Перейти к содержимому

Шарофиддин Гадоев: “Бале, мо қудрат мехоҳем, аммо қудратро ба хотири миллат мехоҳем”

Шарофиддин Гадоев, узви Шӯрои олии Паймони Миллӣ ва раиси Ҷунбиши Ислоҳт ва рушди Тоҷикистон гуфт: “Баъзеҳо дар бораи ПМТ мегӯянд, ки қудрат мехоҳад ва садо баланд карданаш низ ба хотири расидан ба қудрат ҳаст. Бале, мо қудрат мехоҳем, аммо қудратро ба хотири миллат мехоҳем, мо мехоҳем, ки миллати тоҷик қудратманд, сарватманду сарбаланду сарфароз бошад.”

Гадоев дар суханронӣ дар маросими нахустин солгарди таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон, ки ҳамакнун дар шаҳри Варшав, пойтахти Лаҳистон дар ҳоли баргузорӣ аст, афзуд: “Мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии мардум дар Тоҷикистон ҳанӯз роҳи ҳалли воқеии худро наёфта то рафт вазият баъдтар мешавад. Яккаҳукмронӣ ва табдил додани ҳукумат ба як хонавода, авҷ гирифтани фасоди идорӣ, набудани додгоҳҳои мустақил, бекорӣ, бесаводӣ, бесалоҳиятӣ ва беқонунӣ, тамоми дастовардҳои милливу сиёсӣ ва ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишварро бо хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст.”

Вай дар идома афзуд: “Мусалам аст, ки суботи сиёсӣ ва амнияти иҷтимоӣ вобаста ба рушди иқтисодӣ ва истиқлолияти он мебошад. Дар ҳоле, ки иқтисоди кишвар ва сарватҳои табиии он аз тарафи хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ғасб карда шуд ва танҳо ба манфиати онҳо ва дар хидмати хешовандонаш мебошад. Қариб тамоми соҳибкорони мустақил ва моликияти онҳо аз ҷониби домоду духтарони Эмомалӣ Раҳмон ғасб шуда ва онҳоро ба зиндон афканданд ё кушта шуданд ва ё аз дасти ин хонавода аз ватани хеш фирор карданд.”

Гадоев дар идома бо баёни ин ки “ҷомеаи моро ноумедиҳо ва дилсардиҳо ба ояндаи беҳтар фаро гирифтааст” гуфт: “Истеъдодҳо ва нерӯҳои қобили меҳнат то рафт ин кишваро тарк мекунанд. Ва умуман муҳити сиёсӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон дар як ҳолати ногувор қарор гирифтааст.”

Вай афзуд: “Сатҳи саводнокӣ ва маърифати ҷомеа рӯз то рӯз паст мешавад. Ҷомеаи мо аз назари дастрасӣ ба технологияи муосир то рафт қафо монда истодааст. Дар аксари оморҳои ҷаҳонӣ номи Тоҷикистони азизи мо дар радаҳои охирин қарор мегирад, ва кишвари мо дар рӯйхати 4-умин кишварҳои камбизоат карор дорад, ки ин барои мо — фарзандони ин сарзамин хиҷолатовар аст. Чунин вазъият ҳаргиз сазовори як кишвари дорои сарватҳои ғании табиӣ, имкониятҳои васеъ ва як миллати дорои таъриху тамаддуни бузург нест.”

Гадоев дар бахше аз суханонаш таъкид кард: “Баъзеҳо дар бораи ПМТ мегӯянд, ки қудрат мехоҳад ва садо баланд карданаш низ ба хотири расидан ба қудрат ҳаст. Бале, мо қудрат мехоҳем, аммо қудратро ба хотири миллат мехоҳем, мо мехоҳем, ки миллати тоҷик қудратманд, сарватманду сарбаланду сарфароз бошад. Чун миллати мо дорои таъриху фарҳанги бойи чандҳазорсола аст ва ба Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Ибни Сино, Фирдавсиву Хайём ва ҳазорон абармардони донишманди дигар ифтихор мекунад.”

Вай афзуд: “Мо мехоҳем, ки қудратро аз дасти як гурӯҳи роҳзану авбошу бомаърифат, ки 27 сол аст бо роҳбари Эмомалӣ Раҳмон ба қатлу куштор ва зӯроварӣ ҳукумат мекунанд ва миллати моро ба як миллати тарсу, гадо, бечораву муҳочир табдил додааст ва боз мехоҳанд миллати моро як умр ғуломи бегонагон кунанд, гирифта ба мардуми шарифамон баргардонем. Мо мехоҳем, ки дар Тоҷикистон азизамон адолат барпо шавад. Аз кишоварзу муаллиму муҳандису табиб сар карда то вазиру вакилу президент дар назди қонун баробар бошанд, то волоияти қонун таъмин гардад. Мо мехоҳам озодии баён ва тамоми озодиҳои диниву мазҳабӣ пурра таъмин гардад. Шароит барои ба вуҷуд овардан ва мустаҳкам кардани институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон муҳайё карда шавад. Интихоботҳои озоду шаффофи демократӣ баргузор гардад, додгоҳҳои мустақил одилона дошта бошем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: