Перейти к содержимому

Чизе ба номи мусодираи машоҳир вуҷуд надорад // Посухи Созмони мероси фарҳангии Эрон ба номаи аҳзоб дар бораи Форобӣ

Муовини Созмони мероси фарҳангии Эрон дар вокуниш ба номаи 9 ҳизби мустақил дар ин кишвар дар бораи Форобӣ гуфт: “Парвандаи Форобӣ ба таври муштарак тавассути Эрон ва Қазоқистон барои сабт ироа шуда ва мавзӯъи мусодираи ин файласуф аз сӯи бархе кишварҳо сиҳҳат надорад.

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Муҳаммадҳасани Толибиён, муовини Созмони мероси фарҳангии Эрон бо ироаи тавзеҳоте дар бораи сабти Форобӣ ба номи бархе аз кишварҳои ҳамсоя гуфт: “Ин парванда ба таври муштарак тавассути Эрон ва Қазоқистон барои сабт ироа шудааст, ки иқдоме маъмул дар ҳавзаи сабти муштараки машоҳири ЮНЕСКО аст.”

Вай дар ин бора афзуд: “Ба унвони мисол, Абӯсаъиди Абулхайр тавассути Эрон сабт шудааст, вале зодгоҳаш дар Миҳанаи Туркманистон аст, ва Туркманистон ҳам ба парванда пайваст. Таваллуди Форобӣ низ дар шаҳри Фороб дар Қазоқистони кунунӣ аст ва маҳалли вафоташ дар Димишқи Сурия аст. Бинобар ин, чизе ба исми мусодираи машоҳир вуҷуд надорад.”

Толибиён изофа кард: “Кумисиюни миллии ЮНЕСКО комилан вазъияти машоҳири бузурги Эронро расад мекунад ва мавзӯи мусодираи машоҳир ҳақиқат надорад.”

Толибиён, ба парвандаи Ҷундишопур низ ишора кард ва афзуд: “Ҷундишопур ҳам тавассути Эрон сабт шуд, лекин кишварҳои Ҳинд, Ироқ, Юнон ва Итолиё ҳам ба парванда пайвастанд ё масалан Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тавассути Эрон сабт шуда, лекин чун оромгоҳаш дар Кӯлоби Тоҷикистон аст, кишвари Тоҷикистон ҳам ба парванда пайваст.”

Ӯ дар идома гуфт: “Суҳравардӣ ҳам тавассути Эрон сабт шуда, лекин кишварҳои Ироқ ва Сурия ҳам ба парванда пайвастанд, чун оромгоҳи Шайхи Ишроқ дар Ҳалаби Сурия аст.”

Толибиён дар идома гуфт: “Ҳамаи парвандаҳои сабт, дар гурӯҳи фарҳанги Кумисиюни миллии ЮНЕСКО таҳия ва танзим мешавад. Бо ин вуҷуд, муовинати Созмони мероси фарҳангӣ (-и Эрон) тақозои ҷаласае фаврӣ бо Вазорати хориҷа (-и Эрон) ва Кумитаи миллии ЮНЕСКО-ро барои баррасии дақиқи иттифоқоти ҳавзаи мафохир ва бузургони Эрон тақозо кардааст.”

Ӯ хотирнишон кард: “Бо вуҷуди ин ки ин мавзӯъро Кумисиюни миллии ЮНЕСКО пайгирӣ мекунад, муовинати Созмони мероси фарҳангӣ (-и Эрон) дархост карда, то дар зудтарин фурсат ҷаласае бо Вазорати хориҷа (-и Эрон) ва Кумисиюни миллӣ ва соири дастандаркорон барои баррасии дақиқи мавзӯъ баргузор шавад.

Гуфтанист, 9 ҳизби мустақил дар Эрон дар номае саргушода ба Вазорати мероси фарҳангии ин кишвар, дархост карда буданд, то иқдомоте ҷиддӣ дар ростои ҷилавгирӣ аз мусодираи Форобӣ тавассути Туркия ва кишварҳои туркзабон анҷом бидиҳад.

Ба гузориши Исно, дар ин номаи саргушода омадааст:

Чанде пеш, “Хона-музеи Форобӣ” — файласуф ва донишманди бузурги эронӣ ва мулаққаб ба Муаллими сонӣ, тавассути Донишгоҳи миллии Форобӣи Қазоқистон ва шаҳрдории Истонбул ва бо ҳимояти Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон ва сафорати Қазоқистон дар Туркия, дар Истонбул ифтитоҳ шуд. Ин гушоиш дар ростои муносибати 1150-умин зодрӯзи ин донишманди барҷастаи фарорӯдӣ ва зодаи Суғд — минтақае куҳан дар Эронзамин, анҷом шуда, ки қарор аст дар соли 2020 тавассути ЮНЕСКО ҷашн гирифта шавад.

Аз он ҷое, ки пеш аз ин, иқдомҳои ғайрифарҳангӣ ва ноҳамоҳанг бо дигар кишварҳои баромада аз дили таъриху фарҳанги муштарак (Эронзамин) аз сӯи бархе кишварҳои минтақа сурат гирифт — монанди сабти “Мавлоно” ба дасти кишвари Туркия ё навишта шудани “Ибни Сино, ҳакими бузурги турк” зери тандисе аз донишманди бузурги эронӣ ё талош барои сабти ҷаҳонии “Низомии Ганҷавӣ” ва меросе чун “нигоргарии эронӣ” ва “тор” ва “чавгон” тавассути Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ташкили парвандаҳои сабти ҷаҳонии онҳо фақат ба номи он кишвар ва намунаҳои мушобеҳ ё ҳатто мавридҳои комилан эронӣ чун иқдоми кишвари Аморот барои аз они худ кардани ”бодгир” — ин нигарониро ба дурустӣ дар байни дӯстдорони Эрон ва кунишгарони фарҳангӣ эҷод кардааст, ки ҳадаф аз чунон ифтитоҳи фарҳангӣ ва фархундае, метавонад дастёбӣ ба ҳадафи сиёсӣ ва ғайрифарҳангӣ ва талоше ғайриилмӣ ва ҷоъилона барои таъмими ҳувияти имрӯзин ба гузашта ва мусодираи пешинаи фарҳангие бошад, ки аз они ҳамаи кишварҳои минтақа аст.

Сарзаминҳое, ки аз замони шаклгирии ҳувияти миллӣ ва фироқавмӣ ҳамвора “эронӣ” ва муттасиф ба фарҳанги куҳану фарогири он будаанд ва дар замони донишмандоне чун Форобӣ ҳамаи мутуни он ҳангом ва низ матнҳои пажӯҳишӣ ва муттакӣ бар “илми таърих” то ҳамин имрӯз, ононро вобастагони ин ҳавзаи тамаддунӣ ва фарҳангӣ медонанд ва фаромӯш накунем, ки на танҳо ҳувиятҳои миллии ӯзбакистонӣ, қазоқистонӣ, озарбойҷонӣ ва низ афғонистонӣ ва тоҷикистонӣ ҳама ҷадид ҳастанд, балки ҳувияти миллии туркияӣ ва турк низ “имрӯзӣ” ва марбут ба садаи ахир ҳастанд, ҳарчанд дар қомати қавми эронӣ ва ҳувияти қавмӣ пешинае дароз доранд ва аз ҳамон овони ҳузур дар таърих, дар доираи ҳувияти миллӣ ва саросарии эронӣ суратбандӣ мешуда ва ҳукуматҳои кучаку бузурги эрониро шакл медодаанд.

Аз ин рӯ ва аз он ҷое, ки дафтари фарҳангии шаҳрдории калоншаҳри Истонбул Форобӣро “олими ҷаҳони турку ислом” муаррифӣ кардааст, мо — аҳзоби имзокунандаи баёнияи зер, аз риёсати Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва санойеъи дастӣ, ки он ниҳод дар остонаи пӯстандозӣ ва табдил ба вазоратхонаест, ки умедворем дар шаъни Эрони бузурги фарҳангӣ бошад, хоҳонем, ки барои рафъи ин нигаронӣ талошҳоеро, ки доштааст ва барномаҳоеро, ки дар назар дорад, анҷом диҳад, эълом кунад.

Агар кишварҳое дар минтақа, бар пояи таблиғоти сиёсӣ ё ҷиҳатгириҳои истеъморӣ ва Эронситезона, ки дар як садаи пеш ва бештар бар дасти қудратҳои истеъмории клосик шакл гирифтааст, аз номида шудани чунин мафохире ба эронӣ ҳарос доранд, оё дафтаре дар он созмон пайгири он аст?

Ҳол, ки ҷашни бузурги Наврӯз ба дасти ҳамаи ин кишварҳо ба расмият шинохта шудааст, дар гоми нахуст бикӯшед, ки бо ройзанӣ бо мақомоти кишварҳои ёдшуда, чунин ёдгорҳо ва мафохиреро ба номи “ҳавзаи фарҳангии Наврӯз” ба сабт бирасонад, то ихтилофҳо ва ҷудоиҳо камтар шавад.

Оё талоше барои нигориши таърихи дарсии муштараке миёни пажӯҳишгарони ин ҳавза дар ҳамаи ин кишварҳо дар ҷараён аст, то насли баъдӣ, фориғ аз ихтилофандозиҳои як садаи гузашта, шинохти дурустеро аз ҳувияти имрӯзини худ ва пайванди он бо ҳувияти муштараки куҳанаш дошта бошад?

Он созмон, чӣ пешниҳодҳоеро барои ошиносозии насли имрӯзи кишвар бо ин мафохиру осор дар барнома дошта ва дорад ва ба давлат пешниҳод кардааст?

Оё набояд монанди кишвари Тоҷикистон бикӯшем чеҳраи ин бузургонро бар пули миллии кишварамон бозтоб диҳем?

Ва оё созмони мутаваллии мероси кишвар нисбат ба ҳазфи тасвири Ҳаким Бӯалӣ Сино аз рӯи ҷилди дафтарчаҳои таъмини иҷтимоӣ, он ҳам дар ин ҳангомаи пурошӯб, вокунише нишон дод?

Инҳо ва бисёре пурсишҳои дигар, мунтазири посухи сареҳи мудирони муртабит ҳастанд.”

* * *

Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ

Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ маъруф ба Форобӣ ва мулаққаб ба Муаллими сонӣ, аз бузургтарин файласуфони Эрони шарқии садаи севвуму чаҳоруми ҳиҷрӣ аст. Аҳаммияти ӯ бештар ба иллати шарҳое аст, ки бар осори Арасту нигошта ва ба сабаби ҳамин ӯро Муаллими сонӣ хондаанд ва дар мақоми баъд аз Арасту қарор додаанд.

Форобӣ ба мактаби навафлотунӣ таъаллуқ дошт, ки саъй доштанд тафаккуроти Афлотуну Арастуро бо илоҳиёти тавҳидӣ ҳамоҳанг кунанд ва дар фалсафаи исломӣ низ аз ҷумлаи андешамандони машшоӣ маҳсуб мешавад.

Форобӣ дар илм, фалсафа, мантиқ, ҷомеашиносӣ, пизишкӣ, риёзиёт ва мусиқӣ тахассус дошт. Бештарин осори ӯ дар заминаи фалсафа, мантиқ, ҷомеашиносӣ ва ҳамчунин донишноманависӣ буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: