Перейти к содержимому

Вақте бо “пирӯзии Ҳабиб” ҳама эҳсоси пирӯзӣ мекунанд…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳадафам дар ин ёддошт, ба ҳеч ваҷҳ, сарзанишу накӯҳиши касоне, ки ҳаводори Ҳабиби муштзан ҳастанд нест. Асосан, аз он даста афроде нестам, ки касеро ба хотири ҳаводорӣ аз касе ва ё ба хотири хушҳолиаш аз пирӯзии касе ва ё ҷиҳате, сарзаниш кунад. Ҳар касе дорои салиқае ҳаст. Балки дар ин ёддошти кӯтоҳ, мехоҳам ба решаҳои равонии ин “эҳсоси пирӯзӣ” ишора намоям; инки чаро бо пирӯзии ин муштзан — тоза муштзан дар арсаи муборизаҳои хашин ва берун аз ҳар қайду шарт –, бисёре аз мо “эҳсоси пирӯзӣ” мекунад.

Ба назарам, ин “эҳсоси пирӯзӣ”, беш аз ҳар чизе дигар, далели равонӣ дорад, то чизе дигар. Тавзеҳи матлаб ин ки: ҷавонони мо, бахусус дар ду се даҳаи ахир, ба шиддат таҳқир шудаанд. Агар аз як тараф дар ҷомеаи худ ба хотири адами бархӯрдорӣ аз озодиҳои лозим эҳсоси ҳақорат мекунанд, аз тарафи дигар дар берун аз ҷомеаи худ низ, яъне дар кишварҳое, ки муҳоҷират кардаанд бахусус дар Русия, аз сӯи мардуми маҳаллӣ ва аҳёнан аз тарафи мақомоти ин кишварҳо таҳқир мешаванд ва ба онҳо ба унвони мардумони дараҷаи дуввум ва ҳатто севвум нигоҳ мешавад.

Ин эҳсоси ҳақоратҳо, дар равони одамӣ таъсири бисёр манфӣ мегузорад ва сабаб мешавад дар замири нохудогоҳи ӯ як навъ ҳисси интиқом аз касоне, ки аз сӯи онҳо таҳқир мешавад падид ояд. Ҳиссе, ки худи инсон ҳам чандон аз вуҷуди он мутаваҷҷеҳ нест. Вақте ин ҳисс дар замири инсон ҷамъ мешавад ва мутароким мегардад, ночор бояд дар фурсате муносиб берун бизанад. Ин ҳисс, ба иловаи он ки инсонро хашину бераҳм мекунад, ӯро водор месозад на танҳо ба дунболи интиқом бишавад, балки муваффақияти чашмгире насибаш шавад; муваффақияте, ки бо он, бо забони безабонӣ ба кулли ҷаҳон эълон кунад, ки мо ҳам одам ҳастем! Мо ҳам метавонем “пирӯзи майдон” шавем! Мо одамони дараҷаи дуввуму севвум нестем!

Вагарна, магар пирӯзии як муштзан — тоза дар арсаи муборизаи ҳамон тавр ки ишора шуд хашин – боиси ин ҳама хушҳолии муфрит ва кафкӯбӣ ва эҳсоси ғурур аст?! Барои як инсони нурмол ва мӯътадил муваффақияту пирӯзие ғурурофарин ва мӯҷиби хушҳолии ӯ мегардад, ки дар ҷиҳати камоли инсонӣ бошад, дар ҷиҳати камоли ҷомеааш бошад, дар ҷиҳати пешрафти ҷомеаш бошад ва ҳатто дар арсаи варзиш низ дар арсаи варзишҳое бошад, ки хушунатбор нестанд мисли футболу ғайра… Аммо ин ки агар як нафар аз мо дар майдони муборизаи муштзанӣ касеро лату кӯб кунад ва хунолудаш намояд ва мо ҳам хушҳол бишавем, ин яъне дар равони мо халале вуҷуд дорад.

Умедворам, рӯзе тамоми ин бадбахтиҳое, ки сабаби эҷоди ҳисси ҳақорат дар вуҷуди мо шуда бартараф шавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: