Перейти к содержимому

Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид (5)

Ба қалами Мирбобо Мирраҳим

Қисмати 5

Гузашта аз ҳамаи ин: ҳанӯз соли 1989 мо барои тӯҳматномаи «Кто есть кто», ки 16-уми сентябри соли 1989 дар рӯзномаҳои Тоҷикистон чоп шуда буд, КГБ ва нашрияҳои коммунистиро ба додгоҳ додем (посухи мо бо далелҳои лозим зери номи «Симои ҳақиқӣ ё чанд мулоҳиза ба диққати муаллифон ва муҳаррири он» дар китоби «Ҷашни Наврӯз в ҷаҳоншиносӣ», ки соли 1992 интишороти «Ирфон» ба табъ расонидааст, саҳифаҳои 153-170 чоп шудааст, ки алоқамандон метавонанд ба он муроҷиат намоянд) ва натиҷаи кори додгоҳро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ доштем.

Дар чашмони заррабини ҷаноби С. Мирзорахматов симои Мирбобо Мирраҳимов ҳар қадр манфӣ ва таҳқиршуда ҷилвагар гардад, ҳамон қадар забони ӯ дарозтар мешавад. Муносибати Мирбобо Мирраҳимов ба дин ва рӯҳоният бо чӣ орову торо нақл шудааст, ки мутолааи он хандаовар аст. Ҳазрати С. Мирзорахматов дар мавриди Мирбобо Мирраҳимов чунин навиштааст: «Воинственный атеист, специалист по научному атеизму, защитивший кандидатскую диссертацию на тему безбожия ни где-нибудь, а в Академии наук общественных (?) при ЦК КПСС в одночасье перекрасился в верующего. И стал заигрывать с авторитетными деятелями духовенства-Эшони Тураджон (Отец Ходжи Акбара Тураджонзода), Эшони Саидашраф. И здороварся с ними хот трижды в день не рукопожатием, а объятиями» (1).

Нахуст, хушбахтона, имрӯз фасли сармои сиёсии солҳои 1937 ё 1953-1955 нест, ки барои чунин «кашфиёт» ба С. Мирзорахматов ҷоиза бидиҳанд. Албатта, аз ин бозёфти ишон танҳо хуфиянависон ва афроде аз қабили Л. А. Чигрин, худобиёмурз Сайфулло Ҷӯрабоев ва созмонҳои амниятии кишварҳои коммунистии собиқ ба таври фаровон метавонанд истифода ба амал оваранд, ки ҷойи ифтихор надорад.

Дуввум, барои ин мардаки орӣ аз адаб бояд гуфта шавад, ки ба шахсият ва эътиқоди дигарон сару кор доштан танҳо хоси ҲКИШ-коммунистони ва мутаассибони тундраву (аз ҳар адён ва мазоҳиб) лаҷуҷ аст, ки мехоҳанд, сараввал ба андеша ва орзуҳои инсон туф кунанд ва пасон шахсияташро поймол созанд.

Севвум, шукр, ки Қонуни асосӣ (Конститутсия) барои ҳар шаҳрванд озодии виҷдонро замонат додаст ва аз дасти С. Мирзорахматов ба ҷуз дурӯғ ва тӯҳмат бофтан дигар коре намеояд. Вагарна бо чунин иддаоҳо мисли солҳои 1937 бар сари ҳамагон чӣ балоҳоеро меовард, ки ҳатто шайтон аз ӯҳдаи он намебаромад.

Чаҳорум, дар олами мутамаддини имрӯз ҳеч кас эътиқоди одамонро ба андешае ё дин дунбол намекунад, балки ба он эҳтиром мегузорад. Гузашта аз ин олами мутамаддини имрӯз чандсад сол пеш Хоҷа Ҳофиз барои кӯрдилоне, ки фазозат ва фузулиро (2) ба касабаи аслии хеш табдил дода, дунболи бовар ё ишқи дигарон мегаштанд, ё ба парастиши онон айб мегирифтанд, чунин фармудааст (ба фикрам, барои фузулон ин беҳтарин ва зеботарин посух аст):

Дӯш он санам чӣ хуш гуфт дар маҷлиси муғонам:

— Бо кофарон чӣ корат?! Гар бут намепарастӣ! (3)

Ниҳоят, ман диндорӣ ва иродати хешро нисбат ба Ҳазрати Эшони Тӯраҷон (худо раҳмат кунад) ва шаҳид Эшони Сайидашраф (ҷояшон ҷаннат шавад) ҳеҷ гоҳ пинҳон накардаам ва намекунам, ки аз он ба сифати «далел» истифода кард.

Бо Ҳазрати Эшони Тӯраҷон дар миёнаҳои солҳои 1980 ошно шудаам ва дар мавсими ҳаҷҷи соли 1996 бо ҳам будем ва маносики ҳаҷро бо ҳам анҷом додем. Дар дори ҳиҷрат ва ғурбат низ аз дидани он кас хушҳол будам ва ҳатто барои дидор бо ишон дар соли 1997 ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҳам сафар кардаам. Ҳазрати Эшони Тӯраҷон муносибати хеле хубе бо ман доштанд. Як мусоҳибае низ бо ишон анҷом додаам, ки ба шакли китобча даромадааст (4). Дар зимн, ман андешаи худро дар ҳар маврид: чӣ сиёсӣ, чӣ динӣ ва чӣ озодихоҳӣ бо Ҳазрати Эшони Тӯраҷон озодона дар миён мегузоштам ва ҳеҷ гоҳ надидаам, ки аз ягон сухан ва баҳси банда озоре ба он кас ворид шуда бошад. Барои мисол: замоне ки масъалаи бозгашти Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода (поёни соли 1997 ва моҳҳои январ ва феврали соли 1998) аз Эрон ба Тоҷикистон ба сифати муовини нахуствазир матраҳ шуд ва ҳама онро тарафдорӣ карданд, ман ба ин бозгашти писари бузургворашон қатъиян мухолиф будам ва андешаамро дар ин маврид рӯйирост изҳор намудам. Далел ҳам доштам ва онро ба худи Ҳазрати Эшони Тӯраҷон ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода гуфтам (5) (метавонед он далоилро аз бародари мӯҳтарам Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, бародарони ишон ва оқои Мирзои Шакурзода бипурсед). Солҳо пас аз гузашти он сӯҳбат дар як дидор худи Ҳазрати Эшони Тӯраҷон фармуданд:

— Танҳо Мирбобо дӯсти ҳақиқӣ будааст, ки он вақт ба бозгашти Ҳоҷӣ Акбар ба Тоҷикистон мухолифат кард!

Бо Эшони Саидашраф дар нимаи дуввуми солҳои 1980 ошно шудам ва дидам, ки инсони босавод ва мантиқист, вале аз он ки барои касби мансаби қозигӣ дар Тоҷикистон мубориза мебаранд, хеле нороҳат шудам. Боре рӯйирост ба он кас гуфтам:

— Ин кори шумо як тафриқаи маҳз аст ва ҳамаи душманон аз ин хушҳоланд. Ҳол агар Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода Қозии Тоҷикистон аст, чӣ айбе дар кори ишон дидед? Хуб, танҳо ин ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз қавми Қаротегин нест?!

Хомӯш монданд ва пас аз сукути тӯлонӣ фармуданд:

— Таҳрики дигарон сабаб гардид, ки мо ба ин бало гирифор шудем…

Солҳои 1993-1994 бо Эшони Сайидашраф зери як сақф-зиндони КГБ (6) дар боздошт ба сар бурдем. Онеро, ки ҷаноби С. Мирзорахматов, ба дастбӯсиаш расидан мехоҳанд, маҳз Эшони Саидашраф соли 1992 аз чанголи марг наҷот доданд, вале он фард ҳангоми шахси дуввум дар қудрат буданаш барои аз зиндони марг озод кардани Эшони Сайидашраф дасти ёрӣ дароз накард… Дар зиндон бо сахтӣ ва шиканҷа шаҳид шуданд. Худо раҳмат кунад.

Ман дуои неки ин бузургонро гирифтаам ва аз ав-аву ҷақ-ҷақи ҳасудон парвое надорам. Бигузор нависанд ва садо баланд кунанд. Корвони худшиносии мо аз садои онҳо ҳаросе надорад ва ба роҳи хеш идома медиҳад.

Рӯйи ҷилди китоби М. Мирраҳим «Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар оинаи дӯсту душман» 1998.

Ин муқаддимаро танҳо барои он овардам, ки диндорон аз он ки шахсиятҳои бузурганд ва ё мақоме надоранд, бароям аҳамияте надорад, ҳама баробаранд ва ҳаммиллат ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ аз онҳо худро канор намекашам ва бо ҳама муносибати хуб дорам, албатта, то он замоне ки онҳо низ бо ман муносибати хуб ва бародарона дошта бошанд. Зеро ҳеҷ кас дар ин дунё муқаддас нест, ки қудсияти ӯ парастиш ва ё ситойиш шавад. Танҳо худованд ва паямбарон орӣ аз ҳар чӣ ҳастанд. Агар С. Мирзорахматов филми мустанади «Он чӣ, ки аён аст…» (7)-ро тамошо карда бошанд, дар он саҳнаи бисёр такондиҳандае ҳаст, ки мо дар як гӯшае дуртар аз қабристон назди марқаде истодаем. Мутаассибон барои гӯронидани муаллими деҳа дар қабристони умумӣ мухолифат варзидаанд. Он замон касе ҷуръат надошт ин ҳақиқатро ба таври ошкоро бигӯяд, вале М. Мирраҳимов хатари хонумонсӯзи таассуб ва меваи талхи ба бор овардаи онро гуфт ва дар навори синамо сабт ҳам кард ва барои ҳамагон намойиш дод. Вақте аз Ҳазратҳои (Ҳазарот) Эшони Муҳаммадҷон (Мавлавии Ҳиндустонӣ, ки дар он мустанад нахустин бор аз ин шахсияти бузург низ филмбардорӣ ва мусоҳиба анҷом шудааст), Эшони Тӯраҷон ва Эшони Сайидашраф суол кардам:

— Оё муллое ҳақ дорад барои гӯронидани шахси фавтида, ки ба айби озодфикрӣ гумонбар шудааст, мухолифат кунад ва ҷанозаи майитро ба қабристон роҳ надиҳад?

Посухи ҳар се нафар дақиқан яке буд ва ҳатто бо суханони андак қабеҳ гуфтанд:

— Он одам мулло набудааст, балки як хар. Аз куҷо чунин фатво баровардааст ва он ҳам дар ин замон, ки намешавад дақиқ собит кард, ки он майит дар зиндагиаш диндор буд ва ё бедин! Дуввум, кӣ медонад, шояд Худованд он шахсро дар биҳишт ҷой дода бошад…

Пеш аз наворбардории саҳнаҳои атрофи қабристон дар навори мустанади «Он чӣ, ки аён аст…» ин ҳикоят аз «Гулистон»-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ маро ба ёд омад:

«Яке аз ҷумлаи солеҳон ба хоб дид подшоҳеро дар биҳишт ва порсоеро дар дӯзах. Пурсид, ки:

— Мӯҷиби дараҷоти ин чист ва сабаби даракоти он чӣ, ки мардум ба хилофи ин мӯътақид буданд?!

Нидо омад, ки:

— Ин подшаҳ ба иродати дарвешон ба биҳишт андараст ва ин порсо ба тақарруби подшоҳон дар дӯзах.

Далқат ба чӣ кор ояду мисҳову мураққаъ Худро зи амалҳои накӯҳида барӣ дор Ҳоҷат ба кулоҳи баракӣ доштанат нест Дарвешсифат бошу кулоҳи татарӣ дор» (8).

Вақте ман панди ин ҳикояти безаволи Шайх Саъдиро бо суханони дар боло иқтибос овардаам аз Ҳазратҳои Эшони Муҳаммадҷон (Мавлавии Ҳиндустонӣ), Эшони Тӯраҷон ва Эшони Сайидашраф муқоиса кардам ва аз назари мантиқӣ ва илмӣ дар он лағзишеро надидам, ки шубҳа ворид шавад, чаро онҳоро эҳтиром накунам?!

Барои он ки авом бештар ба дониши фарогири тӯҳматгаро эътимод намоянд, С. Мирзорахматов на танҳо ба шахсияти Мирбобо Мирраҳимов тавҳин ва дурӯғбофӣ менамояд, балки ба номи писараш ҳам даҳон мезанад ва гоз мегирад, то маълум шавад, ки бесавод ва безавқ нест. Ҳар номе, ки ба фарзандонам гузоштаам, пеш аз ҳама дар доираи фарҳанги ном, одоб ва ахлоқ ва сониян, майлу хоҳиши ман аст ва ба шумо марбут нест ва ба машварататон низ ниёз надорам, рафиқ С. Мирзорахматов! Вале хушҳолам ба шумо машварати холисонае бидиҳам: то метавонед ба наслҳои ояндаатон номҳои хуби замонавӣ, масалан, барои абнои ҷинси хеш-«Мирзошутур Ҳангихӯҷа Кулӯхиддин (ҳамвазни Саломиддин) Осмонтӯра Саломиддинович-Мирзорахматов», барои ҷинси муаннас-«Бибиабасон Дастнарасон Тӯфоннисо Дарёбегим Саломиддиновна-Мирзорахматова» ё «Эзорбӣ ё «Кулӯхнисо Саломиддиновна-Мирзорахматова» (ва агар ба забони русӣ мехоҳед: Медведь, Волк, Зайяц, Капуста, Сковородка, Топор, Тополь, Подбородник, Брызгалка, Копейкин, Собакевич) (9) ва монанди онҳоро гузоред, то фарҳанги номгузории асили тоҷикӣ ва русӣ, ки ба мазмуни «Интернационал»-и коммунистӣ шабоҳат дорад, дар даштҳои қазоқ (иттифоқан он сарзамини аслии ниёкони ориёӣ аст: Ҳазрати Зардушти Сапетамон дар он ҷой қадам ба олами ҳастӣ гузошта ва дини поки хешро маҳз дар паҳнои бузурги Қазоқистони имрӯз тарғиб ва устувор кардааст. Дар ин маврид муроҷиат шавад ба осори муҳаққиқин ва ба вижа Мери Бойс оид ба пайдоиши ойини зартуштӣ ва ҷуғрофиёи он) густариш пайдо карда, оламгир шавад, иншоаллоҳ.

Гоҳо С. Мирзорахматов аз бехудӣ ба худ меояд ва ба мо машварат медиҳад, ки бояд воқеаҳои солҳои бист, сӣ ва панҷоҳи асри ХХ-ро мавриди пажӯҳиш қарор бидиҳем, ки он солҳо беҳтарин мағзҳои миллат дар гирдоби таъқиб маҳв шуданд. Чаро худи шумо ба ин кор машғул намешавед?! Дар оғози солҳои панҷоҳи садаи бист ҳазорон тоҷик ба ҷурми «босмачӣ» ба даштҳои қазоқ таъбид шуда буданд ва шояд насле аз онҳо то ба ҳол боқӣ бошад! Ба ҳар ҳол бо хаёли роҳат дар Қазоқистон ба корҳои савдои худатон машғул шавед ва агар метавонед гоҳ-гоҳ барои нашр ва пахши дурӯғномаи навбатӣ ё бо баҳонаи сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ҳам ташриф биёваред, ҳамагон аз шумо миннатдор мешаванд, ҷаноби С. Мирзораҳматов! (10)

Мо ба пажӯҳиши ин масоил ва мавзӯъҳои дар боло зикршуда пеш аз васияти аҷулонаи ҷаноби С. Мирзораҳматов оғоз карда, осори хуберо ҳам ба нашр расондаем (бо арзи таассуф, ки онҳо ба дасти номуборакаи шумо ва мушовиратон нарасидааст, вагарна боз чӣ қадр дурӯғ менавиштед ва устодатон-Н. Табаров ба ҳар тӯҳмат ва дурӯғатон фатвоҳои шаръӣ ва ғайришаръӣ содир карда, ҳамаро ба дарди сар меандохтанд): «Падидаҳои худшиносӣ» (1989 ва 1999), «Ҷаҳон ҷои гудози дӯстон аст…» (Гуфтугӯ бо Ҳазрати Эшони Тӯраҷон, 1997), «Саъдахтар» (Гуфтугӯ бо Муҳаммадҷони Шакурӣ. Теҳрон, 2001, ба хати кириллӣ ба чоп расида), «Ватани ман дар куҷост?» (Гуфтугӯ бо Нӯъмон Неъматов. Душанбе, 2004), гуфтугӯҳо бо Моили Ҳиравӣ, Бӯринисо Бердиева (11), Саъдинисо Ҳакимова, Камолиддини Айнӣ, Валии Самад, Сайидқиёмиддини Ғозӣ ва боз чаҳор-панҷ китоби дигар низ омодаи нашр аст.

Яке аз намунаҳои ҳунари волои С. Мирзорахматов дар дурӯғбофӣ бо ҳам омехтани таърих ва шиорҳои гирдиҳамомадагони Майдони Озодӣ аз 29-31-уми август, 7-10-уми сентябр (12), 22-уми сентябр то 7-уми октябри соли 1991 бо гирдиҳамоӣ аз 24-уми март то аввалҳои моҳи майи соли 1992 дар Майдони Шаҳидон мебошад. Ин санаҳоро барои он овардам, то тӯҳматбофии С. Мирзораҳматов дар баҳамомехтани таърих дақиқ мушаххас шавад ва муаллифии ҳарфи дигаронро ба мо бор накунад. Он чӣ Эшони Қиёмиддин шиори «Русияи рӯсиёҳ»-ро дар миён гузоштааст (13) ва бармало кардааст, далел дошт ва он Афғонистон буд, ки беш аз сиву се сол мешавад оромӣ аз он ҷо рахт бастааст (ҳоло қарор аст ба ин номгӯ Боснӣ ва Ҳерраҳматзоговин, Косово, Қафқоз, Гурҷистон, Ироқ, Либӣ ва ҳатто Қирғизистон изофа шавад). Шиори «Марг бар Амрико!» ба ҳеҷ ваҷҳ ва ҳеҷ вақт соли 1991 дар гирдиҳамоиҳои Майдони Озодӣ садо надодааст ва сад дар сад дурӯғ аст, Рафиқ С. Мирзорахматов! Бо камоли масъулият эълон менамоям, ки ин тӯҳмат ва сафсаттаро С. Мирзорахматов танҳо барои худашро ба амрикоиҳо ва Русия ширин кардан аз хеш бофтааст. Шиори «Марг бар Амрико!» моҳи апрели соли 1992 дар Майдони Шаҳидон аз ҷониби кӣ садо дод, мо дақиқан намедонем ва ҳамаи ин сафсаттаҳои бофтаи тахаюлоти мавҳуми ҷаноби С. Мирзорахматов аст ва ба М. Мирраҳимов ҳеҷ нисбате надорад?! Зеро дар гирдиҳамоии Майдони Шаҳидон (март-майи соли 1992) М. Мирраҳимов на баранда, на сухангӯ буд ва на муҷрӣ! Он вақт мо ҳаққи сухан гуфтан дар ҳеҷ гирдиҳамоиро надоштем (14). Чӣ тавр мешавад ин қадр дурӯғ бофт, ба инсон тӯҳмат зад ва як бор андеша накард, ки чӣ менависӣ?! Камтар қонунҳои кишварро донистан ҳам лозим аст, ҷаноби С. Мирзорахматов! Агар Эшони Қиёмиддин дар мусоҳибаи хеш бо хабарнигорони рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар мавриди Артиши 27.000 нафараи исломӣ сухан гуфтааст (15), бирав аз Ҳазрати Эшони Ҳоҷӣ Қиёмиддин бипурс, ки он Артиши бисту ҳафт ҳазорнафараи буррону таррору ҷаррори (16) ислом куҷост? Ё Давлати Усмон қаблан нигаҳбони кадом як идора буда ва пасон муовини нахуствазир (таваҷҷӯҳ фармоед, ки ин қаламбадаст дар ҳаққи як инсон чӣ қадр дурӯғ ва тӯҳмат бофтааст): «Назначение бывшего охранника райсельхозтехники, человека с кишлачным мышлением и кругозором Давлат Усмона вице-премьером, курирующим правоохранительные органы, вызвало тогда бурю негодования по всей республики и стало вкупе с убийством Сангова одной из главных причин разразившийся впоследствии трагедии». Карикатурный вице-премьер оказался страстным любителем пресс-конференций. Чуть ли не каждый день он собирал журналистов, чтобы осветить какой-нибудь вопрос» (17) ва ба гуфтаи шумо «ҳеҷ ҷое таҳсил накардааст» («нигде не учился») (18), ба Мирбобо Мирраҳимов чӣ дахл дорад?! Шумо агар мардед ва соҳиби ақли солим ба худи Давлати Усмон нависед, ки дурӯғ гуфтед, зеро он вақт ҳам ӯ маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ дошт ва имрӯз унвони номзади илмӣ дорад ва ба наздикӣ рисолаи доктори илм дифоъ хоҳад кард. Албатта, чунин таҳқир ва тавҳин нисбат ба дигарон дар олами мутамаддин пайгарди қонунӣ ҳам дорад, ки шояд шумо аз он бехабар бошед.

Азизи дилу дидаи Нур Табаров, рафиқ Саломиддин Мирзорахматов! Мирбобо Мирраҳимов 30 октябри соли 1992 бо табдили «Ширкати давлатии садо ва симо» ба «Кумитаи давлатии садо ва симои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз вазифаи Райисии он канор рафт ва худи ҳамон рӯз Даврон Ашӯров Райиси «Кумитаи давлатии садо ва симои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин шуд. Аз таърихи якуми моҳи ноябри соли 1992 дигар на барномаҳои садо ва на намойишҳои симо ба Мирбобо Мирраҳимов ҳеҷ нисбате надошт ва надорад. Он чӣ намунае аз мусоҳибаи муовини шаҳрдори Душанбе ҷаноби Юрий Филимонович Поносов (шумо, ки даъвои рӯзноманигорӣ доред, чӣ тавр ҳатто ном ва номи хонаводагии муовини шаҳрдории Душанберо дар ёд надоред!? Ҳофизаи таърихиатон куҷост?) мисол овардаед, ба нимаи дуввуми моҳи ноябри соли 1992 дахл дорад ва шумо барои аҳмақ кардани одамон ин тӯҳматро ба мо мебандед, то ҳамагон бовар кунанд, ки шон ҳақгӯ ҳастанд?! Дар мавриди Аҳмадшоҳ Комилов ва Муҳаммадюсуф Ҳакимов низ С. Мирзорахматов суханҳои зиёде бахшидаанд («Преуспевал в этом деле бездарный, необразованный Ахмадшохи Комил (язык не поварачивается назвать его журналистом)-заместитель(?) Мирбобо и Мухаммадюсуф в роли политического обозревателя» (19), ки лозим буд мушаххас ба худи онҳо гуфта шавад, на ба Мирбобо Мирраҳимов! Вале С. Мирзорахматов ҷуръат надоранд, ки рӯирост нисбат ба худи онҳо чизе бинависанд. Зеро хуб медонанд, ки ба А. Комилов ва М. Ҳакимов дарафтодан барояшон шӯҳрат намеоварад, балки он ашхос метавонанд тартиби ин беадабиро чунон ҳам ба ин ҷаноби мӯҳтарам нишон бидиҳанд, ки ҳафт пушташ фаромӯш нахоҳад кард. Чӣ лозим! Беҳтар аст ҳамаи айбу камбудиҳоро ба Мирбобо Мирраҳимов нисбат дод (зеро М. Мирраҳимов шимолӣ аст ва касе аз ӯ пуштибонӣ нахоҳад кард, аммо он ду нафар ҳамшаҳриҳои ҷаноби олианд), то барои пойбӯсии зинаи қудрат заминаи муносиб муҳайё шавад. Охир, солҳои оянда интихоботи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз он интихоботи дигареро дар пешорӯ дорем ва нерӯҳои тозанафаси тамаллуқкор аз имрӯз барои хидмат камари ҳиммат бастаанд!!!

Ҷаноби С. Мирзорахматов нафрати бепоён ба Мулло Абдуғаффор (худо раҳмат кунад) ва Мулло Муҳаммадрасул доранд (20). Намедонам Ҳоҷӣ Мулло Муҳаммадрасул чӣ коре дар ҳаққи шахси Саломиддин Мирзорахматов анҷом додаст, ки нуздаҳ сол мешавад, ин бечора шабу рӯз дар зеҳнашон ин ҷумлаҳоро парваридаанд ва бадбахтиашонро аз Мирбобо медонанд:

«Среди этих с позволения сказать «духовных отцов» особо выделялись своей жестокостью и цинизмом террористы мулло Абдугаффор и мулло Мухаммадрасул. Как же можно назвать их виновными, ведь Мирбобо был их имиджмейкером!

Я не голословно называю и Мулло Мухаммадрасула террористом» (21).

«… Мулло Мухаммадрасулу, который возглавлял мародерство, этого было мало. Ему нужны были живые деньги. И он на терроре наладил доходный бизнес. Захватывая, без разбора в заложники и гармцев и кулябцев, он приговорил их к смертной казни. Затем, оповестив родственников, он ставил условие-если к такому-то времени те принесут нную сумму денег, смертник может быть помилован. Помнится, у одного приговоренного дома не нашлась названная сумма, и для него весь кишлак собирал деньги.

Летом 1992 года Давлат Худоназаров в рамках своей миротворческой миссии привел в совхоз Туркменистан председателей Вахшского и Бохтарского районов Файзали Кувватов и Абдулмаджида Достиева для переговоров. В зале, где должны были состояться переговоры, собралось много журналистов, а Достиев и Кувватов сидели на первом ряду. Вдруг в зал ворвался мулло Мухаммадрасул и с истериичным криком «Кто вас позвал сюда!!!» набросился на Достиева и приставил пистолет к его виску. Все сидящие замерли от страха. Охранники Худоназарова с трудом разняли их. Переговоры, конечно, не состоялись.

Кровавый фанатик мулло Мухаммадрасул своей ненавистью и жестокостью фактически опорочил благородные идеи возрождения священной религии ислам» (22).

Хушбахтона, Мулло Муҳаммадрасул зинда аст ва ҷаноби А. Достиев ҳам. Бигузор онҳо даъвояшонро бо ҳамдигар бигӯянду бишнаванд ва пои моро ба он таърих кашондан чӣ маънӣ дорад?! Ҳар кас он замон ғоратгарӣ, гуноҳе ё имрӯз дуздие карда, ба худаш марбут аст, на ба мо! Имрӯз Ҳоҷӣ Мулло Муҳаммадрасул имом-хатиби кАдом як масҷиди расмии вилояти Хатлон аст ва ҳазорон-ҳазор диндор аз паси ӯ иқомаи намоз мекунанд ва шумо, ҷаноби С. Мирзорахматов, бо ин навиштаҳоятон доғе ба гиребони пироҳани пок ва намозии ишон часпонидаед, ки масъулияташ бар дӯши худи шумост. Сониян, барои ҳалли чунин даъво дар дунёи мутамаддин ДОДГОҲ (яъне ба забони модарии шумо «суд») ҳаст. Биравед додатонро аз он кас ба додгоҳ бигӯед, на ба Мирбобо Мирраҳимов! Одатан занҳои руспӣ эзору поҷомаашонро дароварда бар гардани бегуноҳон меандозанд, ки: «ту ин корро дар ҳаққи ман кардӣ!» Мо, ки писархолаи шумо ва Мулло Муҳаммадрасул нестем, ки ҳар нозатонро бардорем ва болои чашм гузорем!

Аммо асли паёме, ки дар навиштаҳои боло нуҳуфта аст, ин хушомадгӯӣ ва тамаллуқи дерҳангоми С. Мирзорахматов ба А Достиев мебошад, ки ишон ду дасташонро сари сина гузошта ва бардаворона дуқат хам шуда, сарашонро то ба замин расонида, мехоҳанд чунин бигӯянд:

— Ассалому алейкум, мӯҳтарам ҷаноби Абдулмаҷид Достиеви азиз! Он таърихро ёд доред?! Олиҷаноб! Қурбони шумо! Кӯчаки шумо ҳастам! Хоки поятон шавам! Дастбӯси шумо ҳастам! Ман бо шумо будам ва имрӯз аз дирӯз ҳам бештар шуморо дӯст дорам! Иродат дорам! Имрӯз шумо сафири Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар Русия ҳастед. Хоҳиш мекунам, ин навиштаҳои моро ба ҳокимони кунунии Маскав-хоҷагонамон Д. А. Медведев, В. В. Путин ва ҷаноби Н. Назарбоев ва ҳатто мӯҳтарам Ислом Каримов тӯҳфа бибаред, то онҳо муталеъ шаванд, ки ба ҳамаи воқеаҳои Тоҷикистон ва бедории тоҷикон гунаҳкор Мирбобо Мирраҳимов буд ва ҳаст! Китобчаамро ҳатман бепул ва бо камоли эҳтиром ба намояндагони парлумони Тоҷикистон, аъзоёни Итиҳодияи рӯзноманигорон, ширкаткунандагони ёдбуди 75-солагии Устод Отахони Латифӣ дар Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон (ки шахсан ҷоизае таъсис ва барои тақдир аз худ пешбинӣ кардаам) ва ҳатто носфурӯшон ва лӯлиҳои сершумори садақаталаб дар кӯчаҳои Душанбе бо соядаст тақдим хоҳам кард, то ҳамагон ба васвасаҳои бофтаам бовар кунанд ва ҳаққо, ки ман ҳаққам! (23)

Паёми пурасрори С. Мирзорахматов ҳатман дарёфт хоҳад шуд ва муаллифаш бе подош нахоҳад монд. Мутмаин бошед!

* * *

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Мирзорахматов С. Герои…, с. 78.

(2) Фазозат-дағалӣ; сангдилӣ, бераҳмӣ; нокасӣ, ноодамӣ. Фузулӣ-сергапӣ; беҳуда мудохила кардан дар корҳои дигарон; забодарозӣ; зиёдаталаб, одаме, ки дар корҳо ва муносибатҳо аз ҳадди эътидол берун меравад.

(3) Ҳофиз, Шамсиддин Муҳаммад. Девон. Теҳрон: Китобсарои нек,

1383, с. 272.

(4) М. Мирраҳим. Ҷаҳон ҷои гудози дӯстон аст… (Гуфтугӯ бо Ҳазрати Эшони Тӯраҷон). 1997. 64 саҳифа.

(5) Он чӣ мо дар мавриди бозгашти Ҳ. А. Тӯраҷонзода ба Тоҷикистон ва натиҷааш пешбинӣ карда будем, дақиқан аз об дуруст даромад: ҳарифон ҳамаи айби ҷанги шаҳрвандӣ ва тамоми бадбахтиҳои бар сари мардум омадаро бар дӯши ишон бор карданд (ҳарчанд гунаҳкорони асосӣ дигарон буданд), зери фишори сахти сиёсӣ ва иҷтимоӣ қарор доданд, корхонаи коркарди пахтаро, ки моли ишон буд, оташ заданд ва моҳи декабри соли 2011 ба ӯ ва бародаронаш тӯҳмат бор карданд, ки «маросими шиъа» баргузор намудаанд ва масҷиди ҷомеи «Муҳаммадия»-ро нахуст ба муддати се моҳ бастанд. Мувофиқи ҳукми додгоҳ аз 23 майи соли 2012 масҷиди «Муҳаммадия» аз баргузории намози ҷумъа маҳрум карда шуд. Аз оғози соли 2012 сар карда шахсияти Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро ба таври мураттаб дар саҳифаҳои матбуот мавриди тӯҳмат ва таҳқир қарор доданд…

(6) Пас аз ҳодисаи шаби 23 ба 24 августи соли 2010 ин зиндон дар ҷаҳон бештар маъруф шудааст ва ҳатто овоза аст, ки Ҳолливуд сужаи филми нави ҳунариеро бар асоси воқеаҳои ин зиндон ва фирори бандиён дуруст карданист…

(7) «Он чӣ, ки аён аст…», номи ин мустанад ба забони русӣ: «Из первых рук», коргардон П. В. Аҳмадов, муаллифи филнома ва ровӣ М. Мирраҳимов.-Тоҷикфильм, 1987, муддатзамон 1 соату 10 дақиқа.

(8) Саъдӣ, Муслиҳиддин Абдуллоҳ. Гулистон. Теҳрон: Қадёнӣ, 1370 хуршедӣ, с. 112. Тақарруб-наздикӣ, ҳамнишинӣ; мисҳ-ҷомаи пашмини дурушт; мураққаъ-ҷомаи дарбеҳдор; баракӣ-1.кулоҳе дароз аз пашми шутур, 2. қаҷ гузоштани кулоҳ ба маънои ҳавобаландӣ ва олуфтагӣ; кулоҳи татарӣ-кулоҳест, ки муғулон бар сар ниҳодаанд; каллапӯши муғулон.

(9) Ин номҳои меваю сабзавот, парранда, ширинӣ ва аҷибулғарибро ҳам дар зеҳнатон захира намоед, то замоне ба дарди шумо ва наслҳои ояндаатон бихӯрад: Шафтолу, Олуболу, Себча, Шарбат, Лаблабу, Карам, Шалғам, Ҳалво, Қаторӣ, Гушна, Хирсалӣ, Гургалӣ, Гургак, Кафтар, Зоғ, Архив, Акка, Пахта, Порча, Қиматӣ, Ҷанҷол, Панир, Пуффак, Нӯшоба, Тарбуз, Харбуза, Барра, Тойча, Тарозу, Истгоҳ ва ғайра.

(10) Моҳи апрели соли 2011 ин ҷумларо навишта бовар доштем, ки рӯзе мерасад, ки ҷаноби С. Мирзорахматов худ барои ҳамагон симои ҳақиқиашонро боз хоҳанд кард. Дақиқан як сол пас аз он таърих, яъне 25.04.2012, акси садои бисёр бамавқеъи С. Мирзорахматов ба паёми солонаи Раиси Ҷумҳур дар «Asia-Plus» (№31/718/, 25.04.2012, с. А/4) бо унвони «Мы тоже могли бы инвестировать в экономику Таджикистана» ба чоп расид ва дурустии диди моро дар мавриди мавқеъгирии хуби ишон собит кард. Агар касе дилу нияти поки сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро дорад, ҳоҷат ба пахши эълони бозаргонӣ нест, ки бо баҳонаи паёми солонаи Раиси Ҷумҳур худашро нишон диҳад. Ба иборати дигар ба С. Мирзорахматов бояд гуфта шавад, ки: -Ҳазрато! «Гар ба дил шавқе надорӣ синаҷунбонӣ (бархе фармудаанд: дунбаҷунбонӣ) чӣ суд!»

(11) Ин гуфтугӯи мо Бӯринисо Бердиева бори нахуст дар шумораҳои 45(152)-55(162) ҳафтаномаи «Фараж» аз 7 октябр то 25 ноябри соли 2010 ва ду сол пас, соли 2012 дар шумораҳои 3–4-и маҷаллаи «Тоҷикистон» бо андак ихтисор чоп шуд.

(12) Ин ҷо лозим аст ёдовар шуд, ки агар ин гирдиҳамоиҳои нерӯҳои мардумӣ дар охири моҳи август ва даҳаи нахусти моҳи сентябри соли 1991 набуд, бо итминони комил мегӯем, ки сад соли дигар ҳам парлумони Тоҷикистон эълони истиқлолият намекард. Ҳатто онҳое, ки баҳори соли 1992 бо шиору даъватҳои «СССРа барқарор менем!», «Мо бо шумоем С. Кенҷаев», «Байрақи СССРа дар қуллаи Коммунизм мезанем!» (коммунистони аршад ва сарварони гиромӣ барои анҷоми ин мақсади наҷибашон сарҳанг М. Худойбердиевро баргу‐ зида буданд!) дар Майдони Озодӣ гирдиҳамоӣ ороста, хайма заданд, имрӯз бо шиорҳои «Шукри истиқлоли Ватан», «Истиқлолият муқад‐ дас аст» сухан мегӯянд ва бистсолагии истиқолиятро ҳамчун пеш‐ даромад ё тамриноти (репититсия) куллӣ ба бистсолагии Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олӣ дар Кохи Арбоби Хуҷанд ҷашн мегиранд. Албатта, ин мавзӯъ аз назари рафиқ С. Мирзорахматов дур мондааст ва ин ҷо ҳамин ишорат кофист.

(13) Барои чӣ ва бо кадом далоил шиори «Русияи рӯсиёҳ» ба миён гузошта шуд, хоҳишмандонро лозим аст, ки ба китоби гуфтугӯҳои мо бо Сайидқиёмиддини Ғозӣ (ки дар дасти чоп аст) муроҷиат намоянд.

(14) Дар ҳамон китоби «То ба кай об аз таги ях меравад?» (ниг.: с. 101-104), ки рафиқ С. Мирзорахматов дар даст доранд, матни сухани охирини М. Мирраҳимов дар мурофиаи Додгоҳи (суд) шаҳри Душанбе аз 24.02.1992 оварда шудааст ва аз мӯҳтавои он бармеояд, ки моро бо даъвои С. Кенҷаев мувофиқи моддаи 138/3 КҶ ҶТ шартан ба муддати ду сол аз озодӣ маҳрум кардаанд ва ҳукми додгоҳ ба таъвиқ афтода. Яъне агар аз мо дар зарфи ду сол ягон камбудие содир шавад худ аз худ ҳукм фаъол мешавад. Бинобар ин банда дар гирдиҳамоии Майдони Шаҳидон (соли 1992) ҳаққи сухан гуфтан ва фаъолона ширкат карданро надошт. Ман аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон бурдам. Дар ҷаласаи баррасии шикояти ворида ба ҳукм рӯзи 5 майи соли 1992 Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе дар мавриди даъвои С. Кенҷаев нисбат ба М. Мирраҳимовро бекор кард. Аммо ним сол пас, яъне дар поёни соли 1992, Додситони шаҳри Душанбе Саломиддин Шаропов бо фармони худ Қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистонро бекор ва ҳукми боздошти М. Мирраҳимов дар зиндонро содир менамояд. Албатта, ин кори хилофи ақли солим гиребони худи додситон Саломиддин Шароповро гирифт ва мо ба озодӣ баромадем. Ҳатто хирасарон ва бесаводон медонистанд ва медонанд, ки М. Мирраҳимов баҳори соли 1992 ҳаққи сухан гуфтан ва муҷригӣ дар ягон ҷамъомад, гирдиҳамоӣ, ҳатто гирдиҳамоии Майдони Шаҳидонро надошт, вале фақат маликулдурӯғ С. Мирзо‐ рахматов метавонанд чунин тӯҳмат ва ҳарза дуруст карда, бешармона онро ба нашр бирасонанд ва ҳатто фикр ҳам накардаанд, ки чӣ менависанд. Ба гуфти бародарони хуҷандӣ «каллаи шумо куҷонда (яъне «дар куҷост»), ҷаноби С. Мирзорахматов!»

(15) Мирзорахматов С. Герои…, с. 84.

(16) Буррон-бурро, тез; таррор-аёр; ҷаррор-анбӯҳ, бисёр.

(17) Мирзорахматов С. Герои…, с. 85.

(18) Мирзорахматов С. Герои…, с. 89.

(19) Мирзорахматов С. Герои…, с. 85.

(20) Кинаи деринаи ҳазрати С. Мирзорахматов ба муллоҳо ва рӯҳоният реша дар даврони коммунистӣ ва касабаи рӯзноманигории тамоман суп-сурхи коммунистии ишон дорад. Намунае аз он: «Так, до недавнего времени в совхозе «Комсомол» (Джиликульского района-М.М.) проживал самозваный мулла по имени Анвар, который в течение ряда лет нигде не работал, вел религиозную пропаганду среди населения. Более того, открыв незаконно школу, обучал детей догмам ислама». -Коммунист Таджикистана, 4.04.1988 г. с. 2.

(21) Мирзорахматов С. Герои…, 92.

(22) Мирзорахматов С. Герои…, 92.

(23) С. Мирзорахматов ба ин ваъдаҳои хеш асосан вафо карданд ва афзун бар он: 18.03.2011 ҷоизаи ба номи Латифӣ, ки худашон таъсис ва сармоягузорӣ фармуданд, ба худи ишон тааллуқ ёфт. Одамон барои шӯҳрат чӣ корҳое намекунанд!

* * *

Қисматҳои дигари мақолаи «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: