Перейти к содержимому

Маҳдудиятҳои ҳуқуқи бонувон дар Тоҷикистон

Ба қалами Мавҷуда Соҳибназарова

Пеш аз он ки дар мавзӯи маҳдудиятҳои ҳуқуқи бонувон дар Тоҷикистон сухан бигӯем, дар ибтидо лозим аст дар бораи маҳдудиятҳои ҳуқуқи ҳамаи ақшори ҷомеа сӯҳбат бишавад. Яке аз ин маҳдудиятҳо, маҳдудият дар либос аст, ки чанд сол аст дар Тоҷикистон нисбат ба ҳама эъмол мешавад ва мақомот мардумро маҷбур ба пӯшидани либосе, ки мехоҳанд мекунанд.

Албатта, ин маҳдудият барои мардон он қадр осебпазир нест, аммо барои занҳое, ки пӯшиши исломӣ ба бар доранд ва онро яке аз рукнҳои мусулмонӣ мешуморанд, хеле осебпазир аст. Мутаассифона, ба ин мавзӯъ, ба истиснои чанд расонаи мустақил ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки онҳо ҳам дар берун аз қаламрави кишвар қарор доранд, дар дохил касе таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад, яъне ҳеч кас дар дохил ҳозир нест аз ин табақаи осебпазири ҷомеа дифоъ ба амал оварад.

Мавҷуда Соҳибназарова, мутаваллиди 17 ноябри соли 1967 дар ноҳияи Ванҷи Бадахшони Тоҷикистон, фориғуттаҳсили риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1987. Ӯ пас аз хатми донишгоҳ, дар Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ба унвони рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ фаъолият кардааст. Мавҷуда дар нашрияҳои “Бонувони Тоҷикистон”, “Омӯзгор” ва маҷаллаи “Истиқбол” низ ба унвони рӯзноманигор кор кардааст. Ӯ яке аз муассисони гурӯҳи “Тоҷикистони навин” ба раҳбарии Зайд Саидов ба шумор меравад. Мавҷуда чанд сол аст, ки дар берун аз Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои урупоӣ ба унвони паноҳандаи сиёсӣ ба сар мебарад. Ӯ узви Шӯрои олии Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва масъули бахши умури иҷтимоӣ ва фарҳангии ин созмони тозатаъсис мебошад.

Бо вуҷуди он, ки дар дохили Тоҷикистон созмону ташкилотҳои бешуморе ҳастанд, ки фаъолияташон ба ҳифзи ҳуқуқи инсон махсус занон равона шудааст, аммо аз чӣ бошад, ки онҳо таваҷҷӯҳе ба ин масъала намекунанд! Ва бетаваҷҷӯҳии онҳо, ниҳодҳоеро, ки сатру ҳиҷоби зани тоҷикро аз сараш мегиранд, ҷуръатнок кардааст. Гӯё дар назари созмонҳои мазкур, эҷоди ин маҳдудият барои бонуи тоҷик, як амри муқаррарӣ аст. Ҳатто роҳбари дастгоҳи раиси ҷумҳур (ки худ зан аст), вакилбонувон, созмонҳои дифои ҳуқуқ ҳамарӯза шоҳиди рейдҳои сершумор дар ҷойҳои серодами шаҳр, дастгирӣ ва ба шӯъбаҳои милитса бурдани занон, бо фишору таҳдид аз сарашон кашидани сатр мегарданд, аммо ҳамаи инҳоро нодида мегиранд.

Бо фармони “махфӣ”-и роҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ Озода Раҳмон, маҳдудияти ҳуқуқи бонувон дар ҷиҳати интихоби либос, ҳуқми қонунитар ба худ гирифтааст. Дар ин фармон, Озода Раҳмон дастур додааст, ки аз “воридот ва фурӯши либосҳои ба фарҳангӣ миллӣ бегона” ҷилавгирӣ шавад. Пештар ҳам аз ҷониби роҳбарияти кишвар ба тарзи шифоҳӣ чунин супоришҳое шуда буданд, аммо на дар супоришҳои шифоҳӣ ва на фармони хаттӣ, зикр нагардида, ки кадом навъи либос, ба фарҳанги миллӣ бегона аст?! Ва дар ҳоле, ки корхонаҳо дар дохили кишвар фаъолият намекунанд ва либоси миллӣ тавлид намешавад, оё имкон дорад тамоми бонувон ба “либоси миллӣ” таъмин шаванд? Хоҳ нохоҳ ҳар либосе, ки аз берун аз кишвар ворид мешавад, дар он атрибутҳои миллӣ дида намешаванд ва ҳамаи инро супоришдиҳандаҳо медонанд. Пас, комилан равшан аст, ки ягона мақсад аз ин супоришу фармон, маҳдуд намудани ҳуқуқи занону духтароне аст, ки пӯшиши исломӣ ва сатру ҳиҷоб доранд.

Занони ҳуқуқашон поймолшуда бошад, чорае ҷуз хомӯшӣ надоранд ва бечораҳо ин ҳама фишорро таҳаммул мекунанд. Чӣ кори дигаре ҳам карда метавонанд вақте дар ҷомеае зиндагӣ мекунанд, ки фасодзада ва фасодпарвар аст ва медонанд, ки овозашон аз гулӯяшон набаромада буғӣ мешавад, ҳатто як ҳамҷинсашон тарафашонро намегирад.

Мақомот, ки занҳои аксарашон ҳиҷоб ба сар доранд низ хомӯшанд ва аз зане, ки хиҷобаш кашида шудааст, пӯштибонӣ намекунанд, чун фикр мекунанд, ки ин дастурот ба онҳо дахл надорад, зеро занҳои онҳо бо ҳама чиз таъминанд ва зарурате пеш намеояд, ки аз хона берун оянд, то бо рафтору бархӯрдҳои хашини Кумитаи занҳо ва мақомоте, ки ба ин амал даст мезананд, рӯ ба рӯ шаванд.

Воқеан, чанд вақт пештар ҳамсари яке аз мансабдорони калидии кишвар дунёро тарк карданду дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксар аз он марҳума ба ҳайси бонуи Куръонхону бо сатру ҳиҷоб ёд карданд, ҳатто барояш шеъру достонҳо суруданд. Ва дар ин ҷо боз ҳам ҳамин суол ба зеҳн меояд, ки чаро ин мансабдори калидии кишвар, ки бонуяш бо сатру ҳиҷоб будааст, боре барои дифоъ аз ҳуқуқи дигар занҳо овоз баланд накард? Чаро нагуфт, ки фармони ҳукумат дар бораи манъи вуруд бо сатру ҳиҷоб ба муассисаҳои давлатӣ ва бозору дигар коргоҳҳо зидди тамоми меёрҳои ҳуқуқи башар аст; занҳое, ки барои таъмини рӯзгор кор мекунанд ё барои гирифтани бачаҳояшон ба мактабу боғча мераванд.

Зиёд мехонем ва мешунавем, ки дар дигар давлатҳо бонуҳои аввали ин кишварҳо, ки худашон бе ҳиҷобанд, аз занҳои ҳиҷобдор дифоъ мекунанд. Ё ҳунармандон, аммо дар Тоҷикистон вазъият баръакс аст.

Ҳоло дар ин миён ин суол ҳам матраҳ мешавад, ки: чаро ҳамсарони соҳибмансабон иҷозати пӯшидани ҳиҷоб ва рафтан бо он ба маъракаву дигар ҷойҳоро доштаанду бонувони камбағал на? Шавҳари аксари занони фақиру камбағал аз ин ки ҳукумат барои онҳо зиндагии муносибе муҳайё накардааст, маҷбуранд, ки дар Русия кор кунанд. Пас, оё ин занҳо бояд аз хона аслан берун нашаванд вақте ки дар хиёбон ё бозор онҳоро аз роҳ медоранд ва талаби кашидани сатрашонро мекунанд? Вақте ки модаре бе сатр аз хона берун баромада наметавонад ва дину имонаш ба ин иҷозат намедиҳад, чӣ касе кафолат медиҳад, ки фарзанди хурдсолаш худаш ба хона омада метавонад ва ӯро дар роҳ хатаре таҳдид намекунад? Дар шароите, ки аксар “контролёр”-и нақлиётҳои ҷамъиятӣ кӯдаконро иҷоза намедиҳанд, ки ба нақлиёт савор шаванд.

Хуб, пас чаро ягон созмон ва ташкилоти ғайридавлатие, ки дар Тоҷикистон сабти ном шудаанду худро ҳомии ҳуқуқи занон дар назди ташкилотҳои байналмиллалӣ муаррифӣ мекунанд, дар ин масъала аз занон дифоъ намекунанд? Оё шумо, дар ҷое хондаед ё дидаед, созмоне, ки сарвараш зан аст, дар бораи дифоъ аз ҳиҷоби зан гуфтааст? Дар Тоҷикистон, на!

Ба яке аз ин созмонҳо муроҷиат кардем, фақат ба шарти наовардани номи созмон ва насаби худаш, розӣ шуд, ки сӯҳбат кунад. Ӯ гуфт, ки дар арсаи ҳимояи ҳуқуқи занон, корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд ва як-як ин самтҳоро ном бурд, ки масалан барои занону мардони муроҷиаткунанда, ки бо хушунати хонаводагӣ рӯ ба рӯ шудаанд, вакилони бе подоши ҳаққи хизмат пешниҳод мекардаанд ё дар навиштани ариза ба занҳои хушунатдида кӯмак ва машваратҳои ҳуқуқӣ медодаанд. Аҷаб ҳимояе!

Ва дар посух ба ин пурсиш, ки занҳо бештар барои маҳдуд шудани кадом ҳаққе аз ҳуқуқашон муроҷиат мекунанд, ин масъул гуфт, ки бо зӯроварӣ дар оила ва худкушӣ. Аммо дар робита бо кашидани сатри ҳиҷоб аз сар, ҳеч бонуе муроҷиат накарда будааст ва аз ин рӯ инро нолозим медонистаанд.

Ин масъул меафзояд, дар ҷомеа, ки зиндагӣ кардӣ, қонунҳои онро бояд риоя бикунӣ ва ин созмон ҳам ният дорад, ки дар ин масъала бештар на бо занон, балки мардони хонавода сӯҳбат кунанд, то занҳояшонро мутааҳҳид созанд, ки аз пӯшидани сатр даст кашанд, чаро ки ба эътиқоди ин масъул, ин лисбос моли бегона будааст.

Аҷаб тазодде! Зӯроварӣ дар оила хушунат ҳисоб мешудаасту аммо дар кӯча нафари бегона рӯймолатро аз сарат мекашад, поймол кардани ҳуқуқ ҳисоб намеёфтааст! Ва ҳол он, ки дар Сарқонуни кишвар, Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд муаррифӣ шудааст.

Ин созмонҳо, замоне ки сухан дар бораи маҳдудиятҳои ҳукуқи занон меравад, ба ҳукумат изҳор медоранд, ки дар Тоҷикистон зани тоҷик аз тамоми ҳуқуқҳо бархӯрдор аст (!) ва ин мавзӯъ набояд баҳсбарангез бошад. Чун ба эътиқоди ин созмонҳо, бонувон дар Тоҷикистон озод ҳастанд, дар баробари мардон аз имкониятҳои баробари таҳсил, кор, истироҳат ва ғайра бархӯрдор ва ҳамчунин дар баробари мардон, ҳаққи интихоб доранду аз ҷониби ҳукумат ҳам қонун “Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа” ба тавсиб расидааст, барои ба донишгоҳҳо шомил шудани духтарон квота ҷудо шудааст, зан дар баробари мард, ҳуқуқи роҳбарӣ дораду агар дар корхонае мард роҳбари аввал бошад, ҳатман яке аз муовинҳояш зан аст. Ин аст тамоми ҳарфи ин созмонҳои ба ном мудофеи ҳуқуқи занон дар дохили Тоҷикистон!

Ногуфта намонад, ки бо пиёда сохтани ин қарору қонунҳо, ҳукумати кишвар дар назди ҷомеаи байналмилалӣ нишон доданӣ мешавад, ки зани тоҷик бо мард ҳуқуқи баробар дорад ва дар самти сиёсати гендерӣ низ корҳои зиёде карда мешаванд.

Аммо агар борикбин шавем ва бештар диққат кунем, мебинем, инҷо баҳс асосан на оид ба чӣ пӯшидани занон, балки ҷанг бо ислом меравад, яъне ҳукуматдорон аз исломӣ шудани ҷомеа метарсанд. Вагарна, агар ҳукумат нигарони “либоси миллӣ” бошад ва битарсад, ки “либоси миллӣ” аз байн меравад, чаро дар нисбати заноне, ки либосҳои аврупоӣ ба бар мекунанд, амале анҷом намедиҳад?! Агар чунин набошад, чаро либоси ғайр гуфта, фақат ҳиҷобро дар назар доранд?!

Албатта, дар ин ҷо як сабаби дигари маҳдуд шудани ҳуқуқи занон аст ва он, поин будани сатҳи маърифати ҳуқуқии занони камбизоат аст. Агар имрӯз сатҳи маърифати ҳуқуқии занони камбизоат баланд мебуд, метавонист дар баробари сатрашро аз сараш кашидани мансабдорон, ин талабро пеш гузорад, ки аввал шароити зиндагияшонро беҳтар созанд, барои кор карданашон шароит фароҳам оранд. Бибинед, дар тӯли 27 соли ҳукумронӣ, ҳукумати кишвар барномаи махсусеро роҳандозӣ накардааст, ки ба занон сабукӣ дода бошад, шароити корӣ барояшон муҳайё шаваду дар баробари ин ҳуқуқҳояшон ҳимоя гардад. Чун имрӯз аксари мардон дар муҳоҷиратанд, ҳукумат ҳатто инро ба назар намегирад, ки занон маҷбуранд, ки бори рӯзгор бикашанд ва саффи оилаҳои бесарбон, яъне занҳои танҳо афзудааст. Ҳукумат ба ин занон имтиёз ё кӯмакпулие намедиҳад.

Албатта, ҳамагон шоҳиданд, ки ҳукумат бо ин чорабиниҳои серхарҷе, ки дорад, дар фикри ба низом даровардани корхонаҳои саноатӣ ба ин наздикиҳо нест. Ин омил боиси руҳафтодагии бонувон шуда, сабаби аслии зиёд шудани худкушӣ дар байни занону духтарон мегардад. Ва ҳарчанд инро ҳам ба хушунати хонаводагӣ рабт медиҳанд, вале дар ҳаиқиқат чунин нест, балки маҳз аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил набудан, аз хонаи шавҳар рафтан ё ронда шудану дар ҷомеа танҳову зор бе ҷойи кору хона ва аз ҷиҳати ҳуқуқи дастгирӣ надидан, занро ба худкушӣ тела медиҳад.

Ногуфта намонад, ки омили дигари маҳдуд шудани ҳуқуқи бонувон дар Тоҷикистон, аз бекорӣ ва нодорӣ, рӯ ба хиёбон овардани онҳост. Мувофиқи омори Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи занҳои кишвар, саффи занҳои танфурӯш дар ҷумҳурӣ хеле зиёд шудааст, ки ҳуқуқи онҳо низ дар ҳар қадам поймол мешавад. Қадами аксари ин занон дар ин роҳ баъди поймол шудани ҳукуқи онҳо дар сохторҳои қудратӣ шурӯъ мегардад. Баъзеи ин занонро сохторҳои қудратӣ ба танфурушӣ водор месозанд. Ин занон барои сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба як манбаъи даромад табдил ёфтаанд. Фоидае, ки аз танфурӯши ба даст меоранд, тақсим мешавад. Дар бораи дар ҳар қадам таҳқир шуниданашон, чизе намегӯем. Ҳатто чанд муддат аст, ки як расонаи хусусӣ (СССР) бо унвони таҳқиромези “ҷалабҳо” аз ин занҳо ёд мекунад, аммо ин ҷо ҳам боз созмоне намегӯяд, ки ин тақкири инсон ва шарафи ӯст. Ва ахиран порлумони кишвар низ тарҳи қонун “Оид ба дар баробари занон ҷазо гирифтани мардонро рад кард”.

Сафарбар намудани духтаракон дар гармову сармо бе хоҳишу иродаи онҳо ба пешвози ҷаноби олӣ ва садҳо меҳмонони дигар, яке дигар аз маҳдуд кардани ҳукуқи ин занону духтарон аст. Дигар ин ки тамоми маъракаҳои сердабдабаву серхарҷ, гузаронидани чорабиниҳои “Чакомаи гесу”, “Чакомаи абрӯ”, “Иди атлас” ва ғайра барои дилхушии ҷаноби олияшон, ки мард аст ва дар пеши ӯ ҷилванамоӣ кардан низ поймол кардани ҳуқуқи зан аст. Ин занон соати кории муайян надоранд ва барои тарбияи фарзандони худ вақт намеёбанд, барои ин кор музди кори иловагӣ низ намегиранд, аммо маҷбуранд, ки шабу рӯз тармим кунанду табъи “ҷаноби олӣ”-ро хуш намоянд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: