Перейти к содержимому

Таъсисоти нафтии Арабистони Саудӣ бомбборон шуд (видео)

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, субҳи имрӯз (14 сентябр) Ҳусиҳои Яман ду полоишгоҳи муҳимми нафтии Арабистони Саудиро дар шарқи ин кишвар бо 10 паҳпод (ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин) ҳадаф қарор доданд, ки дар асари он, дар ин ду полоишгоҳ оташсӯзӣ рух дод ва содироти нафтии ин кишварро бо ихтилол рӯ ба рӯ кард.

Бар асоси гузориши хабаргузории расмии Арабистон, Мансур ат-Туркӣ, сухангӯи Вазорати кишвари (дохилаи) Арабистони Саудӣ, эълом кард: “Дар соати чаҳори субҳи имрӯз тимҳои амниятӣ барои хомӯш кардани оташсӯзӣ дар ду корхонаи ширкати Арамку дар устони Бақиқ ва Харис вориди амал шуданд. Ин ду оташсӯзӣ дар натиҷаи ҳадаф қарор додани ин ширкат бо паҳпод буд.”

Дар ҳамин росто, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Ҳусиҳои Яман эълом кард: “Ягони паҳподии артиш, ду полоишгоҳи нафтии Арамкуи Арабистони Саудиро бо 10 паҳпод ҳадаф қарор дод

Вай идома дод: “Амалиёти мазкур дар чорчӯби ҳаққи табиӣ ва машрӯи мо дар посухгӯӣ ба ҷиноятҳои эътилофи мутаҷовиз ва муҳосираи панҷсолаи Яман сурат гирифтааст.”

Сареъ таъкид кард: “Ин амалиёт яке аз бузургтарин амалиётҳое аст, ки нерӯҳои мо дар умқи Саудӣ анҷом доданд. Ин амалиёт пас аз расади иттилоотии дақиқ ва ҳамкории афроди шарифу озода дар дохили Арабистони Саудӣ сурат гирифтааст.”

Вай афзуд: “То замоне, ки ҳамла ва муҳосира идома дошта бошад, низоми Саудиро ваъда медиҳем, ки амалиётҳои ояндаи мо бештару бештар густариш пайдо хоҳад кард ва дардовартар хоҳад буд. Аҳдофи мо рӯз ба рӯз тавсиъа пайдо хоҳад кард. Барои низоми Саудӣ роҳе ҷуз таваққуфи ҳамалот ва поён додан ба муҳосираи Яман вуҷуд надорад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: