Маҷаллаи солонаи КШНГЗС чоп шуд
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон (КШНГЗС) маҷаллаи (журнали) солонаи худро бо унвони “Тоҷикистон: таърихчаи шиканҷаҳо (2018-2019)” ба ду забони русӣ ва ангилисӣ ба чоп расонд ва шакли PDF-и ҳар дуро дар пойгоҳи иттилоърасонии худ — “Зиндониён” гузоштааст.
Муҳимтарин матолибе, ки дар маҷаллаи имсол интишор ёфтаанд иборат ҳастанд аз:
- Марги мармузи Файзинисо Воҳидова
- Гузориши лаҳза ба лаҳзаи фоҷеаи зиндони Хуҷанд
- Гузориши лаҳза ба лаҳзаи фоҷеаи зиндони Ваҳдат
- Одамрабоӣ дар рӯзи равшан
- Шиканҷа ва бархӯрдҳои хашин бо зиндониён
- Бемориҳои сирояткунанда дар зиндонҳои Тоҷикистон
- Фасоди идорӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон
- Фишору таъқиби хоҳарони сатрпӯш
- Парвандаи 14 зиндонии сиёсӣ дар ихтиёри СММ қарор гирифт
- Феҳристи зиндониёни сиёсӣ (исми 259 зиндонии сиёсӣ)
- Феҳристи зиндониёни кушташуда дар роҳи Хуҷанд-Душанбе
- Феҳристи хонаводаҳои фаъолони сиёсӣ, ки мавриди озору азияти мақомоти амниятӣ ва интизомӣ қарор мегиранд
- Гузориши ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик дар бораи нақзи ҳуҷуи башар дар Тоҷикистон ба СММ
… ва ғайра …
Дар зайл, линки ин ду маҷалла оварда мешавад (ба нақл аз сойти “Зиндониён”):
Изҳори назарҳо