Перейти к содержимому

Арабистон ва Аморот: ҳампаймонони дирӯз, душманони имрӯз дар Яман

Арабистони Саудӣ бо ҳамроҳии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Судон, Миср ва Кувайт, дар 26-уми марти соли 2015, бо ташкили ба истилоҳ “Эътилофи арабӣ”, таҷовузи худ ба кишвари Яманро оғоз кард, аммо зарфи 5 соли гузашта, ба истиснои Аморот соири ҳампаймонони Арабистони Саудӣ аз ин эътилоф хориҷ шуданд ва Абӯзабӣ низ ҳамакнун аз як ҳампаймони қадимӣ ба як душмани рӯ дар рӯи Риёз дар ҷануби Яман табдил шудааст.

Арабистони Саудӣ бо ҳадафи бозгардондани Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ — раисиҷумҳури ба истеъфо рафта ва фирории Яман бар сари қудрат, ҷанги худ алайҳи ин кишварро оғоз кард, аммо то ба имрӯз, ки ин ҷанг дар ҳоли пушти сар гузоштани 5-умин соли худ ба сар мебарад, натавонист ба ин ҳадафи худ таҳаққуқ бибахшад ва соири кишварҳои ташкилдиҳандаи “Эътилофи арабӣ” пас аз мушоҳидаи бесамар будани ин ҷанг, дар ҳамон ибтидо худро аз он канор кашиданд ва Арабистону Аморотро дар ин ҷанг танҳо гузоштанд.

Албатта Абӯзабӣ низ ба тозагӣ ба далели боло гирифтани талафоти низомиёнаш ва густариши норизоятӣ дар миёни афкори умумии Аморот ва таҳаққуқ наёфтани аҳдофи эъломшуда барои ҷанг дар Яман ва муҷаҳҳаз шудани ҷабҳаи Ансоруллоҳ (Ҳусиҳо) ба мушакҳои дурбурд ва паҳподҳои шиносоӣ ва низомӣ ва мавриди таҳдид қарор гирифтани таъсисоти умумӣ ва зерсохтҳои Аморот ба вежа бандарҳо ва фурудгоҳҳо ва шаҳри Дубай, дар як чархиши равшану ошкор шумори нерӯҳояшро ба таври қобили таваҷҷӯҳе дар Яман коҳиш дод.

Риёз тайи чанд соли ахир, шаҳри Адан воқеъ дар ҷануби Яманро ба унвони мақарри муваққати давлати Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ баргузид, аммо тазодди манофеъ миёни Риёзу Абӯзабӣ боис шуд, то Аморот аз “Шӯрои интиқолӣ” ҳимояти молӣ, низомӣ ва сиёсӣ ба амал оварад. Шӯрои мазбур дар садади таҷзияи ҷануби Яман ва мухолифи Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ аст. Ҳамин амр боис шуд, то тайи чанд ҳафтаи ахир, шибҳинизомиёни ҳаводори Абдураббуҳ ва мавриди ҳимояти Арабистон, бо шибҳинизомиёни Шӯрои интиқолии мавриди ҳимояти Аморот бо якдигар ба ҷанг бипардозанд ба гунае, ки то кунун тасаллут бар шаҳри Адан борҳо миёни ду тараф даст ба даст шуда ва зиндагӣ барои сокинони ҷануби Яман ба вежа ду устони Адан ва Абян, ба ҷаҳаннам табдил шавад ва аҳолии ин ду шаҳр амнияту оромиш ва хонаву кошона ва бархе аз аъзои хонаводаҳои худро аз даст бидиҳанд.

Торномаи рӯзномаи Раъюл-явм дар шумораи дирӯз (шанбе)-и худ, манофеъи иқтисодӣ ва дидгоҳи мутафовити Риёзу Абӯзабӣ ба ҳизби Ислоҳ (Ихвонулмуслимини Яман)-ро омили аслии даргириҳои ниёбатии ду тараф дар Яман баршумурд.

Ба гузориши шумораи имрӯз (якшанбе)-и рӯзномаи Алқудс аларабӣ (чопи Ландан), созмони урупоии дидабони ҳуқуқи башар бо судури баёнияе, аз ҳамалоти заминӣ ва ҳавоии Аморот алайҳи Адан ва Абян, ба унвони як “иқдоми интиқомҷӯёна ва ваҳшатнок ва ҷинояти ҷангӣ” ном бурд.

Аз сӯи дигар, ба навиштаи рӯзномаи мазбур, корбарони шабакаи иҷтимоии Твиттер дар як иқдоми густурда, Муҳаммад бен Зоид — валиаҳди Аморотро мавриди таҳоҷум қарор доданд ва ӯро ба “шӯълавар кардани оташи ҷангу фитнаангезӣ дар Яман” муттаҳам карданд.

Дар ҳамин росто, бархе аз корбарон навиштанд, ки Аморот дар натиҷаи амалкарди сиёсии раҳбаронаш, ба “як чеҳраи теруристӣ” табдил шудааст.

Торнамои шабакаи телевизиюнии Алҷазира низ дар шумораи имрӯз (якшанбе) ба нақл аз баёнияи мунташиршуда аз сӯи ба истилоҳ “Маҷлиси Шӯрои Яман” — маҷлиси ҳаводори Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ, Аморотро омили ноамнӣ ва ҷангу куштор дар ҷануби Яман муаррифӣ кард ва аз Арабистони Саудӣ хост, то дар ҷиҳати поён додан ба иқдомоти Аморот дар ҷануби Яман талош кунад.

Бар пояи ҳамин гузориш, шибҳинизомиёни ямании ҳаводори Абдураббуҳ мустақар дар ҷануби Арабистон, ки ба ҳамроҳи нерӯҳои Саудӣ дар ҳоли набард бо нерӯҳои мардумӣ ва артиши Яман (Ҳусиҳо) ба сар мебаранд, бо баргузории тазоҳурот, хостори бозгашт ба устонҳои маҳалли иқомати худ дар Яман ҳастанд.

Таҳлилгарон ва коршиносони сиёсӣ мӯътақиданд, ки хуруҷи шибҳинизомиёни мазбур аз ҷануби Арабистон, ба шиддат боиси тазъифи ҷабҳаҳои набарди Саудӣ хоҳад шуд ва устонҳои ҷанубии Арабистон яъне Ҷизон, Наҷрон, Абҳо ва Асирро дар муқобили ҳамалоти беамони нерӯҳои мардумии Яман осебпазиртар хоҳад кард.

Равобити Аморот ва давлати ба истеъфо рафтаи Яман ба унвони муттаҳиди Арабистони Саудӣ, ахиран ба шиддат муташанниҷ шудааст ба тавре, ки рӯзи ҷумъаи гузашта ҷамъи зиёде аз яманиҳо дар устони Таъазз дар ғарби Яман, ба хиёбонҳо омаданд ва хостори хуруҷи нерӯҳои аморотӣ аз кишварашон шуданд.

Даргирӣ миёни Шӯрои интиқолии ҷануб (вобаста ба Аморот) бо вафодорон ба давлати Ҳодӣ (мавриди ҳимояти Арабистон), аз он замон шиддат гирифт, ки нерӯҳои мавсум ба “Камарбанди амниятӣ” (Ҳамон Шӯрои интиқолии ҷануб) ҳафтаи пеш контроли кохи риёсати ҷумҳурӣ дар Адан ва марокизи роҳбурдии ин шаҳрро дар даст гирифтанд.

Irna

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: