Перейти к содержимому

Бузургмеҳр Ёров барандаи Ҷоизаи байналмилалии Воҳидова гардид

Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова дақоиқе пеш дар баёнияе эълом кард: “Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова баъд аз баррасиҳои лозим, аз миёни се номзади ниҳоӣ, Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии маъруфи тоҷикро ба унвони барандаи ин ҷоиза эълон намуд.” Бар пояи ин баёния, ҷоизаи мазкур дар рӯзи 18 сентябр дар як маросими вежа ба Бузургмеҳр Ёров эъто мешавад.

Дар ин баёния, ки Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо ва дабири ин ҷоизаи байналмилалӣ, дар сафҳаи худ дар Фейсбук мунташир кардааст, ҳамчунин омада:

Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова зимни табрики Бузуругмеҳр Ёров ба ҷиҳати сазовор дониста шуданаш барои дарёфти ин ҷоиза, ки воқеан шоистагии онро дошт, эълом медорад:
Рӯзи чаҳоршанбе, 18 сентябри 2019 дар маросими вежае, ки ба ҳамин муносибат ва бо ширкати намояндагони чанд созмони байналмилалии ҳуқуқи башар баргузор хоҳад шуд, ин ҷоизаи арзишмандро ба Бузургмеҳр Ёров тақдим менамояд.

Ҳамчунин дар ин маросим ба 5 нафар аз кунишгарони арсаи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва фаъоли иҷтимоӣ низ, лавҳи тақдир эҳдо хоҳад шуд.

Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова дар баёнияи қаблии худ эълом карда буд, ки баъд аз эълони сабти расмии Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова аз сӯи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Литва, тайи баёнияе аз шаҳрвандони азизи кишварамон даъват ба амал овард, то афрод ва созмонҳои мавриди назари худро барои дарёфти ин ҷоиза муаррифӣ намоянд.

Дар як муддати кӯтоҳ, беш аз 40 шахсият ва ниҳод барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова тавассути мардум ба Дабирхона муаррифӣ шуданд.

Дабирхона билофосила Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоизаро ташкил дод. Нӯҳ (9) шахсияти маъруфи байналмилалӣ — ҳуқуқдонҳо, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони матраҳ – аъзои ин комиссия мебошанд, ки дар сурати зарурӣ, ному насаби онҳо расонаӣ хоҳад шуд.

Комиссия билофосила ба кори худ оғоз намуд ва тайи баргузории 6 ҷаласаи корӣ ба сурати онлойн, аз миёни 40 шахсият ва ниҳодҳои муаррифишуда тавассути мардум, се нафарро ба унвони номзадҳои ниҳоӣ барои дарёфти ин ҷоиза интихоб намуд, ки иборат буданд аз:

Бузургмеҳр Ёров

Иззат Амон

Каримҷон Ёров

Гуфтанист, дар 12 феврали соли ҷорӣ, дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литвонӣ, дар ҳошияи нишасти “Осиёи Марказӣ; ислоҳот, саркӯб ва ифротгароӣ”, маросими ёдбуде барои шодравон Файзинисо Воҳидова аз сӯи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо ва бо ҳузури ҷамъе аз тоҷикони муқими Урупо ва низ фаъолони ҳуқуқи башарӣ ва намояндаи созмони Human Rights Watch баргузор гардид. Дар ҳамин маросим буд, ки аз таъсиси “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова”, ки аз сӯи дӯстдорони шодравон пешниҳод гардида буд, рӯнамоӣ шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: