Перейти к содержимому

Кабирӣ: “Ҷомеа ниёз ба як мудир дорад, на пешво”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), бо ишора ба “ҳувиятсозиҳои сунъӣ” дар тӯли бисту чанд сол аз сӯи Раҳмон ва ҳукуматаш, бо баёни ин ки муддате шиори ориёӣ будан сар доданд, муддате Исмоили Сомониро алам карданд ва муддате ҳам дам аз Имоми Аъзам заданд ва имрӯз рӯй ба “пешвосозӣ” овардаанд, хотирнишон кард: “Галаи гургон пешво дорад, рамаи гӯсфанд пешво дорад ва пешвои рамаи гӯсфанд ҳам гӯсфанд нест, як буз аст. Ҷомеа ниёз ба пешво надорад. Ҷомеа ниёз ба як мудир дорад; мудире, ки интихоб мешавад ва баъди 5 сол ба ӯ мегӯянд, ки бародар, дастат дард накунад, акнун бирав дам гир, як нафари дигар бояд биёяд.”

Кабирӣ дар суханоне дар маросими нахустин солгарди таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), зимни табрики Рӯзи истиқлол, таъсиси ПМТ ва низ таъсиси созмони “Растохез”, ки дар ҳамин рӯз поярезӣ шудааст, бо баёни ин ки таъсиси ПМТ ду паём дошт, гуфт: “Яке ин ки Паймони Миллии Тоҷикистон дақиқан амаликунандаи ормонҳо ва орзуҳои истиқлолхоҳии миллат аз тӯли таърих то ба имрӯз аст. Яъне он сад дар сад дар чорчӯби тамоми орзуву ормони миллати тоҷик, чӣ дар имрӯз ва чӣ дар гузашта барои расидан ба истиқлол ва ҳифзи он заҳмат кашидааст ва талош кардааст, дар он росто кор хоҳад кард.”

Вай афзуд: “Дуюм паёмаш шояд ин бошад, ки мо ёдамон наравад, ки дар паси ҳар кадоме аз ин идеяҳо ва ҳаракатҳо инсонҳои зинда вуҷуд доштанд. Ва имрӯз ҳам вуҷуд доранд. Ин миллат шояд ки барои расидан ба ин истиқлол ва ба ин вазъияте, ки имрӯз дорад, дар тӯли таърихаш ҳазорҳо ва шояд даҳҳо ҳазор нафарро аз даст додааст, кушта додааст, зиндонӣ додааст. Шояд мо андакеро мешиносем ва таърихи мо номҳои андакеро сабт кардааст. Бисёре аз фарзандони миллат шояд аз касоне, ки дар таърих сабт шудаанд, хидмати бештар карда бошанд, вале мо намедонем.”

Кабирӣ дар идома бо баёни ин ки “мо на танҳо дар ёди ин гузаштагон, балки аз онҳое, ки имрӯз ҳам дар ин роҳ доранд азоб мекашанд, зиндонӣ ҳастанд низ бошем” гуфт: “Ҳоло агар оғози таърихи муборизаи тоҷикро аз Коваи оҳангар бидонем, чун ба мо ҳамин қадар расидааст ва шояд қабл аз ӯ ва шояд баъд аз ӯ ҳам қавитар буд, ниҳояташ маълум нест, ки куҷо ҳаст. Киҳо дар ин роҳ мубориза хоҳанд бурд ва ҷони худро аз даст хоҳанд дод. Аммо касоне, ки имрӯз дар ҳамин соатҳо дар зиндон ҳастанд ва дар мубориза ҳастанд, бояд аз онҳо ёд кунем. Набояд заҳматҳои онҳоро камтар аз дигарон бидонем ва ҳатто ман ба ин бовар ҳастам, ки бо вуҷуди ин ҳама эҳтироме, ки ба таъриху гузаштагони таърихиамон дорам, касоне, ки дар таърихи ин миллат ҳамчун мубориз ва ҳамчун озодихоҳ сабт шудаанд, лоақал 50-60 дарсадашон дар сабти хотираҳои таърих номашон нест, ва агар бошад ҳам омехта ба афсонаву ривоятҳо бошад. Аммо касоне, ки имрӯз таърихи миллатро месозанд, дар зиндонҳо ҳастанд, ҷасорату бузургвориашон аз бузургони гузаштаи мо камтар нест. Ба гуфти шоир Фирдавсӣ, ё худ ин байтро бар шоири дигаре низ нисбат медиҳанд:

Манам кардамаш Рустами достон,

Вагарна касе буд дар Зобулистон.

Яъне Рустам тавассути таблиғоту ҳунари Фирдавсии бузург табдил ба як таърих шуд. Аммо ман бар ин боварам, ки бузургони имрӯзи зиндонии мо, аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳайит бузургтар ва агар бузургтар набошад ҳам, камтар аз он шахсиятҳо нест.”

Мо таърихзадаем

Раҳбари ПМТ дар идомаи суханони худ, бо баёни ин ки “мо аз ҳадд зиёд ба афсонаҳо бовар мекунем, аммо таърихи воқеии имрӯзи худро фаромӯш мекунем” гуфт: “Мо бештар идеалҳои худро дар таъриху китобҳо ва дар филмҳо ва ҳатто дар таърихи миллатҳои дигар меҷӯем, аммо фаромӯш мекунем, ки таърихи зиндаамон дар зиндон нишастааст. Агар Маҳмадалӣ Ҳайит, агар Бузургмеҳр Ёров тоҷик намебуд, наҳзатӣ намебуд, ё адвокати наҳзатиён намебуду муовини Кабирӣ намебуд ва аз ягон миллати дигар ва гурӯҳи дигару кишвари дигар мебуд, инҳо аллакай қаҳрамони сайёра шуда буданд, барои он ҷавонмардиву ҷасорате, ки нишон доданд.”

Вай афзуд: “Шумо киро дар таърих дидаед мисли Маҳмадалӣ Ҳайит, ки таҳти шиканҷа ҳозир нашуд нисбати бародарону хоҳарони худаш як тӯҳматеро қабул кунад ва ба забон биёрад; гарчӣ мо иҷоза дода будем дар аввали моҳи октябри соли 2015. Мо гуфта будем, ки ҳар бародаре, ки ниёз ба озодӣ дорад ва ҳама тӯҳматҳоро бар сари ман мепартояд, хоҳиш мекунам, ки ин корро анҷом диҳад. Аммо Маҳмадалӣ Ҳайиту Сайидумар ва дигарон имрӯз ба қимати ҷонашон ҳатто ин иҷозати моро ҳам қабул надоранд. Бузургмеҳр Ёров ягона вакиле буд, ки медонист, ки зиндонӣ мешавад, медонист, ки ҳама чизро аз даст медиҳад, аммо барои анҷоми рисолати вакилиаш ва барои эҳтироми касбаш даст ба ин кор зад. Пас қаҳрамон дигар кист, ки эълон кунем?!

Рисолати ПМТ арҷ ниҳодан ба қаҳрамонони воқеии миллат аст

Кабирӣ идома дод: “Он касонеро, ки дар таърих — чӣ дар таърихи қабл аз ислом ва чӣ дар замони ислом, ё таърихи даврони Шӯравӣ — мехонем, магар онҳо коре бештар аз Маҳмадаливу Саидумару Бузургмеҳру дигарон карда буданд? Ман фикр мекунам, ки мо бояд як каме таърихзадагиро канор бигзорем ва биёем ба ин қаҳрамонҳои миллии худамон расидагӣ кунем. Агар Паймони Миллии Тоҷикистон омад ба Ватан, шояд аввалин кораш ин бошад, ки ин бузургворон, қаҳрамонҳои миллиро ба унвони қаҳрамонӣ сазовор бигардонад. Агар мо натавонистем, ин дигар васият ба наслҳои оянда аст, ки ин корро бояд анҷом диҳанд.”

Истиқлоли мо поймолу бадном ҳам шуд

Раҳбари ПМТ дар бахше дигар аз суханони худ, бо баёни ин ки “истиқлол мо на танҳо дуздида шуд, балки поймолу бадном ҳам шуд”, хотирнишон кард: “Имрӯз ҷашни истиқлол дар Тоҷикистон аз тарафи мардум ҳеч фарқе аз ҷашни каду надорад. Шояд ҷашни кадуро беҳтару хубтар қабул мекунанд, ки ягон чор кадуи арзонтар ҳам ба шарофати ҷашни каду насибаш шавад. Аммо ҷашни истиқлол, ки мегузаронанд, ин ҷашни як нафар, як гурӯҳ аст. Миллат барои ин ҷашн фақат ҳамчун як маводди хом истифода мешавад. Барои маршировка, ё ҳатто барои пул ҷамъ кардан. Шумо мебинед, ки ҳар маъракае, ки баргузор мекунанд, душвориаш бар сари миллат аст. Ин аст, ки миллат дигар мутаассифона фарқе байни ин ҷашнҳои истиқлолу кадуву харбузаро намебинад.”

Кабирӣ дар идома бо тарҳи ин пурсиш, ки “ин вазъият аз куҷо сар зад ва барои чӣ як мансабдор, ҳатто дар сатҳи болотарин, дар ҷашни каду самимитар рафтор мекунад то ҷашни истиқлол ё ҷашни ваҳдат”, гуфт: “Барои он ки ин ҷашни каду ба фикру андешаи онҳо наздиктар аст, аммо истиқлолу ваҳдат барои онҳо як андешаи бегона аст. Ман вақте тамошо мекунам, мебинам, ки воқеан дар ҷашни кадуву ҳарбуза хеле роҳатанд ва хеле самимӣ ҳастанд, вале вақте ки дар ҷашни истиқлол, ё ҷашни ваҳдат сӯҳбат мекунанд, шумо мебинед, ки инсон дорад бо худаш ҷанг мекунад. Аз як тараф ақлаш мегӯяд, ки дар бораи истиқлолу ваҳдат бигӯ, чун ин зарурат аст, ки агар нагӯӣ ҳамчун раҳбари давлат, имкон надорад. Аз тарафи дигар виҷдонаш мегӯяд, ки магар ту касе набудӣ, ки бо истиқлол меҷангидӣ? Магар касе набудӣ, ки истиқлолхоҳонро нобуд кардиву зиндонӣ кардӣ, куштӣ? Магар касе набудӣ, ки ваҳдатро аз байн бурдӣ?

Раҳбари ПМТ афзуд: “Дар ин набарди виҷдон ва ақл, ё ба гуфти худашон зиракии сиёсӣ, шумо мебинед, ки ин ҷо ягон самимияте нест. На дар ҷашни истиқлол ва на дар ҷашни ваҳдат. Воқеан миллат аз тарафи ҳокимият гирифтори як дурӯягӣ ва духӯрагӣ шудааст. Аз як тараф мебинанд, ки бо чӣ қадар шукӯҳу дабдаба мехоҳанд ҷашни истиқлолро пешвоз бигиранд, худашонро асосгузори ин ҳама истиқлолу сулҳу ваҳдат нишон бидиҳанд. Аз тарафи дигар мебинем, ки барои касе, ки аввалин раҳбари Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки зери эъломияи истиқлол имзо гузошт, Худо раҳмат кунад Қадриддин Аслоновро, барои қотилони ӯ ҳайкал мегузоранд. Куҷост мантиқ, ки шумо ҳам меоед истиқлолро ҷашн мегиред, нафаре, ки ин эъломияи истиқлолро имзо гузоштааст, як маротиба ҳам ёдоварӣ намекунед, аслан иҷозат намедиҳед, ки дар борааш сӯҳбат кунанд. Меоеду ба қотилони ин раҳбари давлат ҳайкал мегузоред ва ҳамзамон худро тарафдору ҷонибдори истиқлол медонед.”

Вай идома дод: “Ин як дурӯягии хело ҳам ошкору возеҳ аст. Архиктетори истиқлол он нафаре, ки матни истиқлоли давлатӣ ва миллии моро омада кард, Худо раҳматаш кунад устоди зиндаёд Тоҳири Абдуҷабборро, шумо дар кадом расона, дар кадом китоби дарсии имрӯза, дар кадом гузориш, дар кадом суханронӣ номи устод Тоҳири Абдуҷабборро мешунавед?! Бозор Собир то вақте ки тарафдори андешаи озодихоҳӣ буд худаш яке аз раҳбарони ин харакат буд, на танҳо барои мақомоти имрӯзаи Точикистон мардуду манфур буд, ҳатто зиндонӣ ҳам шуд. Вале аз ҳамон рӯзе, ки аз фикрҳояш баргашт, ваъзият фарқ кард. Яъне ин одамоне, ки рафторашону гуфторашон комилан алайҳи истиқлол аст, алайҳи ормонҳои миллӣ аст, имрӯз мехоҳанд аз худ як истиқлолхоҳи воқеъӣ ва ҳатто соҳиби истиқлолро бо намоиш бигузоранд.”

Кабирӣ хотирнишон кард: “Ман фикр мекунам, вақти он расидааст миллат ба ин дурӯягии мақомот нуқта бигузорад. Ошкор факту рақамҳо гуфта шаванд, фактҳои таърихӣ, саҳифаҳои таърихӣ бознигарӣ шавад ва иҷоза надиҳем, ки дар ҳузури ҳазорон шоҳид, ки ҳанӯзам зинда ҳастем, на танҳо ин истиқлол дуздида шавад, балки таърихи миллии тоҷикон бознависӣ шавад, дасткорӣ шавад, тақаллуб шавад. Инро набояд иҷоза дод.”

Хотирае аз айёми донишҷӯӣ

Раҳбари ПМТ дар идомаи суханронии худ, бо ишора ба суханронии Темур Варқӣ дар бораи афроди саҳмдошта дар поярезии истиқлол, гуфт: “Вақте ки Темур исми бандаро гирифт, рости гап хиҷолат шудам. Гуфтам ман куҷову истиқлолхоҳӣ куҷо! Ман куҷою овардани номи ман дар қатори касоне, ки воқеъан заҳмат кашиданд барои истиқлол! Чаро номи ман гирифта шавад? Аммо баъдан дар зеҳнам омад, ки чаро гуфта нашавад, чаро мо хоксории дурӯғинро ҳамеша бо худ дошта бошем. Бояд канор бигузорем. Бори аввал дар ёдам омад, ки вақте ГКЧП шуд, дар он шабу рӯз мо донишҷӯёнро дар толори донишгоҳ ҷамъ кардем. Чанде аз дӯстони дигар ҳам, ки ном намегирам чун ҳоло дар Душанбе ҳастанд, то мушкилашон нашавад, ҳамроҳи мо буданд. Мутаассифона, бархе аз он касоне дар мубориза дар паҳлӯи мо буданд, тарафи дигари ҷабҳа қарор гирфтанд. Ин шабу рӯзҳо алайҳи мо санг мепартоянд. Хулоса, мо садҳо донишҷӯро ҷамъ кардем ва ректори Донишгоҳ устод Тоҳировро даъват кардем. Худованд умрашро дароз кунад агар зинда бошад чун хабаре надорам аз эшон. Эшон мушовири раисҷумҳурии вақт ҷаноби Махкамов буданд. Мо даъват кардем ректорро, Иброҳим Усмон ва раҳмати Мусофиров декан буданд. Ректорро маҷбур кардем, ки ҳамчун мушовири раисҷумҳур биравад бар Махкамов фишор биёрад, ки ҳамин шаб дар телевизион баромад кунад ва аз миллати тоҷик узрхоҳӣ кунад, барои пуштибонӣ аз ГКЧП.”

Кабирӣ афзуд: “Мо митинг кардем ба хиёбонҳо рехтем ва маҷбур кардем, ки Махкамов маҷбур шуд байни худаш ва ГКЧП фосила эълон кунад. Инро мо таввасути ректор ва устодони муборизи он замон анҷом додем.”

Вай идома дод: “Вақте ки инҳо таърихи зиндаанд ва мо хомӯшему гап намезанем, касони дигар омаданд ин истиқлолро, ин арзишҳоро соҳиб шуданд, ва моро муттаҳам мекунанд, ки мухолифи Тоҷикистони мустақилли пешрафта ва муосир ҳастем.”

Натавонистем аз фурсати пошхӯрии Шӯравӣ хуб истифода кунем

Раҳбари ПМТ дар идома бо баёни ин ки “пошхӯрии Шӯравӣ воқеан як фурсат буд, ки бархе аз миллатҳо аз он хуб истифода бурданд ва ба ҷое расиданд”, гуфт: “Гурҷиҳо, арманиҳо ва кишварҳои Балтик, Украина ахиран, ҷузъи ҷаҳони мутамаддин шуданд. Мо натавонистем аз ин фурсат хуб истифода барем,бояд эътироф кунем. Инҷо камбудии мо буд, бетаҷрубагии нухбагони миллат буд. Ва аз ҳама асосиаш чи хеле, ки Темур дар инҷо хуб қайд кард ва Алим ҳам гуфт, дар ҳамсоягии мо кишварҳое буданд, ки воқеан ҳам намехостанд, ки Тоҷикистон мустақил ва миллати тоҷик як миллати пешрафта ва мустақил бошад. Ин тифли навзоди истиқлолхоҳро саркӯб карданд. Касонеро ба сари қудрат оварданд, ки миллати тоҷикро дар ин ваъзияти ногувор қарор дод. Ва ниҳоятан дар маҷмӯъ, чӣ дар баҳси истиқлол, чӣ дар баҳси давлатсозӣ, чӣ дар баҳси миллатсозӣ, пеш аз ҳама раҳбарияти кишвар, як қисме аз нухбагони ин миллат дар як бӯҳрони ҳувиятӣ гирфтор шудаанд. Ва дар ин масири ҳувиятсозӣ хеле ҳам доранд моро азият мекунанд. Миллатро азият мекунунанд, саргарон мекунанд, аз як водӣ ба водии дигар мебаранд.”

Ҳувиятсозиҳои сунъӣ

Кабирӣ дар идома бо баёни ин ки “дар ҳамин бист соли охир дар ҷустуҷӯи ҳувият раҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон миллатро аз куҷо то куҷо бурд”, хотирнишон кард: “Аввал омаданд ҳувиятсӯзӣ ва ҳувиятшиканӣ карданд. Баъд хостанд аз мо ворисони Исмоили Сомонӣ бисозанд. Як муддате мо ҳама шудем ворисони Исмоили Сомонӣ. Баъди чанд муддат омадем, мо ҳамаамон шудем ориёнажод, чун диданд, ки Исмоили Сомонӣ ҳам як мулло будааст. Намешавад таърихро ин қадар бисёри бад тақаллуб кард. Исмоили Сомонӣ ҳам аз тарафи халифаи Бағдод мисли як генерал-губернатор ба Бухоро, ба ин тарафи Мовароуннаҳр фиристода шуда буд. Диданд, ки ин кор ҳам он қадар намешавад. Баъд хостанд, ки аз мо як ориёии асил созанду бигӯянд, ки аз ҳамаи қавмҳои ориё мо тозатар ҳастем.”

Вай афзуд: “Хостанд бо ин ҳувиятсозии ҷадид; ҳувияте, ки Гитлер барои олмониҳо сохта буд, моро ба ҳамон самт мехостанд, ки наздик бибаранд. Худоро шукр, ки баъзе аз ақлҳо пайдо шуду гуфтанд, ки зиёдаравӣ накунед, ки гузаронидед. Ман ёдам ҳаст, вақте ки мо мулоқот доштем дар Бундестаг, раҳбари ҳайъати Тоҷикистон, мушовири президенти Тоҷикистон буд, як нафаре, ки хеле дар он замонҳо дуоташа амал мекард, омад ва дар сӯҳбат бо раҳбари фраксияи Бундестаги Олмон аввалин ҷумлааш ин буд, ки гуфт: “Мо тоҷикону шумо олмониҳо ориёнажод ҳастем”. Тарҷумон, чун баъдтар фаҳмидам, ки хеле ҳам одами оқил будааст, тарҷума накард. Чун агар тарҷума мекард, шояд ки эътироз мекарданду мерафтанд, ё ягон ҳолати дигаре рух медод. Як олмонии дигар гуфт, ки вазифаи шумо тарҷума кардан аст ва ҳар чӣ ки мегӯяд, тарҷума кунед. Баъд тарҷума кард ва гуфт, ки ин раиси ҳайъати Тоҷикистон мегӯяд, ки мо тоҷикону шумо олмониҳо ориёнажод ҳастем. Мо бояд бародар бошем, зидди дигарон бо ҳам бошем. Олмонӣ гуфт, ки мо олмониҳо аз ин гуна шиорҳо сер шудаем ва мо як бор Олмонро ба мусибат дучор кардем ба хотири ана ҳамин гуна тафаккур. Агар мавзӯи сӯҳбати шумо ҳамин аст, пас мо дигар коре дар ин мавзӯъ надорем. Яъне мушовири давлатии президент аслан намедонист дар бораи чӣ гап занад. Ана инҳо мехостанд аз мо як ҳувият бисозанд.”

Идеяи моро дуздиданд

Кабирӣ афзуд: “Баъдан номи Имоми Аъзамро матраҳ карданд. Ин, як марҳилаи ҷадиди ҳувиятсозӣ буд. Дақиқан бо арзишҳои ҳазрати Имоми Аъзам ҳамон рафтореро карданд, ки бо арзишҳои ориёиву бо арзишҳои Исмоили Сомонӣ карданд. Ин ҷо ҳам шояд вақташ аст, ки як нуктаи дигарро хотиррасон кунам. Вақте устод Ҳимматзода аввалин китобаш дар бораи Имоми Аъзамро навишт, ман ба устод Ҳимматзода гуфтам, ки воқеан ҳамин андешаҳои Имоми Аъзамро бояд зинда кунем ва дар муқобили андешаҳои ифротие, ки аз берун меоянд, эҳё кунем. Машварат кардем ва Сайфуллозодаро фиристодам ба назди академик Диноршоев, ки он вақт директори Донишкадаи фалсафа ва таърих буд, агар иштибоҳ накунам. Чун ҳар ду дӯстӣ доштанд, гуфтам, бо устод Диноршоев сӯҳбат кунед ва як конфронси муштарак бо Академия баргузор кунем дар бораи Имом Абӯҳанифа ва ӯро бишносонем ба миллат, ки ин шахсият чӣ заҳматҳое кашидааст. Андешаҳои Имом Абӯҳанифа метавонад моро аз ҳама гуна ақидаҳои ифротиву мазҳабӣ нигаҳ дорад.”

Кабирӣ афзуд: “Устод Диноршоев, ки таҷрибаи кор дар замони Шӯравию партияву Академияро дошт, як маслиҳат дод. Гуфт, ки мову шумо ин корро кунем, дар боло нороҳат мешаванд. Бисёр хуб мешавад, ки шумо як нома ба номи дастгоҳ бинависед. Ман ҳамчун раиси ҳизб ба унвони дастгоҳи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нома навиштам дар бораи он, ки як чорабинии бузург, як конфронси илмӣ бахшида ба Абӯҳанифа дар Тоҷикистон бояд баргузор шавад. Сайфуллозодаро чандин бор пурсидам, ки чӣ шуд, ҷавоб омад? Чун масъули парванда ӯ буд, рафту омад ва гуфт, ки мегӯянд имрӯз-пагоҳ ҷавоб мегӯем. Баъди чанд моҳ эълон шуд, ки Тоҷикистон як симпозиуми байналмилалӣ ба хотири Абӯҳанифа баргузор мекунад. Мо хурсанд шудем ва устод Ҳимматзода гуфт, ки Худоро шукр! Бовар доштем, ки аввалин коре, ки ҳукумат мекунад, китоби Ҳимматзодаро бознашр мекунад. Дар давоми 6 моҳ супориш шуд, ки тақрибан 10 китоб дар бораи Абӯҳанифа навишта шавад, ҳамаи китобҳоро аппарати президент маблағгузорӣ кард, ҷуз китоби устод Ҳимматзода. На танҳо ману Ҳимматзода, ҳеч касе аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ин симпозиум даъват нашуд. Ин як намунаи дигари дуздидан ва рабудани идеяҳо ва онро ба шакли воруна ва ғалат ба мардум муаррифӣ кардан буд.”

Ҷомеа ба як мудир ниёз дорад, на пешво

Муҳиддин Кабирӣ дар идомаи суханони худ афзуд: “Баъдан диданд, ки чӣ хеле бо Исмоили Сомонӣ шуд, ин Абӯҳанифа ҳам як мулло ва як имоми мазҳаб будааст, яъне фақат тоҷику форс набудааст, аз ин рӯ омаданд ва дақиқан алайҳи фармонҳои Имоми Аъзам рафтор карданд. Нагуфтанд, ки Имоми Аъзам дар бораи ришу ҳиҷоб чӣ гуфтааст, дар бораи намозу рӯзаву масчиду мадраса чӣ гуфтааст. Комилан имрӯз доранд алайҳи арзишҳои ҳам Сомонӣ, ҳам ориёӣ ва ҳам Абӯҳанифа ва тамоми ормону орзуҳои тоҷикон рафтор мекунанд. Манзурам ин аст, ки дар ин ҳувиятбохтагӣ, ҷустуҷӯи ҳувиятҳои сунъӣ ва сохта миллати моро саргардон мекунанд. Миллат ҷиҳатгирии маънавӣ ва арзишии худро гум кардааст. Вақте ки як ҷавон намедонад, ки дар зиндагиаш, дар фикраш, сиёсаташ ба кӣ пайравӣ кунад, ӯро гоҳ аз сомонӣ мепартоем ба ориёӣ, ба Абӯҳанифа, баъд бармегардонем ба як ҳувияти ҷадиде, ки сохта истодаанд бо номи “Пайравони Пешво”. Ҳоло ниҳояти ҳувияти тоҷик ҳамин бошад, ки бояд пайрави кадом пешво бошад, мисли як тӯда. Маъзарат мехоҳам, галаи гургон пешво дорад, рамаи гӯсфанд пешво дорад, пешвои рамаи гӯсфанд ҳам гӯсфанд нест, як буз аст. Ҷомеаи башарӣ ниёз ба пешво надорад. Ҷомеаи башарӣ ниёз ба як мудир дорад, як мудире, ки интихоб мешавад, баъди панҷ сол меоянду мегӯянд, ки бародар хуш омадӣ, бирав дам гир, як нафари дигар бояд биёяд.”

Кабирӣ афзуд: “Дар ин ҷустуҷӯи ҳувиятсозӣ, миллат ва ба хусус насли ҷавон, саргардон шудааст. Чаро имрӯз ҷавони тоҷик бояд бо ду ҳазор, ё се ҳазор ба Абӯбакри Бағдодӣ пайравӣ кунад ва Абӯбакри Бағдодиро пешвои маънавии худаш (ба истилоҳи ҳукуматдорон) бишносаду эътироф кунад? Барои чӣ? Бояд, ки идеали маънавии ҷавони диндори тоҷик хонадони Тӯраҷонзодаҳо бошад, Ҳоҷӣ-Мирзо, мулло Абдураҳими Қазоқонӣ бошанд ва чандин бузургворони мазҳабии тоҷикистонӣ бошанд, ки дар дохили Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Раҳмонов чӣ кор кард? Тамоми ин идеалҳоро шикаст, аз байн бурд, ба ҷойи онҳо ягон идеал ба вуҷуд оварда натавонист. Ягон шахсе, ки ҷавони тоҷик аз ӯ пайравӣ кунад. Ин аст, ки ҷавони тоҷик меравад ба ҷустуҷӯи идеалаш, ба доми Абӯбакри Бағдодиву дигарон меафтад. Чаро имрӯз ҷавони тоҷик бо пирӯзии як варзишгари хориҷӣ ҳазорҳо шодӣ мекунаду ба хиёбон мерезад? Барои он ки ҳукумати имрӯза беҳтарин ҷавонмардон, паҳлавонон ва бузургони ин миллатро шикаст. Дар дохил надорем дигар на барои калонсол як нафаре дорем, ки аз ӯ пайравӣ кунад, на барои ҷавону, зану тифл. Раҳмонов ин ҳамаро аз байн бурд ва хост, ки худашро ҷойгузини ҳамаи идеалҳо кунад, ки мутаасифона ва ё хушбахтона натавонист. Пас танҳо барои ҳамин ҳувиятшиканӣ ва ҳувиятсӯзӣ метавон ин нафарро ва тамоми он нафароне, ки аз ӯ пуштибонӣ мекунанд, ҳамчун як ҷинояткор ва хиёнаткор муаррифӣ кард. Барои он ки миллати тоҷик раҳо биёбад аз ин маризӣ, мо бояд солҳо азият бишавем, то миллатро баргардонем ба он масири таърихӣ ва масире, ки тӯли ҳазорсолаҳо дошт, мерафт ва мубориза ҳам мебурд.”

Таъсиси ПМТ кори душворе буд

Раиси ПМТ дар бахше дигар аз суханони худ, ба тафсил дар бораи Паймони Миллӣ ва рисолати он гуфтугӯ кард ва афзуд: “Паймони Миллии Тоҷикистон дақиқан дар ҳамин ҳолати душвор таъсис шуд ва мо бояд эътироф кунем, ки роҳи осонеро дар пеш надорем. Аз рӯзе, ки мо ин Паймонро таъсис додем, дӯстон медонанд, устод Равшан, Темур, Алим, Шарофиддин ва ҳамаи касоне, ки бо ҳам машварат мекардем, ҳатто касоне ҳам, ки дар ин толор нестанд ва нахостанд дар ин марҳила бо Паймон бошанд, медонанд, ки Паймон чӣ гуна шакл гирифт ва барои чӣ дар ҳамин шабу рӯз таъсис шуд. Суол ин аст, ки оё метавонист Паймон як каме зудтар ё дертар таъсис шавад? Ё бо афроди дигар шавад? Ҷавоби мо ин аст, ки эҳтимолаш хеле заъиф буд. Чаро мо баъди ин ҳама машваратҳо ба ин натиҷа расидем, ки бояд ҳама аз як нуқта шурӯъ кард? Мо ҳеч вақт наметавонистем, ки тамоми оппозитсияи тоҷик, тамоми дигарандешон ва тамоми нафароне, ки Тоҷикистони навро мехоҳанд, зери як чорчӯб, таҳти як бино ҷамъ кунем. Ин имкон надорад ва ҳеч кас ин корро карда наметавонад. Касе агар орзу кунад, ки ман аввал тамоми миллати тоҷикро ҷамъ кунаму баъд даст ба коре занам, ин як фантазия аст. Бояд корро бо як иддаи маҳдуд, бо он касоне, ки мехоҳанд корро аз як нуқта шурӯъ кунанд, оғоз кард, ки мо ҳам Худоро шукр ин корро як сол пеш оғоз кардем.”

Ин мо ҳастем, ки гуфтушунид намекунем

Кабирӣ дар идома бо баёни ин ки “марҳилаи омодашавӣ ба он хеле тӯлонӣ буд, мо аз қабл медонистем, ки муносибат бо мо як сол нахоҳад буд”, гуфт: “Мавқеи ҳукумат маълум буд ва имрӯз ҳам ҳамон гапҳо аст, ки: инҳо касе нестанд, заъиф ҳастанд, мисли ҳамон ҳарфҳое, ки 20 сол пеш мегуфтанд, ки мо бо кӣ гуфтугӯ кунем?, инҳо касе нестанд, инҳо ҷинояткоранд, инҳо аз ватан берун шудаанд дигар. Аммо вақте диданд, ки қудрат дорад аз дасташон меравад ва аввалин қувваҳои мусаллаҳи оппозитсион дар километри ҳафтуми шаҳри Душанбе, дар тирраси касри президент пайдо шуданд, дигар он ҳарфҳо фаромӯш шуд. Алъон ҳам ҳамон қиссаро доранд такрор мекунанд, ки мо бо кӣ сӯҳбат кунем?

Вай афзуд: “Аммо, дӯстони азиз, гуфтушунидро ҳукумат барвақт шурӯъ кардааст. Ин тараф аст, ки гуфтушунид намекунад, Паймони Миллии Тоҷикистон аст, ки бо касе гуфтушунид намекунад. Алъон мо гуфта истодаем, ки гуфтушунид намекунем. Онҳо бо ҳар кадоми шумо дар танҳоӣ гуфтушунид карда истодаанд. Магар ҳамин ҷо нишастагиҳо ҳар кадоматон аз полковнике, аз генерале, аз ягон дӯстатон паём нагирифтед, ки биёед, бишинем, сӯҳбат бикунем ва шумо баргардед ба ватан? Ин чӣ аст? Инро ном гузоштаанд, ки авф кардан. Авф кардан мисли Мирзиёев рафтор мекунад. Бидуни он ки бо он маҳбус, бо он муҳоҷир биншинаду гуфтушунид кунад, фармони авфро мебарорад ва мегӯяд, ки ҳамаи шумо озод ҳастед. Магар дар қудраташ, салоҳияташ нест, ки як авфи умумӣ эълон кунад бидуни гуфтушунид бо эшони Абдусаттор? Эшони Абдусатторро безор карданд. Ҳар рӯз гуфтушунид дорад. Мегӯянд, мо гуфтушунид намекунем, вале ватсапу скайпу бо тамоми васила гуфтушунид ҳаст. Шарофиддинро дуздиданд, бурданд ва дар дохили зиндон гуфтушунид карданд барои он ки алайҳи мо гап занад. Ҳам гуфтушунид бо афрод мекунанд ва ҳам мегӯянд, ки мо гуфтушунид карданӣ нестем. Ин мо ҳастем, ки алъон омода нестем, ки бо шумо гуфтушунид кунем. Чаро, ки шуморо дар сатҳи гуфтушунид намебинем.”

Кабирӣ афзуд: “Як нафараш омаду даъвои гуфтушунид кард, соли гузашта. Сайфулло Сафаров, ки ҳоло дӯст мегӯям, чун дигар вазифа надорад, ба нафақа баромад. Гуфт, мо гуфтушунид мекунем, мо аз номи ҳукумат ваколат дорем, авф мекунем, аммл вақте баргашт, аз вазифа гирифтандаш. Салоҳияти ҳайъати ҳукумат ҳамин қадар аст. Яке сафираш ҳамроҳи ман фақат салом кард, аз сафорат, ки сафири Тоҷикистон дар Олмон буд, гирифтанд. Ва ҳайъати нав ҳам мегӯяд, ки мо бо ваколати тамом меоем. Кӣ бо шумо гуфтушунид мекунад? Ҳоло агар салом карданд баччаҳо, Худоро шукр гӯед.”

Мо коре кардем, ки Раҳмон натавонад пой ба Урупо гузорад

Кабирӣ дар идомаи суханони худ, бо баёни ин ки “дар ин шароити сахт мо дорем фаъолият мекунем”, гуфт: “Шумо бинед аз рӯйи инсоф дар байни тамоми оппозитсияи Иттиҳоди Шӯравии собиқ, (ҳоло ман, ё ягон аъзои Шӯро ин ҳарфро нагуфтааст), ягон оппозитсияи дигарро доред, ки тавониста бошад, ки раиси ҷумҳураш чор сол боз Аврупо омада натавониста бошад? Русия 150 миллион шаҳрванд дорад. Оппозитсионерҳои Русия миллиардер ҳастанд. Ходорковский, Каспаров ва даҳҳо нафари дигар, кадомаш парвандаи як нафар зиндонии сиёсиро то Созмони Милал бурд ва қарори Созмони Милалро дар фурсати кӯтоҳ давоми ду сол ба даст овард? Оппозитсияи тоҷик бо ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик тавонист, ки дар муддати ду сол наздики 14 парвандаҳои зиндониёни сиёсиро дар Созмони Милал ба тасвиб расонад.”

Вай афзуд: “Раҳмон тамоми тавонашро ба харҷ дод, то ин ки чанд шаҳрванди тоҷикро аз ватан беватан кунад. Вале як муҳоҷири танҳо бе савора, бе артиш ва бе телевизиони тоҷик, тавонист, ки Раҳмонро аз дунёи мутамаддин берун кунад. Имрӯз ягон кишвари мутамаддин омода нест, ки ӯро қабул кунад. Яке аз дипломатҳои урупоӣ вақте ки дар Вена мулоқот бо сафирони урупоӣ мулоқот доштем, ба ман гуфт, ки “дипломатҳои шумо бисёр зораву тавалло доранд, ки ақаллан як сафари расмии эшонро дар Урупо ҳамоҳанг кунем, назари шумо чист?” Мо гуфтем, ки усулан розӣ нестем, ки Урупо на танҳо Раҳмон, балки ягон диктатори дигарро ҳам қабул кунад. Усулан қабул надорем, аммо бигузор биёяд. Фақат бо як шарт, ки сафарашро ҳаддиақал як ҳафта пеш, ё ду ҳафта пеш эълон кунед, ки миллат омодагиашро бубинад. Мо мунтазир ҳам ҳастем, аммо пинҳонӣ наёяд мисли сафарҳои дигараш. Мо воқеан ҳам метавонем хуб пешвоз бигирем ва чаро на?! Аммо гуфтанд, ки мо ҳанӯз ҳам ин дархостҳои пайи ҳамро ҷавоби мусбат надодем.”

Ба мухолифамон аслан пархош накунед!

Кабирӣ дар идома бо баёни ин ки “вокуниши ҳукумат, тарафдорони ҳукумат нисбати Паймон дигар ошкор аст ва мо дигар ягон интизорӣ надошта бошем”, гуфт: “Аммо дар ин ҷо ду гурӯҳ аз ҳамватанон ҳастанд, ки мехоҳам дар бораи онҳо чанд ҷумлае бигӯям. Яке, аз гурӯҳи аввалин ҳамватанони мо ҳастанд, ки муҳоҷиру муборизанд ва дар гузашта ҳам барои миллату ормонҳояш мубориза карданд ва имрӯз ҳам доранд заҳмат мекашанд. Онҳо ҳам бо ҳар далеле — шояд ин камбудии мост — алайҳи Паймони Миллӣ мавқеъгирӣ доранд ва мавқеъгириҳои манфӣ мекунанду идома медиҳанд. Дӯстони азиз, онҳое, ки ҳарфи моро мешунавед, чӣ аъзоеду чӣ тарафдори Паймон, хоҳишамон ин аст, ки нисбати ин ҳамватанон хеле боодоб бояд буд. Аслан вориди пархош ва баҳсу талош нашавед. Чун мо ҳеҷ далеле надорем барои ворид шудан ба баҳс. Шояд он дӯстон далел доранд, ки мо одамони муносибу хуб нестем ва далел доранд, ки алайҳи мо менависанду мегӯянд, аммо мо ҳеҷ далеле надорем. На ба маънои он, ки ҳарфе барои гуфтан надорем. Ё ин, ки ин бузургворон малоика ҳастанд. Ҳамон миқдоре, ки мо камбудӣ дорем, онҳо ҳам доранд, аммо далели асосии мо ин аст, ки агар мо Худое накарда як рӯз вориди ин баҳсу пархошҳо шавем, ду зарар мекунем. Яке ин, ки нерӯи бе ин ҳам маҳдуд ва вақтамон барҳадар меравад, ки мо бояд дар ҷойи дигар сарф кунем. Дуюм ин, ки мо дар маҷмӯъ дорем ҳаракати озодиву истиқлолхоҳии оппозитсионии тоҷикро заъиф мекунем. Бо сиёҳ кардани як мубориз ва сангпартоӣ алайҳи ӯ ва ҳатто агар ба хотири ҷавоб додану баҳс кардан ҳам бошад, мо ягон фоидае нахоҳем дид. Биёед, ин нерӯву вақтро сарфи корҳое кунем, ки тамоми миллат аз мо интизор дорад.”

Вай афзуд: “Аммо ҷавоб додан бо мантиқ ва бо одобро ҳеҷ кас манъ накардааст. Агар Худое накарда вориди таҳкиру ҳарфҳое носазо шавед, ман расман ин ҷо эълон мекунам, ки он нафар, ки таҳқир мекунад, гапи фаҳш мегӯяд, киноя мекунад, тамасхур мекунад, ё шахсеро, бахусус занро мавриди таҳқиру тӯҳмату баъзе масъалаҳои шахсиро ошкор мекунад, бидонад, ки ӯ на паймонӣ аст, на наҳзатӣ аст, на бистучорӣ аст ва на аз ҷунбишу анҷуман аст, аслан ӯ мубориз нест. Ва мо эълон медорем, ки аз ин гуна афрод, ҳатто агар ба номи Пааймон ҳам сӯҳбат кунанд, бароати худро эълон мекунем. Аммо дар гуфтор аз бародарон ҳам хоҳиш мекунем, ки касоне дилашон ба мо месӯзаду моро ба хотири дилсӯзӣ танқид мекунанд, дар ин марҳалаи нозук як каме эҳтиёт кунанд, зиёдаравӣ накунанд. Кӯшиш кунанд, ки кӯмакамон кунанд, агар натавонистанд дар ин марҳалаи нозук нисбати мо зиёд сангандозӣ нашавад.”

Раҳбари ПМТ дар идома бо ишора ба гурӯҳи дуввум, гуфт: “Як гурӯҳи дигар ҳам ҳаст ҳамватанони азиз, ки бояд як каме ошкортар сӯҳбат кунам. Намедонам ҳоло садҳо, ҳазорҳо ҳамватанони азизи мо дар сохторҳои давлатӣ кор мекунанд. Анҷоми вазифа доранд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳамватанеро, ки фарқ надорад дар кадом ниҳод аст, артиш, амният, ё ин ки дар аппарати президент, фақат ба хотири он ки дар як дастгоҳе кор мекунад, ки раҳбараш як фосиду ҷинояткор ҳаст, мавриди танқиду тӯҳмат қарор бигирад ва ӯро ҳарфҳои носазо бигӯяд. Инҳо ҳамватанони мо ҳастанд ва маъулияти худро анҷом медиҳанд ва шояд кӯмаки онҳо ҳам ба миллат, ба мо ҳам дар як ҷое мерасад, ки мо худамон ҳам намедонем. Инҳо сармояи миллӣ ҳастанд ва бояд инҳоро ҳифзу эҳтиром кард.”

Кабирӣ афзуд: “Аммо як гурӯҳ аз ҳамватанон ҳастанд, ки чӣ дар мақомоти давлатӣ ва чӣ берун аз мақомоти давлатӣ кор мекунанду менависанду ҳарф мезананд, амдан, ба таври ошкору пайваста бидуни он, ки касе ба онҳо фишор бидиҳад, аз ин ҷинояткориҳо ва аз ин хиёнатҳо пуштибонӣ мекунанд. Ва аз ҳама бадиаш дар хориҷ кӯшиш мекунанд, ки ин ҷиноятҳоро тавҷеҳ кунанд, далел биёранду сафед кунанд. Ман намедонам ин гурӯҳро чӣ бояд ном кард. Бо кадом рӯ меоянд дар хориҷ, ё дар дохил барои мисол вақте ки Муҳаммадалӣ Ҳайит шиканҷа мешавад — Муҳаммадалӣ касе нест, ки онҳо нашиносанд, чун баъзеҳо ҳатто дӯсташон буданду устод Муҳаммадалӣ мегуфтанд — имрӯз санг меандозанд ба тарафи мо, ки инҳо кӣ ҳастанду инҳо чӣ ҳастанд?! Ва аз ҳама бадиаш дар он аст, ки бидуни он, ки касе ба онҳо фишор биёрад, фақат ба хотири хушхидмативу ба хотири чоплусӣ ин корҳоро анҷом медиҳанд. Вақти он расидааст, ки мо бояд бо сароҳат ба ин дӯстон бигӯем, ки бародарони азиз, ҷиноят ҷиноят аст, хиёнат хиёнат аст ва ҳама чиз бояд бо номи худаш номгузорӣ шавад. Ва ҳар касе, ки пуштибонӣ аз ҷинояту хиёнаткор мекунад, бояд ин ҳам дар назди миллат ошкор бошад. Дигар далелҳои ин ки “мо намехостем”, “мо маҷбур будем”,”агар шароит мебуд”, як сол кор медиҳад, ду сол кор медиҳад. Имкон надорад, ки миллат ин далелҳои шуморо дигар қабул кунад. Вақте ки Олмони фашистиро ба додгоҳи байналмиллалӣ кашиданд, дар худи ҳамин Олмон, шумо фикр накунед, ки фақат Гитлерро маҳкум карданд. Тамоми касоне, ки бо Гитлер шарик буданд ва дар дастгоҳҳои ӯ кор мекарданд ва бо ӯ ҳамраъй буданду кӯмак мекарданд, ҳамчун ҷинояткор шинохта шуданд. На танҳо ҷинояткор шинохта шуданд, то имрӯз дар пайгарди қонунӣ ҳастанд.”

Кабирӣ афзуд: “Дар бисёре аз кишварҳои урупоӣ — дар Олмон, дар Лаҳистон ва дар Литва ҳам дидем, ки осорхонаҳои зулмҳо ва ҷиноятҳои диктаторӣ ҳаст ва номи тамоми касоне, ки ба ин ҳукуматҳо ҳамчун намедонам, хабаркаш, ҳамчун сафедкунанда, ҳамчун рӯзноманигор ва ба ҳар шакле дар хидмати ин режим буданд, дар деворҳои он осорхонаҳо овехта шудаанд, то ин ки наслҳои миллат бидонанд, ки киҳо ин миллатро зулм кард ва киҳо ин зулмро пуштибонӣ кардааст. Оё ҳамватанони гиромии мо мехоҳанд, ки исмашон дар чунин як осорхонае овезон шавад, ки дар замони ҳукмронии як золими диктатор Маҳмадаливу Бузургмеҳру садҳо дигаронро зиндонӣ карду азият дод, ин нафароне буданд, ки аз ин низом, аз ин сиёсат дар фалон ҷоҳо пуштибонӣ карданд? Шояд имрӯз ба хотири мансабу курсиву ба хотири чор танга ин корро анҷом бидиҳанд, аммо аз ёдатон наравад, ки умри ин миллат, номи ин миллат 50 сол нест. Ҳазорҳосолаҳо боқӣ хоҳад монд номи шумо. Имрӯз шумо маро террорист мегӯеду ин ҷамъро ҳама ҷинояткору террорист эълон кардед. Ва ин таърихи танҳо ман нест. Миллатҳо борҳо ҷинояткорҳоро диданд, шуниданд, аммо таърих онҳоро сафед кард. Вале номи шумо дигар сафед намешавад.”

Раҳбари ПМТ идома дод: “Нелсон Манделла ҳам барои ҳукумати худаш ҷинояткор буд. Дар зиндон агар парвандаҳои Нелсон Монделларо бигиред, дақиқан ҳамон парвандаҳои Бузургмеҳру Зайду Маҳмадаливу Сайидумар ҳаст. Нелсон Манделла сафед шуд ва тамоми шахсоне, ки ӯро 26 сол дар зиндон нигоҳ доштанд, онҳо сиёҳ шуданд. Ҳазрати Исои Масеҳро ҳам ҳамчун террорист хостанд бикушанд. Айбномаи ҳазрати Исои Масеҳ (а) ҳам ҳамин буд: сиёсати зиддидавлатӣ. Паёмбарро (с) ба кадом асос сангсор карданду берунаш карданд? Ба ҳамон иттиҳоме, ки алъон шумо дореду озодандешон доранд. Аммо таърих ҳарфи худро зад ва ҳамаи инҳоро сафед кард ва рӯсиёҳ дар назди таърих ҳамонҳое шуданд, ки ин шахсҳоро зиндон карданду тӯҳмат намуданд.”

Кабирӣ дар поёни суханони худ хотирнишон кард: “Ман бо намояндагӣ аз тамоми Шӯрои раҳбарии Паймони Миллии Тоҷикистон якояки шуморо, ки дар ин толор нишастаед, аз саросари дунё заҳмат кашида омадед, ташаккур мегӯям ва ҳам миннатдорӣ баён мекунам. Ва инро қарзи худ медонам ва мегӯям, ки бар шумо ва гузаштагони шумо ва бар ояндагони шумо дуруду раҳмати Парвардигор бод! Барои ин ҳама муборизае, ки то имрӯз кашидед ва дар паҳлӯи мо будед. Ин кори осон нест. Ин воқеан ҷавонмардӣ аст. Имрӯз, ки мо дар ин минбар истодем, ин ҳама тавассути заҳматҳои шабонарӯзии шумост, ки дар паси парда корҳоро анҷом медиҳед. Таавассути заҳмату дуоҳои муҳоҷирини мо дар Русия аст. Тавассути дуоҳо ва пуштибонии маънавии зиндониҳои мост ва он падару модароне, ки дар дохили кишвар хомӯш гиря мекунанд, азият мешаванд барои ҳар гапе, ки шумо мегӯед. Дар ҳузури милиса занг мезананд ва мегӯянд, ки баччам, биё. Вале рӯзи баъд мегӯяд, ки баччам роҳатонро идома бидиҳед, Худованд иқбол бидиҳад. Ҳамаи падару модарони шумо ин ҳарфро ба шумо гуфтанд. Дуои онҳо буду бузургии онҳо буд, ки имрӯз мову шумо дар ин ҷо сар баланд кардему ҳарф мезанем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: