Перейти к содержимому

Руҳонӣ: “Дар баробари зӯр, бояд зӯр буд!” (видео)

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар маросими рӯнамоӣ аз сомонаи падофанди “Бовар-373” гуфт: “Ҳоло ки душмани мо мантиқро намепазирад, дар баробари зӯр бояд қудрат дошт.”

Ба гузориши Iribnews, Руҳонӣ дар ин маросим афзуд: “Дӯстони худи Омрико ҳам имрӯз ҳарфи Омрикоро намепазиранд ва қабул надоранд. Олмон, Ангилис, Фаронса ва Конодо ҳам қабул надоранд ва Русия ва Чин ҳам ба тариқи авло.”

Вай гуфт: “Тафаккури инҳо ин аст, ки тамоми заминҳои оламро бигиранд ё бихаранд. Ахиран пешниҳод доданд ҷазираи азиму бузургро болои Донморк (Дания) бихаранд ё ба зӯр бигиранд. Тафаккурашон ин аст, ки оламро ба зӯр мегирем ва ё мехарем.”

Руҳонӣ таъкид кард: “Эътиқоди мо бар ин аст, ки имрӯз мо дар рӯзгоре зиндагӣ мекунем, ки ҳамаи миллатҳо соҳиби эҳтиром ҳастанд. Мо бояд ба ҳуқуқи ҳамаи миллатҳо ва мардум дар минтақа ва хориҷи минтақа эҳтиром бигузорем. Мо мӯътақидем, ки дар ҳар кишваре мардуми он кишвар ҳокими он кишвар ҳастанд ва на ҳеч каси дигар.”

Раисиҷумҳури Эрон афзуд: “Мабнои мо раъю назари мардум аст на танҳо дар дохили кишварамон, балки ҳамаи ҷои дунё, мабнои мо раъю назари мардум аст.”

Руҳонӣ гуфт: “Мо имрӯз мувоҷеҳ ҳастем бо кишварҳое, ки ин мабониро қабул надоранд. Мумкин аст бо забон бигӯянд демукросиро қабул доранд, аммо намепазиранд ва қабул надоранд.”

Вай афзуд: “Вақте мехоҳанд бираванд Афғонистонро бигиранд, аз мардуми Афғонистон намепурсанд. Ҳамин имрӯз ҳам, ки мегӯянд, ки дар Афғонистон бимонем ё намонем, аз мардуми Афғонистон иҷоза намегиранд. Дар Ироқ агар мехоҳанд пойгоҳ бизананд, аз мардуми Ироқ иҷоза намегиранд. Дар Сурия агар мехоҳанд мардумро бомбборон кунанд, аз давлати қонунии Сурия иҷоза намегиранд. Дар Яман агар куштор кунанд, бо иҷозаи мардум вориди фазои он кишвар намешаванд.”

Руҳонӣ гуфт: “Демукросиро қабул надоранд, назари мардумро қабул надоранд, як чиз барои онҳо матраҳ аст, ва он, манофеи Омрикост.”

Вай афзуд: “Мантиқи мо бо мантиқи Омрико намехонад. Ду мантиқ рӯ дар рӯи ҳам аст. Мушкили мо бо Омрико, мушкили иқтисодӣ ва сиёсӣ нест, мушкили истротежик ва ҷаҳонбинӣ аст, ки мутафовит аст, ва мо мӯътақидем, то замоне, ки дунё ба ин мантиқ барнагардад, амният барқарор намешавад.”

Раисиҷумҳури Эрон афзуд: “Амният вақте дар ҷаҳон барқарор мешавад, ки тамоми кишварҳо пойбанд ба ҳуқуқи кишварҳои дигар бошанд. Ҳамон тавр ки ба ҳуқуқи кишвари худашон пойбанд ҳастанд, ба манофеъи кишварҳои дигар мӯътақид бошанд, он вақт амният барқарор мешавад. Феълан ин дар ҳадди як орзуст.”

Руҳонӣ гуфт: “Ҳоло, ки инчунин аст, пас мо бояд дар тамоми заминаҳо қудратҳои худамонро басиҷ кунем. Ҳоло, ки душманони мо, ва ҳоло, ки тарафи муқобили мо мантиқро намепазирад, инҷо ҷое нест, ки дар баробари зӯр, мо бихоҳем бо мантиқ ҷавоб бидиҳем. Зӯр ҷавобаш мантиқ нест. Мантиқ дар баробари мантиқ, зӯр дар баробари зӯр!

Вай таъкид кард: “Вақте тараф аз зӯр мехоҳад истифода кунад, шумо бояд тамоми тавонатонро ба кор бигиред. Инҷо дигар мизи музокира ба дарди мо намехӯрад. Он ҷое, ки душман дорад аз ҳавопаймо, нови ҷангӣ, паҳпод ва мушак алайҳи мо истифода мекунад, он ҷо ҷое аст, ки мо бояд биравем дунболи қудрати низомии худамон.”

Ҳасани Руҳонӣ дар бораи сомонаи падофанди “Бовар-373”, бо ишора ба ин ки агар муқоисае миёни ин сомона ва сомонаи S-300 ва S-400 сурат гирад, афзуд: “Сомонаи “Бовар-373” сомонаест, ки аз S-300 қавитар ва ба S-400 бисёр наздиктар аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: