Перейти к содержимому

Раҷабиён порсиситезонро ба чолиш кашид

Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷик, дар фарохоне, касонеро, ки ба гуфтаи ӯ, “шабурӯз ба фикри таку потак ъалайҳи фарзандони Рӯдакию Фирдавсӣ ҳастанд ва бо тавассул ба дурӯғу туҳмату таҳдид мехоҳанд бо онҳо муқобила кунанд”, ба чолиш кашид ва бо мухотаб қарор додани онҳо эълон кард, ки метавонанд “дар як баҳси ошкор бо яке аз фарзандони Рӯдакию Фирдавсӣ, ки ман бошам, худе бинамоянд.”

Фарохони Раҷабиён ба нақл аз сафҳаи корбарии ӯ дар Фейсбук ба ин шарҳ аст:

Ф А Р О Х О Н

Шоёни таваҷҷуҳи мухолифони хатту забони порсӣ дар Тоҷикистон

(ки барояшон бояд гуфт: Д И Қ Қ А Т! Д И Қ Қ А Т!)

Шуморо ба чолиш мекашам.

Ҳар касе, ки ба ҳар далеле забони моро ПОРСӢ намедонад ва ниёз ба гузор ба хатти порсиро дарк намекунад, метавонад дар як мубоҳисаи шунидорӣ меҳмони ман бошад.

Касоне, ки шабурӯз ба фикри таку потак ъалайҳи фарзандони Рӯдакию Фирдавсӣ ҳастанд ва бо тавассул ба дурӯғу туҳмату таҳдид мехоҳанд бо онҳо муқобила кунанд, метавонанд дар як баҳси ошкор бо яке аз фарзандони Рӯдакию Фирдавсӣ, ки ман бошам, худе бинамоянд.

Он чи устоди бесавод Саади Махди бошаду чи Пустакъалибашараи зарифу наҳиф Сайфак Дъстакуф (СССР), чи пруфесури дурмонда аз назари Диссернет Сайфуллоҳ Сафаруф ва чи пруфесури шӯравӣ Иброҳим Ъусмонуф ва чи шоъирони дарбор, ки ба ҳурмати шеър номашонро намебарам, метавонед бо ман баҳси бепарда дошта бошед, то бибинем, чандмарда ҳаллоҷед, чи мегӯед, чи мехоҳед, дардатон чист, заҳратон аз куҷост, чиро бо модари худатон, ки ПОРСӢ бошад, ин ҳама сари даъво доред, бар чи мабное хиёнат бароятон ъайни садоқат шудааст ва чиро, ба чи далелу баҳонае, пойбанди истилоҳи сиёсии бегонаоварди “забони тоҷикӣ” мондаед.

Баҳсҳои мо забт ва бидуни дасткорӣ, дар ҳамон шакли аввалия мунташир хоҳад шуд.

Гап мезанему довариро ба шунавандагон вогузор мекунем.

Ин гӯйу ин майдон!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: