Перейти к содержимому

Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид (4)

Ба қалами Мирбобо Мирраҳим

Қисмати 4

Дар мавриди Созмони Мардумии Растохезро тарк гуфтани Мирбобо Мирраҳимов низ ҷаноби С. Мирзораҳматов аз худаш бисёр дурӯғ бофтааст ва рӯшан аст, ки ҳақиқати ҳолро намедонад. Яке аз сабабҳои асосии тарки Созмони Мардумии Растохез ин буд, ки гурӯҳе аз гирдиҳамомадагон 21 апрели соли 1992 дар Майдони Шаҳидон намояндагони парлумонро ба гаравгон гирифтанд. Вақте хабари гаравгонгирии намояндагони мардумиро шунидам, ба Майдони Шаҳидон рафтам. Нисфишаб фаро расида буд ва шоири бузурги миллат Бозори Собир дар симати Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони мардумии ба гаравгон афтодаро дар минбари гирдиҳамоӣ мавриди истинтоқ ва бозпурсии ҷиноӣ қарор дода, ҳар ғалат ва тавҳину таҳқир, ки мехост нисбат ба онҳо анҷом медод ва ҳар дону нодониашро бар сари он бечораҳо мерехт. Дар яке аз хаймаҳо ҳамқадаҳу ҳамтабақ ва дӯсти С. Мирзорахматов-Шодмон Файзуллаевич Юсупов ва намояндаи мардумӣ, Райиси Созмони Мардумии Растохез Тоҳири Абдуҷаббор бо хаёли роҳат хӯроки шом — шӯрбои сергӯшту рӯғанро бо нону чаппотӣ нӯши ҷон мекарданд. Ин кори Ш. Юсупов ва Т. Абдуҷаббор хиёнат ба ҳамаи ормонҳои миллии мо буд ва ман ҳар дуи онҳоро «хоин, дурӯя ва мурдаҳои сиёсӣ» (1) номидам ва аризаи қатъи узвият дар Созмони Мардумии Растохезро навиштам ва аз он берун рафтам (2). Чанд омили муҳими дигар низ сабаб шуд, ки ман ба ин қарор биёям:

Нахуст, мувофиқи қарори Раёсати Созмони Мардумии Растохез Т. Абдуҷаббор ба ҳеч ваҷҳ ҳақ надошт дар гирдиҳамоии Майдони Шаҳидон, ки ба тарафдорӣ аз М. Навҷувонов (3) ташкил шуд, ширкат намояд ва аз он пуштибонӣ ба амал оварад.

Дуввум, Т. Абдуҷаббор бояд ба амали гаравгон гирифтани намояндагони мардумӣ мухолифат мекард.

Севвум, ҳамаи намояндагони мардумии ба гаравгон афтода, аз аҳолии вилояти Ленинобод буданд, ки маънои маҳалгаро будани гирдиҳамомадагони Майдони Шаҳидонро рӯшан мекард.

Чаҳорум, худи ҳамон лаҳзаҳое, ки намояндагони мардумӣ гаравгон гирифта шуданд, яъне шаби 21 ба 22.04.1992, мӯҳтарам Шодӣ Шабдолов-Муншии якуми КМ ҲКТ озими навоҳии Данғара ва Кӯлоб шуданд, то барои гирдиҳамоии муқобили Майдони Шаҳидон заминаи муносиб дуруст созанд ва баҳона ҳам пайдо шуд, ки «ҳангоми гаравгонгирии депутатҳо дар Майдони Шаҳидон ба номуси хоҳари азизи мо … таҷовуз шудааст» (нақли қавл аз забони Рустами Абдураҳим, ки дертар дар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон 29.04.1992 садо дод ва он хонум, намояндаи мардумии ноҳияи …, ки дар иҷлосия ҳузур дошт… Сукути он хонумро мардуми Ҷумҳурӣ аломати ризоият ва ҳақиқати ҳол пазируфтанд) (4).

Панҷум, Сафаралӣ Кенҷаев, ки Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистонро дар даст дошт, барои таъсиси Фронти халқӣ дар шаҳри Турсунзода иқдом кард.

Ман ҳеҷ гоҳ аъзои ягон ҳизби сиёсӣ набудам ва нестам (5), аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ. Ҳеҷ қаробате ё узвият ба ин ҳизб наҷустаам, надоштам ва надорам. Чаро С. Мирзорахматов чунин дурӯғро навиштааст, онро ба виҷдони худаш вомегузорем. Ман барои тасаддии мансаби Раёсати Ширкати давлатии садо ва симо ҳеҷ гоҳ кӯшише ба харҷ надодаам ва лозим ҳам набуд. Ҳизби наҳзати исломӣ номи маро ба мансаби Раисии Ширкати давлатии садо ва симо пешниҳод кардааст ё на ҳатто хабар надорам. Бояд аз масъулини ҲНИТ суол кард, ки оё ин даъвои С. Мирзорахматов сиҳҳат дорад ё на?! (6) Тобистони соли 1992 як бор аз равоншод Раҳмон Набиев-Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон сабаби интихоб шуданам ба Раёсати Ширкати давлатии садо ва симоро пурсон шудам. Он кас чунин гуфтанд:

— Дар рӯйхати довталабҳо фамилияи («номи хонаводагӣ») шумо набуд. Мухолифон номҳои Абдунабӣ Сатторзода, Сафар Абдуллоев, Бозор Собиров, Бӯрӣ Каримов, Давлат Усмонов, чанд нафари дигар ва ҳатто Отахон(Латифӣ)-ро ба Раисии Ширкати давлатии садо ва симо пешниҳод карданд. Ҳеҷ кадоме аз онҳоро ман қабул надоштам. Он гоҳ номи хонаводагии шуморо пеш оварданд. Пурсидам:

— Чаро Мирраҳимовро ба ин вазифа пешниҳод мекунед?

Яке гуфт:

— Вай агар кушта шавад ҳам ба мо ҳеч зарар намерасад. Садқаи сар…

Агар С. Мирзорахматов дар ин маврид далели дигаре дорад, бояд пешниҳод мекард, на ба шахсияти инсон таҳқир ворид карда, дурӯғ мегуфт! Ман як «гуноҳи бузург» дорам ва он ин аст, ки барои мардуми ҷануб ва Ғарму Бадахшон «шимолӣ», «ленинободӣ» ва барои шимолиҳо бегона-«ҷанубӣ» (ё ба гуфтаи як сокини Хуҷанд, ки дар моҳи августи соли 1992 рӯ дар рӯ ба шахси мо фармуд: «мастчоҳӣ») ҳастам. Тарозуи ақлу хиради С. Мирзораҳматов низ бо тамоюли ҳамин ақрабак (пандул, раққосак) вуҷуди маро баркашида. Албатта, боз ҳам ғалат кардааст.

Воқеаҳои феврали соли 1990 ва интихоби банда дар «Кумитаи 17» ба ин шарҳ аст:

Пешдаромади воқеаҳои февралӣ аз барномаи дасисаомези телевизионии шоми 8-уми феврал бо ширкати шаҳрдори Душанбе Мақсуд Икромов (худо раҳмат кунад) ва Рашид Қутбиддинович Олимов шурӯъ шуд, ки дар он аз ташрифи чандсад нафар муҳоҷир аз шаҳри зилзилазадаи Спитаки Арманистон ва фирориҳои арманӣ аз Озарбойҷон ба пойтахти Тоҷикистон ва ҷобаҷоии онҳо бо манзил хабар паҳн шуд…

То имрӯз фаромӯш намекунам, ки пагоҳии рӯзи якшанбе, 11-уми феврали соли 1990, соати 07-50 аз дӯкони рӯзномафурӯшии бозорчаи шаҳрак-маҳаллаи 102-уми шаҳри Душанбе як нусха аз рӯзномаи «Правда»-ро ба даст гирифта, дар саҳифаи дуввуми он чашмам ба ин титри бисёр таҳрикомез ва аҷибулғариб афтод:

«В Комитете государственной безопастности СССР»

Дар он чунин гуфта мешуд:

«В последнее время в Москве и ряде других мест широко муссируются слухи о якобы готовящихся погромах еврееев, азербайджанцев, армян. Для придания достоверности этим слухам их распространители используют националистически окрашенные «программы» некоторых неформальных объединений, а также хулиганские, провокационные выходки отдельных элементов, подобно той, что недавно имела место в Центральном Доме литераторов в Москве. Слухи о погромах будоражат людей, вызывают среди них кривотолки, чувство неуверенности, обостряют социальную обстановку.

Комитет государственной безопасности СССР в пределах своей компетенции, особенно в части, касающейся защиты конститутционных прав советских граждан, не проходит мимо экстремистских националистических проявлений и в предусмотренных законом случаях предпринимает меры к их пресечению.

Что же касается распротраняемых слухов о погромах, то конкретных данных об их обоснованности не имеется. Единственные сведения, которые поступают в органы госбезопасности,-это сами слухи, их муссирование в средствах массовой информации и обращения отдельных граждан за разъяснениями по поводу все тех же слухов. Тем не менее КГБ СССР следит за развитием ситуации и предпримет надлежащие меры в случае ее реального обострения…» (7)

Ин хабар ва ё худ ҳушдори ҷиддӣ ва бисёр тагдор дар субҳи он рӯз бароям бисёр такондиҳанда ва аҷиб намуд ва аз дилам гузашт, ки худо накунад ҳокимон бар сари мо ягон бало наёваранд. Дақиқан чаҳору ним соат пас аз мутолааи ин хабари шум-рӯзи ёздаҳуми феврали соли 1990 дар Майдони ба номи Ленини шаҳри Душанбе гирдиҳамойӣ сурат гирифт. Наздикиҳои пешин-дақиқан байни соати 12-30 ва 13-50 хабари ин гирдиҳамойиро бо телефон Салими Аюбзод ба мо гуфт. Он рӯз Додоҷони Атовулло меҳмони хонаводаи мо буд ва як кабки зинда барои писарам тӯҳфа оварда…

Рӯзи 13-уми феврали соли 1990 ман барои пешвоз гирифтани як нафар меҳмон, ки аз истироҳатгоҳи Хоҷа Обигарм бармегашт, назди чойхонаи «Роҳат» қарор гузошта будем, рафтам. Дигар он ки соати 18-00 рӯзи 13 феврали соли 1990 дар Хонаи маорифи сиёсӣ бояд ҷаласаи маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ» баргузор мегардид. Он ҷо канори сохтмони «Зиннат» Акбари Турсун ва Сафари Абдулло ва дертар бародари мӯҳтарам Қамариддин Нурулҳақовро вохӯрдам.

Мӯҳтарам С. Мирзорахматов! Шумо аз китоби мо — «То ба кай об аз таги ях меравад?», ки дар дасти номуборакатон ҳаст, бисёр иқтибос оварда, ҷойҳои лозим барои таҳрифатонро ба забони русӣ тарҷума ҳам кардаед, наход ақлу фаросататон нарасид, ки бояд доир ба воқеъаҳои февралии соли 1990 ба матни истинтоқи бозраси КГБ Ю. Н. Косухин аз М. Мирраҳимов дар таърихи 16.05.1990 нигоҳе меандохтед, ки ба забони русӣ аст, ки дар он дақиқан чунин омадааст: «… Несколько раз ходил в сторону ЦК (вместе с С. Абдулло, А Турсун и др.). Наблюдал. В 17-30 направился в Дом политпросвещения, поскольку в 18-00 было назначено заседание клуба «Ру ба ру» с Председателем Гостелерадио т. А. Ш. Джураевым. Приблизительно к 18-35 был рядом с «Зинат» и хотел поехать домой. Остановили трое, сказали, что читают мою фамилию. Потом видел Х. Хабибуллоева. Когда перешел дорогу то понял, что обратно не могу. Вот так я вошел в водоворот этих событий» (8). Худованд моро ҳифз карда, ки он матни истинтоқро аз бозрас Ю. Н. Косухин бигирем (албатта, бо ҳазор пофишорӣ ва дар асоси ҳаққи мусаллами шаҳрвандӣ, ки на ҳар кас он замон метавонист ин корро анҷом бидиҳад) ва тавонистем чоп кунем, вагарна бо ин дурӯғпароканиҳою тӯҳмат ва сафсаттабофии С. Мирзорахматов чӣ метавон кард?!

Он чӣ баъд иттифоқ афтод ва сабабҳои асосии гирдиҳамоӣ чӣ буд ва мутаҳаррики он киҳо будандро дар навори мустанаде (бо сармогузории Бунёди забони форсии тоҷикӣ), ки Ёрмаҳмад Аралов таҳия кардааст, муфассал шарҳ додаам ба ҷуз ин нукта, ки кунун бароятон ифшо хоҳам кард. Зеро дар тафсири С. Мирзораҳматов ва пешгуфтори мӯҳтарам Нур Табаров дар ин китобча сирри ҷолибе нуҳуфта аст, ки имрӯз пас аз бисту як соли сипарӣ шудани таърих гуфтанаш воҷиб ба назар мерасад.

То имрӯз намехостам, ки ин роз фош шавад (шояд Бӯрӣ Каримов дар китобҳояш аз ин боб навишта бошад, вале камина ҳеҷ як аз онҳоро, мутассифона, нахондаам, зеро дастрас кардани онҳо бароям муяссар нашуд). Ба шарофати навиштаҳои С. Мирзорахматов ва пешдоварии Нур Табаров ҳоло ин дайн аз дӯши мо соқит мешавад. С. Мирзорахматов навиштааст, ки М. Мирраҳимов дар Пленуми феврали соли 1990 КМ ҲКТ «зачитал список членов ревкома, подобранных им лично, куда попали, в основном, присутствовавшие в зале партийные функционеры, занимавшие высокие посты на областном и републиканском уровне» (9). Ҳазор раҳмат, рафиқ С. Мирзораҳматов, ки ин дурӯғро навиштед. Худо падари шуморо раҳмат кунад. Як офарин ва сад лак на офарин!

Ҳол ҳақиқат ин аст: рӯзҳои 13 ва пагоҳии 14-уми феврали соли 1990 дар дафтари кории Бӯрӣ Каримов ҷаласаи «Кумитаи 17» баргузор шуд. Дар ин ҷаласаи дуввум, ки масъалаи баргузории Пленуми КМ ҲКТ рӯшан гардид, баррасӣ ва ширкати намояндагони «Кумитаи 17» дар он қатъӣ шуд, ногаҳон Нур Табаров (ҷолиб аст, ки ишон ба «Кумитаи 17» ҳеҷ нисбате надошт, вале доиман дар канори Бӯрӣ Каримов мисли парвона пар мезад) ҳузур пайдо кард. Ӯ аз ҳуҷраи хилвати Б. Каримов берун омад ва вориди толори пазироии на он қадар бузург шуд, ки аксари аъзоёни «Кумитаи 17» он ҷо нишаста буданд. Чизе мехӯрд ва даҳонаш меҷунбид (албатта, риш надошт, вагарна мешуд ҳамонанди афсонаи Ақлак гуфт: «-Ришаш меҷунбид»). Н. Табаров палтояшро сари китфаш партофта буд ва остинҳои он холӣ ва овезон. Вазири мӯҳтарами фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон-Нур Табаров хеле сари ҳол ба назар мерасид ва кадом як ояндаи рӯшанеро дар пешорӯи хеш медид. Тарзи суханрониаш аз он шаҳодат медод, ки то чанд рӯзи дигар ӯро дар маснади болотаре хоҳем дид. Худораҳматӣ Олими Зарробек (мо канори ҳам нишаста будем) бо ҳушёрии хос зуд аз ин тағйироти рӯҳию равонии Нур Табаров пай бурда, бо садои каме паст ба гӯши ман гуфт:

— Ҳозир Котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон сухан хоҳад гуфт…

Нур Табаров филҳол эълон дошт, ки дар Пленуми КМ ҲКТ бояд рӯйхати аъзоёни нави бюрои КМ ҲКТ пешниҳод гардад ва номи чанд нафареро, ки дар як варақча омода сохта буд, ибтидо қироат ва пасон таъкид кард, ки бо чанд нафаре, ки дар рӯйхат номашон зикр шудааст, ҳамоҳангиҳои усулии лозим («принципиальная договоренность») ба амал омадааст ва онҳо барои узвият дар бюрои ояндаи КМ ҲКТ розианд. Вақте баррасии номзадҳои нави бюрои КМ ҲКТ шурӯъ шуд ва дар ниҳоят бо иловаҳо қатъӣ гардид, ироаи онро ба мо вогузор намуданд. Иттифоқан ин пешниҳод низ нахуст аз ҷониби Н. Табаров садо дод, ки:

— Бояд Мирбобо Мирраҳимов рӯйхатро дар Пленум ироа намояд!

Барои банда то имрӯз муаммост, ки чаро Н. Табаров дар ҳуҷраи хилвати Б. Каримов ҳузур дошт ва дар ҷаласаи «Кумитаи 17» ширкат ба амал оварда, пешниҳоди рӯйхати бюрои нави КМ ҲКТ ироа дод ва чаро ӯ сиёҳнависи рӯйхати номзадҳои нави бюрои КМ ҲКТ-ро омода сохта, бо онҳое, ки мехост, «ҳамоҳангиҳои усулии лозимро ба амал оварда», барои машварати ҳуқуқӣ Н. Ҳувайдуллоевро ба дафтари кори Б. Каримов даъват кард (ҷолиб он ки Н. Ҳувайдуллоев низ гӯё мунтазири ишорат будааст, ки дар як они воҳид он ҷо ҳузур пайдо кард) ва чаро солиёни зиёд ин таърихи манҳус ба дасти фаромӯшӣ супурда шуд ва чаро ҳол пас аз бисту як сол сипарӣ шудани он фоҷиаҳо С. Мирзораҳматов айбномаи омода сохтани рӯйхати «ревком»-ро маҳз ба дӯши шахси М. Мирраҳимов бор кардааст?! Шояд барномае (ё фильмномаи музҳике) дар пеш аст, ки касе аз мӯҳтавои он огоҳ нест?! Агар ман тавони таъйин кардани «ревком»-ро доштам, ҳеҷ гоҳ ба фоҷиаҳои бештар роҳ намедодам ва кишвар имрӯз дар ин ҳол қарор намегирифт.

Барои он ки маҳз мо рӯйхати номзадҳо ба бюрои КМ ҲКТ-ро пешниҳод кардем, солҳои 1990-1991 дар КГБ, Додситонии кулли (яъне Прократураи генералӣ) кишвар ва Комиссиони Шӯрои Олии Тоҷикистон оид ба баррасии воқеаҳои февралии соли 1990 борҳо ва борҳо мавриди бозҷӯӣ ва истинтоқ қарор гирифтем, вале дар ҳеҷ ҷой аз он ки ин кор, яъне тартиб додани рӯйхати «ревком» (узр, ки аз ин истилоҳи бофтаи ҷаноби С. Мирзорахматов истифода мешавад), ибтикори вазири фарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистон рафиқ Нур Табарович Табаров буд, чизе нагуфтем, зеро ба таври мустақим дар мавриди мутаҳаррикин ва коргардони гирдиҳамоӣ ва муаллифи асосии рӯйхати аъзоёни нави бюро КМ ҲКТ суол гузошта намешуд, балки мустақиман моро айбдор эълон мекарданд, чуноне ки имрӯз ҳазрати С. Мирзорахматов дақиқан аз ҳамон масир амал намуда, моро барои таъйини «ревком» айбдор мекунанд. Ҳол худи ҷаноби Н. Табаров хостаанд, ки ойина ба дасташон бидиҳем, то дар он чеҳраи ҳақиқиашонро наззора кунанд, ки росту зебо ҳастанд ва ё хеле… Лозим нест, ки ойинаро бишканед, мӯҳтарам Нур Табаров! Инъикоси он дуруст аст! Дар ойина худи шумо-ҷаноби олӣ ҳастед, на каси дигар!

Даъватномаи бозҷӯӣ аз М. Мирраҳимов дар соли 1990

Ҷаноби С. Мирзорахматов! Шояд шумо низ ба монанди Б. Каримов иштибоҳ карда, ба доме афтодаед, ки аз он берун омадан муҳол шавад! Агар Б. Каримов он вақт бо маслиҳати Нур Табаров ва мушовираи ҳуқуқии Н. Ҳувайдуллоев кор намекард ва аз ақли хеш кӯмак мегирифт, ин қадар гирифтори бадномӣ ва бадбахтӣ намешуд. Ба ҳар ҳол дурӯғпароканиҳои шумо, ҷаноби С. Мирзораҳматов, боис шуд, ки ман шахсияти яке аз коргардонони асосии фоҷиаҳои хунини моҳи феврали соли 1990 барои касби мақоми аввал дар Ҷумҳуриро дақиқ нишон бидиҳам. Ба фоҷиаҳои февралии соли 1990 ворид сохтани фаъолони Созмони Мардумии Растохез маҳз барои бадном кардани нерӯҳои миллӣ-озодихоҳӣ тарҳрезӣ шуда буд ва таҳриккунандагон ва коргардонҳои асосии он як мушт аз маҳалгароёни ашаддӣ буданд, ки дар ниҳоят бо нақшаи Маскав аз ҳар бало эмин монданд (ва ҳоло аз нав сар бардоштаанд), зеро ҳадафи асосӣ саркӯбии мардуми бедор ва касби пирӯзӣ барои коммунистон дар интихоботи намояндагони мардум ба Шӯрои Олии Тоҷикистон, 25-уми феврали соли 1990 буд (10). Он ҳадаф бароварда шуд ва барангезандагон ва коргардонҳо дар паси парда монданд (11). Ҳоло он «қадаҳ бишкасту он паймона рехт» ва дигар шумо ва устодатонро ба дасти надоматбонони надоматгоҳи таърих месупорам (12). Бифармоед:

Гар хоҷаи мо Хоҷа Ҳасан хоҳад буд,

Моро на ҷуволу на расан хоҳад буд!

Барои чунин пешниҳод, ки дар Пленуми ХУ11 КМ ҲКТ рӯйхати Н. Табаров таҳия кардаро қироъат кардам, ҳеҷ кас моро мазаммат накардааст ва агар касе ба шумо, ҷаноби С. Мирзорахматов, ин иттилоъро расондааст, сад дар сад дурӯғ гуфтааст ва чунин дарҳамбарҳамиро аз худаш бофтааст, то қаҳрамон шинохта шавад. Агар ман он рӯйхати аъзоёни бюро КМ-ро аз минбари Пленуми февралии КМ ҲКТ намехондам, шояд мавриди интиқод ва хӯрдагирӣ қарор мегирифтам ва ба «хиёнат» гумонбар мешудам.

Он чӣ шахси ҷаноби Н. Табаров дар рухдодҳои февралии соли 1990 «ҳамоҳангиҳои усулии лозимро ба амал оварда», ҳама ҷо ҳозиру нозир буд ва мутаҳаррики асосӣ шакке вуҷуд надорад (13). 18 марти соли 1990 котиби КМ ЛКСМ Тоҷикистон П. Пӯлотов дар гузориши хеш ба Раиси КГБ-и Тоҷикистон В. В. Петкель оид ба нақши М. Мирраҳимов ва ҳузури Н. Табаров дар гуфтушуниди «Кумитаи 17» ва он ки тамомии фоҷиаҳои февралии соли 1990 дар Душанбе кори як даста аз маҳалгароён буд, чунин навиштааст:

«… 13 февраля я находился в зале, где собиралась групппа представителей митингующих с трех сторон у площади ЦК КПТ. Было примерно 30-35 человек. Среди них увидел некоторых знакомых мне людей: Хамидов Х., Хабибуллоев Х., Миррахимов М., Саидов Б., Холиков А. и др.

При формировании «Комитета» в основном канндидатуры предлагали Хабибуллоев, Миррахимов, Холиков. В «Комитет» включили Т. Абдуджаббора, которого не было вообще в городе. Начались переговоры с руководством республики. По-моему Холиков вытащил из кармана готовые требования из 12 (или 19) пунктов. Зачитал руководству. Основные пункты были обсуждены. Главное требование осталось отставкой руководства. Вначале разговор шёл о полной отставке руководства в составе Бюро и Совмина, некоторых руководителей республики и города. К вечеру на танке Холиков зачитал эти требования и сказал, что руководство согласилось и их приняли, чего не было в действительности. После переговоров оставалось всего 2 пункта: это проведение джанозы и отставка руководства республики. В процессе переговоров основную роль играли Б. Собир, Х. Хабибуллаев, М. Миррахимов и где-то Х. Хамидов. Наиболее настойчиво отстаивал пункт об отставке М. Миррахимов. Когда протокол был подписан, решили уточнить и отпустить задерживающих, пригласили Каххарова (за ним ходил Табаров Н.). Каримов ему поручил разобраться и отпустить людей, он отказался т.к., это компетенция министра, тогда ему сказали уточнить спис‐ ки, он ушел.

Предложение о приглашении представителей КГБ и МВД исходило от Миррахимова, который сказал Каримову Б. Б.: «Не надо Вам подниматься наверх, а пригласите их сюда, надо уважать свой Комитет». Предложение об отставке русскоязычных руководителей, а также Каримова Д. Х., Алимова Р. К. внес он (Миррахимов М.).

Пока обсуждался вопрос о протоколе, проходило время. Митингующие уже из трех колонн превратились в толпу и находились у здания ЦК. Я позвал в коридор С. Абдулло, которого знал по учебе в Москве, и сказал, что здесь вопрос о власти имеет местнический характер. Надо сейчас решить другие вопросы, успокоить народ, распустить, а потом возвратиться на переговоры. На что он в коридор пригласил Б Собира и то А. Хакима, или М. Бахти. Они с мной согласились и зашли в комитет. Посоветовались Табаровым Н., Миррахимовым М., Хабибуллаевым Х. и решили этого не делать. Я был вынужден сказать уже в зале всем. При этом были и руководители республики. Холиков, который писал текст протокола (договора), сказал, что сейчас уже заканчивает, но после этого прошло 3-4 часа.

Весь ход переговоров я был в зале, видел 14 числа подписание протокола, который 13-го еще назывался договором. После подписания протокола на двух языках М. Миррахимов распределил экземпляры сам. Отдал по одному экземпляру газете «Тоҷикистони советӣ», радио, Каримову Б. Б., остальные взял с собой, чтобы известить город, и уехали на машине с громкоговорителем. Каримов Б., Табаров Н. ушли через двор ЦК. С самого начала инициативу по формированию «комитета» взяли свои в руки представители «Растохеза». Список менялся несколько раз. Каримов Б., Хабибуллаев Х., Миррахимов собственноручно вводили и выводили людей в состав комитета. 18 марта 1990 г. П. Пулатов» (14).

Дертар мӯҳтарам Н. Табаров дар бораи воқеаҳои февралии соли 1990 хотироте навиштанд ва лутф фармуда, дастхаташонро барои мутолаа ба мо доданд. Дар он навиштаҳо ба ҷуз ғараз ва бадбинии шахсӣ нисбат ба Отахони Латифӣ ва Ҷӯрабек Муродов чизи тозае набуд. Ман онро бодиққат мутолаа кардам ва ба ишон бозпас гардонидам ва гуфтам, ки ин сиёҳкориҳо барояшон обрӯе нахоҳад овард…

Ҷолиб он аст, ки дар замони рухдоди фоҷиаҳои моҳи феврали соли 1990 ҷаноби С. Мирзорахматов дар куҷое хомӯш нишаста, ҳоло пас аз як аср бо дурӯғбофӣ ба забон омадааст ва бо чӣ маҳорате он давра ва нақши одамонро тасвир мекунад, ки ҳатто шайтонро дар ҳасрат мегузорад. Бехабар аз он ки шоҳидони ҳақиқии он рӯзҳои фоҷиабор зиндаанд ва тавонистаанд воқеиятро дуруст ба қалам бидиҳанд. Тешаи Раҷаб дар китобаш «Ҳафт хӯшаи сабз» фазои даҳшат ва ваҳшати Пленуми ХУ11 КМ ҲКТ чунин тасвир кардааст (ки агар ҷаноби С. Мирзорахматов онро мутолаа мекард, армон дар дилаш намемонд ва аз худаш «ревком» намебофт). Лозим аст аз он китоб барои хонандаи мӯҳтарам чанд саҳифаро мисол биёварем (пешопеш барои чунин иқтибоси тӯлонӣ пӯзиш мехоҳем), то дар таърих ҳоҷат ба дурӯғномаи С. Мирзорахматов намонад:

«Вале, ҳамин ки Муроди Ҳаёт (15) ба минбари пленум баромаду дар хусуси ким-кадом лоиҳаи фармони Раёсати Шӯрои Тоҷикистон доир аз вазифа озод карданаш хабар дод, золи маҷлис ба замбӯрхона табдил ёфт:

-Наход?!…

-Чӣ тавр?!…

-Кай?!…

-Кӣ?!…

-Лозим не, рафиқ Муроди Ҳаёт, лозим не!… -сухани Раиси Девони Вазирони Тоҷикистонро бурид Пуго бо ҳаяҷону истироб. -Охир, мо ду соат пеш дар Бюрои ЦК бо шумо ҳама гапро пазондем-ку?!…

-Не, Борис Карлович, мардум бояд гунаҳкорони асосии фоҷиаи Душанберо донанд! -якравӣ кард Муроди Ҳаёт ва бо ғазаб афзуд:

-Айбдори ҳамаи бетартибиҳо Ҷунбиши мардумии «Растохез» бо сардории Тоҳири Ҷаббор, ҷонишини ман, раиси «Комитети 17 нафарон» Ҳакими Карим, вазири маданият Нури Муҳаммад (16), мудири шӯъбаи Комитети Марказии партияи Коммунистии Тоҷикистон Ҳувайдуллои Вовайло, сармуҳаррири газетаи «Тоҷикистони советӣ» Мазҳаби Мухтор ва дигарон мебошанд!… Ва онҳо имрӯз бояд дар пеши аъзоёни пленум ва мардуми Тоҷикистон ба кирдору рафтори худ ҳатман ҷавоб диҳанд, ҳатман!…

Ин изҳороти ногаҳонии Раиси Ҳукумат гӯё бомбае буд, ки золи маҷлисро якбора тарконд:

-Аз сафи партия ронда шаванд!…

-Аз вазифа холӣ карда шаванд!…

-Ба ҷазо кашида шаванд!…

Мансабдорону мансабхоҳон ҳама ба талвосаю изтироб афтода маҷлисгоҳро ба сар бардоштанд… Ҳамдигарро навбат надода ба минбар баромаданд.

-Ором, рафиқон, ором!… Тартиби маҷлиси пленумро риоя кунед, -ба минбарбаромадагон рӯ оварда илтимос кард Қаҳҳори Сиёҳ ва афзуд:

-Ҳоло сухан ба ҷонишини раиси Ҷунбиши мардумии «Растохез» рафиқ Раҳими Мир (17) дода мешавад.

Дар золи пленум боз ғалоғула сар шуд… -Авбошон садқаи сухан шаванд!…

-Ба растохезчиён ҳаргиз сухан дода нашавад!…

-Ҷои онҳо ҳабсхона аст, на минбари пленуми ЦК!!!…

-Ором, рафиқон, ором!… Рафиқ Раҳими Мир ба пленум бо хоҳишу илтимоси мо омада аст ва бигузор ақидаашро ошкоро баён кунад,-аъзоёни пленумро огоҳ кард Қаҳҳори Сиёҳ ва илова намуд:

-Агар мо хоҳем, ки дар Душанбе ва умуман Тоҷикистон осоиштагӣ ва сулҳу салоҳ барқарор кунем, бояд бо ҳамдигар созиш намоем, ба эҳсосот дода нашавем…

Баъди ин суханони котиби аввал зол каме ором шуд ва Раҳими Мир ба минбар баромад.

-Рости гап,-сухан оғоз кард ӯ,-ман ҳеҷ гумон надоштам, ки аъзоёни пленуми Кумитаи Марказӣ, сиёсатмадорони мӯҳтарами мо нисбат ба тақдири халқи тоҷик то ба ҳамин дараҷа бефарқ, бепарво ва хиёнаткоранд!…

Дар золи пленум боз ғалоғула шуд…

-Худат хиёнаткор!…

-Сафсатта нахон, нобакор!…

-Аз минбар дур шав, балвогар!!!…

-Ба ҷуз як нафаратон-Тоҳири Раҷаб!…, -ба шавқуну таҳқири рӯи рости баъзе аъзоёни пленум эътибор надода суханрониашро идома дод Раҳими Мир. -Ман ҳамчун олим, ҳамчун як шаҳрванд таклифҳои оқилонаи ӯро сад дар сад тарафдорӣ мекунам. Ва ба онҳо як илова дорам:

-Ҳамаи аъзоёни Бюрои Кумитаи Марказӣ ҳам хушӣ ба хушӣ ба истеъфо раванд… Ба ҷои онҳо дар худи ҳамин пленум одамони поквиҷдону ба мардум дилсӯз интихоб карда шаванд… Нисбат (ба) гунаҳкорони асосии воқеаҳои хунини Душанбешаҳр коммунистони бешарафу бевиҷдон Қаҳҳори Сиёҳ, Ғоиби Назар, Ҳаёти Мурод ва раиси КГБ Борис Иванович Подгель ҳатман кори ҷиноӣ кушода шавад… Дар акси ҳол, мӯҳтарам Борис Карлович Пуго, падару модар ва хешу ақрабои он 30 нафар ҷавонмардони қурбонишуда ва бештар аз 500 ҳазор нафар мардуми дар кӯчаю хиёбонҳои Душанбешаҳр бар зидди сиёсати нодурусти Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон гирдомада рӯзи якшанбе ҳукми одилонаи худро мебароранд. Ва он гоҳ дер мешавад, аз ҳамаи ин маҷлисбозию сиёсатбофию ба чашми мардум хокпошиҳо!…

Дар золи пленум хомӯшии том ҳукмфармо гашт. Дигар касе ба ин гуфтаҳои Раҳими Мир эрод нагирифт, эътироз баён накард.

Чунки вазъият дар Душанбе дар ҳақиқат ҳам он рӯзҳо чун бомбаи тарканда буд…» (18)

Пас аз чанде, моҳи майи соли 1990 Пономарёв ном зоти шариф, ки дар амал афсари баландрутбаи КГБ буд, рухдодҳои февралии соли 1990 дар Душанберо он чунон дар рӯзномаи «Правда» воруна тафсир ва мардуми тоҷикро таҳқир кард, ки навиштаҳои имрӯзи ҷаноби С. Мирзорахматов дар пеши он дурӯғҳо ба як пули пуччак баробар аст, ба монанди визвизи паша дар атрофи хояи фил. Дар оғоз рӯзномаҳои дарбори коммунистӣ бо супориши КМ ҲКТ он мақоларо ҳамчун баҳои сиёсии хоҷагони маскавиашон, ҳақиқати кулл ва ҷамъбандии комил доир ба рухдодҳои фоҷиабори февралӣ дар матбуоти Тоҷикистон ба чоп расониданд ва пасон фаҳмиданд, ки на танҳо ба рӯйи хеш туф кардаанд, балки дар паси худашон қаланфури сурх (филфили қирмиз) ҳам молидаанд (19). Намедонистанд боз то ба куҷо бидаванду ғубори дилашонро бароваранд ва аз ин шармандагӣ чӣ тавр берун оянд. Ҳеҷ кас ба таври расмӣ ба дурӯғнома ва тӯҳматҳои Пономарёв посух нанавишт. Зеро «Правда»-органи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешуд ва ба рухдодҳои моҳи феврали соли 1990 дар Душанбе баҳои сиёсӣ дода буд ва он даврон ҳар кас ҷуръат надошт, ки ба он посух гӯяд (ҳарчанд замони бозсозӣ фаро расида буд).

Ноилоҷ моро лозим омад, ки ба он дурӯғномаи Пономарёв посухи маҳкам бинависем (бо арзи маъзарат, ҷаноби С. Мирзорахматов, ки ин бор низ сухани аввал дар посух ба мақолаи «Зангӯлаҳои умед»-ро мо навиштем, на шахси шумо) ва ба идораи ҳафтаномаи «Сухан» барои чоп бурдем (20). Барои он ки ин суханони мо бе далел набошад ва боз шумо ягон балоеро ба по нахезонед, аз матни мусоҳибаи сардабири ҳафтаномаи «Сухан» Насибҷони Амонӣ (шояд шумо, ҷаноби С. Мирзорахматов, он касро дар Ҷумҳурии Қазоқистон дида бошед!) дар мавриди посухи мо ба дурӯғномаи рафиқ Понамарёв мисол меоварем:

«Вале баъди воқеаҳои февралӣ (соли 1990-М. М.) вазъ басо мушкил шуд ва чун нашрияҳои ҳизбиву давлатӣ матлаберо бо дурӯғбофии Пономарёв ном шояд корманди амнияти давлатӣ чоп карданд ва рӯйдоди баҳманмоҳро воруна нишон доданд, мо мақолаи Мирбобо Мирраҳимовро интишор додем ва ин ҷавоби дандоншикане буд ба навиштаи Пономарёв. Ёд дорам, рӯзи чопи мақола кадом як анҷумани ҳизбӣ буд ва дар он устод Латифиро барои «Сухан» сахт интиқод карда буданд. Он кас аз ман хоҳиш карданд, ки шумораи навбатии нашрияро барояшон пеш аз чоп нишон диҳем ва мо варақаҳои хондашударо фиристодем. Устод баъзе ҷои мақолаи Мирраҳимовро ихтисор карданд ва ба мо дубора фиристоданд. Вале мо дар «Сухан» як низоми демократӣ доштем ва ҳама масъалаҳоро бо роҳи раъйдиҳӣ ҳайати эҷодӣ ҳал мекард ва ман мавзӯи кӯтоҳ шудани матлабро ба баррасӣ гузоштам ва назари аҳли нашрияро пурсон шудам. Ҳама муқобили кӯтоҳ кардани матлаб раъй доданд ва ман матлабро ҳамон тавре буд, ба чоп супоридам. Интизор будам, ки барои ин гарданшахиам устод сахт эрод мегиранд, вале чунин нашуд. Ҳарчанд фаҳмида буданд, ки матлаб мисли пештара чоп шудааст, чизе нагуфтанд…» (21)

Гузашта аз ин вақте ки дар Тоҷикистон аз боби қатли оми мардуми тоҷик чизе гуфтан имкон надошт мо дар мавриди сабабҳо, омилон ва муҳаррикони фоҷиаҳои моҳи феврали соли 1990 дар як ҳафтаномаи мӯътабири Иттиҳоди Шӯравӣ низ мақолаеро ба чоп расонидем.

Дар солгарди воқеаҳои феврали соли 1990 Соҷидаи Мирзо бо афсари КГБ Абдулло Назаров мусоҳибае анҷом дод, ки дар «Чароғи рӯз» бо номи «Ку Кунаҳгорони Баҳманмоҳ» (барои пайдо кардани посух ба ин суол нахустин ҳарфҳои се вожаи болоро канори ҳам гузоред, мухаффафи он мешавад «КГБ») чоп шуд (пас аз бист сол он мусоҳиба дар нашрияи «Самак» бознашр гардид). Соли 1991 на ҳар кас ҷуръат дошт ва метавонист аз асрори КГБ дар таҳрики воқеаҳои феврали соли 1990 дар Душанбе парда бардорад. Аммо Абдулло Назаров ин асрорро ифшо кард ва ҷавонмардона нишон дод, ки чӣ созмоне тарҳи ин фоҷиаҳоро нисбат ба тоҷикон тарҳрезӣ карда ва аз таҷрибаи амалӣ гузаронд ва ҳамаи мардуми моро бадном ва танҳо Хулькарҷону Саломиддин-акому устоди он кас ва ҳамтабақҳои ононро хушҳол сохт.

Овардани як пора аз он мусоҳибаи таърихиро барои ҷаноби С. Мирзорахматов лозим донистем, зеро суханони А. Назаров ба таври дақиқ вазъи кунунии рӯҳӣ, сиёсӣ ва ҷисмонӣ, ба иборати дигар колбуди бадбинӣ ва нафрати бепоёни тоҷики тӯҳматгарои қазоқистониро нисбат ба М. Мирраҳимов, нишон медиҳад:

«Муттаҳидии рӯшанфикрон зарбаи сахте буд ба низоми мавҷуда. То он вақт идеологияи ба ин мафкура алтернативӣ набуд. Пайдо шудани Клуби «Рӯ ба рӯ», созмони маардумии «Растохез» ноӯҳдабароӣ ва фурӯғалатии сохтро ошкор мекард. КГБ хавф мебурд аз ин созмонҳо ва бинобар ин ба хулосае омад, ки бо намояндагони он вохӯрад. Ин вохӯрӣ шояд аввалин шикасти ин ташкилоти абарқудрат, ки тираш ҳаргиз хато намехӯрад, гардид. КГБ мақсад дошт, ки ба вохӯрии омада, рӯирост демагог будани созмончиёнро эълон кунад, гӯяд, ки онҳо ҳама як гурӯҳи нави мансабхоҳонанд, ба онҳо фишор орад. Махсусан, хашмаш ба М. Мирраҳимов зиёд буд ва атрофи номи ӯ «кори зиёде» низ мебурд.

Роҳбарияти кумита ба ягон саволи аъзои клуби «Рӯ ба рӯ» ҷавоби мушаххас ёфта натавонист. Он ҷо намояндаи Кумитаи Марказии ҲКИШ К. Долгушкин низ ҳузур дошт.

Роҳбарони кумита залро тарк гуфтанд. Аз нотавонӣ ва забонкӯтаҳӣ. Ин найранг ҳам нагузашт, хирс аз панҷара бадар шуда буду ҷин аз кӯза. Илоҷи дигар бояд ҷуст.

Илоҷе, ки чунин клуби созмонҳоро ба як бор ба хок яксон кунад. Таҳдид, зӯрӣ, шантаж» (22).

* * *

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Т. Абдуҷаббор пас аз он ки мо ӯро дар таърихи 21.04.1992 «мурдаи сиёсӣ» эълон кардем, боз ҳаждаҳ соли дигар зиндагӣ ба сар бурд ва дақиқан 21.04.2010 дори фониро падруд гуфт.

(2) Муносибати мо бо Т. Абдуҷабборро аз он таърих ба сардӣ гаравид ва дигар хеле кам иттифоқ афтод, ки бо ҳам сӯҳбате дошта бошем. Охирин дидоре, ки бо ӯ доштем, аввалҳои моҳи майи соли 1995 рух дод. Мо аз зиндон озод шуда будем ва барои табобат ба Теҳрон рафтем. Т. Абдуҷаббор барои дидорбинӣ бо мо ба меҳмонхонаи «Ромтин» бо як дастагул ташриф овард. Рӯзе пас шунидам, ки ӯ ва муовинаш аз мавқеи ҳукуматдорон пуштибонӣ мекунанд. Занг задам ва чанд сухани бисёр сахт ва ҳақ, ки дархӯри аъмол ва мавқеъияти ӯ ва муовинаш буд, барояш гуфтам ва ба се ҳарфи русӣ раҳо кардам…

(3) М. Навҷувонов дар рухдодҳои моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе дасташ то оринҷ ба хуни мардуми бегуноҳ оғӯшта шуда буд ва дар кадом як ҷаласаи Шӯрои Олӣ номи ноҳияи «Ғозималик»-ро ба шакли «Зоғималик» эълон карда, боиси латифа ва масхараи мардум шуда буд. Т. Абдуҷаббор сабаби ширкат дар гирдиҳамоӣ дар пуштибонӣ аз М. Навҷувоновро чунин шарҳ дод: «Ду рӯз дар қабулгоҳи Райиси Ҷумҳур Р. Набиев мунтазир истодам, то ба вай сӯҳбат кунам, вале ӯ маро напазируфт. Қаҳрам омад ва ба назди гирдиҳамомадагон рафтам ва суханамро гуфтам..»

(4) Дертар генерал-майори муставфӣ Нуралӣ Назаров дар китобаш «Маҷрои зиндагӣ» аз ҳодисаи гаравгонгирии намояндагони мардумӣ дар таърихи 21.04.1992 чунин афсонаи ваҳшатнок бофтааст, ки гӯё гирдиҳамомадагони Майдони Шаҳидон: «Ҳатто як депутати занро (ба фикрам аз ноҳияи Данғара буд) ҳақоратҳои ноҷо дода, лагадкӯб намуданд». Нигаред: Самак, №05(05), 5.12.2011, с. 10. Танҳо генералҳои садаи ХХ1 дар Тоҷикистон бо такя ба тахаюлоти хеш ва таҷрибаи парвандасозӣ метавонанд ҳам ба таърих ва ҳам ба ахлоқи ҷомеа тағйирот ворид созанд ва ҳамагон бояд ба онҳо бовар кунанд, ки ишон ҳақанду рост. Аммо худи он намояндаи мардумӣ дар як бозпурсӣ эълон дошта, ки «қиссаи таҷовуз ба номуси ман аз тарафи гирдиҳамомдагони Майдони Шаҳидонро хабарнигор О. Панфилов аз худ бофтааст». Дар ҳоле ки бечора О. Панфилов умуман дар ин мавзӯъ ва масъала чизе нанавиштааст.

(5) Дар зиндагиномаи М. Мирраҳимов, ки борҳо ба нашр расида, навишта шудааст: «Ҳеҷ гоҳ аъзои ягон ҳизби сиёсӣ набуд ва нест».

(6) Дурӯғпарокании С. Мирзорахматов дар нисбат ба мо, ки гӯё ба Ҳизби наҳзати исломӣ қаробат дорем, то бад-он дараҷа дар ҷомеаи Тоҷикистон таъсир гузошт, ки дар мақолаи «Агар Кабирӣ равад…» дар шумораи 38(248) ҳафтаномаи «Фараж» аз 21-уми сентябри соли 2011 чунин навиштанд: «Муҳаммадалии Ҳайит ҳамроҳи яке аз нахустин пешвоёни озодихоҳӣ Мирбобо Мирраҳимов дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 1992 ба ҲНИТ пайваст» (с. 3). Як ҳафта пас дар шумораи 39(249) «Фараж» аз 27-уми сентябри соли 2011 ин «Тасҳеҳ» чоп шуд: «Дар шумораи №38 дар мақолаи Нуралӣ Давлат-«Агар Кабирӣ равад…» бо такя ба манбаъҳои носанҷидашуда ба иштибоҳҳо роҳ дода шудааст. Баъди чопи мақола маълум гардид, ки мӯҳтарам Мирбобо Мирраҳимов дар моҳи апрели соли 1992 ба ҲНИТ шомил нашудааст. Бинобар ин муаллиф бо арзи пӯзиш аз номбурда иброз медорад, ки Мирбобо Мирраҳимов аъзои ягон ҳизб набудааст, аз ҷумла ҲНИТ низ» (с. 4).

(7) Ниг.: Правда, 11.02.1990, №42(26125).

(8) Ниг.: М. Мирраҳим. То ба кай об аз таги ях меравад? Маҷмӯаи мақолаҳо, китоби нотамом ва ҳикояҳо. 1998, саҳ. 228.

(9) С. Мирзорахматов. Герои…, с. 76.

(10) Агар бар сари мазмуни пинҳонии ҳушдори КГБ СССР аз 11.02.1990, ки дар боло аз рӯзномаи «Правда» мисол овардем, дурусттар мулоҳиза шавад, дақиқан маълум хоҳад шуд, ки ҳадафи асосӣ саркӯбии нерӯҳои мардумӣ дар Тоҷикистон буд. Интихоби рӯзи дасиса низ бисёр муҳим буд, зеро 11-уми феврал солгарди инқилоби исломӣ дар Эрон аст ва аз ҳар ҷиҳат танҳо ба дарди Тоҷикистон мехӯрад, на ягон минтақа ё ҷумҳурияти дигар. Барои рӯшантар шудани ин масъала овардани як мисоли дигарро лозим медонем. Як шаб пеш аз интихоботи Шӯрои Олии Тоҷикистон аз садо ва симо ва рӯзи якшанбе 25 марти соли 1990 дар саҳифаҳои нахустини рӯзномаҳои «Коммунист Таджикистана» ва «Тоҷикистони советӣ» хабари таҳрикомези хабаргузории ТаджикТА бо номи «Что означает слово «Растохез»? нашр шуд. Муаллифони гумноме бо имзои мустаори «ТаджикТА» дар таҳрифи хеш чунин дурӯғпароканӣ кардаанд (чанд нукта аз онро дар нусхаи асл ва аз рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» мисол меоварем): «Этот вопрос, как, впрочем, и другой,-были ли организации с подобным названием раньше, в эти дни задают многие жители Таджикистана. Это не случайно и связано с созданным в республике неформальным объеди‐ нением «Растохез». …Это слово имеет несколько толкований. Первое-возрождение, подьем. В религиозном же смысле оно означает-воскрешение из мертвых, кроме того, в словосочетание «рузи растохез»-«день страшного суда». Словарь дает еще одно понятие, которое редко используется в смысле бепорядок, волнение, суматоха (подни‐ мать суматоху, устраивать беспорядок). Что же касается второй части вопроса, то, перелистав не один десяток страниц книг, периодики, был найден материал, касающийся организаций «Растохез». Так, в 1982-1986 годах в ряде граничащих с Ираном провинциях Афга‐ нистана (Герат, Фарах) и городе Кабула была отмечена деятельность антиправительственной промаоистской организации с названием «Растохез». До 1984 года она находилась на нелегальном положении. Численность быле не велика. Состояла из представителей интел‐ лгенции и грамотной части населения. В своей деятельности эта организация использовала исламские лозунги, методы диверсии, террора, распространения листовок антисоветского, антиправитель‐ ственного характера. Кроме того, с 1975 года в Иране существовала единственная партия «Растахиз-Е меллат-Е Иран» (партия наци‐ онального возрождения Ирана). Она была создана по указанию шаха Мухаммед Реза Пехлави…» Ин тафсири роҳибона ва иғвогаронаи «ТаджикТА» дар зеҳни мардум рӯҳияи тарсу ҳарос ва нигарониро барангехт. Гузашта аз ин амдан ба мардуми русзабон то он ҷое талқин мекарданд, ки номи созмони мардумӣ «Растохез» нест, балки дар асл «Ростохез» аст ва маънии он ин аст, ки «рост карда, тартиби одамонро медиҳад, яъне мег…яд» (Шоят ин байти Мавлоно Румӣ барои таҳрифгарон дастак шуда бошад: Чун ту Исрофили вақтӣ, рост хез// Растахезе соз пеш аз растахез). Дар баргардони тоҷикии матлаби «Растохез» чист?» (нигаред ба матлаби мазкур дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» аз 25.03.1990 ва муқоиса шавад бо матни русӣ) низ дарҳамбарҳамии зиёде дида мешавад, ки танҳо барои гумроҳ кардани мардум ба кор рафтааст…

(11) Иншои ин посухҳо ба поён расида буд, ки ҳафтаномаи «Asia-Plus» мусоҳибаи чаҳор сол пеш (№17, 2007 г.) бо Қ. Маҳкамов ба табъ расонидаашро ба тарзи фишурда аз нав (20.04.2011, №30/619) чоп кард. Албатта, чунин тасодуфи таърих, ки чаро маҳз пас аз чопи тӯҳматномаи С. Мирзорахматов ин мусоҳиба такроран нашр шуд, касро ба андеша водор мекунад. Қ. Маҳкамов бо услуби ба худашон хос, ки ҳеҷ гоҳ аз ҳеҷ кас ва аз ҳеҷ чиз ном бурдан намехоҳанд, барангезандагони воқеаҳои феврали соли 1990-ро асосан дуруст шарҳ додаанд, лекин нақши коргардонии вазири мӯҳтарами фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дасти фаромӯшӣ супурдаанд ё худ надидаанд: «Февральские события, на мой взгляд, были инспрированы извне в момент ослабления и начала развала Союза. Эти события, по мнению их организаторов, должны были ускорить развал. …В качес‐ тве «народа» город был наводнен бандитами и сомнительными людь‐ ми со всей Средней Азии. …Я еще раз повторяю, что все безобразия были инспрированы извне, в том числе эти люди (т. е. люди «Комитета 17»-М. М.) были введены в заблуждение различными посулами…». Мо ин нуктаҳоро ҳанӯз соли 1990 гуфта будем, ки ассо‐ сан Маскав бо кӯмаки Ӯзбакистон ва Боку ва … рухдодҳои февралии соли 1990-ро дар шаҳри Душанбе барангехтанд ва дертар бар асоси он тамриноти куллӣ фоҷиаҳои тобистони соли 1992-ро дар тамомии кишвар роҳандозӣ карданд, ҷанги шаҳрвандии беш аз як панҷсоларо оташ заданд, ки натиҷааш қатли оми мардум, харобӣ, қаҳтӣ, беса‐ ботӣ, бесаводӣ, ришвахорӣ ва маҳалгароиро ба бор овард. Сарза‐ минҳои тоҷикон ва кишвари Тоҷикистон аз соли 1988 омоҷгоҳи таҷрибаҳои нав ба нави коммунистӣ интихоб шуда буд…

(12) Яъне таърихнависону таърихнигорони дақиқназар, на доктору профессори «Растохез»харош ба монанди М. Олимов ва С. Мухторов.

(13) Ба эҳтимоли зиёд вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Нур Табаров, дар фоҷиаҳои февралии соли 1990 паҳлӯҳои гуногуни фарҳанги гирдиҳамоиро мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода будаанд, ки ҳоло аз нав бо пеш андохтани С. Мирзорахматов дар масири инҳирофӣ ҳамчун сӯзанбон (стрелочник) фаъолияти хешро аз сар гирифтаанд!

(14) Ниг.: Парвандаи №625, ҷилди Х, варақҳои кории 84-87; М. Мирраҳим. Рӯзномаи маҳбуси маҳкум ба қатл. Хотироти зиндони КГБ (солҳои 1993-1994). 1997, саҳ. 197-198.

(15) Тешаи Раҷаб ном ва номи хонаводагии Райиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёевро ба ду шакл-«Муроди Ҳаёт» ва «Ҳаёти Мурод» муаррифӣ кардааст

(16) Ин шахсро ҷаноби С. Мирзорахматов хуб мешиносанд: домулло Тешаи Раҷаб ба ҷои «Нур Табаров» танҳо номи ишонро ба шакли «Нури Муҳаммад» овардаанд.

(17) Домулло Тешаи Раҷаб ном ва номи хонаводагии муаллифи ин сатрҳоро дар романи «Тақдири Тоҳир» ба ҳамин шакл овардааст.

(18) Теша Раҷаб. Ҳафт хӯшаи сабз. Душанбе, 2008, с. 64-67. Романи Тешаи Раҷаб «Тақдири Тоҳир» дар сабк ва тасвир падидаи тамоман нодир дар адабиёти тоҷик аст. Зеро нависанда бо тағйири андаке аз ном ва номи хонаводагӣ шахсиятҳои асосӣ-бозигарони таърихи навро бармало мекунад. Таваҷҷӯҳ фармоед ба таърих ва тасвири воқеии фоҷиаи он солҳо ва ин номҳо: «Дастаҳои Кенҷаи Норасид, Ғафури Бенур ва Баҳриддини Бедин аз самти Ҳисор ба Душанбе!… Ҳо, он рӯз дар Хуҷанд оши оштии миллӣ не, оши худоии тоҷику Тоҷикистон буд!… Баъд… Баъд Дузди Сангак, Кӯри Табар, Мулло Ҳайдари Чекист, Малики Дурӯя, Акбаршоҳи Гадо, Дости Тупаланг, Шағоли Шабдол, Аскари Тақал, Анорбии Ҷанҷол, Холи Дурӯғ, Ашӯри Кадугенерал, Гургалии Кӯлобӣ ва дигарону дигарон… Имоми Чӯпонро бо зӯри яроқ ва хунрезӣ ба тахти тоҷик шинонданд. Бо яроқи пурзӯру аскари бегона ва дастгирии хӯҷаинони аҷнабиашон ба Душанбе-пойтахти тоҷикон чун гургони хунмаст зада дарома‐ данд!!!…» Ниг.: Теша Раҷаб. Ҳафт хӯшаи сабз. Душанбе, 2008, с. 132- 133. Боз ба ин номҳо, ки корномаашон дар рухдодоҳои феврали соли 1990 ба ҳамагон ошност, дар саҳифаҳои 66-72 китоби мазкур таваҷҷӯҳ шавад: Қаҳҳори Сиёҳ, Ғоиби Назар, Муроди Ҳаёт, Б. И. Подгель, Ҳувайдуллои Вовайло, Нури Муҳаммад, Ҳакими Карим, Мазҳаби Мухтор ва дигарон… Албатта, дар китоби Тешаи Раҷаб аз нақши «ҷӯра»аш-Бозори Собир дар равандаи ҳодисаҳо ба таври иғроқомез сухан рафтааст.

(19) Сиёсати раҳбарони калладори Тоҷикистон дар мавриди тафсири рухдодҳои феврали соли 1990 дақиқан ба ин латифаи Афандӣ шабоҳат дошт: Афандӣ бо хари дӯстдоштааш аз осиёб як ҷувол орд меовардааст. Хар аз хастагӣ ва ё муғамбирӣ сарашро пойин андохта, ҳеч роҳ намеравад. Ин якравии харро дида, яке аз ошноҳои Афандӣ мегӯяд:-Як пора аз қаланфури тундро гирифта, зери думи харатон кашед, монанди асп хоҳад давид! Афандӣ ин «машваратро» ба кор мебарад. Хар аз расидани қаланфур ба ҷои нозукаш ба ҷон расида, он чунон ба давидан медарояд, ки Афандӣ ба он расида наметавонад. Он гоҳ худи Афандӣ ҳам аз «мӯъҷизаи қаланфури сурхи тунд» ба ҳайрат афтода, мехоҳад онро озмойиш намояд ва шалворашро кашида, андаке ба паси худаш аз қаланфур меомолад ва аз сӯзиш ба давидан даромада, аз хараш пеш мегузарад ва зудтар ба деҳа мерасад. Назди масҷиди деҳа одамон Афандии дар ҳоли давро дида, мепурсанд: -Ҳа, Афандӣ, чӣ шуд? Ин қадр дави миллӣ ба роҳ андохтед! Афандӣ дар посух мегӯяд: -Хоҳишмандам хари маро ин ҷо нигаҳ дошта, ба хонаам баред. Ман каме дигар бидавам, то ғубори дилам барояд…

(20) Ғайричашмдошт ин мақолаи моро Шодмон Юсупов дастгирӣ ва баъзе носуфтагиҳои онро виройиш кард, ки ин ҷо лозим аст барои чунин некӣ ба ӯ миннатдорӣ баён менамоям.

(21) Нигаред: Б. Шафиев. Насибҷон Амонӣ: Он замон нашрияҳо озодтар буданд.-Нигоҳ, №27(250), 21.09.2011, с. 4.

(22) Соҷидаи Мирзо. Ку Гунаҳкорони Баҳманмоҳ. «Чароғи рӯз» №7(28) феврали соли 1992. Бознашр дар ҳафтаномаи таърихӣ-тадқиқотии «Самак» №07(14), 6 феврали соли 2012, саҳ. 9-10 ва №08(15), 13 феврали соли 2012, с. 9-10. Дар ҳамон ҷаласаи маҳфили «Рӯ ба рӯ» бо КГБ дар таърихи 29.09.1989 он созмони бонуфурзро муовини Раиси КГБ Белоусов намояндагӣ мекард ва ҳузур дошт. Поёни фаъолияти вай дар Тоҷикистон ин «корнома» аст, ки онро Солеҳҷон Ҷӯраев пас аз бист сол фош кард: Суол: «-Аммо Белоусов он вақт худро сафед карда гуфта буд, ки ӯро гаравгон гирифта, маҷбур карда буданд, ки ба миёни анбӯҳи одамон граната партояд. Дар ин бора дар китоби С. Кенҷаев гуфта шудааст. Посух: -Ин ҳақиқат нест. Вақте ки ӯро моҳи майи соли 1992 боздошт карданд, дар тан ҷома дошт ва рӯяш грим кардагӣ буд. Ӯро ба таҳхона бурданд. Ман онҷо будам, баъдан Сангак Сафаров, Нурулло Ҳувайдуллоев (ӯ он вақт Прокурори генералӣ буд) ва Сафаралӣ Кенҷаев омаданд. Сафаров хост ки ӯро кушад, латукӯбро сар кард, аммо Ҳувайдуллоев ва Кенҷаев намонданд. Белоусов дар ҳузури ман эътироф кард, ки фармони раиси КГБ-ро иҷро кардааст». Ниг.: Н. Давлатов. М. Мамадшоев. Пушти ҳодисаҳои баҳманмоҳ кӣ истода буд?- «Азия-Плюс» ва «Фараж» феврали соли 2012. Дертар Белоусов ба Русия рафт ва мубталои майзадагӣ гардида, ба сазои аъмолаш расид ва дар як ҳодисаи тасодуфӣ кушта шуд.

* * *

Қисматҳои дигари мақолаи «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: