Перейти к содержимому

Ҷоизаи байналмилалии Воҳидова ба Бузургмеҳр Ёров расман супурда шуд (тасовир)

Имрӯз (18 сентябр) дар маросими вежае, ки дар шаҳри Варшав, пойтахти Лаҳистон баргузор гардид, Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова ба Бузургмеҳр Ёров эъто гардид. Ин ҷоизаро бародари Бузургмеҳр, Чамшед Ёров ба намояндагӣ аз тарафи ӯ дарёфт намуд.

Равшан Темуриён, узви Кумисиюни арзёбӣ ва ташхиси барандагони ин ҷоизаи байналмилалӣ, дар маросими эътои ҷоиза ёдовар шуд, Кумисиюни арзёбӣ ва ташхис, ки иборат аз 9 нафар коршиносон – кунишгарони арсаи дифоъ аз ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон, ҳунармандон ва сиёсатмадорони барҷаста таркиб ёфтааст, тайи баргузории чандин ҷаласаи корӣ, аз миёни номзадҳои мутаъаддид 3 нафарро ба унвони номзадҳои ниҳоӣ ва дар ниҳоят Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъи зиндонии тоҷикро барандаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова дар соли 2019 интихоб намуд.

Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова иборат аз тандис, лавҳи тақдир ва маблағ ба миқдори 3 ҳазор дулори омрикоӣ мебошад.

Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо ва масъули Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова, ҳамчунин ба 5 нафар аз кунишгарони арсаи дифоъ аз ҳуқуқи башар ба ҷиҳати хадамот ва фаъолиятҳояшон лавҳи тақдири ифтихории ин ҷоизаро эъто кард. Ин афрод иборат ҳастанд аз:

Иззат Амон, фаъоли иҷтимоии тоҷики муқими Русия;

Каримҷон Ёров, фаъоли иҷтимоии тоҷики муқими Русия;

Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар Созмони байналмилалии Human Rights Watch;

Мариус Фоссум, намояндаи минтақаии Кумитаи Ҳелсинкӣ дар Осиёи Марказӣ;

Духтарони фаъол дар арсаи дифоъ аз озодии расона дар Тоҷикистон.

Тасовире аз ин маросим:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: