Перейти к содержимому

Таҳти фишор қарор додани падари Муҳаммади Одинабек тавассути мақомоти амниятӣ

Ба гузориши сойти Паём, фишору таҳдиди мақомоти амниятӣ ва ҳукумати Тоҷикистон болои пайвандони фаолони сиёсӣ то рафт бештар мешавад. Рӯзи душанбе, санаи 16 сентябр Минож Саидмуҳиддинов, падари Фатҳуддин Саидмуҳиддинов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, маъруф ба Муҳаммади Одинабекро раиси ноҳияи Қубодиён, Файзуллозода Зафар Хайрулло даъват карда, зери фишор қарор додааст. 

Бар пояи ин гузориш, ибтидо раиси ҷамоати Тахти сангини ноҳияи Қубодиён, ки гуфта мешавад, номаш Маҳрам Яқубов будааст, ба хонаи падари Муҳаммади Одинабек рафта гуфтааст, шуморо раиси ноҳия ба хотири писар ва набераатон, ки дар Конфронси САҲА дар Варшава ширкат доранд, даъват кардааст. Бояд оҷилан равед! Падари Муҳаммади Одинабек ибтидо рад кардааст, баъдан гуфтандаш, ки бояд ҳатман равед, вагарна, бо зурӣ хоҳанд бурд.

Файзуллозода Зафар Хайрулло, раиси ноҳияи Қубодиён

Баъди ҳозир шудан ба ҳукумати ноҳия, раиси ноҳия, падари Муҳаммади Одинабекро бо иловаи таҳдидҳои зиёд, таҳқиру дашном ҳам кардааст. Раиси ноҳияи Қубодиён Файзуллозода Зафар Хайрулло гуфтааст, ҳозир ба идораи шӯъбаи Кумитаи амнияти миллии ноҳияи Қубодиён рафта худат бигӯ, ки писару набераам дар саффи аввали конфронс нишаста, ширкат доранд.

Ҳамин тавр рӯзи душанбе, 16 сентябр дақиқан замоне, ки падари Муҳамади Одинабекро ба ҳукумати ноҳияи Қубодиён даъват карда буданд, ба Паём tv Муҳаммадӣ Тешаев, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тамос гирифта гуфта буд, ки ду рӯз аст бародараш Шералӣ Тешаев зери фишор ва шиканҷаи равонии мақомот қарор дорад. Ӯро ҳатто маҷбур кардаанд алайҳи бародараш дашному фаҳшо гӯяд.

Ба гузориши сойти Паём, ҳамин намуди фишорҳо ба хонаводаи дигар мухолифин низ оварда мешавад. Ҳар сол дар арафаи баргузории нишасти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, наздикони мухолифин зери фишору таъқиби мақомот қарор мегиранд. Ҳарчанд то ҳанӯз ин фишорҳо ҳеҷ таъсире дар фаъолияти мухолифон надоштааст, мақомот аз он дастбардор нестанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: