Перейти к содержимому

Ҳиммат

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳиммат яъне қасд, ният, ҳадаф. Баландҳиммат ба касе мегӯянд, ки қасду нияти олӣ дорад ва ҳадафаш бузургу олист. Инсон бояд ҳимматаш баланд бошад, на паст.

Донишманде буд ба номи Шайх Ҷаъфари Кошифулғито, як нобиға буд ин олим. Боре дар маҷлиси дарсаш, аз яке аз шогирдонаш пурсид, ки дар илму дониш мисли чӣ касе мехоҳӣ бишавӣ? Он шогирд посух дод, мисли шумо! Шайх Ҷаъфар гуфт, хеле ҳиммати пойин дорӣ, ман замоне мехостам дар илму дониш мисли Имом Ҷаъфари Содиқ бошам, аммо ҳоло ҳамин шудам, ки мебинӣ! Ту агар ҳимматат ин бошад, ки дар дониш мисли ман бошӣ, ними ман ҳам намешавӣ, ҳиммататро боло бибар, бигӯ мисли Имом Содиқ мехоҳам бошам, он вақт чи басо аз ман ҳам олимтар гардӣ.

Ғараз ин аст, ки инсон бояд ҳадафи бузурге пеши рӯи худ бигузорад ва он вақт барои расидан ба он талош кунад. Ва касе, ки ҳадафаш бузургу ҳимматаш болост, ҳаргиз ба корҳои хурду рез худро андармон намекунад, ва ба қавли мардум, ба корҳои “майда-чуйда” худашро машғул намесозад.

Ҳамчунин, касе, ки ҳадафаш бузург аст, худмеҳвару худбин ҳам нест, зеро худмеҳварӣ ва худбинӣ илова бар ин ки як хулқу хӯйи бисёр зишту нописанд аст, инсонро аз расидан ба ҳадаф бозмедорад. Зеро одами худбину худмеҳвар бештари вақташ сарфи нигоҳ ба худаш, расидан ба худаш, тавҷеҳи худаш, дарафтодан бо касоне, ки аҳёнан ба ӯ баду бероҳ мегӯянд ва ҳамчунин розӣ кардани ину он ва ин гуна корҳои беҳуда мешавад. Якчунин инсоне, дигар вақте надорад, ки ба ҳадафаш фикр кунад, барои расидан ба ҳадаф гом бардорад, вақте пайдо намекунад барои ин кор. Аз ин рӯ, яке аз нишонаҳои беҳимматӣ ё пастҳимматӣ худбинӣ ва худмеҳварӣ аст.

Асосан, инсоне, ки ҳимматаш боло ва ҳадафаш бузург аст, ба суханони дигарон дар бораи вай, ба мавзеъи дигарон дар бораи вай, ба назару дидгоҳи дигарон дар бораи вай кучактарин аҳаммияте намедиҳад. Барои вай, муҳим назари Худост. Агар миёнааш бо Худо хуб бошад — яъне ҳамеша авомири илоҳиро анҷом ва аз наҳйҳои шаръӣ даст бардорад – дигар ғаме надорад. Ӯ вақти гаронқиматашро ба таваҷҷӯҳ ба ин чизҳои беҳуда сарф намекунад.

Хулоса, бояд баландҳиммат буд. Ва лозимаи баландҳимматӣ ҳамин аст, ки арз шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: