Перейти к содержимому

Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид (1)

Ба қалами Мирбобо Мирраҳим

Қисмати 1

Чанд нукта ба ҷои пешгуфтор

Шукри беҳад яздони покро, ки фурсате кофӣ ба мо дод ва иншои ин китоб сари вақт ба поён расид. Ҳеҷ гоҳ бо чунин дилгармӣ дар навиштани посухе саргарм нашуда будам, чуноне ки дар як моҳи пас аз Наврӯзи соли 2011. Бояд ба ҳарифон низ ташаккур баён намоем, ки ба маҳзи он ки ҳар гоҳ андар ягон ҷои тани хеш хорише пайдо карданд, ному навиштаҳои моро ба миён меоваранд ва ҳадафи тӯҳмату ифтироъ (1) қарор медиҳанд.

Албатта, барои ҳарифони мӯҳтарам бояд тазаккур дод, ки ба забони русӣ ба ҷаноби С. Мирзорахматов посух навиштан душворие надорад, вале баҳсу андеша дар ин мавзӯъи таърихи начандон дур ё навин пеш аз ҳама кори дохилии миллат аст ва бояд байни тоҷикон ҳаллу фасл шавад ва ба доварии бародарони бузург ва миёна ниёзе нест (лозим ояд матни посухҳо ба забони русӣ баргардон ва нашр хоҳад шуд). Афзун бар ин пойи олами ҷиноятро бо дастаи додситонҳо даромехтан ва аз ҳамсояи миёна ва бародари бузург кӯмак хостан ва боз дар кишвар дарҳамбарҳамӣ ба роҳ андохтан (ки як бор аз сари миллат гузашт) кори оқилона нахоҳад буд.

Дар посухҳо ба таври бисёр мухтасар танҳо ба бархе масъалаҳо ишорат кардему халос, зеро барои аҳли фаҳм ҳамин ишоратҳо кифоят мекунад. Худованд агар илҳом бахшад шояд дар ояндаи дуртар ба таври муфассал ин қазия ва масоил пайгирӣ хоҳад шуд. Аммо имрӯз аз ин бештар дар ин маврид андеша рондан хатарнок аст. Зеро мавқеъияти дурӯғнависон ва пуштибонони онҳо коро буда, мо дар танҳоӣ қарор дорем ва суханони мо ба иборати бузургон «ба гӯши хар азон хонданро» монад.

Мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?», ки 6.01.1988 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (2) ба нашр расида буд, ҳикояти «Достони мурдашӯй ва гӯрков», ки байни солҳои 2001-2004 халқ шуд, номаи саргушода ба вазири кишвар, ки ҳафтуми сентябри соли 2011 дар ҳафтаномаи «Фараж» ба нашр расид, ду мақолаи дигар ва ниҳоят мақолаи «Худи шумо кистед, Саломиддин-ака!» бар ин китоб замима шуд.

Мирбобои Мирраҳим (М. Мирраҳимов)

ш. Душанбе, 27.04.2011

* * *

Колбудшикофии як тӯҳматнома

Саромади гуноҳон дурӯғ аст. Дурӯғ гуноҳро поягузорӣ мекунад, ба ҷустуҷӯ аз он мепардозад, онро собит ва барқарор медорад. Дурӯғ ҳамвора ба се ранг дармеояд: ба ранги орзӯ ва ранги инкор ва ранги ситезаҷӯ.

Рӯзбеҳ (Ибни Муқаффаъ)

Чашми ҳасуд кӯр аст ва гоҳе дубин. Ҳар чӣ каҷ мебинад ҳамон хел дар зеҳнаш мемонад ва солҳои сол дар ғаму андӯҳ ба сар мебарад, ки чаро на ӯ, балки дигаре дар садри коре ҳаст ва ё андешаи волое дорад. Суоли -Чаро?! Чаро?! Чаро на ман?!,- дар ҳама ҷо ва ҳар давру замон ӯро азобу азият мекунад ва то дами марг дар ғами ҳамин андӯҳ мемонад. Зеро:

Хӯи бад дар табиате, ки нишаст,

Надиҳад ҷуз ба вақти марг аз даст. (3)

Бисту се сол пеш аз ин рӯзгор мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (6.01.1988) чоп шуда буд, ки фитрат ва ғояҳои он то ба имрӯз бархе аз ҳасудонро ором намегузорад, ки «чаро» ва «сад чаро, ки он нуктаҳоро ман нагуфтам…» Аз он ки мо то имрӯз зиндагӣ дорем барои бархе сахт гарон аст, зеро бознависии таърих ва дурӯғҳояшон пойдор ва бозоргир нахоҳад шуд. Бинобар ин кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳанд, то мавриди қабули хоҷагонашон дар Маскаву Тошканд ва Остонаву Вашингтон қарор бигиранд, ки дар ҳамаи ин дигаргуниҳои бист-сӣ соли ахири Тоҷикистон маҳз Мирбобо Мирраҳимов «гунаҳкор» аст ва дигарон уболаку ҷабрдида ва мазлум. Тӯҳматгароён бар ин боваранд, ки ҳар қадр дурӯғ ва ифтироъ нисбат ба андешаҳои илмӣ ва шахсияти Мирбобо Мирраҳимов бештар шавад ва деги китобу мақолаҳо ва намоишҳои симо ва гуфторҳои садо дар ин маврид ба ҷӯш ояд, одамон низ таҳти таъсири он қарор гирифта, дар ниҳоят ба бофтаҳои ишон бовар хоҳанд кард. Аз ин рӯ ҳар фурсатро ғанимат дониста ва аз ҳар мавқеъияте, ки пеш меояд, моҳирона сӯъиистифода ба амал меоваранд.

Дар даҳ-понздаҳ соли ахир чандин китоб ва садҳо мақола дар муқобили андеша ва шахсияти Мирбобо Мирраҳимов ба нашр расида, ки аксари онҳо қобили нақд ва посух нестанд, вале китобчаи нав дар шаҳри Остона — пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон, бо забони русӣ ба нашр расонидаи ҳазрати Саломиддин Мирзорахматов (4) аз ҷинси дигар аст, зеро дар тӯҳматгароӣ ба одамон (истисно танҳо мақолае аст, ки ба зиндагӣ ва фаъолияти устоди равоншод Отахони Латифӣ бахшида шудааст) то ба ҳол дар мактаби рӯзноманигории коммунистӣ (5) ва пас аз суқути он режим назир надошт ва надорад.

Рӯнамои муқоваи китобчаи С. Мирзорахматов

Дар рӯзноманигории коммунистони собитқадам қабл аз он ки дар додситонӣ ё додгоҳ нисбат ба касе парвандаи тамоман соддаи шаҳрвандӣ ё ҷиноӣ боз шавад, нахуст дар саҳифаи рӯзномаҳо ё дигар васоити ахбори умум ҳукми маҳвсозӣ ва ё марги зудҳангоми ӯ содир мешуд (ба вижа дар солҳои 1937-1939 ва 1993-1997) ва пасон «додгоҳи боадолати коммунистӣ» ҳалномаи онро таъйид мекард. Пас аз содир шудани ҳукми додгоҳ сиёҳ кардани шахси мақтул ё маҳкумшуда дар саҳифаи рӯзнома ва дигар васоити ахбори умум кори бисёр содда ва «бо санад ва далел» маҳсуб мешуд. Ҳеҷ эътирозе нисбат ба навиштаи рӯзноманигори чапдасти коммунистмаоб ворид намегардид. Нахуст, ҳеҷ роҳ ва имкон вуҷуд надошт, ки дар муқобили дурӯғу тӯҳмат чизе дар рӯзнома ё дигар васоити ахбори умум чоп шавад (зеро ҳама имкониятҳо дар инҳисори режими коммунистӣ ва дастгоҳи идеологии он қарор дошт) ва сониян, эътироз ба дурӯғпарокании коммунистӣ чӣ маъно ба хеш касб мекунад ва кӣ ба он ҷуръати дасту панҷа нарм кардан дорад?! Шиори доимии қаламбадастони коммунистмаоб чунин буд ва ҳаст: «бигузор он шахс аз айб ва гуноҳҳое, ки мо дар ҳаққаш навиштем, худашро пок созад» (нақли қавл аз Юлиан Семёнов). Ин сабк ва ҳунарнамоӣ дар навиштаҳои хабарнигори собиқи рӯзномаи дарбори коммунист — «Коммунист Таджикистана» дар вилояти Қӯрғонтеппа Саломиддин Мирзораҳматов сад дар сад риоят шуда ва ҳатто гузашта аз он яке дигар аз ҳамтабақҳои кӯҳнаколо ва коммунистмаоби як бор аз даргоҳи Ҳизби коммунист рондашуда дар пешгуфторе ба он «фатвои» илмӣ ҳам додааст, ки ин рӯзноманигори на он қадар бофарҳанг «ойинаест, ки чеҳраи ҳақиқӣ»-ро инъикос менамояд. Вале гӯиё фаромӯш шуда, ки ҳам ойина ва ҳам худи муфтии нохонда мулло на танҳо каж ва сиёҳдил, балки аъмоли онҳо хилофи ақли солим ва беш аз ҳад нороҳаткунанда аст. Албатта, барои посух ба дурӯғбофиҳои ойинаи беҷону каж ва пешвои он бояд китобе навишт, вале мувофиқи мақоли маъруфи «мушт намунаи хирвор аст» дар поён ба мӯҳтавои пешгуфтори он «бузургвор» низ чанд нуктаеро ворид хоҳем сохт, ки чеҳраи ҳақиқии ҳар кас, ҳам С. Мирзорахматов ва ҳам Н. Табаров, дар таърих дақиқ ба тасвир дарояд.

Дар нахустин сархати мақолаи С. Мирзораҳматов дар бораи Мирбобо Мирраҳимов чандин дурӯғ ҷой дорад.

Нахуст, дурӯғнавис чунин иддаоъ кардааст, ки гӯё муаллифи мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» масъалаи «переход к национальному алфавиту» (6)-ро пеш гузошта буд. Ин таҳриф чизи наве нест ва куллан сад бор бештар ва хеле пештар, яъне бисту се сол пеш аз ин рӯзҳо, аз ҷониби «пешвоёни бузурги миллат» ба монанди М. Осимӣ, Р. Амонов, Р. Ғаффоров, С. Табаров, Қ. Маҳкамов ва дигару дигарон ва ҳамчунин ҳамтабақи ишон-Хулькар Юсупов гуфта ва навишта шудааст, ки аз дараҷаи «саводи баланд, ҳамадонӣ ва дониши фарогир»-и онҳо шаҳодат медиҳад. Барои ҳамаи он бузургворон (ки мутаассифона чанд нафаре то имрӯз худораҳматӣ ё худо…ӣ шудаанд) ва ҳатто ҷаноби мӯҳтарам С. Мирзорахматов айнан оварда-ни он пешниҳоди илмӣ (ки дурӯғгӯйии онҳоро собит намояд) аз мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» лозим аст: «Хулоса, шояд вақти он расида бошад, ки ба масъалаи ТАЪЛИМИ (таъкид аз мост-М.М.) ҳуруфоти арабӣ (ин танҳо ба ном «арабӣ» аст, аммо кайҳо тоҷикӣ шудааст) дар мактабҳои миёнаю олӣ баргардем» (7). Дар ин пешниҳод ба таври эҳтимол-«шояд» (на «бояд» ва «ҳатмӣ») роҷеъ ба «таълими ҳуруфоти арабӣ», яъне масъалаи омӯзиши алифбои ниёкон ҳамчун як фанни омӯзишӣ, сухан рафтааст, на гузаштан ва на баргаштан ба он. Ҳар касе, ки каму беш забони тоҷикиро балад аст, хуб медонад, ки вожа ё худ истилоҳи «таълим» (8) чӣ маънӣ дорад. Дар мақола истилоҳи «таълим» танҳо ба маънии «омӯзиш» ва «омӯхтан» ба кор рафтааст ва ҳеҷ маънии дигаре дар бар надорад. Ибораи «таълими ҳуруфоти арабӣ»-ро танҳо он-ҳое, ки дубинанд, ифтироъ ва тӯҳматро кеши хеш гузида-анд ва мақсади нопок доранд, ба таври худсарона «баргаштан ба ҳуруфоти арабӣ ё алифбои миллӣ» («переход к арабскому или национальному алфавиту») тафсир карда, аз шахси мо душмани дигар алифбо месозанд. Бисту се сол пеш аз ин рӯзгор М. Осимӣ, Х. Юсупов, А. Маниёзов, С. Табаров (9), Р. Амонов, Р. Ғаффоров (10), Қ. Маҳкамов ва садҳо нафари дигар маҳз ҳамин мазмунро ба ҳамагон тафсиру талқин мекарданд (зеро аз дидгоҳи ононе, ки зикрашон дар боло рафт, чунин тафсир ва таҳриф барои ҳамагон коро ва таъсиргузор буд ва манкуртҳо бештар ба пешвоёни коммунистӣ эътимод мекарданд ва саркӯбии Мирбобо Мирраҳимов чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар тамомии Иттиҳоди Шӯравӣ аз ин тариқ осонтар ба даст меомад) ва ҳоло пас аз гузашти беш аз ду даҳсола С. Мирзорахматов дурӯғ ва дасисаи онҳоро такрор кардааст ва он ҳам бисёр ноҷавонмардона (11). Аслан ба шумо ин пешниҳоди банда чӣ зарар расондааст, ки имрӯз бояд ҷуброни хисорат шавад, мӯҳтарам С. Мирзорахматов?! Чаро соли 1988, замоне ки мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» нашр шуд, садоятонро баланд накардед? Агар ин дурӯғатонро он сол менавиштед ва чоп мекардед, шояд ҳол дар Қазоқистон зиндагӣ намекардед. Онҳое, ки ин корро сари вақт ё каме дертар дар аз солҳои 1989-1994 ва ҳатто 2001 анҷом додаанд, имрӯз дар Ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳо чӣ мақому мансабе ва чӣ ҷоҳу манзалате доранд, ки шумо онҳоро дар хоби шабатон ҳам орзӯ карда наметавонед ва намебинед! Ин машварати муфтро дар хотиратон занҷирбанд кунед: минбаъд дурӯғ ва тӯҳматро сари вақт нависед ва ба чоп расонед ва аз пода дер намонед. Зеро Саъдии бузургвор фармудааст:

Агарчи пеши хирадманд хамӯшӣ адаб аст

Ба вақти маслиҳат он беҳ ки дар сухан кӯшӣ

Ду чиз тайраи (12) ақл аст: дам фурӯ бастан

Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ

Нуктаи ҷолиб дар тамоми навиштаҳои «бузургони миллат» ин аст, ки ҳамаи тӯҳматгароён дар саркӯбии муаллифи мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» таҳрифи хешро айнан бо ин сабк шурӯъ кардаанд:

1) А. Саъдуллоев ва И Усмонов: «Дар шумораи 6 январи соли ҷории газетаи «Комсомолии Тоҷикистон» ба чунин навиштаҳо дучор омадем…» (13)

2) «Дар шумораи 6 январи соли ҷорӣ дар рӯзномаи «Комсомолии Тоҷикистон» мақолаи номзади илми фалсафа Мирбобо Мирраҳимов бо номи «То ба кай об аз таги ях меравад?» чоп шуда буд…» (14)

3) Р. Амонов ва Р. Ғаффоров: «Дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» 6 январи соли ҷорӣ зери сарлавҳаи «То ба кай об аз тагӣ ях меравад?»-Андешаҳо аз боби тарбияи интернационалӣ ва атеистӣ»-мақолаи номзади илми фалсафа М. Мирраҳимов чоп шуд» (15).

Рӯнамои мақолаи Р. Амонов ва Р. Ғаффоров дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ»

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Ифтироъ-бофтан, гап бофтан, гап сохтан; тӯҳмат кардан, бӯҳтон кардан, тӯҳмат задан, ба дурӯғ нисбати хиёнат ба касе додан, касеро беасос хоин гуфтан.

(2) 130.04.2011 ба Китобхонаи миллии давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ муроҷиат кардем, то аз мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» нусха бардошта, намои онро дар ин китоб ҷой бидиҳем. Аммо дар ҳар ду бастаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ки кормандони Китобхона ба толори мутолаа оварданд) шумораи рӯзи 6.01.1988 вуҷуд надошт. Он шумораи рӯзномаро ҳатто дар Китобхонаи миллӣ несту нобуд кардаанд, то дигар ҳеҷ асаре дар дастраси мардум қарор надошта бошад ва нишоне аз он боқӣ намонад. Афсӯс… Аммо як сол пас аз ин рухдод ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар шумораи 51(274), рӯзи 11-уми марти соли 2012 (ниг.: саҳ. 32-34) матни комили мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?»-ро ба нашр расонид.

(3) Саъдӣ, Муслиҳиддин Абдуллоҳ. Гулистон. Теҳрон: Хоразмӣ, 1368 хуршедӣ, с. 106.

(4) Мирзорахматов С. Герои-истинные и мнимые.-Астана: РК, 2011.-96 стр. Минбаъд иқтибос аз ин китобча дар шакли «Мирзорахматов С. Герои…,» ва нишон додани саҳифаи он оварда шудааст.

(5) Ҳеҷ бадбиние нисбат ба назарияи коммунистӣ ва пайравони он-мардуми коммунист надорам, баръакс коммунистони бовиҷдон ва соҳибхирад мавриди эҳтироми мо ҳастанд. Аммо дар мавриди онҳое, ки аз дастгоҳи Ҳизби коммунист ва сохтори давлатии он барои расидан ба мақсадҳои нопок ва шахсии хеш истифода ба амал оварда, нисбат ба мо душмантарошӣ доштанд ва доранд, як зарра ҳам гузашт нахоҳад шуд ва посухи муносиб хидматашон ироа мегардад.

(6) Мирзорахматов С. Герои…, с. 71.

(7) Ниг.: Комсомоли Тоҷикистон, 6 январи соли 1988, саҳ. 2.

(8) Таълим-илм ё ҳунареро ба касе ёд додан, касеро чизе омӯхтан; омӯзиш; ба касе чизеро омӯхтан; ёд додан; омӯхтан.

(9) Устоди маҳалгароӣ ва таҳрифу ифтироъ, алломаи даҳр, мӯҳтарам С. Табаров 18 феврали соли 1988 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бо унвони «Алифбо гунаҳкор аст?» (ин мақолаи сархӯр ва пур аз тавҳин мувофиқи мақсади нопоки сардабири ҳафтаномаи зикршуда-Аскари Ҳаким рӯзи чаҳоруми феврали соли 1988 чоп мешуд, вале ба сабаби марги Муаззамаи Аҳмад ба 18.02.1988 интиқол ёфт) дар ин замина чунин дурри маънӣ суфтааст: «Баъзе рафиқон бо мақсади он ки «ба масъалаи таълими ҳуруфоти арабӣ … дар мактабҳои миёнаю олӣ баргардем», бартарии алифбои ҳиҷоӣ-овозии арабиро бар алифбои овозии лотинӣ ва русӣ муболиғаомез ба қалам медиҳанд.. Дар ин ҳолат гоҳо андешаи субъективии онҳо бар ҳақиқат ғолиб омаданӣ мешавад. Масалан, чунин фикри хато ва носанҷида нисбат ба халқҳои гурҷӣ, литвонӣ, латиш ва эстон натиҷаи ҳамин гуна андешаи хатост, ки рафиқ Мирраҳимов манзури хонандагон гардондааст». Чунин таҳриф танҳо дар каллаи нимчаламулло С. Табаров ғулғулаандоз шуда метавонад. Ҳол он ки дар мақолаи мо на аз муқобилгузории алифбоҳо ва на аз бартарии алифбои арабӣ бар алифбои овозии русӣ ё лотин ҳарфе набуд. Танҳо ба таври эҳтимол ва шояд як пешниҳод ироа шуд: омӯзиши (таълими) алифбои арабиасоси тоҷикӣ дар мактабҳои миёна ва олӣ ба роҳ монда шавад, то мардум аз саводу дониш баҳраманд гарданд. Дигар он ки агар дар мақола оид ба омӯзиши алифбои ниёгон нуктае пешниҳод шудааст, чаро пушти С. Табаров сӯхтааст ва тӯҳмат ба мо мезанад?!

(10) Р. Амонов ва Р. Ғаффоров дақиқан ҳамон таҳриферо, ки С. Табаров ба таври табартақсим, тамоман бемаънӣ ва сафеҳона шурӯъ карда буд, чунин идома додаанд: «Андешаи М. Мирраҳимов дар ин хусус (манзури ишон «хату алифбо»-М. М.) чандон равшан нест. Вай аниқ нагуфтааст, ки аз хати арабӣ даст кашидани мо кори дуруст буд ё не. Бинобар ин мақолаи ӯ дар байни хонандагон аз ин хусус шубҳа ба вуҷуд овард. М. Мирраҳимов чунин далелҳо меорад, ки агар мақсад аз табдили алифбо осон кардани пешрафти илму маданият бошад, мардуми Наздибалтика ва баъзе халқҳои Кавказ бе ин кор, яъне бе тағъири алифбо ҳам, ба зинаҳои баланди илму маданият расиданд. Ба ҳамин тариқ, мувофиқи пиндошти рафиқ М. Мирраҳимов, халқи тоҷик ҳам метавонист, чун халқҳои мазкур бидуни табдили алифбо пеш равад, ба комёбиҳои имрӯзаи адабиёт ва фарҳанг ноил гардад. М. Мирраҳимов аз рӯи ин ақида дубора ҷорӣ кардани таълими алифбои арабиро дар мактабҳои миёна ва олӣ мувофиқи матлаб дониста мегӯяд: «Шояд вақти он расида бошад, ки ба таълими…»

(11) Ин ҷо маълум мешавад, ки хосу ом ба дурӯғ зуд хӯ гирифта, бештар ба он эътимод мекунанд, то ба ҳақиқати ҳол. Он нукта, ки М. Осимӣ, Х. Юсупов, Р. Амонов, Р. Ғаффоров, Х. Юсупов, С. Табаров ва дигарон дидгоҳи илмии моро дар мавриди таълими расмулхати форсии (арабиасоси) ниёгон дидаву дониста вожаи «таълим»-ро барқасд таҳриф ва онро бардурӯғ «баргаштан ба алифбои арабӣ (миллӣ)» тафсир карданд, иғво ба роҳ андохтанд ва ба самар нишонданд, то меваи талхе ба бор овард, ки ҳатто имрӯз ҷаноби С. Мирзорахматов дурӯғи онҳоро ҳақиқати кулл пиндоштааст. Ғалат кардед, рафиқ С. Мирзорахматов!

(12) Тайра-сабукӣ, сабукфикрӣ.

(13) Ниг.: Тоҷикистони советӣ, чоршанбе 27.01.1988, №22(17.421), саҳ. 4.

(14) Ниг.: Адабиёт ва санъат, 18.02.1988, №7(532), саҳ. 4.

(15) Ниг.: Тоҷикистони советӣ, 4.03.1988, №53(17.452), саҳ. 3.

* * *

Қисматҳои дигари мақолаи «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: