Перейти к содержимому

Суханронии Илҳомҷон Ёқубов дар маросими солгарди таъсиси ПМТ

Илҳомҷон Ёқубов, узви Шӯрои олии ПМТ ва раҳбар Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо, дар суханронӣ дар маросими солгарди таъсиси ПМТ, бо баёни ин ки “ташкили Паймони Миллии Тоҷикистон барои озодандешон ва дигарандешон бахусус ба нерӯҳои опозисиюни тоҷик, ки имрӯз дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунанд, воқеан як дастоварди пурарзиш ва бузург аст” гуфт: “Режими диктотурии Душанбе тамоми талошашро карда буд, ки нерӯҳои сиёсии мухолиф ва дигарандешро бемаҷолу бемадор карда комилан нобуд созад. Дуруст аст, ки ҳоло ин режими заҳҳокии раҳмонуфӣ тавонистааст бо тарс додани мардум , шиканҷа кардани мардум, ба мӯҳлатҳои зиёд зиндон кардани озодагон фазои сиёсиро таҳти контрол бигирад, аммо ташкили ПМТ ва инсиҷоми ҳаракат ва қувваҳои сиёсии мухолиф нақшаи асосии режимро, ки нобуд ва маҳви опозисиюн ва гунгу лол ва сокит кардани озодандешон буд, бар сифр баробар кард, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии ПМТ буд.”

Вай афзуд: “Ҳоло ПМТ-ро, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ, ҳам рақибону душманон ва ҳам рафиқону дӯстон хуб мешиносанд ва масъулони ПМТ барои муаррифии он заҳамоти зиёде кашиданд. Манзурам, ширкати аъзои раёсати он дар нишастҳои байналмилалӣ, баргузории ҳамоишҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, дидору мулоқоти роҳбар ва роҳбарияти он бо дипломатҳо, ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои урупоӣ аст, ки билохира барои афзоиш ва эътибори ПМТ ба унвони як нерӯи мутамаркиз ва бо пойгоҳи иҷтимоии қавӣ мусоидат кардааст.”

Ёқубов дар идома бо баёни ин ки “тӯҳмату тавҳинҳои мафкурсозон ва мубаллиғону пропогандистони режими Душанбе аз фаъолиятҳои ПМТ гувоҳи ҳарфҳои болост” гуфт: “Тӯҳмату таҳвинҳо ба ҷое расидааст, ҳар рӯз садҳо бӯҳтонномаҳо дар бораи ПМТ навишта мешавад, наздикони аъзоёни Шӯрои ПМТ, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, аз ҷониби КДАМ фишору шиканҷаҳо карда мешавад ва ҳатто кор то ба ҷое расидааст, ки зану кӯдакони ин муборизинро ба гаравгон гирифтааст. Болотар аз ин сангзаниву бӯҳтонзаниҳо, шиканҷаву гаравгонгириҳо исботи он аст, ки ПМТ дар роҳи дуруст ва ҳамон роҳе аст, ки бузургон, озодихоҳон ва истиқлолхоҳон қарор доштанд ва ҳамин гуна фишору машаққатҳоро аз сар гузарониданд ва билохира дар роҳи расидан ба озодии миллаташон муваффақ ҳам шуданд.”

Вай афзуд: “Агар ПМТ як ҳаракати бекора, як ҳаракати беҷон бошад, ҳеч гоҳ то ин дараҷа гирифтори ин сангзаниву фишору таҳдидҳо намешуд ва ба қавли Шайх Шаъровӣ, ки агар дар роҳатон кинатӯзе, ҳасадхӯре, тӯҳматкуне пайдо нашуд, пас бидонед, ки роҳатон роҳи ноком аст. Ҳоло, ки ПМТ дар роҳи дурусту вокеӣ ва озодихоҳӣ қарор дорад, бояд ба ҳамин минвол, балки бештар аз он чи ки дар ин як сол ба иҷро расид, кору фаъолият кунем.”

Ёқубов афзуд: “Инҷо мехоҳам як нуктаро махсус ишора бикунам, ки бояд бо ҳар роҳу василае иртиботу алоқа бо мардуми дохил, муҳоҷирон ва онҳоеро, ки ҳамкорӣ кардан мехоҳанд густариш бидиҳем. Ҷудо аз он ки ҳар кадоме аз созмонҳои таркибии ПМТ фаъолиятҳои худро доранд, зарур аст, ки нақша ва лоиҳаҳои мушаххас барои наздикшавӣ бо мардум ва ҷомеа ва посух гуфтан ба хостаҳои онҳоро пайдо бикунем. Режим, бо он ки беш аз пеш золимтар, фосидтар ва дуздтар мешавад, ин худ роҳ ва шароитро барои ошкор кардани чеҳраи воқеии он фароҳам месозад.”

Вай гуфт: “Дар соли меомада, дар Тоҷикистон ду маъракаи муҳимми сиёсӣ ҳам интихоботи парлумонӣ ва ҳам раёсати ҷумҳурӣ доир хоҳад шуд. Мо, ба унвони як нерӯи сиёсии муташаккил, ки дар ин муддат тавонистаем, умедҳои мурдаро дар дили мардум ва ҳаводоронамон зинда ва бедор бисозем, ҳақиқатҳои ин интихоботро ошкортар ва пайваста баён созем.”

Ёқубов идома дод: “Ҳоло, ки ҳарф дар бораи интихобот шуд, бояд инро ҳам гуфт, ки Раҳмонов ва ҳукуматаш бо роҳи ғайриқонунӣ аввалан бо рехтани хуни миллат ва қатли мардуми тоҷик ва баъдан бо дуздидани райъи мардум дар интихоботҳои гузашта сари қудрат омадааст. Ҳукумати имрӯза як ҳукумати ғайриконунӣ аст ва Раҳмонов як раисиҷумҳури ғайримардумӣ аст. Ва болотар аз ин як пешвои худхондаву ҷинояткор аст, бале як ҷинояткор.”

Вай афзуд: “Агар ӯ ҷинояткор намебуд, ба ҚОНУНИ ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ки 16 уми ноябри соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси Намояндагони Мачлиси Олӣ ба тасвиб ва худи ин “пешво” имзо гузоштаст, зарурат набуд. Агар ӯ воқеан “пешво” мебуду сулҳовар мебуд, ӯ ниёз ба ин қонун надошт. Ин қонун аз аввал то охир як қонуни ҷиноятӣ аст.”

Ёқубов идома дод: “Дар моддаҳое аз ин қонун омада: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (яъне аз соли 1992 то 1994) – Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 1994 то ҳол) ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран овардан манъ аст…

Ёқубов дар идома бо баёни ин ки “худи ҳамин қонун шаҳодат дода истодааст, ки пешвои худхонда як ҷинояткор аст” гуфт: “Раҳмонов ва ҳокимияти ӯ танҳо зӯрро эътироф мекунад, албатта ҳар ҳокимияте ҳам ҳамчунин аст. Вале Раҳмон ва диктотурҳои назири ӯ фарқ доранд. Аммо ба ҳар ҳол мо бояд ҳарфи худро бигӯм, ки дер ё зуд тоҷикони муҳоҷир ва паноҳандаву дар ғурбат ба ватан бархоҳанд гашт. Ӯ ба хотири ҳифзи сабот ва амният ва осоиш дар ин самт сахт биандешад. Ин тавр нест ва набояд бошад, ки хонаву дари мо тамоми умр мунтазири мо бимонад ва ин тавр ҳам набояд бошад, ки роҳи бозгашт барои мо танҳо тавассути зиндон бошад. Мо соҳиби он ватан ҳастем ва ин ҳаққи мусаллами мост, ки дар он зиндагӣ ва кору фаъолият кунем.”

Вай дар поён ёдовар шуд: “Мо хоки ватани худро нафурӯхтаем, мо тамоми сарватҳои заминӣ ва зеризаминиро ба тиҷорати хонаводаи худ табдил надодаем, мо лашкари кишварҳои дигарро дар қаламрави ватани соҳибистиқлоли худ ҷо накардаем, мо кишварро, ҳар як сокини Тоҷикистон то кӯдаки гаҳвора ва як мусафеди бознишастаро зери бори қарз намондаем, ки моро хоин унвон кунед. Касе ва гурӯҳе ва ҳизбе ва қудрате ва ҳокимияте, ки муртакиби ҳамчунин аъмоли зидди миллӣ ва зидди башарӣ аст ӯ хоин аст на мо. Мо, барои онки зиндагии серу пур дошта бошем, фарзандонамон, набераҳоямон ва ҳаммаҳаллу ҳамшаҳрияҳоямон зиндагии серу пур дошта бошанд, ними халқро аз кишвар бадрақа ва ними халқро мардикори русу қазоқу дигар миллатҳо накардаем, ки хоин бошем. Хоин онҳоеанд,ки ҳамчунин муҳит ва шароитро фароҳам кардаанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: