Перейти к содержимому

Демукросӣ равиш аст, на мактаб

(Посухи эроди яке аз дӯстони корбар дар ҳошияи мақолаи “Оё демукросӣ куфр ва аз ислом бегона аст?”)

Эрод:

Сайидюнус. Ассаламу алейкум. Мавзуи бисер дарозе навиштед ва лекин мафхуми асоси дар канор монда рафт.

Худ мегуед бояд ба маьно эьтибор дод ва лекин маьнои асосии демократияро наменависед. Демократия ин ба монанди калимаи конституция нест ки гирему истифода барем.

Демократия ин назар ба хает аст. Будани Худоро е набудани Уро демакратия асос намедонад балки инсон манбаи низом дар чомеа мегуяд.

Пас ин тавр бошад Худогуии мо, шариати исломи гуфтани кучо меравад? Магар озодие ки дар демократия аст мо онро кабул карда метавонем?

Нагуед ки ман демократияи гарбро гуфта истодаам. Демократия айнан аз гарб баромад. Ягон ояте хадисе дар бобати демократия биеред.

Суханони ибни Сино ва мувофикати Кардавиро наоред, зеро суханони онхо далели шарьи нестанд. Илова фарки байни шуро и исломи ва парлумони хозираро бифахмед.

* * *

Посух:

Ва алайкум салом. Комилан мутаваҷҷеҳи манзури шумо ҳастам, ва дар он мақола низ, тамаркузи банда рӯи маъно ва мазмун будааст, то шаклу сурат. Демукросӣ дар як калима ҳамон мардумсолорӣ аст ё “ҳокимияти мардум”, низоме бархоста аз хосту иродаи мардум.

Пештар ҳам, дар як ёддошт, ба шумо ваъда дода будам, ки дар фурсате муносиб, нукотеро дар ин мавзӯъ бароятон ёдовар мешавам, ки инак он фурсат даст дод. Ароизамро бо зикри чанд нукта бароятон баён медорам:

1) Аз матолибу ёддоштҳое, ки гоҳе ҷаноби шумо дар шабакаи иҷтимоӣ мекоред, комилан машҳуд аст, ки аз ҳаводорону пайравони Ҳизбут-таҳрир ҳастед, ва ин, ихтиёри шумост ва касе ҳаққи эътироз ба шуморо дар ин масъала надорад, ва банда аз қазо ин ҳизбро “теруристӣ” ва “ифротӣ” намедонам, ҳамон тавр ки бисёре аз ноогоҳон ин корро мекунанд, балки як гурӯҳи исломӣ бо тафсиру бардошти хосси худ аз ислом аст. Аммо бо ин ҳама, эродҳое ба он дорам, ки сирф илмӣ ҳастанд.

2) Яке аз эродҳои умда ба ин ҳизб, дар бардошту тафсири ӯ аз демукросӣ аст, ки гумон мекунад, демукросӣ як мактаби фикрӣ аст. Дар ҳоле, ки демукросӣ мактаб нест, балки як равиш аст, як равиши ҳукуматӣ аст, ки пайравони ҳар мактаби сиёсие метавонанд аз ин равиш баҳра гиранд. Мактаб мисли мактаби либеролизм, мактаби кумунизм, мактаби носиюнолизм (миллигароӣ) ва аз ҷумла мактаби сиёсии ислом. Шумо зоҳиран демукросиро бо мактаби либеролизм иштибоҳ мегиред. Ҳоло яке ду мисол мезанам, то масъала бароятон комилан равшан бишавад. Агар Ҳитлер, ки ҳизбаш нозӣ ва тобеи мактаби носиюнолистӣ аст замоне ба сари қудрат расид, ба равиши демукросӣ буд. Ва ё имрӯза агар аҳзоби ростгаро ва носиюнолист дар ғарб пушти сари ҳам дар интихоботҳо пирӯз мешаванд, ба равиши демукросӣ меоянд. Агар исломгароён дар Туркия ва ё Миср сари қудрат расиданд, ба равиши демукросӣ будааст.

Асосан, худи мактабҳои фикрӣ равиши махсус ба худро надоранд. Як носиюнолист метавонад ба равиши зӯр қудратро бигирад, ҳамчунин ба равиши демукросӣ. Як кумунист низ ҳамин тавр. Дар инқилоби октябр Ленин мутавассил ба равиши зӯр шуда буд, дар Чин ҳам ҳамин тавр, аммо ҳамин кумунист метавонад мутавассил ба равиши демукросӣ бишавад чунонки дар Чилӣ замоне Соловодур Оленд пирӯз гардид, ки албатта сипас Пинучет бо кудето ӯро сарнагун кард.

Бинобар ин, низоми сиёсии исломро дар баробари демукросӣ қарор додан, бархоста аз ҳамин иштибоҳ аст. Низоми сиёсии ислом, дар баробари мактаби фикрии либеролизм, ё мактаби фикрии кумунизм ё носиюнолизм ва ё миллигароӣ ва ғайра қарор дорад, на дар баробари демукросӣ, ки як равиш аст, на як мактаб.

Агар дар баробари демукросӣ чизеро қарор бидиҳем, бояд “равишҳои расидан ба қудрат”-ро гузорем, мисли кудето масалан, на як низоми сиёсиро. Умедворам мутаваҷҷеҳи манзурам шудед. Инки Черчил мегӯяд: “Ойини демукросӣ бадтарин шакли ҳукумат аст, бо вуҷуди ин, аз тамоми ойинҳое, ки то кунун озмоиш шуда беҳтар аст.”, манзураш аз ойин ҳамон равиш аст, вагарна Черчил ба лиҳози фикрӣ як либероли ба тамоми маънои калима буд ва бешак онро “беҳтарин низоми фикрӣ-сиёсӣ” медонист. Ин сиёсатмадори коркушта комилан мефаҳмад чӣ мегӯяд вақте мегӯяд: “Ойини демукросӣ бадтарин шакли ҳукумат аст.” Ӯ медонад, ки гоҳе афроде мисли Ҳитлер ва Тромп, бо тавассул ба ҳамин равиш, қудратро қабза мекунанд, ки барои башарият як таҳдиди ҷиддӣ ҳастанд. Имрӯз дар ғарб, мутафаккирону назарияпардозони сиёсӣ пас аз пирӯзиҳои пушти сари ҳами ростгароён дар интихоботҳо, равиши демукросиро барои мактаби либеролизм як таҳдид мешуморанд ва ба дунболи ёфтани равишҳои ҷойгузин ҳастанд.

Бинобар ин, банда, он ҷо, ки аз демукросӣ гуфтаам, манзурам ин равиш аст, ки бо шӯрои мавриди назари ислом чандон фарқе надорад. Вақте нухбаҳои саҳоба шӯрое – ки аз он дар истилоҳ ба “ҳаллу ақд” таъбир мешавад – ташкил ва ин шӯро халифаро (ҳокимро) интихоб мекунад, хуб, ин равиш чӣ равише аст? Номашро ҳарчи гузоред, фарқе намекунад. Душманӣ бо порлумон ва “куфр” номидани он, воқеан аҷибу ғариб аст. Порлумон, дар моҳияту мазмун, чандон фарқе бо шӯро надорад, мунтаҳо шӯро доирааш тангтар аст ва порлумон васеътар. Тамоми ҳарфи банда дар он суханронӣ, ҳамин аст.

3) Нуктаи севвум, масъалаи “хосту иродаи мардум” аст. Банда (ҳоло чӣ ин ки касе бо ин дидгоҳ мухолиф бошад ё чӣ мувофиқ, коре ба он надорам) мӯътақидам, “хосту иродаи мардум” — ки имрӯза бо интихоботҳо ва раъйгириҳо мушаххас мешавад – меъёри аслӣ дар ба сари қудрат омадани гурӯҳ ё ҳизби муайяне дар як ҷомеа аст, аз ҷумла як ҷомеаи исломӣ. Ва банда инро бо омӯзаҳои исломӣ комилан созгор мебинам. Ҳазрати Паёмбар (с) то замоне ки хосту иродаи аксарият падид наомад, ҳукумат ташкил накарданд. Дар Мадина буд, ки пас аз падид омадани аксарият, он ҳазрат (с) ҳукумат ташкил намуданд. Аммо 13 сол қабл аз он, ки дар Макка ташриф доштанд, корашон фақат кори фарҳангӣ буд.

Ҳар ҳизбу гурӯҳе, ки ба ғайр аз ин равиш ба қудрат бирасад, ноком хоҳад буд. Агар як ҳизби исломӣ ва дар як ҷомеаи исломӣ, ба рағми хосту иродаи мардуми он ҷомеа, қудратро қабза кунад, ӯ на танҳо муваффақ нахоҳад гардид, балки чорае ҷуз ин надорад, ки ба навъе диктотурӣ ҳукумат кунад, ки ислом бо он мухолиф аст.

Инро ҳам арз кунам, ки дар шароити имрӯз ва дар як ҷомеаи исломӣ мисли Тоҷикистон, “хосту иродаи мардум” на танҳо хосту иродаи исломхоҳон аст, балки хосту иродаи кулли шаҳрвандони ҷомеа аст, чӣ мусалмон аст, чӣ ғайри мусалмон, чӣ исломхоҳ аст, чӣ секулор, чӣ атеист аст ва чӣ ғайри он. Аз ин рӯ, то замоне ки инчунин “хосту иродаи ҷамъӣ” ҳосил нашавад, ҳеч гурӯҳ ё ҳизбе ҳаққи ҳукуматро нахоҳад дошт. Ин назару қаноати банда аст ва дар изҳори он ҳеч таъоруфе ҳам бо касе надорам ва ба он мӯътақид ҳастам.

4) Нуктаи чаҳорум ва ахир, дар бораи ишораи шумо ба Шайх Қарзовӣ ва Ибни Синост. Аз инки мефармоед: “Суханони Ибни Сино ва мувофиқати Кардавиро наоред, зеро суханони онхо далели шарьи нестанд”, чунин бардошт мешавад, ки шумо дидгоҳи онҳоро бахусус Қарзовиро “ғайри шаръӣ” ва дар айни ҳол дидгоҳи масалан Набиҳонӣ (поягузори Ҳизбут-таҳрир)-ро “шаръӣ” мешуморед. Дар ҳоле, ки ҳам назари ӯ ва ҳам назари Набиҳонӣ ва ҳам назари ҳар касе дигар, инҳо ҳама бардошту тафсирҳои хоссе аз ислом ҳастанд, ва ҳеч кас ҳаққи мусодираро надорад. Чаро дидгоҳи Қарзовӣ “ғайри шаръӣ” будааст, дар ҳоле, ки ӯ низ ба унвони як муҷтаҳид ва фақеҳ, иҷтиҳоди худро кардааст, ҳоло ба назари шумо он иҷтиҳод масалан дуруст нест. Хуб, ба назари ӯ ҳам иҷтиҳоди амсоли Набиҳонӣ дуруст нест. Бояд мутаваҷҷеҳи ин матлаб буд, ки тамоми тафсиру бардоштҳо, тафсиру бардошт ҳастанд, ва фарқе байни бардошти ин муҷтаҳид бо он муҷтаҳид, дар ин ки ҳар ду бардошт ҳастанд, вуҷуд надорад. Ин як нуктаи бисёр муҳим аст, ки агар мо хуб онро фаҳму ҳазм намоем, хеле аз мушкилоти ҷаҳони ислом ва кашмакашҳои беҳуда роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: