Перейти к содержимому

Масъуди писар: “Ҳозирам силоҳ ба даст бигирам”

Дар ҳоле, ки Омрико дар остонаи тавофуқ бо Толибон аст, Аҳмад Масъуди 30-сола, писари фармондеҳи устураӣ, ба сурати ҷиддӣ вориди арсаи сиёсии Афғонистон шудааст. Ӯ мегӯяд: “Худо накунад шароит пеш биёяд, аммо агар пеш омад, на худи ман, балки садҳо ҳазор ҷавон мисли ман ҳастем, ки ҳозирем силоҳ ба даст бигирем.

Ба навиштаи хабаргузори Фаронса, падари Аҳмад Масъуд касе буд, ки гурӯҳҳои мухталифро таҳти парчами ҷабҳаи муттаҳид машҳур ба “Эътилофи шимол” гирди ҳам овард ва ҳоло худи Аҳмад Масъуд мехоҳад эътилофи бузурге аз аносури зидди Толибонро бисозад, ки бо истифода аз онҳо, ибтидо дар арсаи сиёсат ва дар сурати лузум, дар ҳавзаи низомӣ бо шибҳинизомиёни Толибон муқобила кунад.

Аҳмад Масъуд дар мусоҳибае аз маҳалли сукунаташ дар шаҳри Кобул, ба хабаргузории Фаронса гуфт: “Ман воқеан дуо мекунам ва умедворам Афғонистон ва афғонҳо ҳаргиз дубора хунрезиҳои ҷадидро шоҳид набошад.”

Вай афзуд: “Худо накунад шароит пеш биёяд, аммо агар пеш омад, на худи ман, балки садҳо ҳазор ҷавон мисли ман ҳастем, ки ҳозирем силоҳ ба даст бигирем.”

Аҳмад Масъуд барномарезӣ кардааст, то дар 5 сентябр, дар минтақаи Панҷшер — зодгоҳи обову аҷдодаш воқеъ дар шимоли Афғонистон, ки на тавассути Шӯравӣ фатҳ шуда ва на тавассути Толибон, ҷунбиши сиёсии худро расман эълом кунад.

Афғонистониҳо дар кишварашон, ки ҳамчунон арсаи ҳузури ҷангсолорон дар ҳавзаи сиёсат аст, камокон Аҳмадшоҳ Масъудро ба унвони як чеҳраи муттаҳидкунанда, ки метавонист дар сурати терур нашудан аз сӯи Алқоъида, Афғонистонро ба самти як ояндаи бидуни Толибон бибарад, дӯст доранд.

Аҳмадшоҳ Масъуд, ки ба лақаби “Шери Панҷшер” шинохта мешавад, ҳамчунон тасовираш дар деворҳо ва шишаҳои худравҳо ва ҳатто дар рӯи финҷонҳо дар пойтахт ва шаҳрҳои дигар дида мешавад.

Аҳмад Масъуд, ки ба забони ангилисӣ мусаллат аст гуфт, ки падараш “як шахсияти мунҳасир ба фард дар таърихи Афғонистон маҳсуб мешавад ва ман фикр намекунам каси дигаре битавонад мисли ӯ бошад.”

Аҳмад Масъуд, ки ҳафт сол дар Бритониё ҳузур доштааст, дар соли 2016 ба Афғонистон баргашт ва бо таваҷҷӯҳ ба навъи риш ва доштани кулоҳе шабеҳ ба кулоҳи падараш, ба лиҳози зоҳирӣ шабеҳи Аҳмадшоҳ Масъуд аст.

Аҳмадшоҳ Масъуд замоне, ки 48 сол син дошт ва дар ҳоле, ки писараш 12-сола буд, ду рӯз пеш аз рақам хӯрдани ҳамалоти 11 сентябри 2001, ки барои ҳамеша таърихи Афғонистонро тағйир дод, кушта шуд. Дар он замон гуфта шуд, ки терури ӯ ба даст авомили Алқоъида сурат гирифтааст.

Аҳмад Масъуд баъд аз итмоми таҳсилот, ба Ангилис рафт, то дар Окодемии низомии Ангилис ба унвони як афсари низомӣ омӯзиш бибинад, ҳарчанд, ки ӯ пеш аз он талош карда буд, то ба Окодемии низомии Омрико ворид шавад.

Писари Аҳмадшоҳ Масъуд мӯътақид аст, ки тавофуқи дар назар гирифташуда байни Толибон ва Омрико, ба мавзӯи нуқсонҳои дастгоҳи сиёсии Афғонистон намепарозад. Дастгоҳи сиёсие, ки ба эътиқоди Аҳмад Масъуд, иддае шарурон дар он соҳиби ҳама чиз ҳастанд, ки эҳтимол дорад ҳатто ба як ҷунбиши ифротгар ҳам табдил бишавад.

Ӯ хотирнишон кард: “То замоне, ки мо вориди прусае нашавем, ки қудрат байни ҳама ба сурати баробар тавзеъ нашавад, мо нахоҳем тавонист ҳеч мушкилеро ҳал кунем.”

Вай афзуд: “Ба ин тартиб, дар ин вазъият Толибон навъе ҳисси ғалаба ва пирӯзӣ ба даст хоҳад овард, ин тарси воқеӣ аст, ки мо дорем гурӯҳҳои теруристиро дар воқеъ машрӯъ мекунем ва ба онҳо дар саросари ҷаҳон умед мебахшем.”

Албатта Аҳмад Масъуд мӯътақид аст, ки Омрико беш аз ҳадд ба Толибон имтиёз медиҳад, дар ҳоле, ки дигар афғонистониҳоро аз музокироти сулҳ канор гузошта ва ба ин тартиб коре карда, ки ин шибҳинизомиён дар остонаи густариши нуфузашон дар кулли Афғонистон ҳастанд ва мехоҳанд ҳар гуна халаъи барҷоймонда пас аз хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Афғонистонро пур кунанд.

Масъуд таъкид кард: “Ин фароянд ҳаргиз ба суди афғонистониҳо нест, балки ин чизе аст, ки байни Омрико ва Толибон ва байни қудратҳои минтақаӣ ва Толибон рух додааст, пас афғонистониҳо дар инҷо куҷо ҳастанд? Ин дар ҳолест, ки Омрико бар ин иддаояш таъкид дорад, ки тавофуқ бо Толибон машрут ба баргузор шудани музокирот байни ин шибҳинизомиён ва давлати Афғонистон аст ва ҳамчунин иддао мекунад, ки масоили Афғонистон танҳо аз тариқи гуфтугӯи байни афғонҳо ҳал мешавад.”

Аҳмад Масъуд дар идома ҳушдор дод: “Хуруҷи шитобзадаи низомиёни омрикоӣ аз Афғонистон метавонад мунҷар ба суқути нерӯҳои амниятии Афғонистон шавад; ҷое, ки дар он мавзӯи фасод ва раҳбарони заъиф ғалаба дорад.

Бинобар ин, писари Аҳмадшоҳ Масъуд ин мавзӯъро дар назар дорад, ки гурӯҳҳои гуногун ва шибҳинизомиён дар Панҷшер ва ҷоҳои дигар муҷаддадан дар остонаи хориҷ шудани низомиёни Омрико аз Афғонистон, шурӯъ ба мусаллаҳ шудан кунанд.

Масъуд гуфт: “Мутаассифона давлат наметавонад ба ҷанг бо Толибон идома диҳад.”

Ӯ дар поёни ин мусоҳиба дар посух ба суоле дар бораи терури худи ӯ гуфт: “Ҳама чиз дар бораи марги шумо аз ҷониби Худованд пеш аз ин муайян шудааст.” Ӯ бо лабханде ишора мекунад замоне, ки вақташ бирасад, ҳеч чиз наметавонад аз шумо муҳофизат кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: