Перейти к содержимому

Фарҳанги мо ва фарҳанги режим ва гумоштаҳояш

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Оё касе то кунун дидааст, ки яке аз раҳбарони Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) мисли Муҳиддин Кабирӣ ё Алим Шерзамонов ё Темур Варқӣ ё Равшан Темуриён ё Мавҷуда Соҳибназарова ва ғайра, дар суханрониҳо ва ё ёддоштҳояшон, сухан аз зиндагии хусусии мухолифони сиёсии худ – масалан, раисиҷумҳур ё раиси КДАМ ва ё яке аз вазирони кунунии Тоҷикистон – ба миён оварда ва онҳоро таҳқиру тавҳин намуда бошанд? Ё дар бораи падару модар ва ё ҳамсарони ин мақомот сухан карда, онҳоро мавриди тамасхуру ришханд қарор дода бошанд? Ҳаргиз!

Раҳбарони ПМТ ҳатто аз афроди беному нишон, ки худро мухолиф шумурда ва аҳёнан нисбат ба мақомот баду бероҳ менависанд, борҳо эъломи безорӣ намуда, тасреҳ кардаанд, ки кори ин беному нишонҳо рабте ба ПМТ надорад. Раҳбарони ПМТ ҳарчи то кунун гуфта ё навиштаанд, дар бораи сиёсатҳои нодурусту ғалати мақомот ва ҳукумат будааст. Чаро?

Чун раҳбарону фаъолони ПМТ, ба худашон эҳтиром қоил ва аз ахлоқу фарҳанге бархӯрдоранд, ки ба онҳо ин иҷозаро намедиҳад, ки вориди ҳарими хусусии мухолифашон бишаванд.

Аммо дар муқобил, аз замоне, ки “Фермаи ҷавоб” дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шудааст — фермае, ки сохта ва пардохтаи ҳукумати кунунии Тоҷикистон мебошад – оё касе то кунун як ҳарфи ҳисоб аз кормандони ин “ферма” дидааст?! Ва на танҳо ферма, балки дар мақолаҳо ва ёддоштҳое, ки тавассути устодони донишгоҳҳо ва муаллимон ва кормандони Окодемӣ алайҳи мухолифон бахусус ПМТ навишта шуда ва дар ҳафтаномаҳо ва сойтҳои давлатӣ аз ҷумла “Ховар” ва сойтҳои ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва сойтҳои вобаста ба донишгоҳҳо ва донишкадаҳои кишвар ба такрор чопу нашр мешаванд, оё то ба ҳол як ҳарфи дурусту ҳисобӣ пайдо мешавад?! Ҳаргиз! Ҳамааш тавҳину таҳқир аст ва ин ки фалонӣ кӯр аст, фалонӣ лабаш каҷ аст, падари фалонӣ ин буд, модараш он буд, бобояш чунин буд, бибияш чунон буд, дину мазҳабаш ин асту он ва ҳоказо… Чаро?

Чун, аввалан, ҳарфе барои гуфтан дар баробари интиқодҳои мухолифони сиёсии худ надоранд. Ва сониян, фарҳангашон ҳамин аст; инҳо бӯе аз ахлоқи инсонӣ ба машом набурдаанд ва заррае ба одоби муоширати бо мухолиф ошно нестанд.

* * *

Яке аз афроди вобаста ба ин “ферма”, фардест ба номи Саломиддин Мирзораҳматов, ки мегӯянд рӯзномагор аст. Ин фард, ҳар аз гоҳе, алайҳи мухолифон бахусус раҳбарону фаъолони ПМТ, матлаб мекорад. Матолиби ин “рӯзноманигор” низ, мисли матлабҳои бақияи кормандони “ферма”, ҷуз тавҳину таҳқир ва сухан дар бораи зиндагии хусусии мухолифон ва ин ки ҳамсари фалонӣ ин асту он, фалон мухолиф бо фалон мухолифи дигар иртиботи ошиқу маъшуқӣ дорад, мазҳабу маслакаш ин асту он… нест.

Масалан, дар ёддошти ахираш, онҷо ки дар бораи Равшан Темуриён навиштааст, дар ҷое бо тамасхур эшонро “разносчик пиццы” мехонад?

Оё ин айб аст, ки касе кор кунад, масалан шаурмафурӯш ё пидзофурӯш бошад? Оё шумо инро айб мешуморед, ҷаноби Мирзораҳматов?!

Ва ё онҷо ки дар бораи Темур Варқӣ менависад, вориди ҳарими хусусии ин марди шариф мешавад ва менависад: “Проблемы возникали у него в семье. В то время, как жена, дети жили в нужде, Тимур часто пьянствовал…”

Шумо, ҷаноби Мирзораҳматов, бо ин синну сол, чӣ гуна ба худатон иҷоза медиҳед, ки вориди ҳарими хусусии афрод бишавед ва ин тӯҳматҳоро бинависед?! Хиҷолат намекашед?! Он чи аз ин тӯҳматҳо, ки мебофед, чӣ иртиботе бо фаъолияти Варқӣ ба унвони як мухолифи сиёсии ҳукумат дорад?!

Ва ё онҷо ки дар бораи Ҳумайро Бахтиёр — ин бонуи озода ва шуҷоъ менависад, вориди ҳарими хусусии ӯ мешавад ва ҷумлаҳое ба забон меоварад, ки воқеан хиҷолатовар ҳастанд. Менависад: “В интернете гуляют слухи о загадочных отношениях Мухиддина и Хумайро”!

Ҷаноби Мирзораҳматов! Намедонам, оё духтар доред ё на, аммо агар доштед ва дар бораи духтари шумо якчунин тӯҳмате мешуд, шумо чӣ кор мекардед?! Шумо хиҷолат намекашед?! Оё хиҷолат намекашед, ки ба ин духтари покиза чунин тӯҳматеро мебофед?!

Тоза, ин тӯҳмат чӣ иртиботе бо фаъолияти касбӣ ва сиёсии ин бону дорад?! Ё ба ҳадде аз назари ахлоқӣ суқут кардаед, ки дигар бароятон муҳим нест. Ба Худо, одаме, ки заррае аз виҷдону замири инсонӣ бархӯрдор бошад, иқдом ба якчунин бадсиголӣ, ки шумо аз худ ба намош мегузоред, намекунад.

Дар бораи бону Шабнам Худойдодова низ Мирзораҳматов ҳарфҳое корида, ки қалам аз овардани онҳо шармсор аст!

Бидонед, ҷаноби Мирзораҳматов, инсоне, ки ба худаш эҳтиром қоил аст, вориди ҳарими хусусии афрод намешавад. Ин фақат инсонҳои пастфитрат ҳастанд, ки дар бораи шалвору зери шалвори дигарон сухан мегӯянд. Фақат парваришёфтаҳои дастгоҳҳои касифи амниятӣ ҳастанд, ки барои сиёҳ намудани мухолифони сиёсии худ, вориди шалвору зери шалвори онҳо мешаванд ва ба ҷустуҷӯ мегарданд, то бибинанд онҷо чӣ хабар аст?!

Як рӯзноманигори ҳирфаӣ ва касе, ки ба ҳирфаи рӯзноманигорӣ эҳтиром қоил аст, ҳаргиз ба чунин корҳои касиф ва пасту разл даст намеёзад. Балки агар эроде ба мухолифон дорад, ба суханони онҳо таваҷҷӯҳ мекунад ва мебинад, куҷои ҳарфашон нодуруст аст?

Ҷаноби Мирзораҳматов! Агар ҳунар доред ва воқеан рӯзноманигоред, пас бибинед, ҳарфи мухолифон чист ва куҷояш иштибоҳ ва нодуруст аст. Онҷо, ки мегӯянд, Раҳмон бо сиёсатҳои пурғалаташ кишварро ба нобудӣ мекашонад, оё нодуруст гуфтаанд? Онҷо, ки мегӯянд, Раҳмон тамоми дору надори Тоҷикистонро миёни хонаводааш тақсим кардааст, оё нораво гуфтаанд?! Онҷо, ки мегӯянд, Раҳмон қисмате аз замини Тоҷикистонро фурӯхтааст, сухани носаҳеҳе гуфтаанд?!

Агар ин интиқодҳои мухолифон нодуруст ҳастанд, пас бисмиллоҳ, бо далелу мадрак собит кунед, ки нодурустанд, на ин ки барои сиёҳ кардани онҳо вориди ҳарими хусусиашон ва даруни шалвору зери шалвори онҳо шавед ва ба ҷустуҷӯ бипардозед. Ин айб аст барои касе мисли шумо ва он ҳам дар ин синну сол! Хиҷолат кашед!

* * *

Роқими ин сатрҳо то ба кунун кучактарин таваҷҷӯҳе ба ёваҳои ин “рӯзноманигор”-и гумошта намекардам. Аммо чун дар ҳамин ёддошти ахираш вориди ҳарими хусусии ин банда шуда ва дар бораи ҳамсари марҳумаам, ки дар зиндони Ӯзбекистон мазлумона кушта шудааст тӯҳмат мебофад, агар вокуниш нишон надиҳам, хиёнат ба ҳамсари гиромии худ ва фарзандонам кардаам.

Ин “рӯзноманигор” дар ин ёддошташ, ҳамон тӯҳматҳоеро, ки аз ин пеш гумоштаҳои КДАМ ва “фермаи ҷавоб” дар бораи ҳамсари гиромиам мепароканданд — ва чун беному нишон ҳастанд, ҳаргиз вокуниш нишон намедодам – такрор кардааст.

Ту, мардак, бо ин синну солат, хиҷолат намекашӣ ин тӯҳматро, ки имрӯз ҳукумати Ӯзбекистон худаш дар садади узр хостан аз банда аст – ва замонаш, ки расид, ҳатман инро эълон хоҳам кард – такрор мекунӣ?! Ту як бор дар ин мавзӯъ бо Додоҷон Атовуллоев, ки имрӯзҳо ҳамдаму ҳамрози туст, сӯҳбат кун. Бибин, ӯ чӣ мегӯяд?! Ӯ, аз сир то пиёзи ин моҷаро огоҳ аст. Ӯ медонад, ҳақиқат дар ин моҷаро чист?! Агар ӯ мисли ту аз назари ахлоқӣ суқут накарда бошад, қатъан ва бешак ба ту гӯшзад хоҳад кард, ки ин корат носаҳеҳ ва ноҷавонмардӣ аст.

Медонам, аз куҷо ва чӣ ниҳоде ба ту ин ёваро гуфта ва ба дастури он ниҳод ин тӯҳматро коридаӣ?! Агар узр нахостӣ, расман ман ҳамроҳ бо соири азизони ҳамкорам, ки онҳоро низ мавриди таҳқиру дашном қарор додаӣ, аз болои ту ба додгоҳҳои Қазоқистон шикоят хоҳем намуд. Агар дар Қазоқистон ба шикояти мо таваҷҷӯҳ накарданд, ҷоҳое дигар ҳаст, ки ба ин ҷинояти ту расидагӣ кунанд.

Дар сонӣ, ту ба мазҳабу маслаки ман чӣ кор дорӣ?! Оё ин амали ту, тибқи моддаи 189 қонуни ҷазоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ҷурм маҳсуб намешавад?! Қатъан мешавад.

Фарз кун, ман “масеҳӣ” шудаам?! Хуб, ин чӣ рабте ба фаъолияти сиёсии ман дорад?! Ту хиҷолат намекашӣ маслаку мазҳаби одамҳоро ба рухашон мекашӣ ва мардумро таҳрик мекунӣ?! Хиҷолат бикаш!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: