Перейти к содержимому

Номзадҳои ниҳоии Ҷоизаи байналмилалии Воҳидова мушаххас шуданд

Ба навиштаи Илҳомҷон Ёқбов, Кумисиюни арзёбӣ ва ташхиси барандагони Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова, аз миёни 40 шахсият ва ниҳодҳои муаррифишуда аз сӯи мардум, 3 нафарро ба унвони номзади ниҳоӣ барои дарёфти ин ҷоизаи байналмилалӣ интихоб кардаанд. Ин 3 номзад иборатанд аз: фаъоли иҷтимоии тоҷик дар Русия Каримҷон Ёров, вакили мудофеи зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ва фаъоли иҷтимоӣ дар Русия Иззат Амон.

Дар баёнияе, ки Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук мунташир кардааст, омада:

Баъд аз эълони сабти расмии Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова аз сӯи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Литва дар таърихи 16 июли соли ҷорӣ, Дабирхонаи ин ҷоиза дар ҳамон таърих тайи баёнияе аз шаҳрвандони азизи кишварамон даъват ба амал овард, то афрод ва созмонҳои мавриди назари худро барои дарёфти ин ҷоиза муаррифӣ намоянд.

Дар як муддати кӯтоҳ, беш аз 40 шахсият ва ниҳод барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова тавассути мардум ба Дабирхона муаррифӣ шуданд.

Дабирхона билофосила Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоизаро ташкил дод. Нӯҳ (9) шахсияти маъруфи байналмилалӣ — ҳуқуқдонҳо, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони матраҳ – аъзои ин комиссия мебошанд, ки дар сурати зарурӣ, ному насаби онҳо расонаӣ хоҳад шуд.

Комиссия билофосила ба кори худ оғоз намуд ва тайи баргузории 6 ҷаласаи корӣ ба сурати онлойн, аз миёни 40 шахсият ва ниҳодҳои муаррифишуда тавассути мардум, се нафарро ба унвони номзадҳои ниҳоӣ барои дарёфти ин ҷоиза интихоб намуд, ки дар рӯзи маросими эътои ин ҷоиза — ки дар даҳаи дуввуми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Варшава, пойтахти Лаҳистон баргузор хоҳад гардид – яке аз ин се номзади ниҳоӣ, ба унвони барандаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова дар соли 2019 эълон ва ҷоиза барояш эъто хоҳад шуд.

Номзадҳои ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова дар соли 2019 иборатанд аз:

Каримҷон Ёров

Бузургмеҳр Ёров

Иззат Амон

Ҳамчунин, ба 5 нафар аз кунишгарони арсаи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва фаъоли иҷтимоӣ низ, лавҳи тақдир эҳдо хоҳад гардид.

Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова вазифаи худ медонад, ки камоли тақдиру ташаккури худро ба аъзои мӯҳтарами Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоиза иброз бидорад.”

Гуфтанист, дар 12 феврали соли ҷорӣ, дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литвонӣ, дар ҳошияи нишасти “Осиёи Марказӣ; ислоҳот, саркӯб ва ифротгароӣ”, маросими ёдбуде барои шодравон Файзинисо Воҳидова аз сӯи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо ва бо ҳузури ҷамъе аз тоҷикони муқими Урупо ва низ фаъолони ҳуқуқи башарӣ ва намояндаи созмони Human Rights Watch баргузор гардид. Дар ҳамин маросим буд, ки аз таъсиси “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова”, ки аз сӯи дӯстдорони шодравон пешниҳод гардида буд, рӯнамоӣ шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: