Перейти к содержимому

Бозтоби иқдоми зидди эронии ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти САҲА дар расонаҳои Эрон

Иқдоми зидди эронии намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти САҲА, имрӯз бозтоби бисёр густурдае дар расонаҳои эронӣ аз ҷумла хабаргузории Тасним, Теҳронпресс, Озарнюзонлайн, Хабари форсӣ, Тобнок ва ғайра дошт.

Дар ҳамин росто, хабаргузории Тасним дар гузорише таҳти унвони “Иқдоми зидди эронии намояндагони мунтасаб ба давлати Тоҷикистон дар конфронси ҳуқуқи башари Варшав”, навиштааст: “Дар ҳоле, ки Теҳрон ва Душанбе раванди бозсозии равобитро тайи моҳҳои ахир оғоз кардаанд, тими мунтасаб ба давлати Тоҷикистон дар конфронси солонаи ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Урупо, бо интишори як маҷаллаи зидди эронӣ иқдомоти ғайрисозандаеро дар шаҳри Варшав сурат дод.”

Дар ин гузориш мехонем:

Конфронси солонаи ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Урупо ба мизбонии шаҳри Варшав, пойтахти Лаҳистон сентябри ҳар сол баргузор мешавад. Фаъолони иҷтимоӣ, намояндагони ҷомеаи маданӣ, пажӯҳишгарон, фаъолони сиёсӣ ва намояндагони давлатҳои 76 кишвари узви ин созмон, меҳмонони ин конфронс ҳастанд. Мавзӯоти мухталифи ҳуқуқи башарӣ назири зиндониёни сиёсӣ, озодии расонаҳо, шаффофияти сиёсӣ ва демукросӣ аслитарин меҳварҳои ин конфронс аст.

Тими намояндаи давлати Тоҷикистон дар ҳоле дар соли ҷорӣ дар ин конфронс ширкат кардааст, ки соли гузашта дар пайи даргирии физикӣ бо яке аз мухолифон, ҳошияҳои бисёреро эҷод карда буд. Ин ҳошия, ки барои давлати Тоҷикистон ҳам бисёр гарон тамом шуд, дар пайи ҳамла ва зарбу шатми Муродҷон Саидзода, мушовири сафири Тоҷикистон дар Олмон, Лаҳистон ва Чек ба як фаъоли сиёсии тоҷик сурат гирифт. Ин иқдом, ки бозхӯрдҳои густурдае дар фазои маҷозӣ дошт ва эътибори давлати Тоҷикистонро ба шиддат махдуш кард, дар ниҳоят бо барканории Маликшоҳ Неъматов, сафири ин кишвар дар Олмон, Лаҳистон ва Чек хотима ёфт.

Ин ҳошияҳо дар соли гузашта дар дидори кӯтоҳи Сайфулло Сафаров бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ дар Варшав идома ёфт. Вай дар он дидор ба Ҳизби наҳзати исломӣ пешниҳоди баргузории музокирот дар Душанберо эълон карда буд. Вай пештар низ эълом карда буд, ки 183 нафар аз зиндониёни сиёсӣ дар ин кишвар афв шуда, аммо баъдтар ҳар ду маврид такзиб шуда ва ҳеч иқдоме дар ин ду замина сурат нагирифт.

Дар конфронси соли ҷорӣ низ, ки аз 16 сентябр оғоз шудааст, як тим ба намояндагӣ аз давлати Тоҷикистон бо ҳузури афроде ҳамчун Абдуллоҳ Раҳнамо, аз коркунони Маркази мутолеоти истротежики ниҳоди риёсати ҷумҳурӣ ва Раҳим Каримов (маъруф ба Мулло Абдурраҳим) — аз фармондеҳони собиқи мухолифон, устоди донишгоҳи исломӣ ва фарде, ки аз саҳмияи мухолифон дар созишномаи сулҳ ба риёсати хадамоти гумруки Тоҷикистон мансуб шуд, дар ин конфронс ҳузур доранд. Раҳбарии ин тимро низ Зариф Ализода, ҳуқуқшиноси тоҷик, мушовири раисиҷумҳур дар масоили ҳуқуқӣ ва намояндаи раисиҷумҳур дар Маҷлиси олӣ бар ӯҳда дорад.

Агарчӣ тоза 3 рӯз аз оғози конфронс мегузарад ва пас аз таҷрибаи соли гузашта интизор мерафт ҳошияҳои камтаре тавассути тими намояндаи давлат дар ин конфронс эҷод шавад, аммо рӯзи гузашта нахустин ҳошияи он ҳам на сирфан перомуни мухолифон, балки бо чошнии иқдомоти зидди эронӣ дар ин конфронс сурат гирифт. Рӯзи гузашта дар ҳоле, ки гурӯҳҳои мухталифи опозисиюн тавлидоти худро дар ғурфаҳое ба маърази намоиш гузорда ва додаҳоеро перомуни зиндониёни сиёсӣ, вазъияти ҳуқуқи башар, вазъияти исломгароён ва озодии расонаҳо дар ин кишвар ироа медоданд, тими намояндагони давлат низ иқдом ба интишори ду маҷалла намуданд.

Тасвири ҷилди яке аз маҷаллоти тавзеъшуда дар конфронси Варшав

Нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ дар мавриди ин ду маҷалла нахуст он буд, ки ҳеч ному нишон аз соҳиби ин маҷаллот ва ё наҳваи иртибот бо нависандагони он вуҷуд надошт. Нуктаи дуввум ҳам, ки бештар ҷалби таваҷҷӯҳ мекард, зидди эронӣ будани ин маҷаллот бо дарҷи унвони “Созмони теруристӣ ва ифротии Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон” буд. Дар ҳоле, ки интизор мерафт додаҳо ва асноде алайҳи мухолифон мунташир шавад, дар ин маҷаллот талош шуда буд, то иртиботот миёни гурӯҳҳое аз Ҳизби наҳзати исломӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба унвони омиле барои “терурист” будани онҳо муаррифӣ шавад.

Интишори тасвири раҳбарӣ ва Муҳиддин Кабирӣ ҳамроҳ бо орми Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ

Тасвири дидори кӯтоҳи Муҳиддин Кабирӣ бо раҳбарӣ дар хилоли Конфронси ваҳдати исломӣ дар соли 2016 ва интишори орми Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар канори ин тасовир, талоши мазбуҳонаи маҷаллаи мазкур барои исботи “терурист” будани Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Илова бар ин, дар бахшҳои дигар тасовире аз Эшони Қиёмуддин Ғозӣ, ки чанде пеш дар шӯриши машкуки зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд, мунташир шудааст. Дар ин тасовир талош шуда, то тамоми эрониёне, ки дар канори марҳум Қиёмуддин Ғозӣ дар тасовир ҳузур доранд, афсарони иттилоотии Ҷумҳурии Исломӣ муаррифӣ шаванд. Ҳол он ки бисёре аз ин афрод аз руҳониюн ва чеҳраҳои шинохташудаи ҳавзаи илмия ба шумор мераванд.

Тасовири иддаоии иртиботи Муҳиддин Кабирӣ бо мақомоти эронӣ

Дар бахши дигари ин маҷаллот, дар иқдоме хандаовар, ки нишон аз беиттилоии мунташиркунандагони он дорад, бо интишори нақшаи шаҳрҳои Пардис ва Бумаҳин, ба унвони марокизи омӯзишии иттилоотӣ ва низомии мухолифони тоҷик муаррифӣ шудаанд. Дар бахшҳои дигар низ муҷаддадан иддаои такрории эътои пул ба женерол Абдулҳалим Назарзода барои иҷрои “кудето” ва ишора ба ҳаводиси машкуки сентябри соли 2015 муҷаддадан аз сӯи ин маҷалла сурат гирифтааст.

Интишори нақшаи Бумаҳин ба унвони маркази омӯзиши иттилоотии аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ

Гуфтанист, ин иқдомоти мухарриб ва зидди эронӣ дар ҳоле тавассути тими давлати Тоҷикистон дар шаҳри Варшав сурат мегирад, ки ду кишвар тайи моҳҳои ахир талошҳои созандае барои эҳё ва бозсозии равобит сурат додаанд. Сафирони ду кишвар иқдомоти фаъолонаеро тайи ин муддат ба анҷом расонда ва раисони ҷумҳури ду кишвар низ дар Душанбе бо якдигар дидор карданд.

Дар поёни ин гузориш омадааст:

Интизор меравад давлати Тоҷикистон, ки мутақобилан тамоюл ва ҳусни нияти худро барои бозсозии равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва канор гузоштани сутафоҳумот ва ихтилофоти гузашта эълом кардааст, бо ин иқдомоти фитнаангез ва мухарриб бархӯрд карда ва монеъ аз такрори онҳо шавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: