Перейти к содержимому

Баъд аз берун рондани Бултун

Тромп Бултунро ба унвони як абзори ваҳшат ба кор гирифт ва вақте ин тарфанди ӯ ҷавоб надод — яъне Эрон, Венезуэло ва Куреи шимолӣ таслим нашуданд ва ба дунболи таҳримҳои сахти Омрико парчами сафедро боло нагирифтанд — нақши ӯ тамом шуд ва бо зиллату хорӣ берун андохта шуд.

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Ҷон Бултун мақоми худро ба унвони мушовири амнияти миллии Омрико раҳо кард бидуни ин ки руъёи худро дар барпои ҷашни тағйири низоми Эрон дар канори мухолифон дар Теҳрон бароварда кунад; чизе, ки Ҷон Бултун дар гирдиҳамоии солонаи мухолифон (гурӯҳаки мунофиқин) дар Порис ба он ваъда дод ва бидуни ин ки Хон Гуойду ба ҷои Никулос Модуру раҳбари Венезуэло шавад ва бидуни ин ки пойтахти Куреи шимолӣ бомбборон шавад. Бултун феҳристи баланде аз ин даст руъёҳо дошт.

Шахсиятҳои мутаъаддиде пас аз дарёфти хабари барканории Бултун дучори афсурдагӣ хоҳанд шуд, ки муҳимтарини онҳо Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири “Исроил” ва бархе аз сарони кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс бавежа дар Арабистони Саудӣ ва Аморот ҳастанд, ки умед доштанд ба ҳукми ҳузури Бултун дар Кохи сафед, Омрико заработи мунҳасир ба фарде ба Эрон ворид кунад ва мунҷар ба сарнагунии низоми Эрон шавад, то як давлати тарафдори Омрико ва барномаҳои он дар минтақа эҷод шавад, ки нахустин тасмими он, ифтитоҳи сафорати “Исроил” дар қалби Теҳрон бошад.

* * *

Бултун, ки ба далели мавзеъгирии сахту ифротии худ дар қиболи арабҳо ва мусалмонон ба Кохи сафед омад, бо хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Афғонистон, Ироқ ва Сурия мухолиф буд ва ҳаст ва Тромпро ба нобудии ин се кишвар таҳрик мекард ҳатто агар барои ин кор истифода аз бомбҳои атомӣ лозим бошад.

Мавзӯи қобили таваҷҷӯҳ ин ки Тромп иддао кард далели барканории Бултун ихтилофоте буда, ки бо вай бар сари масоили мухталиф доштааст. Ва ин, иддаое масхара аст. Тромп худаш мақоми мушовири амнияти миллии Омрикоро ба Бултун дод, зеро мавозеъе ифротӣ дар бисёре аз парвандаҳои доғи минтақа ва бахусус Эрон, Куреи шимолӣ ва Венезуэло дошт.

Ҳеч тавзеҳе барои ин таноқуз вуҷуд надорад ғайри ин ки бигӯем Тромп Бултунро ба унвони як абзори ваҳшат ба кор гирифт ва вақте ин тарфанди ӯ ҷавоб надод — яъне Эрон, Венезуэло ва Куреи шимолӣ таслим нашуданд ва ба дунболи таҳримҳои сахти Омрико парчами сафедро боло нагирифтанд — нақши ӯ тамом шуд ва бо зиллату хорӣ берун андохта шуд.

Тромп ба ҷанг таҳдид мекунад, аммо аз вуруд ба он тарс дорад ва мӯътақид аст, ки метавонад аз тариқи музокира ҳамаи имтиёзҳои матлуби худро аз душманонаш бигирад, зеро дар назди Тромп фарқе миёни масоили байналмилалӣ ва муомилоти иқтисодӣ нест. Аз ҳамин рӯ даст аз илтимос барои дидор бо раисони Куреи шимолӣ ва Эрон барандошт. Ӯ бо раҳбари Куреи шимолӣ ду бор дидор кард, аммо ин дидорҳо шикаст хӯрд. Дар мавриди Эрон ҳам, ки ҳанӯз ифтихори дидор бо мақомоти онро пайдо накардааст.

* * *

Раҳбарони Толибон, ки бо давлати Тромп ва намояндаи он Залмай Халилзод, ҳашт моҳ дар Қатар музокира карда ва тавонистанд имтиёзҳои матлуби худро аз Тромп бигиранд, бидуни ин ки имтиёзи муҳимме дар баробари он эъто карда бошанд, чи басо камари Бултунро шикастанд ва шуки равонии бузурге ба ӯ ворид карданд, зеро мухолифи музокира бо Толибон ва ё хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Афғонистон ва иҷлоси маҳрамона бо онҳо дар Камп-Дэвид буд, ки якшанбеи гузашта лағв шуд.

Эҳтимоли ҷанг алайҳи Эрон бо барканории Бултун аз мансаби худ бисёр коҳиш ёфт ва баъид нест бархе ҳомиёни ҷанг ва арабҳое аз кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс, ки муштоқи вуқӯи ҷанг алайҳи Эрон буданд, парчами азоро ба муносибати рафтани Бултун барафрошта кунанд ва мо ба далоили шинохташудае, ки маҷоле барои шарҳи он нест, дар азои онҳо ҳузур надорем.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: