Перейти к содержимому

Қасами рӯбоҳро бовар кунем ё думи хурӯсро?!

(Яке ду мулоҳиза ба дидгоҳҳои ҷаноби Абдулло Раҳнамо)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Рӯи суханам дар ин ёддошт, дидгоҳҳои ҷаноби Абдулло Раҳнамо дар гуфтугӯи ахири хабаргузории “Ховар” бо ӯст. Дар ҳамин оғоз лозим аст ёдоварӣ намоям, ки банда ҷаноби Раҳнаморо инсони донишманду боҳуше мешиносам ва барояш эҳтиром қоилам, бинобар ин, коре ба ин ки ӯ кист ва чӣ кора аст надорам, балки фақат яксаре мулоҳизоте ба дидгоҳҳояш ҳаст, ки мехоҳам дар инҷо ёдовар шавам, бад-ин тартиб:

1) Ба назар мерасад, ҳукумат аз интихоби фарде мисли Абдулло Раҳнамо барои ҳузур дар нишасти навбатии САҲА, ду ҳадафро дунбол мекунад. Ҳадафи аввалаш ин аст, ки умедвор аст, Раҳнамо ҳамчун намояндаи ҳукумат, битавонад аз ӯҳдаи “намояндагӣ” барояд ва мисли ҳайатҳои пешин мояи обрӯрезии режими бе ин ҳам беобрӯи Раҳмон нагардад, ки на ҳарфе барои гуфтан дар ин нишастҳо доштанд ва на тавонистанд аз мавозеъ ва сиёсатҳои ҳукумат дар баробари интиқодҳо дуруст дифоъ ба амал оваранд ва балки дар мавориде, ба латукӯби баъзе аз аъзои опозисиюн ҳам пардохтанд.

Ва ҳадафи дигари ҳукумат аз гузиниши Раҳнамо — ва дар канори ӯ афроде мисли Саломиддин Мирзораҳматов, Ҳокимшоҳ Муҳаббатов, занони машҳур ба “занони ошӯбгар” ва амсоли инҳо — барои ҳузур дар нишасти САҲА ба ҷои Сайфулло Сафаровҳо, тағйири токтик аз дифоъ ба ҳуҷум аст. Зеро, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ин афрод (ба ғайр аз Раҳнамо) ҷузъи мақомоти ҳукуматӣ ба шумор намераванд, то мулзам ба дифоъ аз сиёсатҳои режим дар ин нишаст бошанд ва дар баробари интиқодҳо дар танго қарор бигиранд, аз як тараф, ва мавозеи хусуматомези бештарашон дар баробари опозисиюн аз тарафи дигар, бо таваҷҷӯҳ ба инҳо, ба назар мерасад ҳукумат маъмурияти ин афродро дар нишасти навбатии САҲА, ҳуҷум ба опозисиюн, зери суол бурдани фаъолияти он ва костан аз шаъну ҷойгоҳаш дар ҷомеа қарор дода, то дифоъ аз сиёсатҳои Раҳмон; дуруст ҳамон сиёсате, ки имрӯза дар фазои маҷозӣ дар ҳоли иҷрост, ки аз тариқи “фермаи ҷавоб”, амсоли Мирзораҳматов ва бархе дигар аз “мухолифи мухолифон” пиёда мешавад. Режими Раҳмон дар арсаи нишастҳои байналмилалӣ назири нишастҳои солонаи САҲА низ, зоҳиран чорае надида ҷуз он ки ба сиёсати роҳандозии “фермаи ҷавоб” рӯй оварад. Яъне афродеро басиҷ кунад, то кори онҳо фақат ҳуҷуму ҳамла ба опозисиюн бошад.

Як нигоҳи кӯтоҳ, ва андаке диққату борикбинӣ дар мусоҳибаи хабаргузории “Ховар” ва посухҳои ҷаноби Раҳнамо, кофист, то ин ҳадафи ҳукумат бавузуҳ бароямон бармало гардад. Дар ин гуфтугӯи аризу тавил, ки хабарнигор 9 пурсиш барои ҷаноби Раҳнамо матраҳ карда, танҳо якеаш махсуси чистии нишасти САҲА ва ин ки рисолати намояндагони ҳукумат дар ин нишаст чист буда ва бақия — яъне 8 пурсиши дигар — ҳамааш дар бораи опозисиюн аст. Ва ҷаноби Раҳнамо низ дар посухҳо, тамоми саъяш “заифу нотавон” нишон додани опозисиюн аст; ин ки “иқтидори афроди мухолиф бисёр заиф ва маҳдуд аст”; ин ки “аз назари сохторию ташкилотию шахсиятӣ” дар опозисиюн “қувваи воқеие боқӣ намондааст”; ин ки “90 дарсади тамоми матлабҳои ахири онҳо аз туҳмат, таҳқир, дашном, масхара, шахсиятсӯзии номардона, дурӯғи рӯирост ва ғайра иборатанд”; ин ки “ин нишонаи ба охир расидани потенсиали ин афрод аст”; ин ки “ин нишонаи надоштани ҳарф, барнома, идея барои ҷомеа аст”; ин ки “онҳо ҳаргиз дар он фазо (фазои иттилоотӣ) маҳбуб, мақбул ва таъсиргузор нестанд, хусусан дар фазои дохилии мамлакат…” ва ғайра аз ин қабил ҳарфҳои таблиғотӣ, на таҳлили воқеъбинона. Гӯӣ аз пеш бо ҷаноби Раҳнамо тавофуқ шуда, ки бароят пурсишҳое дар бораи опозисиюн матраҳ мекунем ва ту ҳам вазифае ҷуз ин надорӣ, ки аз ҷойгоҳи мухолифон бикоҳӣ ва онҳоро “ҳечу пуч” нишон бидиҳӣ.

Ва ин дар ҳолест, ки на хабаргузории “Ховар” зоҳиран мутаваҷҷеҳ аст, на ниҳоде, ки ин мусоҳибаро тартиб дода ва на ҳатто худи ҷаноби Раҳнамо, ки рафторашон хилофи ин таваҳҳумот аст. Зеро, агар ин таваҳҳумот воқеият доштанд ва агар воқеан “иқтидори афроди мухолиф бисёр заиф ва маҳдуд аст” ва дар “фазои дохилии мамлакат” таъсиргузор нестанд, пас ин ҳама сару садо барои чист?

Агар мухолифон “ҳечу пуч”-анд, мантиқан ҳукумат намебоист ба онҳо таваҷҷӯҳ бикунад ва масалан, дар мусоҳибае, ки як хабаргузории муҳимми давлатӣ (“Ховар”) бо намояндаи ҳайати ҳукумат дар нишасти САҲА дар остонаи баргузории он меорояд, аз маҷмӯи 9 суол 8 суолашро дар бораи ин “афроди бисёр заиф ва маҳдуд” ихтисос бидиҳад! Балки бидуни таваҷҷӯҳ ба ин “заифҳо”, дар бораи худи нишаст ва рисолати ҳайати ҳукумат дар он сӯҳбат меорост.

Хуб, ин рафтор оё бо гуфтори таваҳҳумомезе, ки дар забони ҷаноби Раҳнамо ҷорӣ шудааст, месозад? Инҷо гуфтори ҷаноби Раҳнамо (ва аз пушти вай ҳукумат)-ро бовар кунем ё рафторашонро?! Дуруст мисли зарбулмасале, ки мегӯяд: “Қасами рӯбоҳро бовар кунем ё думи хурӯсро?!

Пас, худи ҳамин рафтор нишон медиҳад, ки мухолифон дар назди режими Раҳмон, на фақат “заифу маҳдуд” набудаанд, балки ба ҳадде аз иқтидор расидаанд, ки хобро аз чашмонаш рабуда, ки танҳо машғалааш ва фикру зикраш ин шуда, ки чӣ гуна битавонад бо опозисиюн муқобила кунад.

* * *

2) Нуктаи дигар он ки: асосан, оё масъала дар нишасти САҲА (ва дигар нишастҳои байналмилалӣ назири он) ин аст, ки дар он, намояндагони ҳукумат дар як тараф ва намояндагони опозисиюн дар тарафи дигар қарор мегиранд ва сипас бо ҳам ба зӯрозмоӣ мепардозанд, то ҷомеаи ҷаҳонӣ бидонад чӣ тарафе қавӣ аст ва чӣ тарафе “заифу нотавон” ва шумо ҳам, ҷаноби Раҳнамо, аз пеш қазоват кунед, ки масалан мо “зӯрем” ва мухолифонамон “заиф”?! Оё масъала ҳамин аст ҷаноби Раҳнамо!

Ё ин ки маҳз ба баракати ин қабил нишастҳост, ки парвандаи амсоли Зайд Саид – ки бешак, бар гардани шумо ҳаққи бузурге дорад – тарҳ мешаванд ва боис мегарданд, то ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯи режимҳои диктотур — мисли режими Раҳмон, ки имрӯза ҷанобашон “ифтихори” хидмат дар онро доред — фишор оваранд ва дар натиҷа Зайдҳо ва Муҳаммадалӣ Ҳаитҳо озод шаванд?!

Гирам (бар фарзи маҳол), ки ҳарфатон дуруст бошад ва мухолифон “заифу нотавон”, аммо оё шумо боре ҳам — ба унвони як инсон ва ба унвони касе, ки замоне бо Зайд Саид, Муҳаммадалӣ Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ, Раҳматуллои Раҷаб ва даҳҳо зиндонии сиёсии дигар, ки мешиноседашон ва бо онҳо омаду рафт ва нишасту бархост доштед — дар ин паҳлӯи қазия низ фикр кардед, ки ҳамин гурӯҳе, ки “заифу маҳдуд”-ашон мехонед, дар ду се соли ахир тавонистанд парвандаи ин зиндониёни сиёсиро ҷаҳонӣ кунанд ва то ба гӯши Созмони Милали Муттаҳид бирасонанд ва СММ аз Тоҷикистон бихоҳад, ки дар парвандаи онҳо — махсусан Зайд Саид, Бузургмеҳр Ёров ва Муҳаммадалӣ Ҳаит — таҷдиди назар ва фавран озодашон кунад?! Оё ин паҳлӯи қазия ҳам ба зеҳни муборакатон расид?!

Шумо бояд шукргузори даргоҳи илоҳӣ бошед, ки лоақал ҳамин гурӯҳи “заифу маҳдуд” будааст, ки ҷомеаи ҷаҳониро аз тариқи минбарҳое назири минбари САҲА, аз вазъияти бисёр вахими сиёҳчолҳои Тоҷикистон — ки садҳо афроди бегуноҳ дар онҳо фақат ба хотири гароиши сиёсиашон шиканҷа мешаванд ва хонаводаҳояшон таҳти анвъои азобу шиканҷа қарор доранд – огоҳ сохт. Вагарна, агар ин гурӯҳи ба гумони шумо “заифу маҳдуд” набуд — ва асосан, фарз кунед режими Раҳмон ҳеч мухолифи ҷиддие надошт — дар ин сурат, оё касе аз дохили Тоҷикистон дар нишасте мисли нишасти САҲА метавонист ин қабил парвандаҳои асафбору андӯҳоварро тарҳ кунад ва он гоҳ ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин вазъият огоҳ шавад?! Масалан, худи шумо, ки имрӯз яке аз ҳомиёни пару порқурси режими Раҳмон ҳастед, оё метавонистед парвандаи фарде, ки бар гарданатон ҳақ дорад яъне парвандаи Зайд Саидро тарҳ кунед ва бигӯед, нисбат ба вай зулму ҷафо мешавад?! Дар ҳоле, ки ба яқин медонед, ки Зайд баноҳақ дар зиндон умри шарифи худро сипарӣ мекунад. Оё метавонистед?!

Ё воқеан ба ин дараҷа аз суқут расидаед, ки Зайд Саидро гунаҳкор ва боздошту зиндонӣ шуданашро “қонунӣ” ва ин ки зиндонӣ шуданаш рабте ба таъсиси “Тоҷикистони нав” надорад, медонад, ҳамон тавр ки ҳукумат иддао мекунад?! Агар воқеан эътиқодатон ҳамин аст, пас шумо он Раҳнамое, ки ман мешиносам, набудаед.

Ба ҳамин андоза иктифо мекунам ва ёддоштамро ба поён мерасонам. Дар поён, фақат ба унвони ёдоварӣ ба арзатон, ҷаноби Раҳнамо, бирасонам, ки ин рӯзҳо ҳама мегузаранд ва умри ин режим, чунонки гумон мекунед, чандон ҳам дароз нест, зеро суннати Худо ва суннати таърих мегӯяд, умри золиму ситамгар кӯтоҳтар аз он аст, ки ҳатто фикраш меравад. Ин режим суқут мекунад ва шумо ба чашмони худатон инро хоҳед дид, ман дар ин ҳақиқат кучактарин тардиде надорам. Он вақт шумо мемонеду ин ҳама хидматҳоятон ба як золиму ситампеша.

Поянда бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: