Перейти к содержимому

Дар баробари талоши бархе кишварҳо барои мусодираи Форобӣ чӣ кардаед?

9 ҳизби мустақил дар Эрон дар номае саргушода ба Вазорати мероси фарҳангии ин кишвар, дархост кардаанд, иқдомоте ҷиддӣ дар ростои ҷилавгирӣ аз мусодираи Форобӣ тавассути Туркия ва кишварҳои туркзабон анҷом бидиҳад.

Ба гузориши Исно, дар ин номаи саргушода омадааст:

Чанде пеш, “Хона-музеи Форобӣ” — файласуф ва донишманди бузурги эронӣ ва мулаққаб ба Муаллими сонӣ, тавассути Донишгоҳи миллии Форобии Қазоқистон ва шаҳрдории Истонбул ва бо ҳимояти Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон ва сафорати Қазоқистон дар Туркия, дар Истонбул ифтитоҳ шуд. Ин гушоиш дар ростои муносибати 1150-умин зодрӯзи ин донишманди барҷастаи фарорӯдӣ ва зодаи Суғд — минтақае куҳан дар Эронзамин, анҷом шуда, ки қарор аст дар соли 2020 тавассути ЮНЕСКО ҷашн гирифта шавад.

Аз он ҷое, ки пеш аз ин, иқдомҳои ғайрифарҳангӣ ва ноҳамоҳанг бо дигар кишварҳои баромада аз дили таъриху фарҳанги муштарак (Эронзамин) аз сӯи бархе кишварҳои минтақа сурат гирифт — монанди сабти “Мавлоно” ба дасти кишвари Туркия ё навишта шудани “Ибни Сино, ҳакими бузурги турк” зери тандисе аз донишманди бузурги эронӣ ё талош барои сабти ҷаҳонии “Низомии Ганҷавӣ” ва меросе чун “нигоргарии эронӣ” ва “тор” ва “чавгон” тавассути Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ташкили парвандаҳои сабти ҷаҳонии онҳо фақат ба номи он кишвар ва намунаҳои мушобеҳ ё ҳатто мавридҳои комилан эронӣ чун иқдоми кишвари Аморот барои аз они худ кардани ”бодгир” — ин нигарониро ба дурустӣ дар байни дӯстдорони Эрон ва кунишгарони фарҳангӣ эҷод кардааст, ки ҳадаф аз чунон ифтитоҳи фарҳангӣ ва фархундае, метавонад дастёбӣ ба ҳадафи сиёсӣ ва ғайрифарҳангӣ ва талоше ғайриилмӣ ва ҷоъилона барои таъмими ҳувияти имрӯзин ба гузашта ва мусодираи пешинаи фарҳангие бошад, ки аз они ҳамаи кишварҳои минтақа аст.

Сарзаминҳое, ки аз замони шаклгирии ҳувияти миллӣ ва фироқавмӣ ҳамвора “эронӣ” ва муттасиф ба фарҳанги куҳану фарогири он будаанд ва дар замони донишмандоне чун Форобӣ ҳамаи мутуни он ҳангом ва низ матнҳои пажӯҳишӣ ва муттакӣ бар “илми таърих” то ҳамин имрӯз, ононро вобастагони ин ҳавзаи тамаддунӣ ва фарҳангӣ медонанд ва фаромӯш накунем, ки на танҳо ҳувиятҳои миллии ӯзбакистонӣ, қазоқистонӣ, озарбойҷонӣ ва низ афғонистонӣ ва тоҷикистонӣ ҳама ҷадид ҳастанд, балки ҳувияти миллии туркияӣ ва турк низ “имрӯзӣ” ва марбут ба садаи ахир ҳастанд, ҳарчанд дар қомати қавми эронӣ ва ҳувияти қавмӣ пешинае дароз доранд ва аз ҳамон овони ҳузур дар таърих, дар доираи ҳувияти миллӣ ва саросарии эронӣ суратбандӣ мешуда ва ҳукуматҳои кучаку бузурги эрониро шакл медодаанд.

Аз ин рӯ ва аз он ҷое, ки дафтари фарҳангии шаҳрдории калоншаҳри Истонбул Форобиро “олими ҷаҳони турку ислом” муаррифӣ кардааст, мо — аҳзоби имзокунандаи баёнияи зер, аз риёсати Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва санойеъи дастӣ, ки он ниҳод дар остонаи пӯстандозӣ ва табдил ба вазоратхонаест, ки умедворем дар шаъни Эрони бузурги фарҳангӣ бошад, хоҳонем, ки барои рафъи ин нигаронӣ талошҳоеро, ки доштааст ва барномаҳоеро, ки дар назар дорад, анҷом диҳад, эълом кунад.

Агар кишварҳое дар минтақа, бар пояи таблиғоти сиёсӣ ё ҷиҳатгириҳои истеъморӣ ва Эронситезона, ки дар як садаи пеш ва бештар бар дасти қудратҳои истеъмории клосик шакл гирифтааст, аз номида шудани чунин мафохире ба эронӣ ҳарос доранд, оё дафтаре дар он созмон пайгири он аст?

Ҳол, ки ҷашни бузурги Наврӯз ба дасти ҳамаи ин кишварҳо ба расмият шинохта шудааст, дар гоми нахуст бикӯшед, ки бо ройзанӣ бо мақомоти кишварҳои ёдшуда, чунин ёдгорҳо ва мафохиреро ба номи “ҳавзаи фарҳангии Наврӯз” ба сабт бирасонад, то ихтилофҳо ва ҷудоиҳо камтар шавад.

Оё талоше барои нигориши таърихи дарсии муштараке миёни пажӯҳишгарони ин ҳавза дар ҳамаи ин кишварҳо дар ҷараён аст, то насли баъдӣ, фориғ аз ихтилофандозиҳои як садаи гузашта, шинохти дурустеро аз ҳувияти имрӯзини худ ва пайванди он бо ҳувияти муштараки куҳанаш дошта бошад?

Он созмон, чӣ пешниҳодҳоеро барои ошиносозии насли имрӯзи кишвар бо ин мафохиру осор дар барнома дошта ва дорад ва ба давлат пешниҳод кардааст?

Оё набояд монанди кишвари Тоҷикистон бикӯшем чеҳраи ин бузургонро бар пули миллии кишварамон бозтоб диҳем?

Ва оё созмони мутаваллии мероси кишвар нисбат ба ҳазфи тасвири Ҳаким Бӯалӣ Сино аз рӯи ҷилди дафтарчаҳои таъмини иҷтимоӣ, он ҳам дар ин ҳангомаи пурошӯб, вокунише нишон дод?

Инҳо ва бисёре пурсишҳои дигар, мунтазири посухи сареҳи мудирони муртабит ҳастанд.”

* * *

Ба гузориши Исно, 14 мурдод “Хона-музеи Форобӣ” — файласуф ва донишманди бузурги эронӣ, ба муносибати 1150-умин солгарди таваллуди ӯ дар Туркия ифтитоҳ шуд. Макони интихобшуда барои ин музе, дар маркази шаҳри туристии Истонбул ва дорои чанд бахш аст, ки ҳар кадом иттилооти мунҳасир ба фарде дар бораи мароҳили мухталифи зиндагӣ ва кори Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ — андешаманди бузурги эронӣ ироа медиҳанд, ки ба унвони муаллими дуввуми башарият (пас аз Арасту, ки муаллими аввал аст) шинохта мешавад.

Дар ойини ифтитоҳи ин хона-музе, Голим Мутонуф, раиси Донишгоҳи миллии Қазоқистон (Форобӣ) дар суханоне гуфт: “Эҷоди як хона-музеи мустақил барои Форобӣ дар Туркия, нуқтаи атфи муҳимми дигаре дар бештар шиносондани ганҷинаи фарҳанги туркӣ ва қазоқӣ аз тариқи мероси Форобӣ аст, ки нақше арзишманд дар таърихи тамаддуни башарӣ ифо кард.”

Ин суханон ҳушдор ва дилнигаронии зиёдеро аз сӯи дӯстдорон ва фаъолони мероси фарҳангӣ ва таъриху фарҳанги Эрон боис шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: