Перейти к содержимому

Роҳи расидан ба Худо

Ёддошти Абдусалом Одиназода

Салафиҳо, ҳанафиҳо, сӯфиҳо, ваҳҳобиҳо, ва ғайраву ҳоказо …

Баъзе вақтҳо ин ҳама равишҳо метона тура аз Худованд воқеъан ба дурии дуриҳо бикаша, ба ҷои ба Ӯ наздик овардан. Астағфуруллоҳ!

Равиши соддатари Худованда шинохтан ва ба Ӯ наздик шудан он аст, ки дар ҳар фурсате, ки дорӣ, бо Худованд бо забони худут гап бизан – вақти намоз, баъди намоз, дар вақти холӣ — ҳаддиақал ҳамагӣ якчанд дақиқа ҳар рӯз.

Ин иқдом шояд аҷибу ғариб ва ҳатто девонагӣ ба назар намояд, аммо кор мекуна, ба Худо. Вақте ки ту ҳамитарӣ гапзанита идома метӣ, ногаҳон мутаваҷҷеҳ мешӣ, ки худи Худованд ҳам воқеъан тӯли ин ҳама вақт бо ту дар гуфтугӯ ва дар иртибот будай — аз тариқи роҳҳои мухталиф.

Баъзе вақт шамолаки фораме ба рӯи ту мезана, баъди кори вазнин вақте, ки эҳсос кардӣ хаста шудаӣ ва ҳаво ин қадр гарм шудай. Ин, кори Худованд аст.

Баъзе вақт ногаҳон чашмут ба чизе кушода меша ва чизера ногаҳон сарфаҳм мерӣ ва ё идеяе дар зеҳнат ногаҳон пайдо меша, ки аз куҷо омад, худут нафаҳмидӣ, Ин ҳам, кори Худованд аст.

Баъзе вақт як эҳсоси хеле нарму оромиш, гӯё афсонавӣ, дар қалби ту пайдо меша бо дарки он, ки зиндагӣ бар асоси худуш чӣ қадар зебост — ба ҳамаи ин чолишҳо, мушкилҳо ва дардисарҳо нигаҳ накарда. Ин ҳам, кори Худованд аст.

Ин гуна гапзанӣ бо Худованд як роҳи соддае аст барои дарки Худованд, вақте, ки ту ба эҳсос кардани Худованд шурӯъ мекунӣ бидуни дардисарҳои бефоида, бидуни каллара гаранг кардан, ки “чӣ дуруст аст, чӣ хатост”, бидуни деворҳову посредникҳои нолозим байни ту ва байни Офаридгори ту. Бидуни каллара гаранг кардан, ки ба гапи салафиҳо гӯш кунум, ба гапи сӯфиҳо гӯш кунум, ба гапи муллоҳои шикамғафси кӯҳна гӯш кунум ва ё ба гапи муллочаҳои нави ҳамлагар гӯш кунум, ва ё ба гапи боз каси дига. Тоҷикистони мо имрӯз пур-пури даъвогарҳои бесаводи ҳамлагар шудай, ки сари ҳаммара пурра гаранг кардаанд ва мардуми бечора намедона худша куҷо бизана.

Худут биё Худованда пайдо бикун. Аниқтараш Худованда бишнос, чун Худованд ҳеҷ куҷо гум нашуда буд, ки Ӯра пайдо бикунӣ, Ӯ ҳамеша ҳамин ҷо бо ту буд – чаро, ки Ӯ “муҳит” аст барои ту, барои будани ту, барои зисту зиндагии ту. Муваффақ бош, азизам!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: