Перейти к содержимому

Бобоназарова: “Пешниҳоди Ёров барои Ҷоизаи Вотслов Ҳовел бояд барои ҳукумат мояи ифтихор бошад”

Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли ҳуқуқи башарии тоҷик, бо ишора ба пешниҳод шудани Бузургмеҳр Ёров барои дарёфти Ҷоизаи Вотслов Ҳовел, гуфтааст, ин ҷоиза “камтар аз ҷоизаи Нубел нест ва пешниҳоди номи Ёров ба он барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳатто ҳукумат бояд мояи ифтихор бошад.”

Ба гузориши Родию Озодӣ, вакили мудофеи зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров барои дарёфти Ҷоизаи Вотслов Ҳовел — дигарандеш ва президенти пешини Чек, пешниҳод шудааст. Ин ҷоизаи Маҷмаи порлумонии Шӯрои Урупо ва Бунёди “Хартия-77” аст, ки ҳар сол ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон дода мешавад.

Ҳомиёни ҳуқуқи башарӣ номзадии Ёров барои дарёфти ин ҷоизаро “эътирофи хидматҳои Ёров” ва “паём”-е ба ҳукумат донистаанд. Ёров аввалин нафар аз Тоҷикистон аст, ки номзадиаш барои дарёфти ин ҷоизаи байналмилалӣ пешниҳод мешавад.

Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ. Акс аз пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ

Бар асоси гузориши Родию Озодӣ, Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ, дар ин хусус, бо баёни ин ки “ҷаҳони мутамаддин ба адвокат Ёров беш аз ҳама бовар ва ӯро дастгирӣ мекунанд”, навиштааст: “Бузургмеҳр Ёров бо вуҷуди хатарҳо ба ҷони худ ва наздиконаш, ба ҳимоя аз нафароне бархоста буд, ки мақомот онҳоро аъзои созмони мамнӯъ эълон карданд. Дар посух, худи ӯро низ боздошт карданд ва ҳамакнун ӯ бо зерҳимояҳояш на танҳо ба хотири иттиҳоми бофташуда ҷазо мешаванд, балки наздиконаш низ таъми фишорҳои дорои омилҳои сиёсӣ ва шиканҷаро мечашанд.”

Бар пояи ин гузориш, баъзе аз фаъолони ҳуқуқи башарӣ дар Тоҷикистон аз пешниҳоди номи ӯ ба ин ҷоиза ситоиш карданд.​ Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли ҳуқуқи башарӣ ба Родию Озодӣ гуфтааст: “Ҷоизаи Вотслов Ҳовел камтар аз ҷоизаи Нубел нест ва пешниҳоди номи Ёров ба он барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳатто ҳукумат бояд мояи ифтихор бошад. Замоне буд, ки ҳукумат имконият дод Ёров худро ба ҷомеа ва ҷаҳон нишон диҳад. Ҳукумат бояд аз ин фахр кунад. Ҳарчанд солҳои ахир ин чизҳо маҳдуд шуд.”

Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли ҳуқуқи башарии тоҷик. Акс аз пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ

Бобоназарова бо баёни ин ки ӯ хеле мунтазир аст, ки Ёров барандаи ин ҷоиза шавад, то ин ба кори ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон таконе бахшад, афзудааст: “Чун баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ аз воқеаҳое, ки солҳои ахир оид ба фаъолияташон ба вуҷуд омада буд, хаста шуданд ва бовар ба худ надоштанд. Бинобар ин бисёрашон тарки кор карданд. Сазовор шудани Ёров ба ҷоизаи Вотслов Ҳовел шаҳодати он мешавад, ки онҳо дар кори худ танҳо нестанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳатман аз онҳо тарафдорӣ мекунад.”

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр, дар сӯҳбат ба Родию Озодӣ гуфтааст: “Бузургмеҳр чаҳор сол мешавад, ки ба таклифҳои мақомот дар бораи навиштани ариза, ба гардан гирифтани гуноҳ ва ба ин восита сабук кардани ҳукми худ намеравад ва бовар дорад, ки рӯзе адолат тантана мекунад.

Бино бар ин гузориш, Ҷоизаи Вотслов Ҳовел 60 000 евро маблағ дорад. Ин ҷоиза ҳар сол моҳи октябр тақдим шуда, ба далели муборизаҳои тӯлонии Васлав Ҳовел барои демукросӣ ва ҳуқуқи башар ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: