Перейти к содержимому

Диктотури фирории Тунис дар Арабистон мурд

Расонаҳои Тунис эълом карданд, ки раисиҷумҳури фирории ин кишвар дар Арабистони Саудӣ мурд.

Расонаҳои тунисӣ рӯзи панҷшанбе (19 сентябр) эълом карданд, ки Зайнулобидин бен Алӣ пас аз даргирии тӯлонӣ бо беморие, ки бар асари он ба яке аз бемористонҳои Саудӣ мунтақил шуда буд, мурдааст.

Чаҳор рӯз пеш бархе расонаҳои арабӣ хабари марги раисиҷумҳури фирории Тунисро эълом карда буданд, вале ин хабар мавриди таъйиди хонаводаи ӯ қарор нагирифт.

Зайнулобидин бен Алии 83-сола бо оғози эътирозоти мардумӣ ба сиёсатҳои саркӯбгаронаи ӯ 14 январи соли 2011 аз Тунис фирор кард ва Арабистони Саудиро ба унвони табъидгоҳи худхоста интихоб кард.

Ӯ ҳамон сол ба сурати ғиёбӣ муҳокима ва ба далели иттиҳомоти мутаъаддиде аз ҷумла фасоди молӣ ва шиканҷаи нерӯҳои инқилобӣ дар Тунис, ба 35 сол ҳабс маҳкум шуд. Пас аз он низ Додгоҳи низомии Тунис, Бен Алиро ба иттиҳоми таҳрик ба қатли инқилобиҳо ба 20 сол ҳабс маҳкум кард.

Тунис дар таърихи 20 феврали 2011 расман аз Арабистони Саудӣ хост, Бен Алиро таҳвил диҳад, аммо ин кишвар аз таҳвили ӯ худдорӣ кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: