Перейти к содержимому

Чаро ин ҳама “Ид” ба номи меваҷоту сабзиҷот?!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

25 август дар шаҳри Душанбе “Иди каду” баргузор шуд. 17 август ҳам, Эмомалӣ Раҳмон фармоне содир кард мабнӣ бар ин ки севвумин шанбеи моҳи августи ҳар сол ба унвони “Иди ангур” ва севвумин шанбеи моҳи сентябр ҳамчун “Иди себ” ҷашн гирифта шавад. “Иди харбуза” ва “Иди асал” низ ҷойи худаш.

Инки ҳар миллате, барои худаш рӯзҳои хоссеро дар сол ба унвони ид таъйин карда ва ҷашн мегиранд, ин кор усулан кори нодурусте нест ва на танҳо эроде надорад, балки бояд ҳам чунин чизе бошад. Аммо ғолибан барои иду ҷашн рӯзҳое интихоб мешаванд, ки бештар бори маънавӣ доранд, то марбут ба шикам бошанд. Масалан, рӯзеро дар сол, ба номи яке аз мафохиру машоҳири миллат мегузоранд, мисли “Рӯзи Рӯдакӣ”, “Рӯзи Фирдавсӣ”, “Рӯзи Абӯалӣ ибни Сино”, “Рӯзи Абӯрайҳони Берунӣ, “Рӯзи Саъдӣ”, “Рӯзи Садриддин Айнӣ” ва ғайра… Зеро, инҳо мафохири миллат ва мояи ифтихору мубоҳот барои миллат ҳастанд.

Ва ё рӯзе, ки як пирӯзӣ барои миллат дар он рӯз рақам хӯрдааст, мисли 9 май дар замони Шӯравӣ, ки ба унвони “Рӯзи ғалаба” ҷашн гирифта мешуд, ва ё 12 апрел, ки “Рӯзи кайҳоннавард”-аш меномиданд, ки Гогорин барои аввалин бор дар таърихи башарият ба фазо рафта буд. Инҳо ҳама бори маънавӣ доранд барои як миллат ва як ҷомеа.

Хулоса, бояд рӯзе бошад, ки миллат “ҳунаре” дар он рӯз аз худ ба намоиш гузошта бошад, на ин ки чизе бошад берун аз ҳитаи ихтиёри ӯ. Каду ё ангур ё себ, дар ҳамаи ҷойи дунё мерӯяд ва як неъмати худовандӣ аст. Кадуро, ки мо, тоҷикҳо “ихтироъ” накардаем, то рӯзеро ба номи “Иди каду” ҷашн бигирем. Ангурро, ки мо падид наёвардаем, ки то ба номи худ сабт кунем ва рӯзеро ба номи “Иди ангур” ҷашн гирем.

Тоза, миллатҳо дӯст доранд дар дунё ба чизе шинохта шаванд, ки марбут ба мағзу димоғи одамӣ аст, на марбут ба шикаму зери шикам. Мо, тоҷикҳо дӯст дорем ба Бӯалӣ Синоямон шинохта шавем, ба Рӯдакиамон, ба Берунӣ ва Хоразмиамон дар дунё шинохта шавем, на ба каду, ангур, себ, шафтолу ва зардолу!

Эмомалӣ Раҳмон зоҳиран як мушовири дурусту ҳисобӣ надорад, то ба ӯ бигӯяд, ки кадуву ангуру себу зардолуву шафтолу ва ғайра аз меваҳову сабзиҷот, чизҳое нестанд, ки барои як миллат мояи ифтихор шумурда шуда ва шумо рӯзеро дар сол ба номи онҳо ид таъйин кунед. Ин як нукта буд.

* * *

Нуктаи дигар он ки: асосан, чаро Эмомалӣ Раҳмон, аз замоне ки сари қудрат расида ва то ба кунун, пушти сари ҳам “ид” меофаринад?! Ин худаш як масъала аст, ки бояд мавриди таваҷҷӯҳ бошад.

Ба назари ман, ин “ид офариданҳо”, фақат ба хотири ин аст, ки мардум саргарм шаванд, то дигар фурсате барояшон пеш наояд, ки таваҷҷӯҳашон ба мушкилоти ҷомеа равона шавад; мушкилоти сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ, мушкилоти фарҳангӣ, мушкилоти иҷтимоӣ мисли худкушиҳо, мисли муҳоҷиратҳо, мисли мушкилоти бекорӣ ва ғайра… Ин пушти сари ҳам “ид офариданҳо”, ба назарам, ҳама тибқи як барнома аст.

Як ҳикояти қадимии маъруфе ҳаст, ки: шоҳи як мамлакат, ки бо руҳияи мардумаш хуб ошно буда вақте мебинад хазонаи давлат холӣ шудааст, ба вазираш дастур медиҳад, ки тамоми шутурҳои кишварро ҳар яке ба қимати 10 сикка тило бихаранд.

Вазир тааҷҷуб карду гуфт, аълоҳазрат беҳтар медонанд, ки авзоъи хазона аслан хуб нест ва мо ҳам ба шутур ниёзе надорем.

Шоҳ гуфт, фақат ба ҳарфам гӯш кун ва мӯ ба мӯ иҷро кун.

Вазир шутурҳои ба ин қиматро харид. Шоҳ гуфт, ҳоло эълом кун, ки ҳар шутурро 20 сикка мехарем.

Вазир чунин кард ва иддаи дигаре шутурҳои худашонро ба ҳукумат фурӯхтанд.

Дафъаи баъд 30 сикка эълом карданд ва иддае дигар васваса шуданд ва вориди ин арсаи пурсуд шуда ва шутурҳои худро фурӯхтанд.

Ба ҳамин тартиб қиматҳоро то 80 сикка боло бурданд ва мардум тамоми шутурҳои кишварро ба ҳукумат фурӯхтанд.

Шоҳ ба вазир гуфт, ҳоло эълом кун, ки шутурҳоро ба 100 сикка мехарем, ва аз он тараф ба авомили мо бигӯ, ки шутурҳоро 90 сикка бифурӯшанд.

Мардум ҳам ба тамаъи суди 10 сиккаӣ бори дигар “ҳамоса” офариданд ва ҳуҷум бурданд, то шутурҳоеро, ки худашон бо қиматҳои поин ба ҳукумат фурӯхта буданд дубора бихаранд.

Вақте ҳамаи шутурҳо фурӯхта шуд, ҳукумат эълом кард, дигар ба шутур ниёз нест.

Ба ҳамин соддагӣ хизонаи ҳукумат аз сиккаҳои мардум пур шуд ва пули кофӣ барои таъмини ниёзҳои шоҳу дору дастааш таъмин шуд.

Вазир ҳам аз ин тадбири шоҳ ба ваҷд омад ва ин бор калиди хазонаеро дар даст дошт, ки пур буд аз даромадҳои “қонунӣ”.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: