Перейти к содержимому

Тасвире аз сафҳаи корбарии Салоҳуддин Раббонӣ дар Фейсбук

Таҳрифу дасткории тасвире аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон дар маҷаллае, ки дар нишасти САҲА миёни ширкаткунандагон тавзеъ намуд — коре, ки мояи обрӯрезии ин режим гардид, боис шуд саре ба сафҳаи корбарии Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷаи Афғонистон бизанам.

Аз қазои рӯзгор, дар сафҳаи оқои Салоҳуддин Раббонӣ ҳамин тасвир ҳамроҳ бо ёддоште гузошта шудааст; ёддоште ба муносибати ширкати Раббонӣ дар 27-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ, ки дар таърихи 16 то 18 январи соли 2014 дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуда буд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз ин акс чеҳраи Раббониро ҳазф карда ва дар як иддаои музҳик болои он ба ин мазмун навиштааст, ки ин акс акси “теруристҳо” аст, ки дар Эрон масалан гирди ҳам омадаанд.

Аммо асли акс ин аст:

Холӣ аз фоида нест ёддоштеро, ки дар сафҳаи корбарии Салоҳуддин Раббонӣ зери ин тасвир оварда шудааст инҷо бикорам:

Ҷумъа 27 ҷадйи 1392 (мутобиқи 17 январи 2014) Салоҳуддин Раббонӣ, раиси Ҷамъияти Исломии Афғонистон ва раиси Шӯрои Олии сулҳ дар 27-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ ба эроди суханронӣ пардохтанд.

Дар ин конфронс аъзои Маҷмаъи умумии тақриби мазоҳиби исломӣ ва ҷамъе аз мутафаккирон ва андешамандони беш аз 50 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон барои се рӯз гирди ҳам омадаанд.

Баъзе аз нукоти муҳим аз суханронии Салоҳуддин Раббонӣ дар 27-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ:

— ваҳдат аз заруратҳои ҷиддии уммати исломӣ аст;

— мо дар шароити печидае зиндагӣ мекунем, ки баҳонаҳо ва шайтанатҳои мухталифе боиси тазъифи миллатҳои мусалмон мешавад;

— адами иттихози мавзеи муштараки кишварҳои исломӣ метавонад мӯҷиби адами шукӯҳмандии ислом ва муслимин дар ҷаҳон шавад;

— даъвои фирқаӣ ва фирқагароӣ яке аз муъзалот дар роҳи тақриби мазоҳиб аст;

— ҳадаф аз тақриб яксонсозии ҳамаи мазоҳиб бо якдигар нест, балки ҳадаф ба расмият шинохтани якдигар бар мабнои ухуввати исломӣ аст, ки моро ба ваҳдати сиёсӣ дар баробари дигарон мерасонад;

— ифротгароӣ дигар мушкили ҷаҳони ислом аст, ки гоҳе худашро дар ихтилофоти фирқаӣ ва гоҳ дар ҷараёнҳои теруристӣ нишон медиҳад;

— Афғонистон яке аз кишварҳоест, ки Толибон якшаба дар баробари як давлати исломӣ, ки тоза аз ҷиҳод дар баробари Шӯравӣ наҷот ёфта буд истод ва 20 сол Афғонистон даргири ифротгароиҳои ин ҷараён буд;

— манзури мо аз ифротгароӣ гурӯҳҳое аст, ки аз мафоҳими исломӣ бардоштҳои нодуруст ва вожгун мегиранд;

— шаҳид пруфесур Устод Бурҳонуддин Раббонӣ як солу ними қабл дар Конфронси бедории исломӣ дар Теҳрон, ки як рӯз пас аз он ба шаҳодат расиданд, дархост карданд, ки ҳамаи уламо дар баробари ифротгароӣ мавзеи муштараке иттихоз кунанд;

— дархости мо аз уламои ҷаҳон ин аст, ки барои овардани сулҳ ба Афғонистон вазифаи худро анҷом диҳанд;

— таваққӯи мо ин аст, ки ин конфронс гоми муассире дар ҷиҳати тақвият ва таъмини сулҳ дар Афғонистон гардад.”

Бо ин ки аз ҳукумати нобихради Тоҷикистон таваққӯи иқдоми санҷида бисёр баъид аст, аммо бо ин ҳама, тавсия мешавад аз ин пас ҳар иқдоме, ки мехоҳад анҷом бидиҳад, аввал андаке дар бораи паёмадҳои эҳтимолии он биандешад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: