Перейти к содержимому

Чӣ гуна Толибон Тромпро фиреб дод?

Таҳлиле дар рӯзномаи фароминтақаии Раъюл-явм

Барои мо бисёр душвор аст, ки ҳарфҳои Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрикоро бовар кунем, ки гуфт, вай нишасти сирриеро, ки қасд дошт рӯзи якшанбе дар Камп-Дэвид бо мушорикати намояндагоне аз гурӯҳи Толибон ва Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон барои дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ дар бораи ҷанг, ки мунҷар ба хуруҷи ҳамаи нерӯҳои омрикоӣ (14 ҳазор нерӯ) пеш аз баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико мешавад лағв кардааст.

Тромп гуфт, ки ба далели ҳамлаи нерӯҳои Толибон ба шаҳри Кобул ва кушта шудани 12 низомӣ аз ҷумла як низомии омрикоӣ, ин нишастро лағв кардааст ва баҳонааш ин буд, ки Толибон тавофуқи оташбасро нақз карда ва ниятҳои воқеӣ дар қиболи фароянди сулҳ ва муваффақияти ин фароянд аз худ нишон надодааст. Вале воқеият комилан муғойир бо ҳарфҳои Тромп аст. Бархе аз иттилооте, ки аз тарафҳои наздик ба Толибон ба берун дарз кардааст, ҳикоят аз он дорад, ки ин ҷунбиш таъаҳҳуде ба таваққуфи амалиёти низомӣ дар замони амалиёти музокирот бо намояндагони давлати Афғонистон дар Кобул надодааст ва ба шартҳои худ дар заминаи бозгашти “Аморати исломии Афғонистон” ба раҳбарии ин ҷунбиш ба монанди қабл аз ҳамлаи Омрико дар моҳи октябри соли 2001 ба Афғонистон ва ишғоли ин кишвар исрор кардааст.

Шикасти музокироте, ки тайи як сол дар Дуҳа миёни омрикоиҳо ва ҷунбиши Толибон барои расидан ба тавофуқи таърихӣ, ки мунҷар ба поёни бӯҳрон ва хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ шавад, ҳамон чизе буд, ки Тромпро ба шиддат асабонӣ кард ва боис шуд нишасти Камп-Дэвидро, ки қарор буд шоҳиди имзои тавофуқи ниҳоӣ шавад лағв кунад, зеро Толибон бар шартҳои худ исрор кардааст.

Агар тавофуқнома дар амал барои имзо шудан омода буд, пас чаро Тромп нишасти сиррӣ баргузор мекунад? Он ҳам ба дур аз дурбинҳои телевизиюнӣ. Дар чунин мавориде ҳеч далеле бар сиррӣ будан нест ва интизор меравад, ки нишасти Камп-Дэвид ин дастоварди таърихиро дар сурати расидан ба он ва бо ҳузури раҳбароне аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҷашн бигирад.

Тромп дурӯғ мегӯяд ва чизи ҷадиде дар ин замина изофа намекунем, вале дурӯғаш дар бораи расидан ба тавофуқ, бузургтарин дурӯғаш то кунун будааст.

Мо баъид намедонем, ки вай дар маърази фиреб ва худъаи бузурге қарор гирифт, ки ҷунбиши Толибон барояш муҳайё кард; фиребе бузургтар аз фиреби Ким Ҷунг Ун, раҳбари Куреи шимолӣ ва домаш, ки раисиҷумҳури Омрико вақте ду бор бо ӯ дар Сингопур ва Ҳонуй дидор кард ва тасаввур кард, ки раҳбари Куреи шимолӣ озмоишҳои ҳастаӣ ва мушакиашро билофосила пас аз дидор бо вай поён медиҳад, дар он афтод.

Сарони Толибон қудрати бисёр болои худро барои музокира кардан собит карданд ва амдан ба раисиҷумҳури Омрико тавҳин карданд ва ӯро фиреб доданд, зеро онҳо ҳаргиз кушторҳои фаҷеъи аъзои ин гурӯҳро, ки нерӯҳои омрикоӣ дар тӯли 18 соли гузашта аз ишғолгарии кишварашон муртакиб шуданд фаромӯш намекунанд.

Омрико дар ҷанги Афғонистон, ки то кунун беш аз ду трилюн дулор барояш ҳазина доштааст ва дар асари он 3 ҳазор низомии омрикоӣ ва 45 ҳазор низомии афғонистонӣ, ки барои омӯзиш ва таслеҳашон даҳҳо милёрд дулор ҳазина кард кушта шуданд. Тромп дар таблиғоти интихоботиаш ба ин шикаст ва хориҷ кардани ҳамаи низомиёнаш аз Афғонистон ваъда дод, аммо аз ин ваъдаи худ ба умеди ба даст овардани пирӯзӣ ақиб нишаст ва замоне, ки дар шикаст додани Толибон ноком монд, ба дунболи даст ёфтан ба тавофуқномае рафт, ки обрӯяшро ҳифз кунад ва аз он ба унвони баргаи барандае барои интихоботи риёсати ҷумҳурии оянда истифода кунад, аммо ҷунбиши Толибон ҳамаи тарҳҳояшро хароб кард.

Ҷунбиши Толибон ҳеч зараре аз лағви нишасти сиррии Камп-Дэвид намекунад, ҳамчунин идомаи ҷанг алайҳи нерӯҳои ишғолгари омрикоӣ, ки ҳукуматашро сарнагун кард зараре барояш надорад, зеро ба хубӣ медонад, ки дар ниҳояти кор барандаи бузург худаш аст ва Омрико дар ин ҷанг шикаст хӯрд ва маҷбур мешавад ба монанди ҳамаи мавориди мушобеҳ бавежа Ветном ва Ироқ, ба шакле шикастхӯрда нерӯҳояшро хориҷ кунад.

Оё ин қобили таваҷҷӯҳ нест, ки Тромп барои баргузории ин нишасти сиррӣ бо ҳузури намояндагони ҷунбиши Толибон чанд рӯз пеш аз 18-умин солрӯзи ҳамалоти 11-уми сентябр, ки далели аслии гирифтор шудани кишвараш дар Афғонистон аст, барномарезӣ кардааст?

Тромп ва ҳамаи раисони ҷумҳури омрикоӣ ҳамеша эълом кардаанд, ки бо туруристҳо музокира намекунанд. Магар ҷунбиши Толибон як “ҷунбиши теруристӣ” ба шумор намеравад, ки дар садри феҳристи теруризми Омрико қарор дорад ва Омрико ин ҳама талафоти инсонӣ дод, то ҳукуматашро сарнагун кунад?

Қобили таваҷҷӯҳ ин ки “ғорнишинон” дар Қандаҳор ва Туробурои Афғонистон ва ҳамтоҳои онҳо дар Саъдаи Яман, дар навори Ғаззаи муҳосирашуда ва ғорҳои ҷануби Лубнон, ҳамон касоне ҳастанд, ки ба Тромп раисиҷумҳури Омрико ва ҳампаймононаш дарсҳои фаромӯшношуданӣ дар муқовимат ва истодагӣ ва поёни кор ба нафъи худашон дар ҳамаи ҷангҳо бо Омрико дар Ховари Миёна ба рағми тафовути бисёр зиёд дар мувозинаҳои қудрат медиҳанд.

Ҳоло оё ҳампаймонони араби Омрико аз ин дарси толибонӣ ва маъноҳои он панд мегиранд?

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: