Перейти к содержимому

ПМТ ва насли севвуми пас аз истиқлол (1)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба баҳонаи нахустин солгарди таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ)

Бахши аввал

Тазаккур: Он чи дар ин ёддошти таҳлилӣ меояд, рабте ба дидгоҳҳо ва мавозеи расмии Паймони Миллии Тоҷикистон — ки нигоранда узви он аст — надорад ва аз ин рӯ дар мавориде аз ин таҳлил, чи басо азизони ҳамразм бо ин банда мувофиқ набошанд. Ин ёддошт бардоштҳо ва таҳлилҳои шахсии нигоранда аз вазъияти ду насли пас аз истиқлол ва дурнамое аз вазъияти насли севвум ва боистаҳои ПМТ дар баробари ин насл аст.

* * *

Даромад

Пеш аз пардохтан ба асли матлаб, лозим аст чаҳор нуктаи асосиро ёдоварӣ бикунам:

1) Нуктаи аввал ин ки: дар ба ҳақиқат пайвастани ҳар гуна тағйиру таҳаввул дар як ҷомеа, бешак нақши аслиро ҷавонон мебозанд, бахусус ҷавонони аз 20 то 30-сола. Ба иборати расотар, дар ҳар навъ тағйиру таҳаввул дар ҷомеаҳо, ҳарчанд раҳбарони ҷунбишҳо бештар афроди болои 40 соланд, вале майдондорону майдонпуркунҳо ғолибан ҷавонон ҳастанд.

Исботи ин муддао чандон душвор нест ва ҳатто ниёз ба барпоии далел ҳам надорад. Муруре кӯтоҳ ба таърихчаи инқилобҳо дар тӯли таърих, кофист ин муддаоро собит намояд. Майдонпуркунҳо дар Инқилоби Фаронса, дар Инқилоби Октябр дар Русия, дар инқилобҳои пас аз он дар сар то сари гетӣ ва ахиран дар таҳаввулоти ҷаҳони араб, ки ба “Баҳори арабӣ” маъруф аст, ҳама ҷавононе буданд дар синнҳои 20 то 30 сол.

Чаро дур биравем?! Дар ҷомеаи худамон дар солҳои 90-ум, ки шоҳиди тағйиру таҳаввул гардид, аҳзобу ҷунбишҳои ислоҳхоҳ аъзояш ағлаб ҷавонони 20-30-сола буданд. Ва ҳатто раҳбарони ҲНИТ мисли марҳум Устод Нурӣ, Ҳимматзода, Сайидумар Ҳусайнӣ, Сайидиброҳим Гадо ва ғайра, дар он даврон, дар ҳамин синну сол буданд.

Аммо инки чаро ҷавонон майдонпуркун ҳастанд, далелаш беш аз ҳар чизе дигар, далели руҳӣ-равонӣ аст. Зеро одамӣ ба лиҳози руҳӣ-равонӣ дар ин синну сол, ғолибан боҳамоса, хунгарм, беибо ва чандон мулоҳизакор нест; бар хилофи ӯ, ки дар 40-солагӣ ба боло, бештар эҳтиёткор, хунсард ва мулоҳизакор мегардад. Ва рафтан ба майдону арсаро пур кардан, аз дасти инсоне сохта аст, ки беибо бошад, хунгарм бошад, мулоҳизакор набошад, на хунсарду эҳтиёткору мулоҳизакор.

2) Нуктаи дуввум: бо таваҷҷӯҳ ба он чи дар нуктаи аввал ёдовар гардид, ҳар ҷунбишу ҳаракате, ки бештари аъзояшро ҷавонони 20-30-сола ташкил надиҳанд, ҳаргиз ба ҳадафу ормоне, ки дар пеши худ гузоштааст нахоҳад расид, ҳарчанд ки босаводтарин, таҳсилдидатарин, хирадмандтарин афроди ҷомеа дар раъси он ҷунбишу ҳаракат қарор гирифта бошанд. Зеро, ҳар андоза ҳам, ки идеяҳо ва барномаҳоят дақиқ ва воқеъбинона ва илмӣ бошанд, аммо то замоне ки амалан ва дар замин тағйиру таҳаввуле анҷом нагирад, барномаҳоят ҳаргиз ба марҳилаи иҷро нахоҳанд расид ва онҳоро ҳамроҳ ба гӯр хоҳӣ бурд. Ва таҳаққуқи тағйиру таҳаввул дар замин низ, ҳамон тавр ки дар боло ёдовар гардид, ҷуз ба дасти ҷавонони 20-30-сола имконпазир нест.

3) Нуктаи севвум он ки: ҷунбишу ҳаракате бодавом аст — ҳатто пас аз пирӯзӣ ва расидан ба ҳадафаш — ки ҳамеша ҷавононро (20-30-солаҳоро) ба ҳамроҳ дошта ва битавонад ҳамоҳанг бо ин насл ҳаракат кунад. Ва ба ҳамроҳ доштани ҷавонон (20-30 солаҳо), лозимааш шинохтани онҳост, дарки онҳост, майдон додан ба онҳост, набуридан ва нагустастан бо онҳост.

4) Нуктаи чаҳорум ва ахир он ки: муроди ман аз як насл (20-30-солаҳо) дар ин ёддошт, лузуман кулли ҷавонони ҷомеа, ки дар ин синну сол ҳастанд нест, балки фақат касоне аст, ки эҳсоси масъулият мекунанд; дар баробари ватан ва ҷомеаашон дорои дарданд ва мехоҳанд коре бикунанд, ки шояд 10 дарсади ҷавонони як ҷомеаро ташкил диҳад ва шояд ҳам 5 дарсади онро. Ва асосан, таҳаққуқи тағйиру таҳаввул дар ҷомеаҳо, ҳамеша мадюни талоши ақаллият буда ва ҳаст, вагарна аксарият ба дунболи ин ҷур чизҳо нестанд ва тобеъи мантиқи “Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат бош!” ҳастанд ва пиндорашон ин аст, ки тағйиру таҳаввул дар ҳам ҷомеае, як “ҷабри таърихӣ” аст, ки “вақташ ки расид, худ аз худ таҳаққуқ меёбад.”

Инак, пас аз ин муқаддима, шурӯъ мекунам ба баёни асли матлаб:

* * *

Насли ҳамгом бо истиқлоли Тоҷикистон (насли аввал)

Насли аввал ва майдонпуркунҳо дар оғози истиқлол, ки бештарашон то ба имрӯз дар қайди ҳаётанд, дар он даврон рисолати худро хуб анҷом доданд ва агарчӣ дар мавориде ба иштибоҳоте ҳам роҳ доданд, вале дар маҷмӯъ тамошобин набуданд, балки ҳар ҷо эҳсос карданд, ки бояд ҳузур дошта бошанд, ҳузур ёфтанд ва арсаро барои “ҷабри таърихӣ” вогузор накарданд. Бале, ҷанги шаҳрвандӣ камари онҳоро шикаст, ки ин дигар баҳсаш ҷудост ва инҷо нест.

Албатта, нуктае, ки инҷо шоистаи ёдоварист ин аст, ки кор барои ин насл душвор набуд, зеро вазъият дар он замон чандон печида набуд, ки дар ташхиси “сиёҳ” аз “сафед” ва дуруст аз нодуруст инсон ҳайрон бимонад, ба хилофи вазъият дар даврони насли дуввум, ки андаке печида гардид, ки ба зудӣ дар ин хусус баҳс хоҳам кард. Зеро дар он даврон, ин насл ҳадафаш комилан барояш мушаххасу равшан буд; мехост Тоҷикистон ба истиқлол бирасад ва аз тобеияту бардагии русҳо раҳо шавад, ва аз он тараф ҳам, чеҳраи тарафи муқобилаш низ комилан намоён буд, ки хостори бақои Шӯравӣ ва тобеияту бардагӣ буд. Хулоса, ҳама чизе комилан равшан ва ҳеч чиз печида набуд. (Албатта, бо камоли таассуф, тарафи муқобил дар ниҳоят пирӯз гардид ва ҷанги шаҳрвандӣ пеш омад ва имрӯза ин бардахӯйҳо дам аз истиқлолу Тоҷикистони мустақил мезананд.)

Бо ин ҳама, ин насл, ки то ба имрӯз зимоми баъзе аз аҳзобу ҷунбишҳо дар дастони ӯст, дорои ду нақс ва костии асосӣ аст; нақсу камбудие, ки зимомдорони феълии Тоҷикистон, мисли Раҳмону дору дастааш низ, бо ӯ дар ин ҷиҳат иштирок доранд. Яъне ин ду камбудӣ, дар ҳар ду ҳаст, бо вуҷуди ихтилоф дар ҷаҳонбинӣ ва мавозеи сиёсӣ.

1) Камбудии аввалаш ин аст, ки бо вуҷуди он, ки 20-у анде сол бар истиқлоли кишвар мегузарад, аммо ҳанӯз як тасаввури ҷомеъу комиле аз Тоҷикистон ба унвони “як кишвари мустақил бо мардум ва миллате мустақил” надорад. Барои ин насл, ҳанӯз унсурҳое мисли забон, хатт, фарҳанг, ҳувият, таърих, сарзамин ва ғайра — аз унсурҳои аслии ташкилдиҳандаи як давлат ва як миллати мустақил – аз аҳаммияти чандоне бархӯрдор нестанд ва ё лоақал ба инҳо ба унвони масоили дараҷаи дуввум ва ҳатто севвум нигоҳ мекунад. Гӯӣ ин ки намедонад, истиқлоли як ҷомеа, ба ҳамин аносур аст. Ва ҳамон тавр ки арз шуд, дар ин ҷиҳат Раҳмону дору дастааш низ бо инҳо муштараканд.

Фаҳми Раҳмон аз таърих масалан, ҷуз ин нест, ки ҳар тоҷике бояд китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро хонда бошад ва ё худи эшон китобе дар заминаи таърихи тоҷикон бинависад ва ин китоб масалан чоп шавад ва дар дастрасӣ мардум қарор бигирад… ва дигар ҳеч. Ва ё, фаҳмаш аз фарҳанг ҷуз ин нест, ки ҷомеа ба фолклору рақсу суруду либосу пӯшишҳои миллӣ пойбанд бошанд. Ва ё, аз забон танҳо ҳамин миқдор тасаввур дар зеҳн дорад, ки бояд ҳар тоҷике битавонад ба забони тоҷикӣ гуфтугӯ кунад. Аммо ҳамин ки навбат ба зарурати тағйири вожагони низомӣ ба забони модарӣ — ки ҳанӯз мутаассифона ба забони бегона (русӣ) ҳастанд — мерасад, мебинем ӯ бар бақои вожагони бегона исрор меварзад. Яъне дар воқеъ барояш ин масъала аз ҳеч аҳаммияте бархӯрдор нест. Ва ё дар маъракаҳои байналмилалӣ ғолибан ба забони русӣ такаллум мекунад. Фаромӯш мекунад, ки ӯ намояндаи як давлати мустақил ва як миллат, ки барои худаш забоне дорад мебошад. Дар заминаи тағйири хатт ва зарурати он низ, масъала аз ҳамин қарор аст.

2) Нақсу камбудии дуввумаш дар ин аст, ки аз ҷояш такон нахӯрдааст. (Албатта, намехоҳам таъмим бидиҳам ва бар ҳама ин ҳукмро бор кунам, балки ағлаб чунинанд.) Дар ин ҷиҳат низ зимомдорони феълӣ бо онҳо иштирок доранд. Манзурам аз “аз ҷояш такон нахӯрдааст” ин аст, ки “ҷаҳони” ин насл, ҳанӯз ҳамон “ҷаҳоне” аст, ки дар солҳои 90-ум дар ҷомеа ҳукмфармо буд, гӯӣ ин ки ҳеч чиз аз ҷояш наҷунбида; мардум дар назараш ҳамон мардум, дунё ҳамон дунё, андешаҳо камокон ҳамон андешаҳост, танҳо ин ки роёна (компютер), интернет, телефонҳои ҳушманд ва ин ҷур чизҳо вориди арсаи зиндагӣ шуда ва дигар ҳеч. Аслан, мутаваҷҷеҳ нест, ки дар 20 соли ахир, дунё комилан дигар гардида; ҷавони тоҷики имрӯз дигар он ҷавони соддае, ки дар солҳои 90-ум зиндагӣ мекард ва “ҷаҳон” пешаш дар минтақа ва шаҳри худаш ва ҳаддиаксар дар Тоҷикистон ва ё Шӯравии собиқ маҳдуд мешуд нест. Ва чунонки арз шуд, Раҳмону дору дастааш низ бо ӯ дар ин ҷиҳат муштараканд. (Шояд ба ин далел, ки ҳар ду дар муҳиту фазои яксоне бузург ва тарбият шудаанд.)

Ба унвони мисол, шумо вақте ба рафтору гуфтори Раҳмон дар ибтидои ҳукумат карданаш ва рафтору гуфтори ӯ дар имрӯз диққат мекунед, байни онҳо ҳеч тафовуте намебинед. Ӯ агар дар даҳаи 90-ум, ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, бахше аз мардуми кишварашро душман мешумурд, ин диду нигоҳи вай бо гузашти 20-у чанд сол ҳанӯз пойбарҷост ва ҳеч тағйире накарда ва ҳанӯз бахше аз мардумро душман меҳисобад. Дар ин тараф ҳам вазъ аз ҳамин қарор аст. Агар дар даҳаи 90-ум, афроде, ба ҳар далел, фақир буданро айб мешумурданд ва “карамел” хӯрдани касе, барояшон як нақс талаққӣ мешуд ва онро ба рухи дигарон мекашиданд ва касе ҳам чизе намегуфт, имрӯз ҳам пас аз гузашти 20-у анде сол, ҳанӯз диду нигоҳи ин афрод ва “ҷаҳонашон” тағйир накарда, гӯӣ ин ки дар ҳамон даҳаҳо зиндагӣ мекунанд.

Ва аз қазо, ҳамин ду нақсу камбудӣ аст, ки барои ин насл, таъомул бо насли пас аз худашро бо мушкил рӯ ба рӯ кардааст, ки роҷеъ ба ин матлаб, дар баҳс дар бораи насли дуввум ба тафсил баҳс хоҳам кард.

Идома дорад

* * *

Бахши дуввуми ин мақола

Бахши севвуми ин мақола

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: