Перейти к содержимому

Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид (2)

Ба қалами Мирбобо Мирраҳим

Қисмати 2

Дурӯғи дуввуми ҷаноби С. Мирзораҳматов ин аст, ки гӯё «Акбар Турсунов, Сафар Абдулло в те годы опубликовали на эти темы в центральных литературных и философских журналах научные статьи» (1). Бо вуҷуди эҳтироми зиёде, ки нисбат ба А. Турсунов, С. Абдулло ва дигарон дар ин дунё роиҷ ва мӯд аст, даъвогар ҳеҷ далел намеоварад, ки ишон дар куҷо ва дар кадом маҷаллот ва ё рӯзномаҳо ва дар кадом мақола ва навиштаҷот ва дар кадомин сол ва дар чӣ робита дар мавриди омӯзиши алифбои ниёгон (расмулхати форсӣ) ва дигар масоиле, ки дар мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» сухан рафтааст, ба таври кушоду рӯшан пешниҳоде ироа додаанд ва он пешниҳод аз чӣ ҷинсе ё инсе иборат буд. Ин ҷо дурӯғгӯй аз ду услуби бисёр санҷидашудаи ҷаҳонбинии (тасаввурот, идеология) низоми коммунистӣ истифода ба амал овардааст:

1) Муқобил гузоштани андеша ва корномаи М. Мирраҳимов бо А. Турсунов ва С. Абдулло;

2) Дурӯғи бузург далел намехоҳад, ҳамон ки паҳн шуд, кифоят мекунад. Чунин дурӯғпароканӣ хонандаро роҳгум мезанад ва ӯ ҳатто барои шубҳа ва ё андеша кар-дан фурсат намеёбад ва маҷбур аст ба он дурӯғ бовар кунад.

Шояд худи дурӯғгӯй камбудии даъвояшро дарк карда, ки дар ҷумлаи дигар чунин узр пеш меоварад: «Но эти материалы читали в республике лишь единицы, поскольку широкой публике эти издания были недоступны» (2).

Ба эҳтимоли зиёд дар сафи он нафароне, ки яккаву ягона ба он маводи нашрии комилан сиррӣ дастрасӣ дошт, ҳамин мӯҳтарам С. Мирзорахматов қарор гирифта буд, ки ҳол аз овардани мисол аз он нашрияҳои махфӣ худдорӣ варзидааст (бахилии тоҷикона аз даст наравад ва ё сирри давлатӣ фош нашавад!). Ба ҳар ҳол лутфи карам мебуд, агар шаммае аз мақолоти илмии он сарварони гиромӣ ба таваҷҷӯҳи хонандагон бо мисоли рӯшан пешниҳод мешуд ва даъвои ин рӯзноманигори тӯҳматгар бо далел собит мегардид, ки чизе ҳаст ва андак хираде ҳам дар сар дорад.

* * *

Дурӯғи севвуми С. Мирзорахматов идомаи ҷумлаи болост, ки чунин фармудааст: «Тем более не могли знать об этих публикациях далекие от культуры, национального самосознания руководители республики» (3). Ин ҷо низ С. Мирзорахматов бо дурӯғи бефурӯғаш хонандаро ба дом меандозад, то роҳ ба бофтаҳои дигар ва бузургтарро боз намояд. Дар даврони султаи коммунистӣ ҳар нуктае, ки дар мавриди бедории миллӣ, худшиносӣ ва ҳатто латифаи тамоман беозор нисбат ба масъалае (барои мисол, камбуди об ё кайфияти пойини маҳсулоти корхонаи нон ё ҳасиб, яъне колбос) гуфта мешуд (навиштан он тараф истад!) ба таври катбӣ ва фаврӣ мӯҳтавои он ба шакли гузориши фишурда рӯйи мизи кории раҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳатто Маскав қарор мегирифт. Ба ҳар ҳол боз рӯзноманигороне чун С. Мирзорахматов ва «Аскари Замон» (4) кам набуданд, ки камтарин озодихоҳӣ ва ошкорбаёниро дар рӯзномаҳои дарбории коммунистӣ ба боди интиқод мегирифтанд (масалан Х. Юсупов) ва садҳо қаламбадасти хабарчину хабаркаши хуфиянавис (масалан, М…назаров) низ дар камин ҳозиру нозир буданд. Дигар он ки раҳбарони Ҷумҳурӣ он қадр нобихрад набуданд, ки С. Мирзорахматов онҳоро чунин ба қалам додаст. Нобихрадии онҳо дар он зоҳир мешуд, ки монанди С. Мирзорахматов, «Аскари Замон» ё «Аскари Тақал», М…назаров ва Х. Юсупов рӯзноманигорони дарбор доштанд ва ба навиштаҳои онҳо бовар мекарданд ва замоне ки М. Мирраҳимов матлабро рӯшан ва ошкоро пешниҳод кард, дар доми дурӯғи каҷқаламҳои рӯзномахарош ба сар мебурданд, воқеъиятро дидан намехостанд, ҷуръат надоштанд, то камбудии худро ислоҳ созанд ва дар роҳи мустақим (рост) қарор бигиранд.

Барои он ки дурӯғпароканиҳои С. Мирзорахматов дар ин маврид фошофош нишон дода шавад аз китоби муаллифи ин сатрҳо-«Падидаҳои худшиносӣ» (ин китоб то ба ҳол ду бор нашр шуда) навиштаҳои рӯзи 27.01.1988-ро айнан меоварем:

«27-уми январи соли 1988 дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” зери унвони “Гӯшаи муҳаррир” хабари муҳиме нашр шудааст. Дар он аз мулоқоти Абдурраҳмон Додобоев мағзи суханрониашро дар бораи аҳамияти омӯзиши алифбои ниёгон чоп кардаанд.

Дар Тоҷикистон ба муқобили мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» ва раванди бедории миллӣ фитнаи бузург шурӯъ шуд ва он бо пештозии И. Усмонов ва А. Саъдуллоев-устодони донишкадаи рӯзноманигории Дониш-гоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин бо мақолаи «Сухани нобарҷой зишт бошад» дар шумораи имрӯзаи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» қадам ба арсаи вуҷуд гузошт, ки думаш хеле дароз аст. Ин мақола аз ҷиҳати вазн ва фурсати чоп пурмӯҳтавотар аз хиёнати хуҷандиҳое аст, ки Темурмаликро дастгир ва ба чингизиҳо таслим карданд ва сулолаи Оли Хуҷанд, ки дарвозаҳои шаҳри Исфаҳонро барои сипоҳи муғул боз карданд, мебошад. Ҳеҷ фарди боандешаи миллат дар ин рӯзҳои сарнавиштсоз ба чунин хиёнат даст намезанад, вале тоҷикнамоҳо бояд ҳамин хел рафтор дошта бошанд ва бо супориши хоҷагонашон фаъолият намоянд. Бо ин амал И. Усмонов сари вақт пешгирӣ аз чопи мақолаи мо карда натавонистанашро ҷуброн кард (ва ҳатто бештар аз ҷуброн). Аҳсант, бар шумо Иброҳимҷон Кенҷаевич Усмонов!

Мақолаи А. Саъдуллоев ва И. Усмонов бо ин сархат оғоз мешавад, ки ҳадафи асосии фитнабарангезонро рӯшан месозад: «Дар шумораи 6 январи соли ҷории газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба чунин навиштаҳо дучор омадем: «Дар минбари муқаддас агар ҳар кас ҳар чизе, ки ба даҳанаш ояд, гуфтан гирад, оқибат чӣ мешуда бошад?» Ин гапи хуб ба ёди мо шумораи аввали имсоли худи газетаи «Комсомоли Тоҷикистон», бахусус, саҳифаи сеюми онро ба ёд овард, ки вақфи рӯзгори иддае аз кормандони он гардида-аст» (5).

Муқарризони муғриз, беистеъдод, орӣ аз одоби рӯзноманигорӣ ва дастгоҳи гапбофии донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин И. Усмонов ва А. Саъдуллоев бештар Додоҷони Атовуллоҳро мавриди танқид қарор дода, мехостанд, ки бо ин роҳ ӯро ҳамчун сабабгори нашри мақолаи мо дар «Комсомоли Тоҷикистон» саркӯб ва маҳкум созанд. Вале навиштаҳояшон бисёр нотавон, сустбунёд ва бемаънӣ буд. Танҳо фитна дар он мавқеи асосӣ дошт (6).

Дирӯз дар шаҳри Сумгаити Ҷумҳурии Озарбойҷон қатли оми арманиҳо рух дод ва ба дунболи он муборизаи озодихоҳонаи мардуми армании Кӯҳистони Қаробоғ ба вуқӯъ пайваст.

Афсари КГБ Абдулазиз Муродов, ки масъулу маъмури (куратор) Академии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби он созмон аст, маро барои бозпурсӣ ба хонаи махфии хуфия воқеъ дар кӯчаи ба номи А. Чехов бурд. Ин истинтоқ беш аз се соат тӯл кашид…

Ба таври ошкоро аз ман хостанд, ки аз муаллифии мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» даст бикашам ва тавбанома нависам, ки «дигар ин хел гуноҳ намекунам». Аммо ман ваъда додам, ки ҳатман «паймудани роҳи худшиносиро идома хоҳам дод ва дар оянда осоре беҳтар аз мақолаи «То ба кай аз таги ях меравад?» хоҳам навишт». Намояндаи КГБ-и Иттиҳоди Шӯравӣ, ки миллияташ гурҷӣ буд ва унвони сарҳангӣ (яъне «полковник») дошт, хеле кӯшиш ба харҷ дод, то маро ба миллатчигӣ айбдор созад. Сарҳанг ҳангоми бозпурсӣ бо таҳдид таъкид бар ин нукта дошт, ки аз муаллифии мақолаи «То ба кай об таги ях меравад?» даст бикашам ва нашри онро ба Акбар Турсунов ва ё Давлат Худоназаров нисбат бидиҳам. Ман ин хабосат ва дархости он сарҳангро бо далоили зер рад кардам ва чунин посух додам:

— Асли ин мақола нахуст ба забони русӣ ҳанӯз солҳои 1981-1982 навишта шуда буд ва ба хотири он ки он солҳо хафақон буд, мо аз нашраш худдорӣ варзидем. Акбар Турсунов ва Давлат Худоназаров наметавонанд ва ҷуръати ин хел мақола навиштанро надоранд…

Маълум шуд, ки маҳз ҳамин сарҳанг соли 1958 Звиад Гамсахурдиаро дар додгоҳ ба миллатчигӣ маҳкум карда будааст (ӯ аз натиҷаи ин кораш ифтихор мекард). Ӯ дар ниҳоят ба воқеъаҳои шаҳри Сумгаит ва Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Қаробоғи Ҷумҳурии Озарбойҷон низ ман ва мақолаамро сабабгору гунаҳкор донист (зеро бародарони арманӣ мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?»-ро ба забони арманӣ баргардон ва ба теъдоди беш аз чиҳил ҳазор нусха чоп ва дар Қарабоғи Кӯҳистон, Арманистон ва Озарбойҷон паҳн намудаанд) ва таҳдид кард, ки «туро ҳеҷ гоҳ ором нахоҳем гузошт…» Тафсилоти ин бозрасӣ як китоби ҷудогона мешавад, ки шояд дар ояндаҳои дур иншо шавад…»

Китоби «Падидаҳои худшиносӣ»-рӯзшумори таърих аз 4.05.1987 то 30.04.1989

Имрӯз пас аз бисту се сол аз он таърих ҷаноби С. Мирзорахматов бо наҳви андаке дигар суханони ҳамон сарҳанги КГБ-и Иттиҳоди Шӯравии собиқро дар сархати нахустини шоҳасари безаволаш такрор кардааст («Акбар Турсунов, Сафар Абдулло в те годы опубликовали на эти темы в центральных литературных и философских журналах научные статьи»), ки ҷои ҳеҷ тааҷҷубе нест, зеро «таги коса нимкосае ҳаст» (дар поён ба ин мавзӯъ бозмегардем).

Агар ман дар баҳсҳо, дору даъвои муллонуқотиҳои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва мансабдорони дастнишондаи идораҳои зирабти маъмурӣ ва қудратӣ, таҳдиду таҳқирҳо, хулоса ҳар он чӣ, ки пас аз нашри мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» нисбат ба мо рух дод, шикаст мехӯрдам ва аз мубориза даст кашида, пешниҳоди сарҳанги КГБ-и Иттиҳоди Шӯравиро мепазируфтам, ҳамаи рӯшанфикрону худшиносон, тарафдорони хешро сархам ва дар кулл мардуми тоҷикро тамоман ноумед мекардам. Масъулияти бузурге ба дӯши банда афтода буд, на шӯҳрате, ки то имрӯз ҳасудонро ором намегузорад. Он чӣ имрӯз С. Мирзорахматов бо нашри сафсатта ва тӯҳматнома ва устодаш Нур Табарович Табаров бо пешгуфтори бемасъулиятона ва орӣ аз дарки таърих анҷом додаанд, дар муқоиса бо дасисаҳои гузашта, танҳо ғуруби фитна аст ва арзиши кӯшишҳои ишон ба хокбӯсии қадамҳои нопоки қаҳрамонони мақолаи Додоҷони Атовулло-«Уштура гуфтам ғамза кун…» (7) намерасад.

Дар ҳамин сархати нахустини мақолаи С. Мирзорахматов боз як иштибоҳи ҷузъӣ ҷой дорад: замоне, ки мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» дар рӯзнома чоп шуд, онро «Комсомоли Тоҷикистон» меномиданд, на «Ҷавонони Тоҷикистон». Номи рӯзнома ба «Ҷавонони Тоҷикистон» пас аз як соли нашри мақолаи мо тағйир дода шуд. Ин нуктаи ҷузъиро танҳо барои он мисол овардем, то рӯшан шавад, ки С. Мирзорахматов ба ҳар матлабе, ки дар танқиди нуқтаи назари дигарон даҳон мезанад, сатр ба сатр фаротар аз дурӯғпароканӣ мепардозад.

* * *

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Мирзорахматов С. Герои…, с. 71.

(2) Мирзорахматов С. Герои…, с. 71.

(3) Мирзорахматов С. Герои…, с. 71.

(4) «Аскари Замон»-имзои мустаъори кадом як нозим ва ё носири хабарчине буд, ки соли 1990-1991 дар рӯзномаҳои дарбори коммунистӣ зуҳур кард. Теша Раҷаб ба номи мустаъори «Аскари Замон» боз як номи дигар афзудааст: «Аскари Тақал». Муфассал нигаред: Теша Раҷаб. Ҳафт хӯшаи сабз, Душанбе, 2008, с. 132-133.

(5) Ниг.: Тоҷикистони советӣ, 27.01.1988, №22(17.421). Бисту ду сол аз ин таърих сипарӣ мешавад ва И. Усмонов даъвои «вақфи рӯзгори иддае аз кормандони» рӯзнома шудани «саҳифаи сеюми» «Комсомоли Тоҷикистон»-ро ба дасти фаромӯшӣ супурда, дар як китоб се бор ному номи хонаводагиашро ба ҳайси «муҳаррири масъул ва мушовир» ва ду бор аксашро чоп мекунад ва бешармона онро вақфи хеш ва ҳаммаслаконаш месозад. Агар он китоби шахсӣ ё ёдбуди профессор И. Усмонов буд, эроде надошт. Вале китоб дар бораи «Қаҳрамонии прокурори генералӣ» аст, на маҷмӯаи паёми бозаргонӣ (яъне реклама) ва парастиши И. Усмонов, Н. Азимов ва М. Хайрул‐ лоев? Ниг.: Қаҳрамонии прокурори генералӣ. Душанбе: Ирфон, 2010, саҳ. 1, 131-132 ва пушти ҷилди китоб.

(6) Имрӯзҳо Иброҳимҷон Кенҷаевич Усмонов ҳомии миллат аст ва барои дифоъ аз ҳуқуқи тоҷикони Бухоро чунин менависад: «Таърих мо ва Бухороро то рафт аз ҳам дур меандозад. Мо ба ин аксаран бетафовутона, гоҳе ҷигарпурхун, вале лаб хамӯш ва гоҳе ҳам дар таги дил хурсанд нигоҳ мекунем. Ҳол он ки тоҷик ва Бухоро ҳаммаъност. Ҳол он ки таърихи Бухоро таърихи мост ва таърихи мо-тоҷикон таърихи Бухорост» (Чӣ ҳикмати хубе, вале чаро барои фитна дар таърихи 27.01.1988 ба матолиби рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» дарафтодед ва ҳадаф чӣ буд, мӯҳтарам И. К. Усмонов! Тоҷикписарону духтарони Сурхондарё, Кеш, Шаҳрисабз, Тошканд, Бухоро ва Самарқанд ва дигар минтақаҳои тоҷикнишини Ӯзбакистон моҳҳои январ ва марти соли 1988 аз рӯи мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» дар дарсҳо нақлҳои хаттӣ ва иншо навиштанд /ин нуктаро ба таври бисёр рӯшан намояндаи КМ ҲКИШ рафиқ Ткаченко дар ҷаласаи фаъолони шаҳри Ленинобод-Хуҷанд, ки барои маҳкум кардани муаллифи ин сатрҳо ҷамъ омада буданд, изҳор дошт/ ва мардум барои ҳаққу ҳуқуқи хеш кӯшиш карданд, вале бо кӯшишҳои хиёнатбори шумо, Х. Юсупов, М. Осимӣ, Р. Амонов, Р. Ғаффоров, С. Табаров, Ғ, Ашӯров ва дигарон ҳама саркӯб шуданд). И. Усмонов. Ёди Бухоро мекунам.-«Нигоҳ», №51(274), 11-уми марти соли 2012, саҳ.59. Мақолаи И. Усмонов бори нахуст моҳи ноябри соли 2007 дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» чоп шудаст.

(7) Ниг.: Додоҷони Атовулло. Уштура гуфтам ғамза кун…-Комсомоли Тоҷикистон, 31.01.1988.

* * *

Қисматҳои дигари мақолаи «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: