Перейти к содержимому

Узрхоҳии Олмон аз Лаҳистон 80 сол пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум

Лаҳистон (Полша) дар соли 1945 аз ишғоли Олмон раҳо ва ба ишғоли нерӯҳои Шӯравӣ даромад. Дар ҷараёни ҷанги ҷаҳонии дуввум 6 милюн нафар аз мардуми Лаҳистон кушта шуданд.

Фронк-Волтер Иштойнмойер, раисиҷумҳури Олмон, 80 сол пас аз шурӯи ҷанги ҷаҳонии дуввум, аз лаҳистониҳо ба хотири истибдоди нозиҳо узрхоҳӣ ва талаби бахшиш кард.

Раисиҷумҳури Олмон рӯзи якшанбе (1 сентябр) ҳамроҳ бо мақомҳои лаҳистонӣ дар маросими ёдбуде, ки дар шаҳри Велюн баргузор шуд, ҳузур дошт.

80 сол пеш дар ин таърих, нерӯи ҳавоии артиши Олмони нозӣ ин шаҳр дар шарқи Лаҳистонро бомбборон карданд. Дар ин ҳамалот беш аз ҳазор нафар дар ин шаҳри кучак кушта шуданд.

Ба гузориши Euronews, раисиҷумҳури Олмон пеш аз ҳузур дар ин маросим, дар шаҳри Варшави Лаҳистон аз “ҷанги ваҳшатноке”, ки аз сӯи Олмон оғоз шуд, узрхоҳӣ кард. Ӯ афзуд: “Ин ҷанг, ҷинояти Олмон буд.”

Вай дар суханони худ ба забони олмонӣ ва лаҳистонӣ ҳамчунин гуфт: “Ман дар муқобили қурбониёни ҳамла ба Велюн сар фуруд меоварам. Ман дар баробари қурбониёни лаҳистонии истибдоди Олмон сар фуруд меоварам ва аз онҳо талаби бахшиш мекунам.”

Онджи Дудо, раисиҷумҳури Лаҳистон низ ҳамлаи Олмони нозиро “иқдоми ваҳшигароёна” тавсиф кард.

Лаҳистон дар соли 1945 аз ишғоли Олмон раҳо ва ба ишғоли нерӯҳои Шӯравӣ даромад. Дар ҷараёни ҷанги ҷаҳонии дуввум 6 милюн нафар аз мардуми Лаҳистон кушта шуданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: