Перейти к содержимому

Суханронии Алим Шерзамонов дар маросими солгарди ПМТ

Алим Шерзамонов, мушовини раҳбари ПМТ, дар суханоне дар маросими нахустин солгарди таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон, ки ҳамин соатҳо дар ҳоли баргузорист, баён дошт: “Як сол пеш дар ҳамин ҷо ва дар остонаи 27-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, эътилофи нерӯҳои мухолифини тоҷик — Паймони Миллии тоҷикистон таъсис гардид. Чаҳор сол аз ба ном “ошӯби Ҳоҷӣ Халим Назарзода” сипарӣ мешавад, ки дар пайи он аз тарафи режим ба таври бесобиқа бо иборае фишангҳо тоб дода шуданд. Дар тӯли ин чаҳор сол, ҳукумат амалан ҷомеаи шаҳрвандиро, ки тоза қомат рост мекард саркӯб намуд, қисми асосии онро паси панҷара бурд ва қисмати кучаки он ҳам маҷбур ба тарки ватан шуданд.”

Вай афзуд: “Соли гузашта дар ифтитоҳи Паймон, бародарамон Темур дар суханрониаш як воқеиятро қайд карда буд, ки ин эътилоф на имрӯз таъсис ёфт, балки афроде, ки инҷо ҷамъ шудаанд, меросбарони истиқлолхоҳони тоҷики солҳои 90-и асри гузашта мебошанд, ки эътилоферо таъсис дода буданд, ки дар ниҳояти кор ба қабули эъломияи истиклоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи лоиҳаи нишон ва байрақи Тоҷикистон, ки баъдтар дар Сессияи нангини 16-уми ШО онҳое, ки бар зидди истиқлоли давлат муборизаи мусаллаҳона мебурданд, бо тағйироти андаке ин нишон ва байрақи давлати тозабунёдро қабул карданд.”

Шерзамонов идома дод: “Минбаъд ин тӯда, ки акнун ба захираҳои бесоҳибмондаи миллат дастрасӣ пайдо карданд, дарк намуданд, ки истиқлол он қадар бад ҳам набудааст ва акнун метавонанд бе ҳарос аз марказ ва бо ҳаросафкании мардуми худ роҳат онҳоро ғасб кунанд. Акнун дар қатори дигар дороиҳои миллат мафҳумҳои муқаддасеро ба монанди Истиқлол, Миллат, Ватан, Давлат соҳиб шуданд. Воқеан имрӯз ҷиноҳе, ки баҳри истиқлоли давлат мубориза мебурд, аксарашон кушта ё зиндонӣ шудаанд ва ё аз ватан муҳоҷират кардаанд. Қисмате аз он ҳам порсол дар ҳамин шаҳр эътилоферо бо номи ПМТ таъсис додем ва умедворем, ки ҳамакаса шароитеро ба вуҷуд оварем, ки тамоми озодихоҳон, ки такрор мекунам ҳамаашон меросбарони он бузургони мо, ки дар солҳои 90-и асри гузашта тавонистанд ибтидо бар қабули қонуни забони давлатӣ пофишорӣ карда муваффақ шаванд ва дар ниҳояти кор давлати моро ба истиқлол расонданд, ба ҳам оем.”

Вай афзуд: “Мо имрӯз ҳақ надорем нисбати қурбониҳои онҳо, ки то кунун қисмате аз эшон дар зиндонхои режим ҳанӯз ҳам қурбонӣ медиҳанд, беэътино бошем ва нагузорем, ки ин режим боқимондаи нухбагони миллатро аз қабили Маҳмадалӣ Хайит, Сайидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Саид, Бузургмеҳр Ёров, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Раҳматуллои Раҷаб ва садҳои дигарро қурбон кунанд.”

Алим Шерзамонов дар идомаи суханони худ, гузориши нисбатан муфассале аз фаъолияти яксолаи ПМТ ироа намуд, ки иборат ҳастанд аз:

— ширкат дар нишастҳои САҲА дар Варшава;

— дидору гуфтугӯ бо беш аз намояндагиҳои 15 давлати узви САҲА;

— гузаронидани тазоҳурот дар Олмон дар таърихи 12.10.2018;

— ширкати ҳайати 15 нафараи ПМТ бо роҳбарии Раиси он дар конфронси байналмиллалии маъруф ба номи “Ҳамоиши солонаи мусалмонони Фаронса”;

— ширкати ҳайати ПМТ дар хамоиши Бонн ва вохӯрӣ бо Ганнушӣ;

— лағви конфронси таблиғотии ҳукумат алайҳи мухолифин дар Истонбули Туркия;

— ширкати ҳайати ПМТ дар маҷлиси ҳуқуқи инсон дар Женев дар июли соли 2019 ва мулоқот бо созмонҳо ва шахсони алоҳида;

— сафари ҳайати Шӯрои олии ПМТ ба давлати Шоҳигарии Норвеж ва дидору мулоқот ба мақомоти давлатии ин кишвар ва бо раёсати Кумитаи Хелсинкии Норвеж дар Осло;

— дар таърихи 19.05.2019 канали ютубии «Паймони Миллии Тоҷикистон» ташкил шуд, ки тавассути он раис ва аъзои Шӯрои раҳбарии ПМТ пайғомҳои худро ба мардум мерасонанд;

— дар моҳи феврали соли 2019 бо ташаббуси Ассотсиацияи Муҳоҷирони ОМ дар Урупо конфронси байналмиллалӣ дар мавзуъи “ОМ: ислоҳот, саркӯб ва ифротгароӣ» баргузор шуд;

— дар ҷараёни ин конфронс бо ташаббуси раиси Ассотсиатсияи Муҳоҷирони ОМ дар Урупо Илҳомчон Ёқубов нияти таъсиси ҷоизае ба номи марҳума Файзинисо Воҳидова эълон гардид ва ахиран ду ҳафтае пеш рӯйхати ниҳоии се номзад барои дарёфти ин ҷоиза, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд эълон шуд;

— вохӯрии ҳайати ПМТ бо ҳайти калони дафтари САҲА дар Вена.

— пешниҳоди гузориши алтернативии АОТ, Euroasian Dialog ва Human Rights Vision ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва ширкати ҳайати чорнафараи он дар ҳисоботи Тоҷикистон дар назди ин созмон дар Брюсел.

— 21.05.2019 парвандаи муовини раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ҳамроҳ бо парвандаи 10 узви дигари раҳбарияти аршади ҲНИТ тавассути Freedom Now ба гурӯҳи кории СММ оиди боздошти худсарона равон карда шуд…

Ва ғайра…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: