Перейти к содержимому

Кафи рӯи об

Як қоидаи куллӣ ҳаст, ки мегӯяд: “Ҳар чи дар гетӣ бо сиришту фитрати башарӣ ҳамоҳанг аст боқист, дар ғайри ин сурат, аз миён хоҳад рафт”. Ин, як қоидаи куллӣ ва содиқ аст.

Масалан, ростӣ чун бо фитрати башар созгор аст, аз аввал пойбарҷо буд ва ҳаст ва хоҳад монд, вале акси он, яъне дурӯғ, мисли кафи рӯи об рафтанӣ ва умре надорад.

Хуб, имрӯза дар ҷаҳон ном ва омӯзаҳои чӣ касоне боқӣ монда ва аз омӯзаҳои чӣ касоне дигар хабаре намондааст?!

Пурравшан аст. Номи Нуҳ (а) мондааст, номи Иброҳим (а) мондааст, номи Мӯсо (а) мондааст, номи Исо (а) мондааст, номи ҳазрати Муҳаммад (с) мондааст. Омӯзаҳои ҳаминон, ки паёмбаронашон мехонем, боқӣ монда ва башари рӯи ҷаҳон ифтихори пайравӣ аз таълимоти яке аз ин фиристодаҳои илоҳиро доранд.

Ҳар як аз ин фиристодаҳо дар замони худ мухолифону душманоне доштанд; мухолифоне ки мегуфтанд, паёмбарон дурӯғгӯёне беш нестанд. Аммо оё касе суроғ дорад, ки аз ин мухолифон ному нишоне боқӣ монда бошад? Омӯзаҳояшон барои худ пайраве пайдо карда бошад? Ҳаргиз!

Далелаш ҳамон қоидаи куллӣ аст, яъне, “Ҳар чи дар гетӣ бо сиришту фитрати башарӣ ҳамоҳанг аст боқист, дар ғайри ин сурат, аз миён хоҳад рафт.”

Таълимоти паёмбарони илоҳӣ ҳамон аст, ки сиришту фитрати одамӣ хоҳони он аст ва бо он созгору ҳамоҳанг аст. Ва ҳатто агар як инсон амалан натавонад ба гуфтаи паёмбар пойбанд бошад, вале дар умқи дилаш онро таъйид мекунад. Масалан, агар як одами сустунсур амалан натавонад аз дурӯғгӯӣ худдорӣ кунад, вале сиришту фитрати ӯ мегӯяд, дурӯғ зишт аст!

Бинобар ин, мухолифони паёмбарон ва мухолифони таълимоти онҳо, як мушт афроди масхшуда ҳастанд, яъне сиришту фитрати онҳо масх шудааст ва одамони нокоме ҳастанд.

Хулоса, ҳар чи хилофи фитрат бошад, мисли кафи рӯи об аз байн хоҳад рафт. Қуръони Карим ин ҳақиқатро чӣ зебо баён карда, он ҷо ки фармуда:

أَنزَلَ مِنَ السَّمَاء مَاء فَسَالَتْ أَوْدِيَةٌ بِقَدَرِهَا فَاحْتَمَلَ السَّيْلُ زَبَدًا رَّابِيًا وَمِمَّا يُوقِدُونَ عَلَيْهِ فِي النَّارِ ابْتِغَاء حِلْيَةٍ أَوْ مَتَاعٍ زَبَدٌ مِّثْلُهُ كَذَلِكَ يَضْرِبُ اللّهُ الْحَقَّ وَالْبَاطِلَ فَأَمَّا الزَّبَدُ فَيَذْهَبُ جُفَاء وَأَمَّا مَا يَنفَعُ النَّاسَ فَيَمْكُثُ فِي الأَرْضِ كَذَلِكَ يَضْرِبُ اللّهُ الأَمْثَالَ

(Худо) аз осмон обе фурӯ фиристод, пас рӯдхонаҳо ба андозаи гунҷоиши худашон равон шуданд, ва сел кафе баланд рӯи худ бардошт — ва аз он чи барои ба даст овардани зинате ё колое дар оташ мегудозанд ҳам назири он кафе бармеояд. Худованд ҳаққу ботилро чунин масал мезанад. Аммо каф, берун афтода ва аз миён меравад, вале он чи ба мардум суд мерасонад, дар замин боқӣ мемонад. Худованд масалҳоро чунин мезанад.” (Сураи Раъд, ояти 17)

Бале, кафи рӯи об, чун рӯи об аст, намоён аст ва аммо об, ки судманд аст чун зери каф қарор дорад, нонамоён аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: