Перейти к содержимому

Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид (3)

Ба қалами Мирбобо Мирраҳим

Қисмати 3

Ниҳоят, дар боби мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» боз як ишораи муҳимро таъкид кардан аз манфиат холӣ нест: ман пас аз бар маснади давлатӣ нишондани Ҷашни Наврӯз (1) як боби тозае аз сархати худшиносии хешро бо ин мақола оғоз кардам, ҳамаи чиз ва ҳамаи нукот дар мавриди худшиносӣ ва эҳёи фарҳанги миллиро гуфта натавонистам ва лозим ҳам набуд. Ин садои нағмаи худшиносии мо ба гӯшу ҳуш ва дилу хиради одамони бедор расид ва онро ба ҷону дил пазируфтанд ва озодагону озодмардон (занҳои озода низ дар ҳамин қаторанд) аз андешаҳои нек пайравӣ карданд. Онҳое, ки сиришти пок доштанд, бедор шуданд, ба нигоҳи дигар ба хеш нигаристанд, нукоти муҳими худшиносиро ба ёд супурданд, ҳифз карданд ва онҳое, ки табиати ғуломона доштанд, дар рӯзномаҳои дарбориашон бар зидди мо шӯриданд, даъвову дасиса ба роҳ андохтанд, эзору шалворашонро кашида, то ба даргоҳи КМ ҲКТ ва КМ КПСС ва ҳатто Тошканду Мюнхену Вашингтон давиданд, ки Мирбобо Мирраҳимов ин суханҳоро дар мақолааш навишт ва мардум бедор мешаванд, бояд коре кард ва сари ин роҳи худшиносиро гирифт, вагарна идора карданашон душвор хоҳад шуд. Ҳеҷ чизе барояшон оид нашуд, танҳо дурӯғу дасисаҳояшон то имрӯз идома дорад. Нафаҳмиданд, ки:

Зиндагӣ саҳнаи кимёи ҳунармандии мост,

Ҳар касе нағмаи худ хонаду аз саҳна равад.

Саҳна пайваста ба ҷост-

Хуррам он нағма, ки мардум бисупоранд ба ёд!

Рӯнамои нашри нахустини китобчаи М. Мирраҳимов «Праздник Навруз» ба забони русӣ дар соли 1985

Аз ҳар сатри мақолаи С. Мирзорахматов бӯйи ғараз ва ҳасодат меояд. Он чӣ М. Мирраҳимов дар бисёр маворид сухани аввалро гуфтааст, ӯро ором намегузорад ва барои он ки танқидаш коро шавад ба муқобилгузорӣ бо дигарон-Лоиқ, Гулрухсор, Бозор Собир, Акбар Турсунов (2) мепардозад, ҳатто андозаи ҳуруфро дар миёни матни мақолааш тағйир медиҳад, то хонанда ба ҳунари рӯзноманигории вай итминон кунад, ки метавонад авомро бештар саргарм созад ва ҳар дурӯғро ба фурӯш бароварад. Барои он ки хонанда ба худ наояд ва танҳо зери навиштаи С. Мирзорахматов ба сар бибарад, суханҳои кӯчаву бозорро «далели шаъйӣ» меоварад ва «яке аз ашриқ ва дигаре аз Машриқ» мегӯяд ва якбора дасиса ва беадабии бисту се сол пеш анҷомдодаи ҳамтабақ ё худ ҳамқадаҳаш-Хулькар Юсуповро ба тарзи тамоман бозоргир ва иғроқомез ҷилва медиҳад: «А тут случаи, чтобы напоминать о себе все громче и громче, представлялись один за другим. Взять хотя бы публикацию Хулькара Юсупова в газете «Коммунист Таджикистан» против статьи Мирбобо, вызвавшую негативную реакцию творческой интеллигенции, что, конечно же, прибавило ему популярности» (3).

Магар Хулькар Юсупов бардаи ҳалқабаргӯш аст ва бо супориши мо мақола навишта, ки шӯҳрате бароямон бияфзояд?! Агар аз дасти Хулькар Юсупов кори шӯҳрат бахшидан ба дигарон меомад, ҳатман онро аз шумо дареғ намедошт, мӯҳтарам С. Мирзорахматов! Коре, ки Хулькар Юсупов бо нашри мақолааш дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» (3.02.1988) анҷом дод, аз одоби рӯзноманигорӣ ва ҳатто фарҳанги инсонӣ хориҷ аст, ки номаш «фитна ва дасиса» мебошад. Мо ба миллияти Х. Юсупов коре надорем, бигузор аз ҳар қавме ё миллате бошад, ин кори шахсии ӯст ва худо нокарда боз ба кори хилоф ва фитна дар байни миллат ва кишвари мо даст назанад. Вале моҳи феврали соли 1988 дидаву дониста ихтилоф ва тафриқа ангехтан байни миллатҳоро пешаи худ кард, ки ҳам аз рӯи одоби рӯзноманигорӣ ва ҳам ахлоқи инсонӣ кори нолоиқ ва шармовар ва ҳатто нафратбор аст. Х. Юсупов метавонист мақолаашро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», ки мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» дар он чоп шуда буд (мақолаи мо ба забони тоҷикӣ ва дар рӯзномаи тоҷикӣ чоп шуда буд ва аз мӯҳтавои он мардуми рус ва русзабонҳо тамоман огоҳӣ надоштанд ва то имрӯз ҳам надоранд ва сарчашмаашон ҳамон мақолаи фитнакоронаи Х. Юсупов аст), ба нашр бирасонад ва ҳақ ҳам дошт (бовар кунед рафиқон А. Норматов ва Р. Қ. Олимов (4) дастҳояшонро ба осмон бардошта, онро бо дилу ҷон ба дасти нашр месупурданд, зеро рӯзи якшанбе, 31.01.1988 мақолаҳои З. Саидов ва Ӯроқоваро дар «Комсомоли Тоҷикистон» ба муқобили мақолаи М. Мирраҳимов чоп карда буданд).

Ҷаноби Мирзорахматов! Х. Юсупов барои касби шӯҳрат дар муқобили андешаҳои мо ба забони русӣ мақола навишта ва онро махсусан дар рӯзномаи русизабон ба нашр расонид, то нишон диҳад, ки кори фитна ангехтан аз дасташ ба хубӣ бармеояд. Мақолаи Х. Юсупов боиси марги як инсон шуд, ки барои С. Мирзорахматов, албатта, арзише надорад. Х. Юсупов дидаву дониста одоби рӯзноманигориро пушти по зад ва ба рӯи миллати тоҷик туф кард ва дигар он ки чӣ қадар тоҷик кушта мешавад ва ё русҳо муқобили тоҷикон мешӯранд, коре надошт, зеро… Ҳадафаш ин буд ки дасиса ба роҳ андозад, «қаҳрамон» шинохта шавад ва ҳамаро гумроҳ созад. Пайт (мавқеъ) мепойид, ки шӯҳрат ба даст оварад ва нашри мақолаи мо он фурсатро барояш ҳадя кард. Аҳсант! Аммо чӣ тавр он разолат ва доғи сиёҳро С. Мирзорахматов сафед мекунад ва имрӯз бо чӣ ҳунар онро ба хосу ом пешниҳод месозад, воқеан ҳам нодир аст, ки назирашро таърих надидааст. Ҳазор бор на офарин!

Ин таърихро маҳз барои ҷаноби мӯҳтарам С. Мирзорахматов менависам, ки дигар гузаштаро таҳриф насозанд: дуввуми феврали соли 1988 ман аз нашри мақолаи Х. Юсупов ва матни ҳуруфчинишудаи (гранкаи пеш аз нашр) (5) он пурра хабар доштам ва ба идораи рӯзнома муроҷиат кардам ва ҳатто ба сардабири «Коммунист Таджикистана» В. Наумов гуфтам, ки аз чунин дасиса худдорӣ намояд ва аз Райиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Муҳаммади Осимӣ, ки сарриштаи нашри ҳамаи мақолаҳои зидди «То ба кай об аз таги ях меравад?» дар дасти ишон буд (6), хоҳиш кардам, ки бигузор баҳс ва мақолаҳои муқобили андешаҳои банда дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп шавад, на ягон нашрияи дигар. Вале маҳз бо супориши болонишинҳо мақолаи Х. Юсупов 3.02.1988 дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» ба чоп расид. Албатта, ҳадафи Х. Юсупов барангехтани фитна ва рӯҳияи зиддитоҷикӣ буд, ки ба он даст ёфт (ноил шуд), вале таъсири баръакси он низ кам набуд. Ҳоло пас аз даргузашти бисту се сол аз он рӯзҳо мӯҳтарам С. Мирзорахматов дақиқан ҳамон роҳеро мепаймоянд, ки пештар яке убур карда ва ба ҷуз фитнаву дасиса аз хеш мероси наҳсе боқӣ нагузошта. Гузашта аз ин, субҳи рӯзи севвуми феврали соли 1988 соати 08-55 ба Кумитаи Марказии ҲКТ рафтам ва бо мудири бахши матбуотии он даргоҳ «Набӣ Каримов чунин изҳор доштам:

-Дар шумораи 28(17371) рӯзномаи «Коммунист Таджикистана», яъне имрӯз чаҳоршанбе, севвуми феврали соли равон, мақолаи Х. Юсупов «А разве ледоход не начался? Открытое письмо кандидату философских наук М. Миррахимову» чоп шудааст, ки хилофи одобу ахлоқи инсонӣ ва рӯзноманигорӣ ва таҳрифи нуктаҳои асосии мақолаи мо мебошад. Хоҳишмандам дар робита ба нашри ин мақолаи иғвобарангез ду мулоҳизаи маро ба котиби якуми КМ ҲКТ Қаҳҳор Маҳкамов бирасонед:

Якум. Агар “Номаи кушода”-и Хулькар Юсупов дар Ҷумҳурӣ рӯҳияи зиддирусиро барангезад, дар он раванд маро гунаҳкор кардан мумкин нест;

Дуюм. Дар сурати дар хориҷа нашр ва ё тавассути радио пахш шудани мақолаи “То ба кай об аз таги ях меравад?” ман аз ҳуқуқи муаллифӣ даст намекашам» (7).

Дақиқан ҳамин матлаби болоро дар мулоқот бо Қ. Маҳкамов 5 марти соли 1988 низ баён карда будам (8).

Агар С. Мирзорахматов каме ба худ заҳмат медод ва аз ақли солим кӯмак мегирифт ва китоби «Падидаҳои худшиносӣ»-ро, ки дувоздаҳ сол пеш нашр шуда, мутолаа мекард, ба чунин таҳрифот намепардохт. Хушбахтона, Қ. Маҳкамов дар қайди ҳаёт ҳастанд ва ҳар кас метавонад ин ҳақиқатро аз он кас суол фармояд.

Ҳатто пас аз сипарӣ шудани як моҳ аз нашри иғво-номаи Х. Юсупов ба таври катбӣ ба сардабири рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» В. Наумов муроҷиат кардам, ки матни пурраи мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» ба забони русӣ чоп карда шавад, то камбудӣ ислоҳ ва аз дасисаҳои нав ба нав пешгирӣ ба амал ояд. Аммо сардабири мӯҳтарам, ки вазифааш барангехтани иғвоҳои нав ба нав дар Тоҷикистон буд, аз нашри мақолаи мо сар печид (9). Боз далел меоварам, то ба хирасарон сабақ шавад, ки дар амал рӯзномае, ки шумо, ҷаноби С. Мирзорахматов, хабарнигории онро бар ӯҳда доштед ва ҳамтабақи шумо-Хулькар Юсупов мақолаи иғвоангезашро дар он ба чоп расонид, чӣ хиёнате ба мардуми тоҷик ва кишвари Тоҷикистон кард (ҳам номаи мо ва ҳам посух ба он баргардон аз забони русӣ):

«Дуюми марти соли 1988 соати расо 1100 ба идораи рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» ин номаро супоридам:

«Мӯҳтарам сардабири рӯзнома!

Бо сабаби он ки пас аз нашри «Номаи кушода»-и аъзои Иттиҳодияи рӯзноманигорони шӯравӣ Хулькар Юсупов шарҳи гуногуни мақолаи ман «То ба кай об аз таги ях меравад?» идома дорад ва муаллиф қасдан бисёр нуктаҳои илмии мақолаи маро таҳриф кардааст, аз ин рӯ хоҳишмандам онро бо тарҷумаи саҳеҳ аз тоҷикӣ ба забони русӣ дар рӯзнома чоп намоед.

Бо эҳтиром Мирбобо Мирраҳимов»

Посухи сардабири рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» рафиқ В. Наумовро ҳам айнан бароятон меоварем, то мушаххас шавад: киҳо нахуст ба дасиса даст задаанд ва чӣ касе имрӯзҳо он суннатро дар Қазоқистон ба таври густарда идома медиҳад:

«Рафиқи мӯҳтарам Мирраҳимов!

Агар мақолаи шумо ҳаҷман мӯътадилтар мебуд, мо онро якҷоя бо мақолаи Юсупов медодем (10). Алҳол чопи он тамоман беҷо аст, зеро дар бюрои КМ ҲКТ 2 марти соли 1988 ба вай баҳои аз ҳама манфитарин дода шуд. Сардабир В. Наумов» /№35, 03.03.1988/.

Мутолааи номаи ҷавобии сардабири рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» маро бисёр шод кард. Ӯ дар сари қаҳр асли қарори бюрои КМ ҲКТ-ро ба ман хабар додааст, ки на ҳар як одами боақл ин хел рафтор мекунад. Ба ҳар ҳол то нашри қарори бюро аз он истифода бурдан аз рӯи одоби сиёсӣ нест.

Маълум шуд, ки ҷаласаи муҳокимаи банда дар Маҷлисгоҳи АИ Тоҷикистон, ки сеюми моҳи марти соли 1988 ташкил шуд, бесабаб набудааст. Мансабдорони ҳизбиву комсомолӣ ва коргардон-саркардаи «илмӣ»-и онҳо Муҳаммади Осимӣ мехостаанд, ки пас аз он ки «дар бюрои КМ ҲКТ 2 марти соли 1988 ба вай (яъне мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?»-М.М.) баҳои аз ҳама манфитарин дода шуд» маро зери по ва тамоман маҳву нобуд сохта, пас дар рӯйи устухонҳои мо ҷашни шодӣ биёроянд. Онҳо мехостанд, ки маро рӯҳан ва ҷисман шикаст бидиҳанд ва пасон аз болои тани зинда ва рӯҳи мурдаи ман ҷаноза бихонанд. Ғалат карданд. Шукри Худованд, ки нотавонон ба мақсади нопокашон нарасиданд» (11).

Ба андешаи соҳибназарон мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» таҳаввулоти ҷиддиеро пайрезӣ ва наслеро дар байни милати мо ба роҳи худшиносӣ ва озодихоҳӣ ҳидоят кард, ки инкори ин рухдоди илмӣ ва фарҳангиву сиёсӣ аз ҷониби ҷаноби С. Мирзорахматов ва ҳамтабақи ӯ Х. Юсупов кори бисёр носавоб ва ғайриақлонӣ аст. Абдулқаюми Қаюмзод дар як мусоҳибаи хеш аз он мақола чунин ёд меоварад:

«Шояд метавон он давраро насли Мирбобо ном дод. Манзурам Мирбобои Мирраҳим яке аз поягузорони Ҳара-кати мардумии «Растохез» ва муаллифи мақолаи пуровозаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» буд, ки он солҳо сукути чандсоларо шикаст ва ғулғулае дар афлок андохт. Он замон мо донишҷӯ будем. Ва ҳама Тоҷикистон ба ду қисмат шуда буд: -Тарафдорони Мирбобо ва муқобилони ӯ. Ӯ воқеиятҳои онрӯзаро тавре навишт, ки то он замон намегуфтанд. Он мақоларо метавон оғози ҷунбишҳои озодихоҳии сиёсӣ арзёбӣ кард» (12).

Рӯзноманигор Фахриддини Холбек аз нақши он мақола дар бедории мардуми Тоҷикистон, шикастани пояҳои низоми истибдодӣ ва инҳисори нашриёти коммунистӣ (ки барҳақ ҳатто пас аз гузашти даҳсолаҳо ғазаби С. Мирзорахматовро барангехтааст) ин таъкидро хотирнишон кардааст:

«Начало концу тоталитарной системы и ее прессы в Таджикистане было положено статьей Мирбобо Миррахимова «До коле вода будет течь подо льдом?», опубликованной в газете «Комсомоли Точикистон». Для Таджикистана эта статья была равноценна исторической фразе Горбачева-«Процесс пошел!» (13).

Ҳанӯз он замон, яъне моҳи январи соли 1988, низ бисёре аз инсонҳои худшинос (ба ҷуз ҷаноби С. Мирзорахматов ва ҳамтабақҳои ишон) дар мавриди аҳамияти мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» дар бедории мардум дарку диди дуруст доштанд. Лозим аст каме бошад ҳам ба ҳолу ҳавои он рӯзҳо баргардем, ки ҳақиқати ҳол дар дафтари хотироти банда бо номи «Падидаҳои худшиносӣ» чунин сабт шудааст:

«25.01.1988. Ин субҳ ба Шӯъбаи фалсафа омада, ин номаро рӯи мизи кориам ёфтам:

«Салом Мирбобо! Баъди аз қайди ҳаёт рафтани марҳум Бобоҷон Ғафуров гумонам буд, ки солҳои бешумор сипарӣ хоҳанд шуд, то фарзанде модари тоҷик ба дунё биёварад, ки ӯ тавонад бори гарони ҳақиқатро ба ҳама тозиёнаҳои замона нигоҳ накарда, бардошта тавонад.

Шодам, ки хато кардам.

Вақте омадааст, ки аз он истифода барем. Бо ҳақиқати таърихи гузашта ва ҳозира миллати солҳо хомӯшро бедор созем. Ман боварӣ дорам, ки бисёр душвориҳо Шуморо интизоранд. Чунки роҳе, ки пеш гирифтаед ё ба нестӣ мебарад ё ба ҷовидонӣ. Ҳар як фарзанди миллат беибо роҳи дуюмро пеша хоҳад кард.

Ман боварӣ дорам, ки баъди чопи ин мақолаи шумо ларзише дар дили ҳар як тоҷик даромад, ҳар кӣ худро ба қадре бошад ҳам шинохт. Дар ин роҳ ба шумо барор мехоҳам.

Д. Сиддиқшо, шаҳри Орҷоникидзеобод, 18.01.1988».

Пеш аз ин нома зангҳои зиёди телефон, табрикоти шифоҳӣ буд, вале ин номаи нахустин бароям бисёр азиз аст. Ибтидо муаллиф маро аз пешомадҳои душвор огоҳ ва ба ҳадаф расидани мақоларо ифшо кардааст. Ба вижа ба худшиносӣ роҳ кушодани ғояҳои мақола маро шод гардонид. Сониян, Сиддиқшо номаи дар ҳақиқат пурмеҳре навиштааст, ки аз он сарфи назар кардан нашояд.

Аз Самарқанди бостон ин нома бо имзои шаш нафар омӯзгори мактаби миёнаи №18 расид. Онҳо навиштаанд:

«Дар мо, махсусан, он нуктае, ки дар хусуси “поймол ва таҳқир” кардани ҳуқуқи тоҷикон ва яҳудиён дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуфта шудааст, мавриди баҳс гардид. Дар ҳақиқат, чунон ки дар мақола қайд мешавад, солҳои охир дар Самарқанд ҳуқуқи тоҷикон поймол мешавад. Қисми зиёди аҳолии Самарқанд ва ноҳияҳои рустоии он бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд, аммо бо забони тоҷикӣ на дар Самарқанд ва на дар атрофи он ягон саҳифа рӯзнома ба ин забон дида намешавад. Аксарияти мактабҳои тоҷикӣ дар шаҳри Самарқанд ба ӯзбекӣ гардонда шудаанд… Намедонем ҳамаи ин таҳқирҳо кай хотима меёбад».

Номаҳо, номаҳо, номаҳо. Рози дили одамон, дарди дил, дарди миллат. Номаҳои дурудароз, номаҳои кӯтоҳ. Баъзе олимоне, ки солҳои сол иттилооти ҷолиб доштанду аз чопаш худдорӣ меварзиданд, онро пеши ман меоварданд» (14).

Ин ҷо зарур аст аз заҳамоти дӯсти азиз Додоҷони Атовулло дар дастгирӣ ва кӯшишиҳои фаровонаш дар нашри мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» самимона ташаккур намоем. Бе талошҳои Додоҷони Атовулло чопи мақолаи мо дар рӯзномаи ҷавонон бе чароғи сабз мемонд. Рӯзи нашри мақола садои садҳо занги телефонҳои идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» хомӯш намешуд ва барои посух гуфтан ба изҳори сипоси мардум Додоҷони Атовулло ҳатто «ба сархорӣ вақт надошт». Дар як замони кӯтоҳ ба дастгирии мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» чанд сад нома (назар ба иттилои он рӯзҳо беш аз панҷсад нома) омад ва шояд беш аз ҳазор бор занги телефон ба садо даромад. Худи ман наздик ба сад нома дарёфт кардам. Агар ҷаноби С. Мирзорахматов ба худаш каме заҳмат медод ва он таърихро аз Додоҷони Атовулло суол мекард шояд ба ин дарҳамбарҳамӣ роҳ намедод ва ба дурӯғфурӯшӣ ва ифтироъву ифрот даст намезад.

С. Мирзорахматов дар масъалаи интихоботи Раёсати Бунёди забони форсии тоҷикӣ дар таърихи 14 октябри соли 1989 низ ба сафсатта ва дурӯғпароканиҳои зиёде пардохта, иттилооти нодурустро сармашқи кори хеш кардааст. Нахуст, дар рӯзномаи интихоботи Раёсати Бунёди забон масъалаи пешниҳод шудани устод Лоиқ ба ҳайси Райис дар муқобили номзадии Мазҳабшо Муҳаббатшоев меистод. Номзадии М. Муҳаббатшоев ба сифати Райиси Бунёди забон аз ҷониби КМ ҲКТ дастгирӣ мешуд ва ҳадафи мансабдорон ба даст гирифтани нахустин созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон буд. С. Мирзорахматов дар он интихобот ширкат надошт ва агар ҳам дошт касе ӯро намешинохт, ҳоло хулосаи худашро аз номи дигаре ин тавр ба хонанда пешниҳод мекунад: «предложения избрать заместителем Председателя именно Мирбобо, были категоричными-он и только он! Кто-то пытался объяснить, что Мирбобо толком не знает таджикский язык, историю нашей культуры и, наконец, нашу письменность. Не хотел его избрания и Устод Лоик, которого просто раздражали крикуны от культуры» (15).

Бояд ба ин мардаки бедарак (бехабар) гуфта шавад, ки мо медонем, ки ин дурӯғро ба гӯшатон чӣ касе («кто-то») рехтааст ва шумо онро мисли ҳақиқати кулл ба фурӯш баровардаед. Шумо аз кай қозӣ (яъне ба забони модариатон «судья») шудаед ва худсарона ҳукм ва ҳалнома содир мекунед, ки ин шахс забони тоҷикӣ ва фарҳангро медонад ва дигаре намедонад? Шумо ва хонаводаи мӯҳтараматон маро ҳеҷ гоҳ надидаед (шояд дар хоби шумо ва аҳли хонаводаатон даромада бошем!), бо банда аз наздик ҳамсӯҳбат ҳам нашудаед (худ дар тӯҳматномаатон навиштаед) ва ин қадар бӯҳтон аз хеш бофтаед ва ҳатто бовар ҳам кардаед, ки ҳама чизро дар бораи мо медонед! Мо номзадии хешро барои тасаддии ҷонишинии Райиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ пешбарӣ накардаем, ки ба ғазаби шумо гирифтор шавем. Агар Мирбобо Мирраҳимовро ба ҷонишинии Райиси Бунёди забон инти-хоб карданд, на шумо ва ягон ҳамтабақи имрӯзаатонро, гуноҳи мо дар чист?

Дар робита ба масъалаи интихоби банда ба ҳайси муовини Райиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ овардани як далели муҳимро лозим медонем, то бебунёдии дурӯғи ҷаноби С. Мирзорахматов рӯшан шавад.

Барои он ки суханонам дар мавриди бозпурсии (истинтоқ) Райиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ Лоиқи Шералӣ ба хотири Мирбобо Мирраҳимов аз ҷониби бозрасҳои мӯҳтарами Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бе далел набошад ва боз ба камина тӯҳмат назананд ва худо нигаҳ дорад, дар пайгарди қонунӣ қарор надиҳанд, овардани санадеро лозим донистем, ки бо имзои худи устод Лоиқ ба он идораи мӯътабар фиристода шудааст (ва ҳоло бори дуввум хидмати С. Мирзорахматов пешкаш мегардад). Ин сифатнома ё беҳтараш бигӯем тавсифнома, ки тоҷикони имрӯза онро «характеристика» меноманд (ва устод Лоиқ низ маҷбур шудаанд, ки барои қобили фаҳми забондонон шудан унвони онро «Характеристика» нависанд) таҳти шумораҳои 7 ва 8 аз 18 марти соли 1994 мебошад. Онро бо ҳам мехонем:

«Ба Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амнияти миллӣ

Мувофиқи мактуби ирсолкардаи Шумо аз таърихи 11.03.94 г. таҳти рақами 15-94 бо имзои муфаттиши ҳайати муфаттишӣ, мӯҳтарам Воҳидов Д. А. бароятон характеристикаи собиқ корманди Бунёди забони форсии тоҷикӣ Мирраҳимов Мирбоборо мефиристем.

Бо эҳтиром Раиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ Лоиқ Шералӣ

ХАРАКТЕРИСТИКА

Дода шуд, ба Мирраҳимов Мирбобо, дар он хусус, ки вай аз таърихи 1-уми марти соли 1990 то 11-уми маи соли 1992 дар Бунёди забони форсии тоҷикӣ ба вазифаи ҷонишини аввали раиси Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ) кор кардааст. Мирраҳимовро дар Анҷумани муассисони Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ) аз таърихи 14-уми октябри соли 1989 ба ин вазифа мувофиқи Ойинномаи ин созмон интихоб карда буданд. Ва тибқи ҚАРОРИ Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 маи соли 1992, рақами 154, ДАР БОРАИ РАИСИ ШИРКАТИ ДАВЛАТИИ СИМО ВА САДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪИН ШУДАНИ МИРРАҲИМОВ МИРБОБО бо имзои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон р. А. Мирзоев ва Муовини мудири корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи дар Бунёди забон доштааш сабукдӯш карда шуда буд.

Мирраҳимов ба ин вазифа тасодуфӣ наомадааст, балки ҳамчун яке аз созмондиҳандагони Бунёди забони форсии тоҷикӣ интихоб шудааст. Ӯ аз рӯзи аввали фаъолияти Бунёди забон то охирин рӯзҳои кориаш аз иҷрои вазифааш мебаромад. Албатта, мувофиқи он имконияте, ки худи ташкилот дорад. Чунки дар тамоми тӯли фаъолияташ ва то имрӯз ҷои (манзили) кории доимӣ ва дигар шароиту имкониятҳои заруриро надорад. Яъне, агар дар ҷое нақшаҳои кории ӯ пурра амалӣ нашуда бошанд, ин ба тамоми фаъолияти ташкилот-Бунёди забон тааллуқ дорад, на ба фаъолияти алоҳидаи ин ё он корманд. Мирбобо бо ҳамкоронаш дар муносибати хуб ва дӯстона буда, табиатан орому ботамкин аст. Ақидаҳои шахсии фарҳангӣ ва сиёсиашро ба касе талқин накардааст. Дар тӯли фаъолияташ аз тарафи Садорат ва Раёсати Бунёди забони форсии тоҷикӣ ягон норозигӣ баён нашудааст. Ин сифатнома тибқи хоҳиши расмии Кумитаи Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амнияти миллӣ, таҳти рақами 15-94 аз таърихи 11.03.1994 иншо шуд.

Бо эҳтиром Раиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ Лоиқ Шералӣ».

Он сол, ки Устод Лоиқ ин тавсифномаро барои М. Мирраҳимов навиштаанд, зери фишори сахт қарор доштанд ва мо дар зиндони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар боздошт ба сар мебурдем. Он рӯзҳо камтарин дифоъ аз Мирбобо Мирраҳимов бо нархи ҷон тамом мешуд. Вале Устод Лоиқ мисли бисёр номардҳо дурӯғ нанавиштанд, балки баръакс ҷавонмардона аз Мирбобо Мирраҳимов дифоъ ба амал оварда, ҳақиқатро навиштаанд. Худо раҳматашон кунад, ки сурату сирати С. Мирзорахматов барин дурӯғнависонро надиданд…(16)

Ин мардакро ҳасад ва ғараз он қадр кӯр кардааст, ки ҳатто оддитарин нуктаро дарк намекунад ва ба ҳар роҳе мехоҳад дурӯғашро ҳамчун ҳақиқат ҷилва диҳад (17). Ин ҳам яке аз дурӯғҳои ӯст: «Сейчас он (т. е. М. Миррахимов) своих мемуарах выдает себя за одного из учредителей движения Растохез. Конечно, врёт. Растохез был задуман яркими представителями таджикской интеллектуальной этиты» (18). Ин ҷо на Мирбобо, балки маҳз С. Мирзорахматов дурӯғ мегӯяд. Зеро чӣ тавр таъсис шудани Созмони мардумии Растохез ва чӣ тавр ва дар куҷо чоп шудани нашрияи «Растохез»-ро С. Мирзорахматов дар хоби шабаш ҳам нашунидааст ва намедонад.

Ҷалолатмаоб С. Мирзорахматов! Барои шумо пӯшида намонад, ки пеш аз таъсиси Созмони мардумии Растохез маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ» амал мекард ва пештар аз он маҳфили дигаре буд, ки ба шакли «гаштак» ва дар он бунёдгузорони асосии ҳар ду ҷараён ширкат доштанд. Номи чанд нафари онҳоро ин ҷо овардан аз манфиат холӣ нест, то дигар ба дурӯғи шумо ҳоҷат набошад: Ҳ. Ҳабибуллоев, Ҳ. Файзуллоев, М. Мирраҳимов, А. Холиқзода, Ҷ. Исоев, Б. Мақсудов ва дигарон. Ҳеҷ як аз шахсиятҳои бузург, ки шумо даъво доред ва аз ишон ном намеоваред, дар таъсиси Созмони мардумии Растохез нақше надоштанд. Нашрияи «Растохез»-ро Мирбобо Мирраҳимов дар хориҷ аз Тоҷикистон чоп кардааст ва бо кӯмаки дӯстони наздик аз ҷойи нашр то Маскав ва аз Маскав то Самарқанд бо қатор (яъне поезд) ва аз он ҷо то ба Душанбе бо роҳи заминӣ овардааст (чӣ тавр ва бо кадом саворӣ аз шаҳри Самарқанд то ба Душанбе овардани чаҳор ҳазор нусхаи шумораи нахустини «Растохез»-ро биравед аз Халифабобо Ҳамидов, ки ҳоло зиндааст, бипурсед, он таърихро бароятон нақл хоҳад кард. Агар ӯро зинда пайдо накардед, пас, биравед ба Самарқанд ва он ҷо ҷавонмарди худшинос Қаноати Ҳикматёрро пайдо карда, ин гуфтаҳом маро аз ӯ суол фармоед). Мо аз хазинаи Созмони Растохез ҳамагӣ ҳаштсад сӯм пул гирифта, боқимонда ҳамаи хароҷоти нашр ва ҳамлу нақлро аз ҷайби хеш пардохта, шумораи нахустини «Растохез»-ро чоп кардем. Бародари мӯҳтарам Ҳадятуллоҳ Файзуллоев, ки хазинадории Созмони Мардумии Растохезро бар ӯҳда доштанд, ин қазияро бароятон ба таври рӯшан шарҳ хоҳанд дод.

Барои он ки қазияи нашрияи «Растохез» рӯшантар шавад боз чанд далел меоварам. Нахуст, дар саҳифаи якуми шумораи аввалини моҳномаи «Растохез» порае аз таронаи мансури донишомӯзи (хонанда) мактаби миёнаи ноҳияи Ғончӣ Фахриддини Холбек чоп шуда буд, ки аксарият онро акси садое ба воқеаҳои феврали соли 1990 талаққӣ мекарданд. Ҳол он ки Фахриддин нома ва таронаашро моҳи ноябри соли 1989 бароям фиристода буд ва он моҳи январи соли 1990 ба дастам расид ва як пораашро моҳи май дар нахустшумораи «Растохез» ҷой додам (19). Сониян, дар саҳифаи дуввуми нахустшумораи «Растохез» мақолаи маъруфи «Ким тарафдор? Ким бетараф? Ҳамагӣ!» чоп шуда. Муаллифи мақола равоншод Абдуқодири Холиқзода аст бо имзои мустаор. Асли мақола аз дувоздаҳ саҳифа (ва бо замимаҳо понздаҳ сафҳа) иборат буд ва агар мо ҳамаи онро дар «Растохез» чоп мекардем, барои нашри дигар матолиб ҷой намемонд. Ман онро даҳ ё понздаҳ бор виройиш карда, дар як сафҳае ба андозаи А-4 гунҷонидам ва чунин сарлавҳа (унвон, титр) задам: «Ким тарафдор? Ким бетараф? Ҳамагӣ!». Ин сарлавҳа паёми асосии мақоларо ба хубӣ ба хонанда мерасонд ва масхарабозии Иҷлосияи Шӯрои Олиро даровард. Дар Иҷлосияи дуввуми ШО (моҳи августи соли 1990) рафиқ Қ. Маҳкамов танҳо як бор ба истилоҳ «ким» гуфтанд ва барои чунин иштибоҳ филфавр узр хостанд. Имрӯз дар нашрияҳои гуногун аз он сарлавҳаи мо, ки дар он мақола ба кор бурдем, садҳо бор кӯр-кӯрона ва ба такрор истифода мешавад. Севвум, дар моҳномаи «Растохез» ҷойи нашри он «Published in Bam-bay» зикр шудааст. Дар мавриди ҷойи нашри моҳнома ин, албатта, як муболиға буд ва дастгоҳҳои давлатии Ҳизби Коммунистиро ба иштибоҳи бузург водошт, то он ҷо ки ҳатто дар ҳамон соли 1990 аз намояндагии расмии давлати Ҳиндустон тақозо шуда, ки чӣ тавр дар Бомбай ба табъ расидани як чунин нашрияи мухолифи идеологияи коммунистиро шарҳ бидиҳад… (20)

Агар гӯри хешро пеш аз марг канда бошед, дурӯғ нагӯед, мӯҳтарам С. Мирзорахматов! «Инналлоҳа ло юҳиббул козибуна», яъне «Худо дурӯғгӯёнро дӯст намедорад». Чанд шумораи дигари «Растохез» ва нашрияи «Як рӯзи пинҳон аз мардум» низ маҳсули ранҷи мост ва як шумораи моҳномаи «Согдиана» низ бо пул ва кӯшиши мо чоп шудааст, ки ин мавзӯъро шоҳидони зинда тасдиқ карда метавонанд (21).

Навиштаҳои С. Мирзорахматов маро ба ёди ин латифаи юнонӣ мебарад, ки овардаанд:

«Аз Арасту пурсиданд:

-Чаро ҳасудон доиман аз як чизе норозианд?

-Барои он ки онҳоро на танҳо нокомии худашон месӯзонад, балки мавқеъияти дигарон низ ишонро мегудозад».

Бояд зикр шавад, ки дар Тоҷикистон аз оғози таъсиси Созмони Мардумии Растохез ном ва корномаи фаъолони онро бо диққат ва зери заррабин меомӯзанд ва дар ин замина ҳатто докторону профессорони «Растохез»-харош кам нестанд, ки ҳанӯз соли 1992 мо дар бораи яке аз он зотҳои шариф бо номи «Музаффар Абдулваққосович Олимов» бо номи «Докторанти «Растохезшинос» дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (8.02.1992, №16/8498) мақолаи танзомезе навишта будем (22). Ба наздикӣ мӯҳтарам сарвари собиқи Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиданвар Камолов китоби хотироташонро бо номи «Сангар» (23) ба нашр расонидаанд, ки ба он доктори илми таърих, профессор С. Мухторов пешгуфторе навишта, на танҳо ба таърих ва ҳофизаи таърихии мардум, балки ба даъвои С. Мирзорахматов дар мавриди таъсиси Созмони Мардумии Растохез ба қавли Умари Хайём «тиз» (24) фиристодааст. Ин профессори бисёр мӯҳтарами таърих, ки назираш дар таърих камёб аст (аслан беназир аст!), дар мавриди таъсиси Созмони Мардумии Растохез «кашфиёти нестандарҷаҳон» кардааст, ки овардани танҳо як сархат аз музахрафоташро ин ҷо лозим донистем, то бо С. Мирзорахматов ҳамсангу ҳамтарозу шавад: «Аз хараҷу мараҷи (25) замона истифода бурда дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои мухталиф пайдо шуданд. То пошхӯрии Иттиҳодӣ Шӯравӣ бо дастгирии дӯстони хориҷӣ «Растохез» пайдо шуд (26). Ба он бештар зиёиёни равшанфикр (27) майл карданд. Аз рӯи нақшаи «Растохез» моҳи феврали соли 1990 ҳалқабаргӯшони он ба намоиш баромада қувваташонро санҷиданд ва диданд, ки ҳизби коммунист дигар садди роҳи онҳо шуда наметавонад. Аз он хайрхоҳон илҳом гирифта, дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо шӯъбаҳои хешро таъсис доданд. Оҳиста-оҳиста ин ҳаракатҳо ба худ мақоми маҳалпарастиро гирифт» (28). Ба ин даъвои дурӯғини профессори мӯҳтарам С. Мухторов танҳо ҳаминро метавон муқобил гузошт, ки ҳанӯз соли 1990 дар нашрияи яке аз муассисаҳои пажӯҳишии ИМА мақолае ба чоп расида, ки дар хулосаи он чунин омадааст: «Таъсиси Созмони Мардумии Растохез ба манофеъи стратегии ИМА дар Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ дорад». Ҷолиб он ки муҳаққиқини ҳамабини амрикоӣ он замон низ тамомии ҳунари интиқоди хешро бар зидди М. Мирраҳимов равона карда буданд, на ягон нафари дигар. Суол ин ҷост, ки сарчашмаи ҳамаи ин бадбинҳо нисбат ба М. Мирраҳимов аз куҷо нашъат гирифта: аз гузоришҳои сиррии гумоштагони созмони хуфияи Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва ё Созмони таҷассусии Амрико (ЦРУ) ва ё ҳар ду, ки то имрӯз идома дорад?! Чаро маҳз пас аз гузашти беш аз бисту се сол аз он таърих ҷаноби С. Мирзорахматов дақиқан он бадбинӣ ва нотавонии хуфиянависонро бо дурӯғ ва ҳунармандии муҳоҷиронаи тоҷикӣ такрор мекунад ва дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон-шаҳри Остона ба чоп мерасонад?! Пушти ин ҳама дурӯғпароканиҳои ҷанобони қаламбадаст киҳо қарор доранд ва бо ангулаки кӣ С. Мирзорахматов барин «рӯзонманигори русизабони тоҷик» фаъол шуда, музахрафоташро ба таври муфт ба бозор баровардааст?! (29)

* * *

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Муроҷиат шавад ба мақолаҳои: Мирраҳимов М. Ҷашни Наврӯз дар тарзи ҳаёти советӣ.-Маориф ва маданият, 25.03.1980; Навруз-праздник весны.-Турист, 1981, №4, с. 16-17; Весенний праздник.-Наука религия, 1981, №5, с. 64-65; Навруз: сегодняшний день древнего праздника.-Наука и религия, 1983, №5, с. 17-19 ва китобҳои М. Мирраҳимов: Праздник Навруз. Душанбе: Ирфон, 1985, 2-е изд. 1998; Ҷашни Наврӯз ва ҷаҳоншиносӣ. Душанбе: Ирфон, 1992 ва дигар пажӯҳишҳои муаллиф дар рӯзнома, маҷалла ва маҷмӯъаҳои илмии Иттиҳоди Шӯравӣ, Афғонистон ва Эрон (ва истиноди олимон бар пажӯҳишҳои муаллиф. Барои мисол ниг: Л. А. Тульцева. Современные праздники и обряды народов СССР. Москва: Наука, 1985, с. 107-110).

(2) Ниг.: Мирзорахматов С. Герои…, с. 72.

(3) Дар воқеъ С. Мирзорахматов дар сафсаттафбофӣ ва дурӯғ устухон надорад. Вагарна бо чунин шакл ҷилва додани дасисаи ҳамтабақаш-Х. Юсупов дар таърих беназир аст. Ин ҳунари воло ва нотакрори С. Мирзорахматов латифаи маъруферо ба ёди кас меоварад (варианти русии ин латифа дар байни ҳуқуқшиносон низ хеле маъруф аст), ки бо тағйири ҷойи як вергул мешавад сарнавишти инсонро дигаргун сохт. Онро бо ҳам мурур мекунем: Рӯзе подшоҳе ҳукми маҳкумеро чунин содир кард: «Бахшиш лозим нест, эъдомаш кунед!»

Вазир, ки гӯё масъалаи бахшиши он зиндониро матраҳ карда буд, пас аз дарёфти ҳукм бо тағйири ҷойи як вергул, ҳукми эъдомро ба бахшиш табдил мекунад: «Бахшиш, лозим нест эъдомаш кунед!»

Имрӯз ҷаноби С. Мирзорахматов на танҳо як вергул, балки дар як сархат мақолаи ҳамтабақашро чунон аёрона ба мазмуни тамоман нав ба хонандагон муаррифӣ карда, ки то ба ҳол ба зеҳни ҳеҷ як аз дурӯғофаринҳо нарасида буд. О-фа-рин!

(4) Р. Қ. Олимов-котиби якуми КМ ЛКСМ (комсомол) ва А. Норматов-котиби идеологии КМ ЛКСМ Тоҷикистон дар он даврон.

(5) Дар гранкаи мақолаи Х. Юсупов чанд бор ном ва номи хонаводагии мо ба шакли «Мирзобобо», «Мирзобобоев» чоп шуда буд.

(6) Бо кӯшиши М. Осимӣ ва супоришу салоҳдиди КМ ҲКТ бар зидди мақолаи «То ба кай об з таги ях меравад?» дар маҷмӯъ беш аз сӣ мақола омода шуда буд, ки аксари онҳо дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Адабиёт ва санъат», «Коммунист Таджикистана» ба нашр расид. Аз олимони тоҷик танҳо Атахон Сайфуллоев ба таври мустақим аз навиштани мақола дар муқобили ғояҳои «То ба кай об аз таги ях меравад?» сар печид, ҳарчанд навиштани матлаберо аз ӯ хоста буданд. Ин ҷиҳати масъаларо худи ишон дар поёни моҳи феврали соли 1988 ба ман гуфтанд.

(7) М. Мирраҳим. Падидаҳои худшиносӣ (ё саҳифаҳо аз дафтари хотира). 1999, с. 124-125.

(8) М. Мирраҳим. Падидаҳои худшиносӣ (ё саҳифаҳо аз дафтари хотира). 1999, с. 155-156.

(9) Умуман В. Наумов ва кормандони рӯзномаи «Коммунист Таджи‐ кистана» барои фитна ангехтан байни мардуми мо устухон надоштанд. Барои мисол: нашри муқолаи Т. Бердиева «Союз наций, содружества языков» дар таърихи 22.04.1987 аз ҳамин қабил аст…

(10) В. Наумов барои фитнаангезии Х. Юсупов дар саҳифаҳои рӯзнома ҷой пайдо кард, вале барои ислоҳи он дасиса…

(11) М. Мирраҳим. Падидаҳои худшиносӣ, с. 143-145.

(12) Абдулқаюми Қаюмзод: «Чароғи рӯз» мавзӯи матбуотро дигар кард.-Фараж, 5.05.2010, №18(185), с. 8.

(13) Фахриддин Холбек. Дети «Бухорои шариф».-Азия Плюс, 13.03.2008; Нигоҳ, №51(274), 11.03.2012, с. 65. Дертар Раҷаби Мирзо дар мақолае бо унвони «Инқилоби маданӣ-2» пиромуни нашри мақолаи мо чунин унвон (титр) задаст: «Бомба»-и Мирбобои Мирраҳим» ва чунин таъкидро раво доштааст: «Пеш аз ин, чопи матлаби «То ба кай об аз таги ях меравад?»-и Мирбобо Мирраҳим, ки миёнаи солҳои 80 дар «Ҷавонони Тоҷикистон» нашр шуда буд, бомбаеро мемонд, ки бояд 1 рӯз мекафид. Самараи ин бомба ва ашъори ватандӯстонаву иҷтимоӣ-сиёсии шиороне чун Бозор Собир, Мӯъмин Қаноат ва дигарон истиқлолияти сиёсие гардид, ки ахиран августи соли 1991 эълон шуд». Ниг.: СССР, №21(194), 24.05.2012, саҳ. 10.

(14) Мирраҳим М. Падидаҳои худшиносӣ, 1999, с. 81-82. Сарварони коммунистмаоб аз садҳо нома ва мақолаҳои ба дастгирии мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» ба идораи рӯзномаҳо омада, ҳатто барои чопи як намуна аз онҳо дар «Комсомоли Тоҷикистон» ё дигар рӯзномаҳо иҷозат надоданд. Баръакс кӯшиши фаровон ба харҷ доданд, то танҳо мақолаҳое дар ҳамаи рӯзномаҳо чоп шавад, ки дар муқобили андешаҳои мо ба таври супоришӣ омода карда буданд.

(15) Мирзорахматов С. Герои…, с. 74.

(16) Иттифоқан агар С. Мирзорахматов ин тӯҳматномаашонро соли 1988 ва аз ҳама беҳтар байни солҳои 1993-1994 менавиштанд, имрӯз дар Тоҷикистон ба он кас аз кулӯх тандис гузошта, дар феҳристи муқаддасоти давлатӣ қарор медоданд ва бо суфориши вазири маориф Тоҷикистон А. Раҳмонов (ҳол собиқ) мактаббачаҳоро барои саҷда ба назди он нимпайкара меоварданд. Ҳатман як ё ду кӯча ҳам дар Душанбе ва ё Қӯрғонтеппа ба ифтихорашон номгузорӣ мешуд, то барои наслҳои ояндаи кишвар намунаи ибрат шавад.

(17) Саъдӣ дар маврид чунин фармудааст:

Нури гетифурӯзи чашмаи ҳур

Зишт бошад ба чашми мушаки кӯр

(18) Мирзорахматов С. Герои…, с. 75.

(19) Имрӯз Фахриддини Холбек яке аз рӯноманигорони шинохтаи Тоҷикистон аст ва ҷаноби С. Мирзорахматов метавонанд ҳақиқати ин гуфтаҳои моро аз ӯ бипурсанд, то дар дилашон армон намонад.

(20) Директории маркази таҳқиқоти сотсиологии «Бозтоб» мӯҳтарам Раҷаби Мирзо пас аз даргузашти бисту ду сол аз нашри шумораи якуми «Растохез» чунин кашфиёт кардаанд: «66. Тоҳири Абдуҷаббор-яке аз муассисони рӯзномаи «Растохез». Ин рӯзнома моҳи майи соли 1990 дар Прибалтика чоп шуд» (ниг.: Раҷаби Мирзо. Шахсиятҳои таъсиргузори матбуоти тоҷик. «Нигоҳ», №51(274), 11.03.2012, с. 101). Нахуст, Тоҳири Абдуҷаббор дар нашри «Растохез» ҳеҷ нақше надошт, на молӣ, на фикрӣ ва на ҷисмонӣ. Дуввум, сари ҷой додани матолиб дар моҳномаи «Растохез» бо Тоҳири Абдуҷаббор ихтилофи назар вуҷуд дошт, вале чун он моҳнома бештар бо маблағи шахсии банда ба нашр мерасид, ҳарфи охир бо мо буд. Севвум, солҳои 1990-1991 ҳеҷ кас аз бузургон, аз ҷумла Т. Абдуҷаббор, ҷуръат надошт эътироф кунад, ки моҳномаи «Растохез»-ро кӣ ба чоп мерасонад.

Чаҳорум, «Растохез» моҳнома буд, на рӯзнома. Панҷум, шумораи нахустини «Растохез» аввалҳои моҳи майи соли 1990 ба дасти чоп супорида шуд ва моҳи майи ҳамон сол аз нашр баромад. Лекин ин ҷумлаи Р. Мирзо: «Баъдан бо номи «Дунё» дар Тоҷикистон чун моли шахсии Тоҳири Абдуҷаббор ва Аҳмадшоҳи Комилзода ба қайд гирифта шуд», дуруст аст, танҳо ба афзудаи ибораи «соли 1992». Ҳамзамон бо нашри таҳқиқоти Р. Мирзо ҳафтаномаи «Миллат» (ниг.: №10/340/, 7.03.2012, с. 3) чунин муаррифӣ дошт: «А. Комилзода, собиқ сардабири ҳафтаномаи «Растохез». Барои маълумоти бештар доир ба нашри моҳномаи «Растохез» муфассал нигаред: М. Миррахимов: «Растохез»-первая свободная газета в Центральной Азии.-Центральная Азия, 1996, №6, с. 85-88: М. Мирраҳим. То ба кай об аз таги ях меравад? 1998, с. 176-184.

(21) Дар ин маврид ба сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов ва Ҳокимшоҳ Муҳаббатов муроҷиат намоед.

(22) Мутаассифона, он танзи бонамак барои таъриххарошон сабақ нашуда будааст, ки ҳол профессори «Растохез»-харош ба майдон баромадааст.

(23) Камолов С. Сангар. Душанбе: Империал-Груп, 2010, 146 саҳ.

(24) Тиз-боде, ки аз шикам мебарояд; боди садодор, ки аз мақъад хориҷ шавад.

(25) Истилоҳи «хараҷу мараҷ» дар ягон фарҳанги забон нест, ҷаноби профессор С. Мухторов! Ба ин таъриххарош бояд гуфт шавад, ки истилоҳи илмии «ҳарҷу марҷ» вуҷуд дорад, ки ба маънии «дарҳамубарҳам, дарҳамбарҳам ё дарҳам ва барҳам, баҳамрехта, дарҳамомехтагӣ ва беназмӣ» аст. Вақте ба ном «профессори илми таърих» маънии оддитарин истилоҳи илмиро намедонад ва ҳатто дарк намекунад, пас, чӣ монад ба дониши фарогири ӯ дар мавриди дигар масоил!

(26) Баҳ-баҳ, профессори мӯҳтарам! Умратон дароз бод, ки чунин гавҳари маънӣ суфтаед! Чӣ кашфиёте кардаед, ки ҳатто шайтон ва агар дар замони режими коммунистӣ ин гузоришро ба идораҳои дахлдор пешкаш карда будед, КГБ, дастгоҳи идеологии Ҳизби коммунистӣ ва хабаргузории он-ТАСС ба он ҳасад бурдӣ! Он дӯстони хориҷӣ, ки аз «Растохез» дастгирӣ ба амал овардаанд, киҳо будаанд, мисол наовардед, то бишносем! Охир, аз дурӯғ намешавад санад дуруст кард ва аз он парвандаи ҷиноӣ дӯхт!

(27) «Зиёиёни» торикфикр дар куҷо пинҳон шуданд?

(28) Ниг.: Камолов С. Сангар, саҳ. 4. Навиштаҳои профессори мӯҳтарам С. Мухторов дақиқан шабеҳи тӯҳматномаи ТоҷикТА «Растохез» чист?» мебошад, ки 25-уми феврали соли 1990 дар саҳифаи аввали рӯзномаҳои тоҷикӣ ва русӣ ба чоп расида буд ва маънии «Растохез»-харошии ҳақиқиро ба худ касб кард (поёнтар матни комили он оварда шудааст).

(29) Ҳалли ин муаммо низ ба таваҷҷӯҳи Афлотуни тоҷик вогузор мешавад.

* * *

Қисматҳои дигари мақолаи «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: