Перейти к содержимому

Ихвонулмуслимин бори дигар шонси худро меозмояд

Аннаҳзаи Тунис, ки бар хилофи ҳамтоёни мисриаш, то кунун аз пазириши мақоми риёсати ҷумҳурӣ парҳез дошт, ин бор бо мувофиқати аксарияти аъзои Маҷлиси Шӯрои ин ҳизб, оқои Абдулфаттоҳ Муру, муовини раиси Аннаҳза ва раиси порлумонро барои ин имтиҳони сахт баргузид. Аммо ин тасмими ногаҳонӣ бо чӣ ангезае иттихоз шуд?

Раҳбарони ҳизби исломгарои Аннаҳзаи Тунис саранҷом пас аз гузашти 8 сол аз инқилоб, ба ин натиҷа расиданд, ки замон барои ба қудрат расидани исломгароён фаро расида ва аз ин рӯ барои нахустин бор бо муаррифии Абдулфаттоҳ Муру ба унвони номзади Аннаҳза дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, мувофиқат карданд. Аннаҳзаи Тунис, ки бар хилофи ҳамтоёни мисриаш, то кунун аз пазириши мақоми риёсати ҷумҳурӣ парҳез дошт, ин бор бо мувофиқати аксарияти аъзои Маҷлиси Шӯрои ин ҳизб, оқои Муру, муовини раиси Аннаҳза ва раиси порлумонро барои ин имтиҳони сахт баргузид. Аммо ин тасмими ногаҳонӣ бо чӣ ангезае иттихоз шуд?

То пеш аз ин, дар миёни раҳбарони Аннаҳза, дар бораи вуруди мустақими ҳизб ба арсаи риёсати ҷумҳурӣ, ду рӯйкарди мутафовит вуҷуд дошт:

— гурӯҳе, ки бо назар ба таҷрибаи талхи Миср, мӯътақид буд, ки фазои сиёсии Тунис ва шароити ҳоким бар таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ, ҳанӯз ҳозир ба пазириши як ҷараёни “исломи сиёсӣ” дар раъси ҳокимият нест ва беҳтар он аст, ки Аннаҳза ҳамчунон аз фарде дигар дар интихобот эъломи ҳимоят кунад;

— гурӯҳе дигар, ки мӯътақид аст вазни сиёсии Аннаҳза ба унвони як фроксиюни бузург дар порлумон ва ҷараёни пирӯз дар интихоботи ахири шаҳрдориҳо, зарфияте барои ин ҳизб эҷод мекунад, то битавонад ба унвони ҳизби исломгаро номзади риёсати ҷумҳурӣ шавад.

Мавзеъи раҳбарони радаи аввали Аннаҳза то чанде қабл, ҳокӣ аз он буд, ки бештарашон тарафдори назари аввал буданд. Бо ин ҳол, нишасти Маҷлиси Шӯрои Аннаҳза чанд рӯз пас аз даргузашти Ассибсӣ, раисиҷумҳури фақид, масири мутафовитеро барои ин ҳизб рақам зад. Аммо чӣ омилҳо ва ангезаҳое боис шуд, то Аннаҳза ин тасмими муҳим ва сарнавиштсозро дар ин марҳилаи пурчолиш иттихоз кунад?

1) Даргузашти Албоҷӣ Ассибсӣ ба унвони аслитарин вазнаи сиёсии ҷараёни либерол ва рақиби Аннаҳза, муъодилоти сиёсиро дар Тунис дигаргун кард. Даргузашти ӯ ва баргузории зудтар аз мавъиди интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, мӯҷиб шуд, то ин интихобот ин бор пеш аз интихоботи порлумонӣ баргузор шавад. Масъалае, ки аҳаммияти интихоботи риёсати ҷумҳуриро дучандон кард, чаро ки натоиҷи он метавонад бар интихоботи порлумонӣ таъсиргузор бошад ва вазни сиёсӣ ва сабади орои ҳар ҷараёнро мушаххас кунад. Ин масъала эҷоб мекард, то Аннаҳза ин бор қазияро ҷиддӣ гирифта ва бо дасти пур вориди майдони рақобат шавад.

2) То пеш аз ин, гумоназаниҳои ҷиддӣ барои ҳимоят аз Юсуф Ашшоҳид, нахуствазир, аз сӯи Аннаҳза барои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ матраҳ буд, ки ниҳоятан мавриди тавофуқи Аннаҳза қарор нагирифт. Юсуф Ашшоҳид ба унвони сиёсатмадоре, ки ба дунболи бархе ихтилофот, аз ҳизби ҳокими “Нидои Тунис” ва раиси фақидаш, Ассибсӣ, ҷудо шуд, умеди бисёре дошт, то бо ҳимояти Аннаҳза битавонад гӯи сибқатро дар ин интихобот рубуда ва ба курсии риёсат такя бизанад — қазияе, ки ҳатто ба назар мерасид як гузинаи мақбул аз сӯи раҳбарони Аннаҳза ҳам бошад. Бо ин ҳол аммо рӯйкарди мустақиллонаи Юсуф Ашшоҳид ва исрораш барои ҳузур бо тоблуи ҳизби ҷадидаш — “Таҳё Тунис”, Аннаҳзаро аз ин тасмим мунсариф кард.

3) Аннаҳза дарёфт, ки ин бор саҳнаи интихобот тафовути қобили мулоҳизае бо гузашта дорад. Ин бор, ҷараёни рақиб на танҳо “шахсияти меҳварӣ”-и ҳамчун Ассибсиро надорад, балки бо теъдоди бисёр зиёде аз номзадҳо мувоҷеҳ аст, ки ин метавонад як барги баранда барои Аннаҳза бошад. Ҳарчанд Абдулкарим Аззубайдӣ (вазири дифоъ) ба унвони гузинаи расмии “Нидои Тунис” муаррифӣ шуд, аммо чеҳраҳое ҳамчун Юсуф Ашшоҳид ва Муҳсин Марзуқ (нахуствазири асбақ) ва Саъид Алъоидӣ ва Набил Алқаравӣ — тоҷири бузурги тунисиро бояд ба навъе намояндагони ҷараёни суннатӣ ва секулори Тунис ба шумор овард. Ин таъаддуди номзадҳо он қадр муҳим аст, ки бисёриҳо на ин ҷараён, балки Алмунсиф Алмарзуқиро, ки ба унвони “номзади баҳори арабӣ” шинохта шудааст, рақиби ҷиддии номзади Аннаҳза яъне Абдулфаттоҳ Муру бидонанд.

4) Ҷанбаи дигаре, ки нодида мондааст, вазъияти дохилии Аннаҳза ва рӯйкарди Шайх Рошид Алғаннушӣ дар қиболи бӯҳроне аст, ки наздик буд домангири ин ҷунбиш шавад. Пеш аз интихоби Абдулфаттоҳ Муру, дар маҳфилҳои Аннаҳза интиқодҳое ба оқои Алғаннушӣ дар бораи чигунагии тақсими кори сарони ин ҳизб дар ду интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ ва муаррифии феҳристҳо ва сарлистҳо матраҳ буд. Гумоназаниҳо ҳатто дар бораи иқдоми Алғаннушӣ барои муаррифии худ ба унвони номзади риёсати ҷумҳурӣ ҳам боло гирифта буд. Ин ихтилофот метавонист вазъияти Аннаҳзаро низ дар остонаи ин ду интихобот ҳамонанди ҷараёни рақиб мутазалзил кунад, аммо бисёре мӯътақиданд, ки тасмими муҳимми Рошид Алғаннушӣ дар муаррифии Абдулфаттоҳ Муру барои риёсати ҷумҳурӣ, бори дигар тавонист якпорчагиро ба саффи ин ҷунбиш бозгардонад.

Муҳаммадризо Ишварии Муқаддам, коршиноси масоили арабӣ ва шимоли Офриқо дар Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: