки ориёиҳо қавми муҳоҷим буданд ва бо ҷангу зӯр тавонистанд дар Ҳинд сокин шаванд. Баръакс, ин нишондиҳандаи бартарии низомии ин нажод дар тӯли таърих ва тавҷеҳкунандаи майли ҷаҳонгушоии урупоиҳо буд.

Бисёре аз ҳиндиҳо аз идеяи табори ориёӣ истиқбол карданд. Тасаввури хешовандӣ бо ишғолгарони бритониёӣ ба бархе аз равшанфикрони ҳиндӣ иззати нафс медод, ингор, ки метавонистанд худро саре миёни сарҳои урупоӣ бишуморанд. Кришно Биҳорӣ Сен аз “бародарии ориёӣ” (байни ҳиндиҳо ва мустаъмарачиҳо) сухан мегуфт ва бародараш, Кишоб Чондро Сен, омадани ангилисиҳо ба Ҳиндро “дидори писарамуҳои аз ҳам дурафтода” мехонд. Барои бархе истеъморгарони бритониёӣ ин як фурсат буд: фарзияи ориёӣ будани ҳиндиҳо кӯмак мекард, то ҳокимияташонро дар Ҳинд машрӯъ ҷилва диҳанд: хешовандони дур омадаанд, то авзоъи ошуфтаи хонаводаро сомон диҳанд! Барои бархе дигар аз истеъморгарон ин фарзия метавонист авоқиби хатарноке дошта бошад: намешуд ба роҳатӣ тавҷеҳ кард, ки бародар бар бародар фармонравоӣ кунад.

Ҳамин ҳам шуд. Миҳанпарастони аввалияи ҳиндӣ — ки ағлаб аз болои низоми табақотии Ҳинд буданд — аз идеяи ориёӣ барои бозтаърифи таърих ва ҳувияти ҳиндӣ ва мубориза бо истеъмори Ангилис баҳра бурданд. Равшанфикру муаррихи ҳиндӣ, Роҷниконто Гупто китоби “Кирдорҳои шукӯҳманди ориёиҳо”-ро нигошт ва мардонагӣ ва ҷанговарӣ ва шуҷоати низомиашонро сутуд. Ҳатто ҷунбишҳои ислоҳи динӣ — назири Ориё Самоҷ — ба фазоилу мароми ориёӣ барои дамидани руҳияи таҳаввул дар ҷомеа истинод мекарданд. Фарзи ин ки ҳиндуҳо аз нажоди бартари ориёӣ ҳастанд, пазируфта шуда буд.

Ва албатта буданд касоне, ки аз ин оби гилолуд мехостанд моҳии мутафовите бигиранд. Якеашон Руберт Колдвел (Robert Caldwell), шарқшинос ва мубаллиғи табширӣ буд, ки рӯи фарҳангу забони дровидиҳои ҷануби Ҳинд мутолеа мекард. Колдвел аз ғайриятсозии фарзияи ориёӣ ва низоми табақотии мунтасаб ба он барои таблиғи масеҳият баҳра бурд; дине, ки муддаӣ буд метавонад баробарӣ ва бародариро барои мардумони ронда ва саркӯбшуда ба армуғон оварад. Суханони Колдвел базрҳои фикрии ҷунбиши носиюнолистии дровидиро дар шибҳиқорра кошт. Раҳбарони аввалияи ин ҷунбиш, назири Пирёр Ромосомӣ, хостори ҷудоӣ ва ташкили давлати мустақилли дровидӣ буданд. Фарзияи табори ориёӣ барои дровидиҳо ба абзоре барои таърифи ҳувияти мустақил ва муқовимат дар баробари табъиз табдил шуд. Ин рӯзҳо баъзе аз дровидиҳо ҳатто нишони “ғайриорёӣ”-ро бо ифтихор рӯи остинашон мезананд.

Дар остонаи истиқлоли Ҳинд, гароиши носиюнолистии мубтанӣ бар хуни ориё ва дини ҳинду камранг шуд. Раҳбарони ҷунбиши истиқлол — Гондӣ ва Неҳру — аз идеяи носиюнолизми секулор ва мубтанӣ бар сарзамин дифоъ мекарданд: ин хок мутаъаллиқ ба ҳамаи сокинонаш — чӣ ориёӣ ва чӣ дровидӣ, чӣ ҳинду ва чӣ мусалмон — буд. Аз назари носиюнолистҳои ҳинду чунин идеяе хатарнок буд ва бояд бо он муқобила мешуд. Гондӣ терур шуд. Қотилаш узви RSS буд; созмоне, ки падархондаи ҳизби ҳокими кунунӣ, Баҳоротиё Ҷоното аст. Ҳоло баъзе аз аъзои ҳизб аз қотили Гондӣ ба унвони шаҳиди миҳанпараст ном мебаранд ва ҳатто муҷассамаашро мехоҳанд насб кунанд.

Муноқиша бар сари таъриху табор пас аз истиқлол ҳамчунон идома ёфт. Фарзияи муҳоҷирати ориёӣ ба дарди саре барои ҳифзи ҳамбастагии иҷтимоӣ ва сиёсии Ҳинд табдил шуд. Соҳибони аслӣ ва ворисони ҳақиқии Ҳинд чӣ касоне ҳастанд? Чӣ касе ҳаққи обу гил бар ин сарзамин дорад? Ин пурсиш ба ғоят сиёсӣ аст ва посухаш марзҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар ин кишварро таъриф мекунад. Фарзияи ориёӣ аз ҳуҷуми як қавм ҳикоят дошт, ки сарзамини Ҳиндро ишғол карданд: чӣ фарқе аст миёни ҳуҷуми ориёиҳо бо ҳуҷуми муғулҳо ва ё ҳатто ишғолгарии ангилисиҳо? Насли ҷадиди муаррихони чапгаро, назири Румило Топор, бо истинод ба шавоҳиди бостоншиносӣ талош карданд, то ривояти тозае ироа кунанд, ки аз муҳоҷирати мусолиматомези ориёиҳо ва даромехтан ва яке шудани тадриҷӣ бо сокинони бумӣ сухан мегуфт.

Чунин ривояте хаёли носиюнолистҳои ҳиндуро осуда намекунад. Ҳиндӣ будан барои онҳо мутародифи бумӣ будан аст, агар касе аз табори пайравони ойинҳои ориёии тавлиди дохил бошад, ҳиндӣ аст. Бақияи кешҳо — ислому масеҳият — бегонаанд ва набояд ҷойе дар ин сарзамин дошта бошанд. Аммо агар ориёиҳо муҳоҷир бошанд, дину фарҳангашон ҳам воридотӣ мешавад; ва ин бо барномаи ҳувиятсозии носиюнолистҳои ҳинду намехонад. Дар ин мавоқеъ бознависии таърих соддатар аз бознигарии барнома аст: аслан кӣ гуфта ориёиҳо ба Ҳинд муҳоҷират карданд? Баръакс, аз Ҳинд буд, ки ориёиҳо ба Эрону Урупо рафтанд. Барои бознависии таърих аввал аз ҳама бояд суроғи китобҳои дарсӣ рафт; коре, ки ҳизби Мудӣ, ба маҳзи расидан ба қудрат, оғозаш кард.

Ҳудуди ду сол пеш давлати Мудӣ хеле бесару садо дастури ташкили кумитае аз муаррихони худӣ дод, то даври ҳам биншинанд ва собит кунанд, ки ориёиҳо баччаи маҳал будаанд; сокинони бумӣ ва асили Ҳинд. Муаррихони худӣ ба суроғи бозтафсири мутуни ведоӣ рафтанд ва истидлол карданд, ки ин мутун ҳикоятгари вақойеъи таърихианд ва на достонҳои устураӣ. Давраи пешоисломӣ “асри тилоии Ҳинд” хонда шуд ва он вақт ифтихорот пушти сари ҳам радиф шуд: ҳиндиҳои бостон мухтареъи ҳавопаймо буданд, бо фанноварии селлулҳои бунёдӣ ошно буданд ва ҳатто интернет доштанд! Носиюнолистҳои ҳинду васваса шуданд, то аз шавоҳиди женетикӣ барои собит кардани иддао истифода кунанд. Мунтаҳо, аз бахти бадашон, ҳамон мавқеъ натоиҷи тозатарин пажӯҳиши женетикӣ бо ҳамкории ҳудуди 90 мутахассис аз донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳон мунташир шуд, ки фарзияи муҳоҷирати маъкус аз Ҳиндро рад мекард. Бархе мухолифон бо хушхаёлӣ интизор доштанд, ки ин пажӯҳиш ба шикасти Мудӣ ва ҳизбаш дар интихоботи ахири Ҳинд бианҷомад. Аммо чунин нашуд.

Баъид аст, ки бо радёбии женҳо муноқишаи ориёӣ дар Ҳинд файсала пайдо кунад. Аҷзои достони ориёӣ дар таърихи муосири Ҳинд борҳо иваз шуда ва ҳар касе бо баҳона ва барномае ба навъе ривояташ карда, аммо мавзӯъи достон собит мондааст. Ва ин миён хӯрдаривоятҳое ҳам дар ҳошия парваронда шудаанд. Масалан, куҷои дунё мешавад дар мутуни дарсии дабиристон тасвири мусбате аз Ҳитлер ироа кард ва китобашро дар сарфасли омӯзишӣ барои донишҷӯёни риштаи мудирият пешниҳод кард? Таъаҷҷуб накунед агар ин рӯзҳо тасвири Тромпро ҳам бо холи қирмизӣ рӯи пешонӣ дидед. Ӯ низ яке аз чеҳраҳои маҳбуб барои бархе аз носиюнолистҳои ҳинду аст.

Тасвире хаёлӣ аз ориёиҳои аввалия дар Ҳинд, ки ағлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба даст мешавад.

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: