Перейти к содержимому

Оё демукросӣ куфр ва аз ислом бегона аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар робита бо демукросӣ — ки як сохтори сиёсии хоссе аст ва имрӯза дар бисёре аз кишварҳо ҳамин сохтор роиҷ аст — вақте мусалмоне сухан ба миён оварад, ду гурӯҳ ҳастанд, ки мутаассифона бидуни огоҳии лозим, алайҳи ӯ изҳори назар мекунанд:

1) Гурӯҳе, ки худро мусалмони пойбанд ҳам мехонанд, мегӯянд: демукросӣ “куфр” аст, аз ислом нест, аз они ғарбиҳост, мутаъаллиқ ба фарҳанги сиёсии ғарб аст ва ҳоказо…

2) Гурӯҳе дигар, ки бо ислом чандон миёнаи хубе надоранд ва ба ҳар далел ба мусалмононе, ки аз сиёсат ҳарфе бизананд ва дар бораи сиёсат ва сиёсати исломӣ изҳори назар кунанд, метозанд ва хитоб ба онҳо – масалан наҳзатиҳо – мегӯянд: шумо вақте аз демукросӣ ҳарф мезанед, нифоқ мекунед, ва чун дар Урупо ҳастед, ин ҳарфҳоро мезанед, дар ҳоле ки ислом бо демукросӣ бегона аст ва ғайраву ҳоказо аз ин қабил ҳарфҳо…

Оё воқеан чунин аст?

Барои фаҳми дурусти ин масъала, ба нуктаҳое, ки ба тартиб оварда мешаванд, таваҷҷӯҳ бифармоед:

* * *

1) Вожа ва маъно:

Бештари ҷанҷолу кашмакашҳо дар ин мавзӯъ, лафзӣ ҳастанд, яъне таваҷҷӯҳ бештар ба лафзу вожа аст, то маъно ва мазмун. Ва ба сухани дигар, чун вожаи “демукросӣ” як вожаи юнонӣ аст, мегӯянд, ин бо ислом бегона аст ва дар манобеи динӣ наомада ва ҳарчи ҳам, ки дар сарчашмаҳои исломӣ бахусус Қуръону суннат наомада, пас бояд дураш рехт.

Ва ин дар ҳоле аст, ки муҳим, ин мазмуну маъност, на вожа. Вожа як чизи эътибории маҳз аст. Бинобар ин, ин ҷанҷолу кашмакашҳо дуруст кашмакаши чаҳор нафар дар бораи ангурро мемонад, ки Мавлоно дар Маснавияш оварда, ки:

Чор касро дод марде як дирам,

Он яке гуфт: ин ба ангуре диҳам.

Он яке дигар араб буд, гуфт: ло,

Ман инаб хоҳам на ангур, эй дағо!

Он яке турке буду гуфт: ин банум,

Ман намехоҳам инаб, хоҳам узум.

Он яке румӣ бигуфт: ин қилро

Тарк кун, хоҳем истофилро.

Дар танозуъ он нафар ҷангӣ шуданд,

Ки зи сирри номҳо ғофил буданд.

Мушт барҳам мезаданд аз аблаҳӣ,

Пур буданд аз ҷаҳлу аз дониш тиҳӣ

Одам бояд таваҷҷӯҳаш ба мазмуну маъно бошад, на лафзе, ки рӯи он маъно гузоштаанд. Дар робита бо демукросӣ ва нигоҳи ислом ба он низ, бояд дид, оё ин мазмун мавриди қабули шариати ислом ҳаст ё нест? Ҳоло номаш ҳарчи бошад, хоҳ аз он ба демукросӣ таъбир кунанд, хоҳ ба мардумсолорӣ, хоҳ ҳатто ба “шулдурмашӯрбо”, ин муҳим нест.

2) Назари Ибни Сино:

Пеш аз баррасии назари ислом дар бораи демукросӣ, бад нест аввал нигоҳе биандозем ба дидгоҳи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар ин мавзӯъ. Ибни Сино, дар робита бо сохтории сиёсии матлуб дар ҷомеа, назари хосси худашро дорад. Вай, дар чанд китобу рисолааш, дар ин мавзӯъ баҳс кардааст. Аз назари ӯ, низомҳои сиёсӣ панҷ қисманд, ки аз миёни ин панҷ сохтор, Ибни Сино фақат охириро яъне панҷумиро дуруст мешуморад ва меписандад ва барои чаҳор қисми аввал эродҳое дорад:

1) Низоми сиёсии ваҳдонӣ (худкома): Ибни Сино мегӯяд: “Ба ин далел ин ҳукуматро ваҳдонӣ меномем, ки раҳбари он аз ширкат додани ҳар кас дар мақому манзилати худ, худдорӣ меварзад.” (Аҳволун-нафс, с.69) Ҳадафи сиёсати ваҳдонӣ (худкома), ба таслими маҳз водоштани мардуми мадина (ҷомеа) аст.

2) Низоми сиёсии каромат: Дар ин навъ аз ҳукумат, ҳоким масолеҳи мардумро риоят мекунад, аммо на ба хотири ивази моддии хосс, балки барои ин ки онон дар таъзиму такрими ҳоким бикӯшанд. Ин низоми сиёсӣ ифтихорталаб аст ва дар он иззату ифтихори қавмӣ ва миҳанӣ бар ҳама чиз муқаддам аст. (Ҳамон манбаъ)

3) Низоми сиёсии фикрия: Ибни Сино ин низомро чунин таъриф мекунад: “Риёсати фикрия чунин аст, ки ҳоким сарватманд бошад ва раҳбарӣ ва тадбири умури дигаронро ба хотири сарваташ ба даст оварад, аммо бидуни он ки ҷанбаи зӯру ғалаба дошта бошад.” (Ҳамон манбаъ)

4) Низоми демукросӣ: Ибни Сино айнан вожаи “демукросӣ”-ро ба кор бурда ва дар таърифи ин низом мегӯяд: “Сиёсати демукросӣ он аст, ки ҳамаи аҳолии мадина (ҷомеа) дар муқобили қонун баробар ва аз ҳуқуқу каромати яксоне бархӯрдор бошанд… Дар ин низом касе наметавонад, ба ҷуз аз роҳи иҷмоъ ва иттифоқи назари ҳамагон, ба мақоми риёсат бирасад. Онон ҳар вақт бихоҳанд, метавонанд он раисро тағйир бидиҳанд.” (Шифо (Мантиқ), с.62) Ибни Сино мегӯяд: “Ҳадафи ниҳоии низоми демукросӣ озодӣ аст.” (Ҳамин манбаъ, с.83)

5) Низоми сиёсии суқротӣ (шоистасолорӣ): Дар ин низом, ҳоким сирфан ба далели шоистагие, ки дорад, ба мақоми риёсат расида; чаро ки бар вазъи сунану қавонин ва ё ҳифзу ҳиросати онҳо тавоноӣ дорад.

Низоми сиёсии матлуби Ибни Сино аз миёни ҳамаи низомҳои зикршуда, низоми суқротӣ аст.

(Ҳамон манбаъ)

* * *

3) Насс ва иҷтиҳод:

Нуктаи севвуме, ки лозим аст инҷо ба он ишора шавад ин аст, ки масоили шаръӣ дар як тақсимбандӣ, ба ду қисманд: порае аз онҳо, ҳам аслашон ба воситаи ваҳй баён шуда ва ҳам кайфият ва чигунагии татбиқашон, мисли намоз, рӯза, закот, ҳаҷ ва ғайра… Масалан, намоз, ҳам асли вуҷубаш ба ваҳй собит аст ва ҳам кайфият ва чигунагии анҷоми он, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд: “Ба ҳамон шакл намоз гузоред, ки мебинед ман анҷом медиҳам.” Дар ин гуна масоил, дигар иҷтиҳод ҷоиз нест, бояд дарбаст пойбанди фармони ваҳй буд.

Аммо порае дигар, масоиле ҳастанд, ки ҳарчанд аслашон ба воситаи ваҳй собит ҳастанд, аммо татбиқи онҳо вогузор ба худи уммат шудааст. Масъалаи кайфияти интихоби ҳоким дар ислом ва меконизми он, аз ин даста аст, ки дар нуктаи баъдӣ ба тафсил роҷеъ ба он баҳс мекунем:

* * *

4) Ҳукумат ва чигунагии интихоби ҳоким аз назари фақеҳони аҳли суннат:

Аввалин китобе, ки ҷанбаи ҳукуматӣ дорад, китоби “Хироҷ”-и Имом Абӯюсуф (вафотёфтаи 192 ҳ.қ) аст. Баъд аз Имом Абӯюсуф ва китоби мазкураш, касоне, ки дар ин мавзӯъ осоре падид овардаанд, баъзе аз он ба тартиби зайланд:

1) Яҳё ибни Одам (вафотёфтаи 203 ҳ.қ), соҳиби китоби “Хироҷ”;

2) Абдуллоҳ ибни Салом (вафотёфтаи 224 ҳ.қ.), соҳиби китоби “Амвол”;

3) Қудома ибни Ҷаъфар (вафотёфтаи 337 ҳ.қ.), соҳиби китоби “Хироҷ”;

4) Абӯумар ал-Кендӣ (вафотёфтаи 350 ҳ.қ.), соҳиби китоби “Вулот”;

5) Ҳилол ас-Собӣ (вафотёфтаи 448 ҳ.қ.), соҳиби китоби “Вузаро ва куттоб”;

6) Мовардӣ (вафотёфтаи 450 ҳ.қ.), соҳиби китоби “Аҳкоми султония”;

7) Абӯяъло (вафотёфтаи 458 ҳ.қ.), соҳиби китоби “Аҳкоми султония”;

8) Ибни Таботабо, соҳиби китоби “Одоби султония”;

9) Ибни Таймия (вафотёфтаи 728 ҳ.қ.), соҳиби китоби “Сиёса шаръия” (Алҳисба);

10) Ибни Қайим (вафотёфтаи 751 ҳ.қ.), соҳиби китоби “Сиёса шаръия”;

11) Ибни Халдун (вафотёфтаи 808 ҳ.қ.), соҳиби “Муқаддима”;

12) Миқризӣ (вафотёфтаи 845 ҳ.қ.), соҳиби китоби “Авзон ва микёл ва нуқуд исломия”;

13) Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (вафотёфтаи 853 ҳ.қ.), соҳиби китоби “Қузот”… ва ғайра…

Дар ин миён як фарқе ҳаст миёни назари шиъа ва аҳли суннат, ки бо ҳам дар ин масъала ихтилофи назар доранд, ки феълан вориди он намешавем. Ҳадафи мо баёни назари аҳли суннат аст. Ҳол, назари аҳли суннат дар ин масъала, бо таваҷҷӯҳ ба матолиби зайл равшан мешавад:

1) Аз назари аҳли суннат, пас аз реҳлати Паёмбар (с) саҳобаи он ҳазрат бар асли лузуми таъсиси низоми сиёсӣ иттифоқи назар доштанд ва ба ҳамин хотир гирди ҳам омаданд ва халифаи (ҳокими) пас аз Паёмбар (с)-ро интихоб намуданд.

2) Бо таваҷҷӯҳ ба тағйиру таҳаввул дар низоми хилофат, асли шӯро ба унвони яке аз муҳимтарин усули низоми сиёсӣ матраҳ аст. Манзур аз шӯро “табодули оро ба манзури иттихози тасмим дар масоили асосии ҷомеаи исломӣ аст, ки ҳукму насси шаръии хоссе дар бораи он вуҷуд надошта бошад.”

3) Аз дидгоҳи фуқаҳои аҳли суннат, ҳарчанд дар бораи асли вуҷуби таъсиси ҳукумат иҷмоъ (иттифоқи назар) вуҷуд дорад, аммо меконизми интихоби халифа (ҳоким), аз масоили мутағайир аст, ки ба “аҳли ҳаллу ақд” (нухбагон)-и ҳар даврон вогузор шудааст.

4) Ҷумҳури аҳли суннат мӯътақиданд, ки умда дар интихоби халифа (ҳоким), ҳамон шӯрост. Яъне ҳоким қудрати худро фақат аз уммат мегирад. Бинобар ин, уммат манбаъ ва сарчашмаи қудрати ӯст. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки фуқаҳо шӯро ва мушорикати сиёсии мардумро асоси низоми сиёсии ислом донистаанд.

5) Шароити халифа (ҳоким): Манзур аз шароити ҳоким, доро будани вежагиҳоест, ки ҳокимро шоистаи эҳрози мансаби ҳукумат мекунад. Дар бораи шароити ҳоким, иттифоқи назар вуҷуд надорад. Мовардӣ, соҳиби китоби “Аҳкоми султония”, 7 шартро ба ин баён баршумурдааст:

1) Адолат;

2) Донише, ки битавонад дар аҳкоми дин иҷтиҳод кунад;

3) Саломати ҳавосс;

4) Саломати аъзо;

5) Доштани раъю тадбир дар умури сиёсӣ ва масолеҳи мардум;

6) Шуҷоат ва қудрат;

7) Қурайшӣ будан.

(Мовардӣ, Абулҳасан; Аҳкоми султония, с.6)

6) Ихтиёроти ҳоким: Фуқаҳои аҳли суннат вазоиферо барои ҳоким баршумурдаанд. Ҳифзи дин, иҷрои аҳком ва ҳудуд, истиқрори амнияти иҷтимоӣ, дарёфти амволи умумӣ ва молиёти шаръӣ, тавзеъи байтулмол, таъйини мақомоти иҷроӣ ва идорӣ, посдорӣ аз марзҳо ва ҷиҳод бо душманон, бархе аз ин вазоиф аст.

* * *

Ин буд хулосае аз дидгоҳи фуқаҳои аҳли суннат дар бораи асли ҳукумат, меконизми интихоби ҳоким, шароити ӯ, ихтиёроти вай ва нақши мардум дар идораи ҳукумат ва ғайра аз масоили марбут ба ҳамин мавзӯъ.

Хуб, ҳоло бо таваҷҷӯҳ ба ин масоил, агар як мусалмон имрӯз сухан аз демукросӣ бизанад, манзури ӯ пеш аз ҳар чизи дигар, назари худи ислом аст, ӯ коре ба лафзу вожа — чӣ ба демукросӣ таъбир бишавад ва чӣ ба мардумсолорӣ ё ҳатто шулдурмашӯрбо – надорад, ҳадафаш асл ва моҳияти масъала аст.

Агар хонандаи азиз ба ин 6 матлабе, ки дар боло оварда шуд ва хулосаи назари фуқаҳои исломӣ аст, таваҷҷӯҳ бифармояд ва бихоҳад ҳамин меконизмро ба забони имрӯз баён бидорад, ба назари шумо ба чӣ сурат баён мекунад?

Ин ки фуқаҳои исломӣ “асли шӯро”-ро ба унвони “яке аз муҳимтарин усули низоми сиёсӣ дар ислом” бидонанд, ва ин ки шӯроро ба “табодули оро ба манзури иттихози тасмим дар масоили асосии ҷомеаи исломӣ, ки ҳукму насси шаръии хоссе дар бораи он вуҷуд надошта бошад” шуморанд, ва ин ки “меконизми интихоби халифа (ҳоким), аз масоили мутағайир аст, ки ба “аҳли ҳаллу ақд” (нухбагон)-и ҳар даврон вогузор шудааст”, ва ин ки “умда дар интихоби халифа (ҳоким), ҳамон шӯрост” ва “ҳоким қудрати худро фақат аз уммат мегирад” ва “уммат манбаъ ва сарчашмаи қудрати ӯст” ва ғайра… инҳо ба забони имрӯз чӣ гуна баён мешаванд?!

Қазоват бо худи шумост.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: