Перейти к содержимому

Ҳарфҳои зидду нақизи намояндаи ҳукумат дар як ҷаласаи ҷонибии нишасти САҲА (филм ва тасвир)

Абдулло Раҳнамо, аз аъзои ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти САҲА, бо ҳарфҳои зидду нақизаш дар нишасте таҳти унвони “Зиндонҳои Тоҷикистон: лонаҳои фасод, шиканҷа ва куштор”, ҳамаро ба ҳайрат водошт. Ӯ аввал бо нишон додани номае, ки иддао кард аз Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси ҲНИТ мебошад, гуфт, шахсан дар зиндон аз Ҳайит дидан ба амал овардааст, аммо дақоиқе баъд вақте аз ӯ суол шуд, ки шумо бо кадом ҳақ ва тибқи кадом қонун, аз ӯ дидан ба амал овардаед, ҳарфи худро пас кашид ва гуфт, ин масъулони зирабт буданд, ки бо Ҳайит дидор ва номаи Ҳайитро аз онҳо дарёфт кардааст.

Дар ин нишасти ҷонибӣ, миёни ҳайати ҳукумат ва ҳайати опозисиюни тоҷик баҳсҳои тезу тунде ба амал омад. Пас аз суханронии бархе аз бастагони зиндониёни сиёсӣ ва изҳороташон дар бораи ҳолатҳои шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон, Абдуллоҳ Раҳнамо, узви ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти САҲА, бо радди ҳар гуна шиканҷа дар зиндонҳои кишвар ва ин ки дар Тоҷикистон касе ба хотири гароиши сиёсӣ зиндонӣ намешавад ва мо дар кишвар чизе ба номи “зиндонии сиёсӣ” надорем, иддао кард, ки опозисиюн аз мусибати хонаводаҳои зиндониён баҳрабардории сиёсӣ мекунад ва ин, ба гуфтаи ӯ, амали нописанде шумурда мешавад.

Раҳнамо иддао намуд, ки танҳо чанд рӯз пеш аз омаданаш ба Варшав, бо ҳайате ба зиндон рафта, аз Муҳаммадалӣ Ҳайит дидан ба амал овардааст. Ӯ иддао намуд, ки Ҳайит дар сиҳҳату саломати комил ба сар мебарад ва ҳеч шикояте надорад ва аз сӯи касе шиканҷа намешавад.

Ӯ изҳор дошт, номаеро дар ихтиёр дорад, ки ба дасти худи Маҳмадалӣ Ҳайит хитоб ба ҳамҳизбонаш навишта шуда. Ӯ варақеро берун овард ва бо нишон додани он ба ҳозирон, гуфт: “Ин муроҷиати Муҳаммадалӣ ба шумост, ки бо дасти худаш навишта шудааст. Фикр мекунам, ки хатти ӯро мешиносед. Ӯ навиштааст, ки ман сиҳҳату саломатам, дар бораи ман ҳарчӣ нагӯед”.

Замоне ки аз Раҳнамо хостанд номаро бидиҳад, аз додани он худдорӣ кард ва гуфт, фақат метавонед аз он наворбардорӣ кунед ва танҳо дар ҷаласаи расмии САҲА дар ихтиёрашон хоҳад гузошт.

Аз муҳтавои ин нома равшан мешавад, ки ин баёноти Муҳаммадалӣ Ҳайит хитоб ба Додситони кулии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон навишта шуда ва ӯ аз “шиканҷа нашуданаш” дар таърихи 11 сентябр иттилоъ додааст. Ӯ навишта: “Қайд менамоям, ки рӯзи 11.09.2019 маро касе латукӯб накардааст…” Яъне танҳо ҳамон рӯз. Ва ҳеч сухане ҳам аз он чи Раҳнамо иддао карда, дар ин нома вуҷуд надорад.

Ба гузориши Паём, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, ки дар нишаст ҳузур дошт, аз Раҳнамо пурсид, ки ӯ чӣ гуна ва ба ҳайси кӣ тавонистааст ба назди Муҳаммадалӣ Ҳайит, зиндонии маҳкумшуда ба ҳукми абад, ки ҳатто фарзандонаш наметавонанд бибинанд, ворид шавад. Аммо ин суол бе посух монд.

Кабирӣ гуфт, ҳамин ду рӯз қабл холаи Фирӯз, писари Муҳаммалӣ Ҳайит ба Фирӯз занг зада аз ӯ хоҳиш кардааст, ки ба ҳеч ваҷҳ дар нишасти САҲА суханронӣ накунад, чун дар ин ҳолат вазъи онҳоро бисёр бад мекунанд.

Темур Варқӣ, узви Шӯрои ПМТ дар хитоб ба Абдуллоҳ Раҳнамо гуфт, шумо ҳеч далеле ба гунаҳкор будани Ҳайит надоред, бинобар ин ӯро шиканҷа мекунед. Шумо инҷо аз ҳукумат намояндагӣ мекунед ва гуфтед, ки аз Муҳаммадалӣ Ҳайит дидан кардаед, бинобар ин шумо ҳам дар ин ҷинояти ҳукумат шарик ҳастед ва маҳз шумоед, ки ӯро шиканҷа мекунед.

Баъди чанд дақиқа аз суханони Раҳнамо писари Муҳаммадалӣ Ҳайит – Фирӯз Ҳайитов ба ҷаласа ворид шуд. Ӯ зимни суханронӣ гуфт, ки падараш шиканҷа ва латукӯб мешавад, то алайҳи ҳамҳизбонаш ва раҳбарияти он изҳорот диҳад, вале ӯ қабул намекунад.

Фирӯз ҳамчунин гуфт, ки бино бар фишори зиёди мақомот бар ӯ ва хонаводааш ва истифодаи ӯ барои фишор ба падараш, маҷбур шудааст Тоҷикистонро тарк кунад. Ӯ аз Абдуллоҳ Раҳнамо хост, номаро ба ӯ бидиҳад, аммо Раҳнамо рад кард ва гуфт онро дар ҷаласаи пленарии САҲА тақдим хоҳад кард.

Намояндаи дигари ҳайати ҳукумат Раҳим Каримов (мулло Абдураҳим) гуфт, Тоҷикистон қонун дорад ва вақте қонун касеро гунаҳкор кард, мо ҳақ надорем, ки гӯем ин нодуруст аст.

Навори коили ин нишаст:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: