Перейти к содержимому

Хонуми мутарҷими русии Қуръон ҷон ба ҷонофарин супурд

Хонум Имон Валерия Порохова, ягона хонуми русии мутарҷими Қуръони Карим ба назм, ҷон ба Ҳақ супурд.

Хабаргузории Спутник ба нақл аз Telegram-канал хабар додааст, ки ин хонуми мусалмони русӣ дар умри 79-солагӣ дори фониро видоъ кард.

Порохова ягона муаллифи тарҷумаи Қуръони Карим ба забони шеъри русӣ мебошад, ки расман ба расмият шинохта шуд.

Дар апрели соли 2000, ҳайъати раисаи Окодемии улуми Русия (RANS) ба вай нишони ифтихории Окодемӣ “Барои шоистагӣ дар тавсиъаи илм”-ро эъто кард.

Нигоҳе ба тарҷумаи Порохова

Хонум Порохова дар тарҷумаи Қуръони Карим ба русӣ, аз кӯмаки ҳамсараш оқои Муҳаммадсаъид Аррушд, аҳли Сурия, бархӯрдор будааст. Тарҷумаи ӯ, он гуна ки худаш гуфтааст, аз сӯи ҷамъе аз уламои кишварҳои исломӣ мавриди таъйид қарор гирифтааст. Ва чунонки дар пешгуфтори ин тарҷума унвон шудааст, мутарҷим дар ин асар тарҷумаи мафҳумӣ аз Қуръон ироа карда ва чандон дар қайди тарҷумаи лафз ба лафз ва риояти зарофатҳои забон‏шинохтӣ набудааст.

Мутарҷим, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мутахассис дар забони ангилисӣ буда ва истифодаи вай аз матни арабии Қуръон маҳдуд будааст, чунонки худ дар мусоҳибае баён доштааст, дар тарҷумаи Қуръони Карим ба таври ҷиддӣ аз тарҷума‏ҳои ангилисӣ истифода намудааст.

Тарҷумаи Порохова дар чопи нахуст, тарҷумаи комиле набуда ва бахше аз Қуръони Карим, муштамил бар сураҳои 10 то 35-ро дарбар надоштааст. Ин чопи нотамом дар 1993 дар Маскав интишор ёфта, аммо дар чопи баъдӣ ин нақс бартараф гардида ва кулли Қуръон тарҷума шуда. Дар вироиши комили он, ки дар соли 1996 дар Теҳрон низ ба чоп расидааст, дар замима, мулоҳизоте мулҳақ шуда, ки дарбардорандаи нукоте тафсирӣ ва тавзеҳӣ аст.

Худованд раҳматаш кунад ва Қуръон шафеъаш гардад!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: