Перейти к содержимому

Дигар, вақти шукрона гуфтан гузашт

Ба қалами Мавҷуда Соҳибназарова

Хабари лату кӯби як муҳоҷири тоҷик дар Русия аз сӯи миллатгароёни рус, дар ду се рӯзи охир шабакаҳои иҷтимоиро тарконд ва мардуми зиёде эътирози худро ба ин амали ваҳшатнок баён медоранд. Аммо бархеҳо “болои сӯхта намакоб”, гуноҳро боз ба сари тоҷик бор мекунанду ба ҳадде худро ҳомӣ ва дӯстдори русҳо нишон медиҳанд, ки то “дигар бас аст!” нагӯед, даҳонашон баста намешавад.

Албатта дар ин миён касоне ҳам ҳастанд, ки барои аз “пода қафо намондан” менависанд, баъзеҳо албатта барои “лайк”. Агар чунин набошад, пас чаро фақат дар чунин ҳолатҳо ва танҳо ду се рӯз ин мавзӯъро доғ намуда, дигар ба он барнамегарданд; то замоне, ки боз чунин ҳодиса иттифоқ наафтад?!

Мавҷуда Соҳибназарова, мутаваллиди 17 ноябри соли 1967 дар ноҳияи Ванҷи Бадахшони Тоҷикистон, фориғуттаҳсили риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1987. Ӯ пас аз хатми донишгоҳ, дар Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ба унвони рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ фаъолият кардааст. Мавҷуда дар нашрияҳои “Бонувони Тоҷикистон”, “Омӯзгор” ва маҷаллаи “Истиқбол” низ ба унвони рӯзноманигор кор кардааст. Ӯ яке аз муассисони гурӯҳи “Тоҷикистони навин” ба раҳбарии Зайд Саидов ба шумор меравад. Мавҷуда чанд сол аст, ки дар берун аз Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои урупоӣ ба унвони паноҳандаи сиёсӣ ба сар мебарад. Ӯ узви Шӯрои олии Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва масъули бахши умури иҷтимоӣ ва фарҳангии ин созмони тозатаъсис мебошад.

Вақте ки Умаралии 7—моҳаро аз синаи модараш ҷудо карда куштанд, вақте ки Ҳувайдои нозанинро таҷовуз карданду куштанд, шабакаҳои иҷтимоӣ таркид; шоирон шеър гуфтанду достон суруданд. Чунин ба назар мерасид, ки баъди ин шеъру достонҳо, бинои Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ларза медарояд. Аммо сад афсӯс! Русҳо ҳам, дигар одат карданд, ки тоҷик ду рӯз меноладу хомӯш мешавад… Ва агар фардои ҳамон рӯз Сафорати Русия чорабиние доир кунад, ҳамаи он рӯшанфикру зиёие, ки шеъру достон навишта буд, аз ҳама пеш дар зиёфати сафорат ҳозир мешавад. Русия медонад, ки тоҷик ба ивази “ишкам”, ҳама чиро медиҳад. Боре надидам, ки нафаре аз рӯзноманигорон ё рӯшанфикрон ба нишони эътироз ба рафтори миллатгароёни рус нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ё барномаҳои таҳкиромези онҳо, аз рафтан ба чорабинии сафорат даст кашида бошад.

Бале, ҳар аз гоҳе дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди ҳаёҳуи ин рӯшанфикрону зиёиён мешавем, аммо зуд шӯълаи ин ҳаёҳу хомӯш ва ба шукрона кардан мегузаранд. Шукронаи “Пешвои муаззам”, ки боғ сохт. Шукронаи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ”, ки бо писараш дар “аквопарк”-и навсохташуда мошинчасаворӣ кард. Шукронаи “Наҷотбахши сайёра”, ки василаи сайру сайёҳатро ба мардум муҳайё сохтааст; барои ҷалби сайёҳон боғу парку меҳмонхона месозад.

* * *

Ҳоло чун сухан аз боғу парк ба миён омад, ду се ҷумла дар бораи боғу парк бигӯям. Оё даҳҳо парку боғҳои истироҳатӣ, ки сохта шудаанд, аз ободии Тоҷикистон дарак медиҳанд? Оё метавон гуфт, ки бо ба истифода дода шудани ин боғҳои истироҳатӣ, иқтисодиёти Тоҷикистон рушд кард? Оё мисли даврони Шӯравӣ, мардум баъди кори пурзаҳмат, ба ин боғҳо рафта истироҳат мекунанд? Албатта на ину на он. Аксари ин паркҳо имрӯз пулакӣ шудаанд. Вақте ки нархи гӯшт ба 60 сомонӣ расидаву нархи орд ба 200 сомонӣ ва нархи барқу об ҳам ҳар рӯз афзоиш меёбад, оё мардум метавонанд, ки ба 10 сомониву 20 сомонӣ билет харида, фарзандашонро ба боғ барои тамошо баранд? Вақте ки шартномаи таҳсил дар макотиби олии кишвар сол ба сол боло меравад, оё ҳеч донишҷӯе метавонад ба ин боғ ё парк барои истироҳат равад? Ё он маблағро чанд рӯз роҳпулӣ кунад?

Магар зане, ки дар бозори “мардикорзанон” шабу рӯз дар интизори корфармост, метавонад фарзанди худро ба парк бибарад?! Баъзан ин занон ҳафтаҳо дар интизор менишинанд, то коре пайдо кунанд ва барои фарзандашон қути лоямуте ба даст оваранд.

Аслан, оё медонем, ки ин боғу паркҳо бо пули чӣ касоне сохта шудаанд? Бо пули муҳоҷирони кории тоҷик. Касоне, ки фарзандонашон солҳову моҳҳо дар интизори падари худ менишинанд.

Бале, ҳукумат ба ҷои сохтани коргоҳҳо, фақат парк месозаду чашми тамаъ ба сӯи ҷайби муҳоҷири ғариб медӯзад. Ин паркҳо аз ҳисоби он муҳоҷироне, ки дар Русия кор мекунанд, сохта мешаванд; аз ҳисоби муҳоҷироне, ки шабу рӯз ҷонашон дар хатар аст, аз ҳисоби муҳоҷироне, ки ба бадтарин шева кушта мешаванд. Муҳоҷироне, ки мехоҳанд пул кор кунанд ва фарзандонашонро ба парк баранд.

Падари Ҳувайдо ҳам барои ҳамин муҳоҷиратро ихтиёр намуда буд. Бо зану фарзандаш рафт, ки кор кунаду инсонвор зиндагӣ кунад. Ӯ аз кор нагурехт. Ҳеч тоҷике беҳуда аз ватан намегурезад. Аз мастӣ мулки бегонаро ихтиёр намекунад. Ӯ аз бекорӣ мегурезад. Бекорие, ки дар ватанаш мансабдорон барояш ҳадя мекунанд ва ӯ бояд ба ин ҳам шукрона кунад, шукрона кунад, ки дар ватанаш ҷанг нест!

Магар сарбаландона ва барои дифоъ аз зану фарзанд мурдан, беҳтар аз он нест, ки дар мулки бегона туро сар бибуранд ва пеш аз сар буридан миллататро таҳқир кунанд ва худатро дашному ҳақорат?! Магар ин дашному ҳақоратҳо ба он вазиру кабир ва нафаре, ки худро “Пешвои муаззам”-и ин миллат мешуморад, дахл надоранд? Ин дашномҳо албатта пеш аз ҳама ба “Пешвои муаззам” равона шудаанд.

* * *

Бармегардем боз ба сари муҳоҷири тоҷик ва муҳоҷират. Вақте ки олимони Шӯравӣ, (на олимони имрӯзаи тоҷик, ки ҳатто “академики физикаш” ба ҷои ихтироъ, ба мадҳияхонӣ машғул аст) исбот намуданд, ки дар Тоҷикистон тамоми он чи дар ҷадвали Менделеев қарор дорад мавҷуд аст ва вақте ки дар харита Тоҷикистон чун макони ғании захоири табиӣ қайд мешавад ва вақте ки мегӯянд, Тоҷикистон баъди Федератсияи Русия аз ҷиҳати захоири обӣ дар ҷои дуввум меистад, чаро мо бо доштани ҳамагӣ 9 миллион нуфус, ки аз он ҳам қариб 2 миллионаш дар Русия аст, ин қадар нодору бечораем?

Чаро шоирону рӯшанфикрони ин кишвари ба ном ғанӣ, ки бо ифтихор онро ба биҳишт ташбеҳ мекунанд, боре дар бораи зиндагии воқеии ин мардум ва ин ки ин “биҳишт” ба як “дӯзах” табдил шудааст, чизе намегӯянд?! Шукрона ҳам ҳадду ҳудуд дорад ва рӯзе ин шукрона ба ҷое моро хоҳад расонид, ки Тоҷикистон фоҷеаи бадтар аз соли 92-ро аз сар гузаронад. Ва он вақт гунаҳкорони ин фоҷеаро чун имрӯз набояд бикобанд. Гунаҳкори он шоири “ҳалқӣ”, рӯшанфикр, зиёӣ ва ғайраҳо ҳастанд. Шоире, ки мардумӣ набуд ва аз дарди халқ нагуфт, аммо унвони шоири халқӣ гирифт. Ҳатто шарме ҳам накард, сар ба зер наафканд. Ба ақидаи ин ҷониб, шоири халқӣ дар баробари унвони қаҳрамони миллат аст, нафаре, ки барои миллат қаҳрамонӣ мекунад, мисли Бобоҷон Ғафурову Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум!

Шармамон бод, ки бузургонамон ҳам дар гӯр нороҳатанд. Шояд мурдани тоҷик ҳам дар ғарибӣ, барои ин тоифа ифтихор бошад, чунки ба эшон дахл надорад, фарзанди инҳо бо чунин шевае намемиранд. Фарзанди касе мемирад, ки пуле надошт, то сарфи таҳсили фарзандаш кунад. Фарзанди он тоҷики беҳуқуқе мемирад ва кушта мешавад, ки “аълочии маорифе” пайваста аз ӯ пул меситонад, маҷбурӣ ба маршировкааш мебарад, ба ӯ пӯшидани либоси махсусеро бор мекунад ва ба ҷои ба ӯ саводу забон омӯхтан, саргарми интихобот ва дигар чорабиниҳои ҳукуматӣ аст.

* * *

Баргардем ба сари мавзӯи навори кушта шудани он муҳоҷири бечораи тоҷик, ки тавассути фашистҳои рус ба қатл расид. Бархеҳо имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао доранд, ки ин навори чанд сол пеш буд ва ё навори сохта аст. Бигузор навори кӯҳна бошад, аммо оё чизе тағийир хӯрда?! Магар зиндагии муҳоҷири тоҷик дар Русия беҳтар шудааст? Оё дигар тоҷикро таҳқир намекунанд? Магар қазияи Ҳувайдо кӯҳнагӣ дорад? Қаблан фикр карда будем, қазияи Хуршеда такрор намешавад, боварамон кунонданд, ки дигар Умаралиҳои кучакро намекушанд. Қазияро ҳукумати Росия зери контроли худ мегирад.

Аммо оё имрӯз намекушанд? Аҷаб мардуми зудбоварем. Ҳафтае нест, ки мурдаеро ба Тоҷикистон наорад. Ҳатто ҳисоб кардаанд, ки дар як сол 966 мурда аз Русия ба Тоҷикистон оварда шудааст. То чӣ андоза воқеият доштани ин ахборро намедонам.

Аҷаб худбохтаҳое дорем. Вақте ки дар бораи куштани тоҷик ва таҳқири тоҷик навишта мешавад, доду войи тоҷикони русгаро чунон ба осмон мехезад ва ба ёдамон кушта шудани чанд рус дар замони ҷанги шаҳрвандиро меоваранд. Фаромӯш мекунанд, ки ҷанг буду ҷони касе дар амон набуд, на тоҷик ва на ӯзбак ва на рус. Магар барои ҳимояи давлати Шӯравӣ дар ҷанги зидди Олмон, тоҷикон намурданд?

Хеле бад аст, ки дар Тоҷикистон мазори дастҷамъии муҳоҷирони дар Русия кушташуда нест. Агар чунин майдон медоштем, ҳар як сайёҳи ба кишвар омада медид, ки воқеан русҳо нисбати миллати мо чӣ амали даҳшатнокеро анҷом додаанд. Ба ҷои насби парчам дар ҳар ноҳия, дар маркази пойтахт бояд чунин лавҳаи ёдгорӣ бо номи ҳар як муҳоҷири ҳалокшуда сохт.

* * *

Дигар даврони шукрона гуфтан гузашт, бояд бештар камбудиҳои дар кишвар бударо ошкор сохту баҳри ҳалли онҳо камари ҳиммат баст. Ба лентабурии дурӯғин бояд хотима гузошт ва он корхонаҳое, ки дар кишвар ҳастанд фаъолияти онҳоро аз нав ба роҳ монд.

Имрӯз Тоҷикистон ниёз ба сохтани корхонаҳои нав надорад, нахуст бояд фаъолияти корхонаҳои будагиро ба низоми муайян даровард, то муҳоҷирони тоҷик ба ватан баргарданд. Он гоҳ миллатгарои рус, “чаро омадӣ дар ватани худ мешиштӣ ба чунин ҳол гирифтор намешудӣ” нахоҳад гуфт. Он гоҳ тоҷик бо сари баланд ифтихор аз ватани худ хоҳад кард.

Бас будагист бо меваву сабзавот “ишками” русро сер карданд. Магар вақти он нарасидааст, ки дар баробари содироти даҳҳо тонна меваву сабзавот, дастгоҳҳо ё таҷҳизоти ватаниеро муаррифӣ кунем?!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: