Перейти к содержимому

Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид (6)

Ба қалами Мирбобо Мирраҳим

Қисмати 6

Дар навиштаҳои боло (ки аз С. Мирзорахматов мисол оварда шуд) боз як дурӯғ ва хиёнату таҳриф ҳаст, ки фош кардани он лозим ба назар расид: Давлат Худоназоров дӯст дошт ба таври доимӣ навори гузоришҳо аз «гаштҳои сулҳофар»-иниаш аз симо пахш шавад ва дақиқан аз ҳамон сафаре, ки ҷаноби С. Мирзорахматов ёд овардааст, шогирдонаш мустанаде дуруст карда буданд ва аз Райиси Ширкати давлатии садо ва симо талаб доштанд, ки он ба таври фаврӣ аз симо пахш шавад. Мо ба пахши фаврии он навор мухолифат кардем, зеро медонистем, ки чунин бузургнамоиҳо аз нақш ва шахсияти Д. Худоназаров дар истиқрори сулҳ он рӯзҳо ба ҳеҷ кас намефорад ва ҳатто нафратангез аст. Зеро масъалаи таъйини сарнавишти ояндаи тоҷикон ва Тоҷикистон дар секунҷаи (мусалласи) бонуфузи Маскав-Вашингтон-Тошканд (1) ба нафъи дигарон ҳаллу фасл шуда буд ва танҳо пардаи охири намойиш боқӣ монда буд, ки бояд ба он ҷомаи қонунӣ мепӯшониданд. Бояд зикр шавад, ки Давлат Худоназаров он пардаи қонунӣ ва хотимавиро ҳамчун мушвири кафили Райиси Ҷумҳурӣ А. Искандаров бо маҳорати баланди коргардонии синамои ковбойи шарқӣ дар даҳаи севвуми моҳи ноябри соли 1992 бо барпоии Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олӣ дар Кохи Арбоби Унҷии Хуҷанд (бояд зикр шавад, ки меъмори асосии он Кохи беназир дар Осиёи Миёна академики зиндаёд Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев аст, ки гумном боқӣ мондааст) устодона пиёда кард.

Мантиқи тӯҳматбофии С. Мирзорахматов нисбат ба мо хеле содда ва бозорист, ки ба ягон делел ва санад эҳтиёҷ надорад ва ҳар чӣ шон менависанд бояд ҳамчун ҳақиқати кулл пазируфта шавад. Бояд ба бозрасҳои мӯҳтарами дастгоҳҳои Додситонии кулл ва амнияти кишвар ташаккур кард, ки ишон заҳмати фаровон кашида, санади ассосии ба сифати мушовир ба кор пазируфтани Абдуғаффор Худойдодов (яъне Мулло Абдуғаффор) дар Ширкати давлатии садо ва симоро пайдо ва барои ояндагон ҳифз намудаанд. Понздаҳ сол пеш аз ин рӯзҳо мо онро нашр кардем ва ҳол он санад бори дуввум ба таваҷҷӯҳи ҳамагон пешкаш мегардад:

«Азбаски дар тамоми навиштаҳои дӯсту душман ба сифати мушовир ба кор гирифтани Мулло Абдуғаффор ба камина нисбат дода мешавад, ҳол як ҳуҷҷати муҳимро, ки бозрасҳо аз Идораи коргузории садо ва симо (Отдел кадров) пайдо кардаанд ва дар варақҳои кории ҷилди У111 (парвандаи №625) ҳифз шудааст, айнан меорем:

Перечень

Изменений в штатном расписании Госкомитета Таджикской ССР по телевидению и радиовещанию на 1992 год. Телевидение. Дирекция программ. Ввести: Ст. редактор (Советник) шт. 1. Должностной оклад 660, надбавка персональная 340. Всего в месяц 1000 руб. Подпись:

Заместитель Председателя Госкомитета Таджикской ССР по радиовещанию и телевидение Г. Махмудов.

Начальник планово-финансового отдела Азимова К.

Ба сифати мушовир ба кор гирифтани А. Худойдодов (Мулло Абдуғаффор) кори хеле пурмасъулият буд ва ман ба ҳеҷ ваҷҳ онро наметавонистам анҷом бидиҳам. Аввалан, ҳарифон моро аз нигоҳи қонун метавонистанд айбдор созанд. Сониян, мушовирӣ дар бахши барномаҳои динӣ бояд салавотӣ мешуд, на бо пул. Ва ниҳоят, Мулло Абдуғаффор бо ахлоқ ва тундхӯии худаш ҳамаро аз мо дур мекард, ки намунаи он ҷанҷоли машҳури ишон бо А. Комилов бар сари тасаллут ба … аз 8.05.1992 дар студияи телевизион буд, ки дар он ғавғо ҳеҷ ангезаи исломӣ ҷой надошт. Ғулом Маҳмудов барои хушомад ҳамаи корҳоро анҷом дода, дертар ба ман эълом дошт, ки «домуллоро ба кор гирифтем». Ростӣ, ман дар вазъияте аз ин бозиҳои Ғ. Маҳмудов ва Мулло Абдуғаффор огоҳ шудам, ки рад кардан ва ё тағйир додани он ҳеҷ имкон надошт ва ба салоҳи кор ҳам набуд. Мулло Абдуғаффор дертар ба корҳои радио ва телевизион дахолат намекард. Аммо дар тафаккури одамон танҳо номи ӯ монд ва корҳое, ки дар кӯчаю бозор, фурудгоҳ ва маҳаллаи «Южный» аз ҷониби ҳаводорони ӯ ба миён омад, умдатан ба тамоми оппозиция нисбат дода мешуд» (2).

Устоди таҳрифоти таърих-С. Мирзорахматов фаромӯш кардаанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он бо имзои тавофуқи сулҳ дар Маскав 27 июни соли 1997 ба поён расида ва бод додани «коҳи кӯҳна» дигар ҳамонро мемонад, ки дар мақоле овардаанд: «мушти пас аз ҷанг боло бардоштаатро ба сари худат бизан!» Имрӯз маҳз чунин дурӯғбофон мехоҳанд боз кишварро ноором созанд ва бо санг партофтан ба сӯи дигарон заминаҳои назарӣ ва амалии дарҳамбарҳамӣ, ташаннуҷ ва даргириҳоро ҳамвор созанд.

Дар мавриди намоишҳои симо ва гуфтори садо дар тобистони соли 1992, ки ҷаноби С. Мирзорахматов онҳоро ба боди интиқод гирифтаанд, чанд нуктаи муҳимро ёдовар мешавем, то ҳолашон ба худ ояд ва шояд дарк намоянд, ки воқеъият ва ҳақиқати ҳол тамоман чизи дигар буда, на он дурӯғест, ки ишон ба қалам додаанд.

Нахуст, дар бораи «қаҳрамон» шиносонидани Сангак Сафаров аз симо. Замоне ки С. Сафаров ва Р. Абдураҳимро* (5.05.1992) дастгир карданд, коргардони боистеъдоди синамо Д. Худоназаров ба кӯмак расид ва тарҳи мусоҳиба ба онҳоро матраҳ кард, то «тӯба» намоянд (3). Сӯҳбаторои ин намойиши фоҷиа устод Сафари Абдулло буд, ки ҳоло дар Қазоқистон зиндагӣ ба сар мебарад ва ишонро С. Мирзорахматов хуб мешиносанд. Ман дар бораи он мусоҳиба чизе намегӯям, зеро дуруштиву дағалии онро то ба ҳол ҳар фарди каме аз фарҳанг бохабар дар ёд дорад. Наворбардори он мусоҳиба ва саҳнаҳои он равоншод Коваи Баҳор буд, ки дертар ба таври мармуз дори фониро падруд гуфт. Чизе, ки мехоҳам ба таваҷҷӯҳи шумо бирасонам ин аст: ба ҳеҷ ваҷҳ пахши он навор аз симо ҷоиз набуд. Аммо Д. Худоназаров, С. Абдулло ва боз як даста аз тарафдоронашон борҳо ва борҳо таъкид бар он доштанд, ки навори бозпурсии (истинтоқи) С. Сафаров ва Р. Абдураҳим бояд ва ҳатман аз симо пахш шавад. Бечора Коваи Баҳор се бор аз студияи симо ронда шуд ва ба ӯ гуфтанд:

-Гӯру чӯби ин наворро нест намо, зеро бадбахтӣ меоварад!

Гӯё қисмат чунин будааст, ки маҳз Коваи Баҳор он мусоҳибаро (албатта, маълум аст, ки бо супориши кӣ) ба навор бигирад ва воситае байни коргардонон ва симо шавад. Билахира, бо пофишориҳои зиёде, ки ҷанобон доштанд, навори бозпурсии С. Сафаров ва Р. Абдураҳим аз симо пахш шуд (4). Барои он ки умуман ба симо дахл надоштани он мусоҳиба ва истинтоқ рӯшан шавад ҳангоми пахш дар гӯшае аз он чунин навиштаҳо ҳаккокӣ ва сабт шуд: «Наворбардор Коваи Баҳор», «Навори Коваи Баҳор».

Ҷаноби С. Мирзорахматов! Агар шумо ҳирфаи рӯзноманигорӣ ва ба вижа рӯзноманигории садо ва симоро дуруст омӯхта бошед, ҳатман медонед, ки ҳангоми пахши навор ё санаде, ки симо ба моликияти он соҳибҳуқуқӣ надорад ва ба садо ва симо дахил нест, бояд сарчашмаи он нишон дода шавад. Инро дар истилоҳи рӯзноманигорӣ-идорӣ «одоби ҳирфаӣ-ҳунарӣ» (профессииональная этика) ва ҳуқуқӣ-«ҳуқуқи молӣ ва маънавии асари муаллиф» меноманд, ки шояд шумо фаромӯш карда бошед. Коваи Баҳор ҳангоми пахши навори он бозпурсӣ аз симо ду бор ба студияи телевизион ташриф овард ва хост, ки он навиштаҳои «Наворбардор Коваи Баҳор» ва «Навори Коваи Баҳор» аз экран пок карда шавад. Аз «боло» ҳам занг мезаданд, ки навиштаҳои фавқулзикр аз экран пок шавад, зеро маълум буд, ки он ба наворбардорони симо дахл надорад ва моли каси бегона ва ибтикори дигарон ҳаст, ки мехоҳанд, паси парда бимонанд.

Дар ин робита боз як мисоли дигарро, ки маҳз чунин бозиҳо дар берун аз симо рух медод, ёдовар мешавем. Райиси Ҷумҳур Р. Набиев дар сафарҳои расмиаш низ танҳо аз ҳунари наворбардории Коваи Баҳор истифода мекард (на наворбардорони телевизиони давлатӣ), ки як пораи онро дар «Даме бо Лоиқ» овардаам, ки соли гузашта ҳафтаномаи «Тоҷикистон» онро ба нашр расонида буд. Биёед як бори дигар онро бо ҳам мурур мекунем:

ДУ ФОЛ БАРОИ НАБИЕВ

Баъзан таърих ба одамон тамасхур мезанад ва агар онҳо ин нуктаро дарк накарданд, зиндагӣ барояшон сангин тамом мешавад. Ба фикрам, ҳамин иттифоқ ду бор ба Раҳмон Набиев рух дод ва ҳар дуи он ба фоли Ҳофиз гиреҳ хӯрд. Байни солҳои 1975 ё 1977 буд (дақиқ дар ёдам нест), ки дар Тоҷикистон зодрӯзи Шамсиддин Ҳофизи Шерозиро ҷашн гирифтанд ва маросими поёнии он дар театри опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ баргузор шуд. Меҳмонони зиёде аз кишварҳои дунё дар он маросим ҳузур доштанд. Дар паси мизи бузурги рӯйи саҳнаи театр Раҳмон Набиев-Нахуствазири Ҷумҳурӣ нишаста буд. Раҳбари ҳайати эронӣ, райиси Китобхонаи салтанатӣ бонуи бисёр зебо ва донишманд Бадрии Отобоӣ (ё Атобой) аз минбар суханронӣ карда, нохост ба Раҳмон Набиев ҳамчун мизбон ва садри ин ҷашнвора рӯй овард ва хоҳиш кард, ки ҳамчун суннати дерин фоли ӯро аз «Девони Ҳофиз» бигирад. Вақте хонум Бадрии Отобой китоби «Девони Ҳофиз»-ро ба Раҳмон Набиев пешниҳод кард, то вай саҳифаи дилхоҳашро боз кунад, Нахуствазири Тоҷикистон китобро аз дасти ӯ гирифт ва барои «чунин тӯҳфа» ташаккур карда, ба гӯшае аз мизи ҳайатрайисаи ҷашн гузошт. Он хонуми ширинадо аз чунин ранг гирифтани кор дар ҳайрат монда, чӣ кор карданашро намедонист. Мардуми рамузфаҳми толор нафасгир шуда, садое аз худ дарнаёварданд ва аксар аз шармандагӣ сари худро пойин андохтанд. Ин лаҳза яке аз муовинони Р. Набиев ба кӯмаки вай расид ва «Девони Ҳофиз»-ро аз рӯйи миз бардошта, аз нав ба дасти Набиев дод, то вай саҳифаеро аз он боз намояд…

Бадрии Отобой бо саҳифаи бозгушодаи «Девони Ҳофиз» дар паси минбар қарор гирифт ва бо «баҳ-баҳ»-у «ваҳ-ваҳ», ки ҳоло маънии дигар ҳам ба худ гирифта буд, ба қироати фоли Набиев пардохт…

Рухдоди дуввум аз ҳамин ҷинс, вале дар моҳи июни соли 1992 рух дод ва дар болои сари мазори Ҳофизи «лисонулғайб» иттифоқ афтод. Наворбардор Коваи Баҳор (равонаш шод бод) онро барои таърих сабт карда, дар ихтиёри инҷониб қарор дод, то он тасовирро аз симо пахш намоем. Ман танҳо суханони охири ин саҳнаро, ки аз забони Раҳмон Набиев садо дод («зӯр буаас», яъне «зӯр будааст», «мо ҳам шоирои зӯр дорем») ва нигоҳи тамоман ҳузномези устод Лоиқро «қайчӣ» задам ва ба дасти нашр супурдам…

Ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раҳмон Набиев ба шаҳри Шероз омад ва барои зиёрат ба сари гӯри Хоҷа Ҳофиз ташриф бурд. Сари турбати Ҳофизи «лисонулғайб» китоби «Девон»-и шоирро барои Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон Раҳмон Набиев оварданд, то чун сунннати аҷдодӣ фоли ӯро бигиранд (хайрият, ки ин бор Раҳмон Набиев китобро қабза назад). Набиев саҳифаеро аз «Девони Ҳофиз» боз кард ва ин ғазал фоли ҳоли ӯ шуд:

Ба даври лола қадаҳ гиру бериё мебош,

Ба бӯи гулнафасе ҳамдами сабо мебош.

Нагӯямат, ки ҳамасола майпарастӣ кун,

Се моҳ май хӯру нӯҳ моҳ порсо мебош.

Чу пири солики ишқат ба май ҳавола кунад,

Бинӯшу мунтазири раҳмати Худо мебош.

Гарат ҳавост, ки чу Ҷам ба сирри ғайб расӣ,

Биёву ҳамдами Ҷоми Ҷаҳоннамо мебош.

Чу ғунча гарчи фурӯбастанист кори ҷаҳон,

Ту ҳамчу боди сабо гиреҳкушо мебош.

Вафо маҷӯ зи кас гар сухан намешунавӣ,

Ба ҳар зарра толиби Симурғу кимё мебош.

Сар бар тоаъти бегонагон машав, Ҳофиз,

Вале муоъсири замони ошно мебош.

Вақте ровии маъруфи гулгашти Мусаллои Ҳофиз ғазали болоро бо садои баланд ва хуши худ қироат кард, Набиев ва дигар аъзои ҳайати ҳукуматӣ таҳти таъсир қарор гирифтанд ва аз чунин рост омадани гуфтаҳои Ҳофиз ва воқеъияти он дар тааҷҷуб афтоданд. Ногоҳ Раҳмон Набиев пӯкид:

-Ҷудо ҳам шоири зӯр буаас!

Дафъатан ба устод Лоиқ, ки каме дуртар аз дигарон ғарқи андеша ба сар мебурд, рӯй овард ва суоломез гуфт:

-Лоиқ! Мо ҳам шоиро(н)и зӯр дорем-а?! Ҳамту не-мӣ?!

Устод Лоиқ бо шунидани ин суханҳо аз тааҷҷуб ба сӯйи осмон нигаҳ карда, лаб газид. Ин хел суханҳои подарҳаво аз забони Раҳмон Набиев ва муовинаш Н. Дӯстов кам набуд ва одамон аз онҳо шох мебароваранд.

Дуввум. Террор ва фаҳшиёт на аз Симои мардумии Тоҷикистон, балки аз садо ва симои Ӯзбакистон (оғоз: шоми 12 ва 14 июни соли 1992) ва Русия шурӯъ шуд, ки то ба ҳол идома дорад (зеро на мурда ва зиндаи мардуми тоҷик барояшон аҳамияте надорад). Ёд доред, ҷаноби С. Мирзорахматов, чӣ наворҳое сохтаву бофта аз симои Ӯзбакистон пахш мекарданд ва чӣ қаҳрамононе аз он сухан мегуфтанд?! Ин кор хеле идома дошт ва танҳо ҳамон рӯзе, ки мо ба Райиси Кумитаи садо ва симои Ӯзбакистон ҷаноби оқои Ҳайитметов занг задем ва ба таври қатъӣ талаб кардем, ки: «агар ин хел дахолатҳоро ба корҳои дохилии кишвари мо бас накунед, мо навори қатли оми Ӯшро дар даст дорем ва пахш мекунем» аз дасисаҳояшон ба таври мустақим каме худдорӣ карданд. Албатта, онҳое, ки дар мавриди дасисаҳои дигарон дар корҳои дохилии Тоҷикистон аз қабл чашмашонро кӯр ва гӯшҳояшонро ба карӣ задаанд, он таърихро зуд ба дасти фаромӯшӣ супурданд (чӣ расад ба ин рӯзҳо, ки ҳоло солиёни зиёде аз он таърих сипарӣ шудааст) ва ҷомае пур аз дурӯғ ва ҳарзаву тӯҳмат барои мо дуруст карданд. Ба эҳтимоли зиёд барои Ҷумҳурии Ӯзбакистон ва Федератсиони Русия (ва ҳол Ҷумҳурии Халқии Чин) сарзамин ва сарватҳои кишвари Тоҷикистон бе вуҷуду ҳузури тоҷикон лозим буд ва ҳаст. Равоншод Исмоил Давлатов (собиқ Райиси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, вазири иқтисод, вазири ҳифзи иҷтимоӣ) дар як мусоҳибаи телевизиониаш соли 1993 таъкид карда буд, ки соли 1992 як миллиону сесад ҳазор (1.300.000) сар гов («чорвои калони шохдор») аз вилояти Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбакистон бурда шудааст, то он заҳамоти ройгони ҷаноби олӣ-Ислом Каримов ва ҷаноби холӣ-Салим-бойбачча дар истиқрори сулҳу сабот дар Тоҷикистон ҷуброн шавад. Бунёдгузори Фронти халқии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев барои чунин корномаи пурифтихори солҳои 1993-1995 мӯҳтарам Ислом Каримовро ба Ҷоизаи сулҳи Нобел номзад пешбарӣ карда буд (сад шукр, ки Ҷоизаи сулҳи Нобел насиби Ислом Каримов нашуд, вагарна имрӯз монанди Бараки Ҳусейни ё Ҳусейнович Обама, ки ба таври муфт Ҷоизаи сулҳи Нобелро ҳамчун пешпардохт дар ҷайб зад ва ба Либӣ ҳуҷум овард, ҷанги наверо дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекард). Ин нуктаи ҷолибро ҳам ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш дар шаҳри Сочии Русия Райиси Ҷумҳури Ӯзбакистон, мӯҳтарам Ислом-ака Каримов, барои он ҳама иштибоҳоти содиркардаашон дар истиқрори сулҳ ва осойиш дар Тоҷикистон аз «халқи бузургвори тоҷик» узрхоҳӣ кардаанд…

Севвум, соли 1992 хати интиқоли сигналҳои садо ва симои Тоҷикистон аз Душанбе ба вилояти Ленинобод аз хоки Ӯзбакистон убур мекард ва дақиқан аз оғози моҳи май дӯстони ӯзбакии мо онро масдуд карда буданд. Албатта, бо ибтикори хеш ва дархости мансабдорони Тоҷикистон. Бесабаб набуд, ки бархе аз мансабдорони баландрутбаи Тоҷикистон моҳи майи соли 1992 чанд бор ба таври пинҳонӣ ба он кишвар сафар карда ва бо мақомоти баландпояи Ӯзбакистон дидор ва гуфтугӯ ба амал оварда, масъалаи бо роҳҳои қонунӣ ва ҳуқуқӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардан ва ба Ӯзбакистон пайвастани вилояти Ленинободро матраҳ сохта буданд ва ҳатто дар ҳамин замина Иҷлосияи намояндагони вилояти фавқулзикр низ баргузор шуд. Дертар мо навори суханронии Додситони куллро дар он Иҷлосия аз симо намойиш додем, вале аз он ки паси парда сарварони мӯҳтарам ба чӣ кори шармовар ва хиёнат машғул шуда буданд, чизе нагуфтем (5) (масъалаи тарҳи таҷзияи Тоҷикистон аз ҷониби мухолифин бо сарварии А. Соҳибназаров, Ш. Ф. Юсупов Т. Абдуҷаббор ва … мавзӯъи дигар аст). Бояд ба Ислом-ака Каримов ташаккур гӯем, ки ин пешниҳоди калладорони бузурги Хуҷанд (6) дар мавриди ҷудосозии вилояти Ленинобод аз кишвари Тоҷикистон ва мулҳақ кардани он ба Ҷумҳурии Ӯзба‐ кистонро «ба таври муфт напазируфтанд», вагарна мо имрӯз на танҳо даҳ-бист ҳазор километри мураббаъ беш‐ тар аз хоки Тоҷикистонро тамоман аз даст дода будем (7).

Бидуни шак И. Каримов на танҳо вилояти Ленинобод (Суғд), балки тамомии Тоҷикистонро мехост ғасб ва тасарруф кунад (8), вале дар кадом як марҳилае байни манофеи Ӯзбакистон ва сиёсати геополитикии Русия тазодд ба миён омад ва дуввумӣ бар якумӣ амалиёти маъруфи иборат аз се ангуштро нишон дод. Лозим аст барои дақиқ шудани ин нукот ба хотироти афсари баландрутбаи Созмони иттилооти Артиши Русия-ГРУ Александр Сергеевич Чубаров, ки дертар бо дастури раҳбарияти Ӯзбакистон муовини вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд, муроҷиат намоем. А. С. Чубаров аз тобистони соли 1992 ва дахолати бевоситаи Ӯзбакистон ва Русия дар даргириҳои Тоҷикистон чунин ёдовар мешавад: «Хотелось бы пояснить, чем мы в республике занимались и в чьих интересах действовали. Мы защищали конституционный строй Таджикистана, одновременно являясь офицерами узбекской армии, и думали в первую очередь о том, что матушке-России не нужен был этот бардак в регионе, где к власти рвались исламские фундаменталисты. Все, кто там воевал из ГРУшников, имели опыт Афганистана за плечами. Выдвигались мы из Чирчика, с территории 15-й бригады спецназа ГРУ, на тот момент «отошедший» к Узбекистану. Нужно признать, что президент Ислам Каримов повел себя мудро. Он прозливо предугадал возможное развитие ситуации и, опасаясь ее развития по сценарию ваххабитов, решил отдать приказ на формирование специиального корпуса в Узбекистане и оказать помощь Народному фронту Таджикистану. Разумеется, он преследовал и свои цели: отсечь северные провинции Таджикистна, где располагались более ста развитых предприятий и мощный военно-промышленный комплекс (ВПК). Забегая вперед, скажу, что сделать это ему не удалось… Усилиями спецназовцев, которым приходилось не только воевать, но вести разведку в этом необыкновннно сложном регионе и заниматься там политикой, был создан так называемый Народный фронт-по сути, местные отряды самообороны, которые мы обучали и направляли для борьбы с исламистами. Нам был придан статус советников, но мы, офицеры спецназа, вместе с «фронтовиками» принимали участие в боевых действиях и подставлялись под «ваховские» пули. Мы учили людей воевать, учили командиров руководить боем» (9).

Бар замми ҳамаи ин тақвиятдиҳандаҳои (ретранслятор) садо дар шаҳраки Гулистони ноҳияи Вахш дар ихтиёри марказ набуд. Аз 24 августи соли 1992 сарварони вилояти Ленинобод пахши садо ва симоро дар вилоят қатъ карда, телевизиони Тошканд ва Русияро бозгушоӣ намуданд ва бо дастури онҳо кор мекарданд, ки якбора чӣ тавр аз даст рафтани ҳокимияташонро нафаҳмида монданд (ва имрӯз дар ҳасрати он дилтангӣ доранд).

Чаҳорум, Карим Абдулов, мудири котиботи Раиси Ҷумҳури вақт-Раҳмон Набиев дар солҳои 1991-1992 аз таърихи он хиёнатҳо чунин ёдовар шудааст: «Як чизро мехоҳам хотиррасон кунам, ки он шабу рӯз Тоҷикистон дар арафаи парокандашавӣ қарор дошт. То сессияи 16 Шӯрои Олӣ як гурӯҳ намояндаҳои вилояти Ленинобод талош доштанд, сессияи вилоят баргузор карда, ба ҳайати Ӯзбекистон дохил шаванд. Вақте ки ба Кӯлоб аз Душанбе имкони парвози самолёт (ҳавопаймо-М. М.) набуд, депутутҳои водии Вахш, водии Ҳисор, Кӯлоб ва водии Қаротегин барои иштирок дар иҷлосия аз тариқи Термез ба Хуҷанд рафтанд. Дар Термез одамоне пайдо шуданд, ки аз депутатҳои ӯзбеки вилояти Қӯрғонтеппа даъват карданд, ки ба иҷлосия нара-ванд. Онҳоро ташвиқу талқин карданд, ки баргарданду ра-ванд ва дар Қӯрғонтеппа сессия доир карда, дар бораи ба ҳайати Ӯзбекистон шомил шудан, қарор қабул намоянд. Лекин депутатҳои мо қатъиян муқобил баромаданд. Он вақт бадахшониҳо ҳам фикру андеша доштанд, ки худро мухтору мустақил эълон кунанд. Хавфи дохилшавии Мурғобу Ҷиргатол ба Қирғизистон вуҷуд дошт. Як тасаввур кунед, ки агар кор чунин ранг мегирифт, аз Тоҷикистон чӣ боқӣ мемонд?» (10)

«Изҳороти нерӯҳои демократии Тоҷикистон» «Садои мардум» №103(353), 30.05.1992, с. 2

Панҷум, яке аз таъриххарошони садаи бист ва оғози садаи бисту як-Иброҳим Усмонов дар китоби хеш «Соли Набиев» аз таърихи хиёнатҳои бузургони миллат ба маънои мусбат чунин ёдовар мешавад (ҳамчун пуштибонии маънавӣ), ки мутолааи онро ба худи шумо, рафиқ С. Мирзорахматов, вогузор менамоем: «Бояд гуфт, ки дар арафаи ҳабси (гарави умумии кормандони дафтархонаи Раиси Ҷумҳур ва Девони вазирон) вазъияти сиёсии Тоҷикистон ниҳоят тезутунд шуда буд: Дар водии Вахш вазъияти нерӯҳои мардумӣ танг мешуд, телевизиони Ӯзбекистон намоише аз Тоҷикистон нишон дод, ки дар он фоҷиа ва куштори ваҳшиёнаи водии Вахш тарсим, ба ҳайси созмондиҳанда Қозикалон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Шодмон Юсуф номбар мешуданд. Дар навор барои исботи даъво далел кам набуд. Ин албатта ғашу ғазаби пирӯзонро меовард. Чунин наворҳоро ором тамошо кардан имкон надошт, зеро танаҳои бесар, сарони бегӯшу биннӣ, ҷасади сӯхта, кӯдаки шикофташуда, инҳоро ҳатто шунидан душвор аст.

Дар ин вақт воқеае шуд, ки онро ба ҳайси баҳона истифода намуда, намоиши телевизиони Тошкандро барои минтақаи мавҷи Душанбе қатъ карданд. ТМТ дар арафаи гурези Набиев бо номи «Хиёнат» дар бораи роҳбарияти вилояти Ленинобод, ки хоинони миллати тоҷик «мухолифо-ни якпорчагии онанд» намоиш дод ва зикр кард, ки онҳо намоиши телевизиони мардумиро барои вилоят қатъ карданд. Чизи дигаре гуфта нашуд ва намоиши телевизиони Тошканд барои водии Ҳисору Душанбе қатъ гардид» (11).

Шашум, пас аз юриш ва турктозии С. Кенҷаев (12) ба шаҳри Душанбе (дар таърихи 24 октябри соли 1992) хабарнигори симои Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар бо ҷа-ноби А. Достиев мусоҳиба дошт ва номбурда талаб кард, ки суханрониаш бе виройиш пахш шавад. Мо ин талаби ишонро ба ҷой овардем. Суханони ҷаноби А. Достиев бе камукост аз симо пахш шуд. Ёд доред: дар он суханронӣ ҷаноби А. Достиев ба нишонии ҳамсари иҷрокунандаи вазифаи Райиси Ҷумҳурӣ А Искандаров дақиқан чӣ фиристод?!

Дигар боз чӣ даъво доред, ҷаноби С. Мирзораҳматов?! Шояд ин далелҳо, ки дар боло овардем, дар раддия ба дурӯғномаи шумо кифоят кунад? Шумо чунин пуррӯи ва дурӯғпароканӣ доред, ки ҳеҷ ба гӯшу хаёли одамон намерасид: дар асри XXI таҳрифи таърихи тоҷикон бозоргир хоҳад шуд.

Дар мавриди баркандани муҷассамаи В. И. Ленин дар таърихи субҳи бисту дуввуми сентябри соли 1991 (пас аз адои намози бомдод) ин ҷо чизе намегӯем. Бигузор ди-гарон бинависанд, дертар ҷамъбаст хоҳем кард (пажӯҳи-шеро дар даст дорем). Танҳо ҳамин нуктаро ёдовар меша-вем, ки нахуст дар Арманистон муҷассамаи Ленинро бо тӯб тирборон ва несту нобуд карданд ва ҳеҷ садое баланд нашуд, ҳеҷ кас онро «ваҳшоният» нагуфт, ҳатто Маскав онро маҳкум накард. Зеро пас аз пирӯзии Инқилоби Октябр, вале дар асл кудатои большевикии соли 1917, маҳз бо тасмими доҳии заҳматкашони дунё В. И. Ленин бахши азими хоки Арманистон ба кишвари Туркия бах-шида шудааст. Ҳол он ки В. И. Ленин на танҳо сарза-минҳои асосӣ, шаҳрҳо-пойтахтҳои бостонии давлатдории тоҷикон, марказҳои пешрафтаи иқтисодию фарҳангии мардуми моро ба дигарон бахшид, балки бештар аз он ҳатто гӯри миллати тоҷикро ҳанӯз соли 1920 канда буд ва нафрати бепоёне ба миллати тоҷик дошт ва аҷиб аст, ки имрӯз фарзандони нохалаф ва беору номусе дар сӯги муҷассамаи берӯҳу беҷони он «доҳӣ» ё ҳодӣ аз таърихи бистудуввуми сентябри соли 1992 то ба имрӯз дар Тоҷикистон мотамзада ҳастанд…

Шиори «ҲКТ «Тоҷикистони шӯравиро се талоқ бидеҳ!»-ро моҳи сентябри соли 1991 дар Майдони Озодӣ мо пешниҳод намуда будем ва М. Муҳаббатшоев онро тарафдорӣ кард.

Аз оғоз то поёни мақолаааш С. Мирзорахматов тӯҳмат, сафсатта, таҳқир ва тавҳин нисбат ба Мирбобо Мирраҳимов ба кор бурда ва дар ҳеҷ ҷое ба худ суол намедиҳанд, ки ин корҳо чӣ маънӣ дорад? Чӣ чеҳрае аз миллати хеш барои дигарон дуруст мекунед? Туфе, ки бар осмон барои дигарон фиристодаед, ҳатман рӯи сари худатон хоҳад афтод. Натиҷаи чунин мақолаҳои тамоман бемасъулиятона аст, ки обрӯи тоҷикон дар хориҷ аз кишвар ба сифр баробар аст ва аксарият имрӯз дар Русия ба тоҷикон бо таҳқир ҳамчун қавми пасттар аз «чукча» нигоҳ мекунанд.

«Ин ҳикмат дар як нусхаи хаттӣ омадааст: он чӣ дар мавриди ман андеша дорӣ, бигӯ, ман дар бораи ту бадтар аз чӣ, ки ҳаст, фикр мекунам».

Ҷанобон хуб медонанд, ки тоҷиконро дар Қазо-қистон беш аз ҳам ҷӯгиҳо (лӯлӣ) бо дурӯғ, гадоӣ ва бешарафӣ шӯҳратманд кардаанд ва ҳоло «Саломиддин Мирзорахматов, достаточно известный русскоязычный таджикский журналист-публицист» (13) (тавсифномаи хеле хуби Нур Табаров) бо чунин «шоҳасараш», ки бо бебандуборӣ ва бефарҳангӣ дар олами мутамаддин назир надорад, афзун бар он муаррифиномаи зишт кохи дурӯғе аз ҳарза ва ифтироъ дуруст кардааст, ки шояд мояи ифтихори ин қаҷқалами коммунистмаоб хоҳад шуд.

Фирор ва муҳоҷират барои мардуми тоҷик чизи нав нест-ин қабил фоҷиаҳо чӣ дар замони истилои муғул ва чӣ истилои Шайбонихони ӯзбак ва ҳатто солҳои 1920-ум ва нимаи дуввуми соли 1930 иттифоқ афтода. Аммо он чӣ боиси нигаронӣ ва тааммул аст, ин мебошад, ки мардуми мо, ба вижа қишри ба ном рӯшанфикр ё каме саводнокаш, ҳеҷ гоҳ аз ин бадбахтиҳо сабақ нагирифтанд. Имрӯз ҳар ҷо ки тоҷик муҳоҷират кардааст агар ду нафар як ҷо ва ё дар як кишвар буду бош доранд, рӯзу рӯзгорашон ҳатман ғайбати дигарон ва ҳасрати гузашта ва агар се нафар дар як кишвар ба сар мебаранд ҳатман тафриқа ва маҳалгароӣ ва агар чаҳор нафар дар як мамлакатанд, афзун бар нукоти зикршуда ҳатман даргирӣ, фиреб, кулоҳбардорӣ, зӯргароӣ ва дурӯғпароканӣ нисбат ба ҳаммиллати хеш аст ва ҳамин тавр зиндагӣ ба сар мебаранд ва ҳар чӣ бештаранд ин ҷиҳатҳо, яъне хулқу хӯй ва хусусиёти манфӣ, густардатар ба чашм мерасад (14). Бархе дар заминаи дурӯғпароканӣ ва тӯҳмату ҳарзабофӣ ба бемории васвос гирифтор шуда, онро ҳеҷ гоҳ наметавонанд табобат бибахшанд (ҳатто табибони исавиҳуш ва муллоҳои бисёр зӯр низ бо даму нафаси хубашон ва дуоъхонӣ бари сари ин беморон оҷизанд, зеро на сухани нек ва на оёти муқаддас бар онҳо таъсиргузор нест).

Инглисиҳо ва ирландиҳо бо фирор аз кишвари хеш-ҷазоири Инглистону Ирланд ва муҳоҷират ба Амрикои шимолӣ, Осиё, Африқо, Австралиё ва Зеландияи Нав он сарзаминҳоро моли хеш сохтанд, кишваргушойӣ карданд. Арманиҳо ва яҳудиён аз муҳоҷират сабақ гирифтанд ва барои ваҳдати миллии хеш дастури зиндагоние таҳия намудаанд, ки ҷомеаи иборат аз се нафар ҳамзабону ҳаммиллат бояд се корро ҳатман анҷом бидиҳад:

1) Барои фарзандони хеш ба забони модарӣ мактабу мадраса боз кунанд (ё бисозанд), то дар он ҷо навиштор (яъне «хат»), забон ва адабиёти миллӣ омӯзонида шавад;

2) Ба ҳаммилати хеш кӯмак намоянд, то дар зиллат ва хорӣ намонад ва набошад;

3) Маъбади мазҳаби хеш (калисои арманӣ ва канисаи яҳудӣ) бунёд ва барпой нигаҳ доранд.

Чашмандози имрӯз ба муҳоҷират ва фирори тоҷикон, ба вижа ба Русия ва Қазоқистон ва муқоисаи он бо дигар халқҳо нишон медиҳад, ки муҳоҷири тоҷик дар ҳама мавқеъият ҳамон хулқу хӯйи тоҷиконаашро хеле ва хеле хуб ҳифз кардааст ва нукоти боризи он ин аст: ин ба ман дахл надорад; ҳамааш айби дигарон аст ва омодаам худи ҳозир гунаҳкори асосии он воқеъаҳоро ба забони русӣ ба шумо бинависам ва нишон бидиҳам; нисбат ба ҳаммилатони ман ҳар чӣ хоҳед бикунед, фақат ба ман кор надошта бошед; бигузор дунё бисӯзад, вале деги шӯрбои ман биҷӯшад ва хонаи ман барпой бошад… (15)

Имрӯз тоҷикон дар кишварҳои Русия, Қазоқистон ва дигар ҷойҳо барда ва асиранд-ҳам асири он кишварҳо ва ҳам бардаву асири кишвари хеш, ки мурдаву зиндаашон ба касе аҳамият надорад. Аз ин рӯ:

Завқ дар бонги асирон набувад,

Наъра(а)шон низ асирона бувад!

Ҳазорон-ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ва дигар кишварҳо мардикоранд ва ҳар сол наздик ба ҳаштсад тобути (кушта) тоҷикро танҳо аз Русия ба Тоҷикистон меоваранд. Албатта, ин танҳо омори расмӣ аст (16). Он чӣ ба таври ғайрирасмӣ чӣ қадар тоҷик дар Русия ва дигар кишварҳо кушта ва рабуда мешавад ва нопадид аст шояд беш аз ҳазор нафари дигар бошад. Ба ин омор боз худкушии шаҳрвандон (соли 2010 танҳо дар вилояти Суғд 309 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст (17)) дар кишвар ва қурбониёни мин (мина) дар марзи Ҷумҳурии Ӯзбакистон ва даргириҳои дохилӣ (ба вижа соли 2010 ва баҳори соли 2011) изофа шавад, дар сӣ сол ҳатман аз омори кушташудагони ҷанги хунини Гватемала, ки 100 ҳазор нафар баровард кардаанд, бештар хоҳад шуд. Худо нигаҳ дорад, ки ин раванд боз сӣ соли дигар идома пайдо накунад.

Ин нукоти болоро маҳз барои ҷаноби С. Мирзораҳматов (ва устоди ишон) баринҳо мисол овардам, то ишон дарк намоянд, ки барои хидмат ба хоҷагони нав лозим нест, ки монанди Хулькар Юсупов, Шодмон Файзуллаевич Юсупов ва Раҳим Мусулмонқулов дигаронро сиёҳ кард. Зеро бо сиёҳ кардан ва таҳқири дигарон обрӯ намегиранд. Ҳар рус ва ё қазоқи бофарҳанг (албатта, тоҷикон дар ин қатор нестанд, зеро тоҷик ба ҳама чиз ё аз назари маҳал менигарад ва ё манфиати шахсии хеш) пас аз мутолааи тӯҳматномаи С. Мирзорахматов дар бораи М. Мирраҳимов ҳамон сухани О. Сулаймонов «сволочь»-ро дар ҳаққи ин рӯзноманигори дурӯғбоф дар бораи Б. Каримов, Ш. Ф. Юсупов ва М. Мирраҳимов дареғ нахоҳад дошт ва саҳнаҳои аҳмақонаи намойиши музҳики симои Русия-«Равшан» ва «Ҷамшуд», ки хулқу хӯйи муҳоҷирини меҳнатии тоҷикро ба боди интиқод ва масхара гирифтааст, дар зеҳнаш зинда хоҳад шуд. Мо дар мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» барои онҳое, ки даъво доранд, ки чизе ҳастанд ва аз забони русӣ ҳамчун олати сиёҳ кардани дигарон истифода ба амал оварда, худашонро донишманд ҷилва медиҳанд ва ё одам мешуморанд, ин нуктаро таъкид карда будем, ки имрӯз онро бори дигар ба С. Мирзорахматов ёдрас менамоем:

«Маро нуктаи дигар ба ташвиш меорад, ки он ҳам бошад, ҳамаи ин назарияи «фавқинтернационалистӣ» аз номи забони русӣ, аз номи халқи рус, тавассути забони русӣ ба амал бароварда мешавад. Ва ҳол он ки худи халқи рус ва забони русӣ чунин хушомадгӯиро намеписандад ва мӯҳтоҷи он ҳам нест» (18).

Агар С. Мирзорахматов каме аз ақлашон истифода ба амал меоварданд ва онро ба кор меандохтанд, гузаштаро дар ҷояш мегузоштанд (зеро ба ибораи як овозхони маъруф: «гузаштаҳо гузашта-гузашта барнагашта») ва ба оянданигарӣ мепардохтанд, ки чӣ бояд кард, то насли нави миллат дигар дастнигари хоҷагони бузург ва миёна нашавад ва роҳи дурустро интихоб намояд.

Гузашта барои одамони боандеша ва худшинос чароғи оянда аст, аммо барои хирасарон сарчашмаи ғаму ҳасрат. Мо дар оғози ин посух ҷумлаи «чашми ҳасуд кӯр аст ва гоҳе дубин»-ро беҳуда наёвардем. Он чӣ ғазаби ҷаноби С. Мирзорахматовро сахт барангехтааст китоби мақолаҳои мо «То ба кай об аз таги ях меравад?» (19) мебошад, ки ҳанӯз соли 1998 ба нашр расида буд. Худи мунаққиди нотавонбин чунин навиштааст: «Эти статьи, которые он собрал в одну книгу, будучи «политэмигрантом» в Иране, мало, чем отличались от его эмоциальных речей» (20). Хушбахтона, чашми С. Мирзорахматовро буғзи ҳасрат ва кина он чунон танг кардааст, ки аз мақолаҳо танҳо камбудӣ ва нуқсон ҷуста, дар ҳоле ки донишмандон ва рӯзноманигорони бофаҳм аз он нукоти хуб ва пешбиниҳои дақиқ пайдо кардаанд.

Нуралии Давлат дар пажӯҳиши муфассали хеш «Тӯраҷонзода номзади ҲНИТ ба президентӣ буд» ин нуктаро ёдрас шудааст (хеле хуб ки чашми ҷаноби С. Мирзорахматов ва Нур Табаров онро надидааст, вагарна боз дар бало мемондем, ки: -Чаро?!):

«Вақте ки баъди 10 рӯзи гирдиҳамоӣ мухолифат бо парламент дар бунбаст қарор гирифт, ба Тоҷикистон Аннатолий Собчак ва Евгений Велихов омаданд. Имрӯз бо гузашти замон комилан ошкор гуфтан мумкин аст, ки сафари ин ду нафар намояндаи Кремл дар моҳи октябри соли 1991 ба Тоҷикистон сифр барои саркӯб гардонидани нирӯҳои демократӣ ва исломӣ сурат гирифта буд. Аммо дар он шабу рӯз инро танҳо як нафар дарк кард. Ин нафар Мирбобо Мирраҳимов-олими файласуфи тоҷик буд. Ӯ дар мақолаи худ зери унвони «Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб аст?» менависад: «…аксарият чунин гумон доранд, ки А. А. Собчак ва Е. П. Велихов маҳз ба дастгирии гирдиҳамомадагон ба Душанбе омаданд. Ҳақиқати ҳол тамоман дигар буд… Собчак ва Велихов дар симои Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамон дастпарварони собиқи хешро диданд, ки минбаъд низ ба онҳо содиқона хизмат хоҳанд кард. Аммо гирдиҳамомадагон на ин ки гарданшах, балки хатарнок ҳам буданд. Ҳамчунин ин Иттиҳоди қувваҳои мардумӣ ҳар лаҳза метавонистанд аз доираи таъсири Русия берун раванд» (21).

Нуктаи ҷолиб он аст, ки пас аз як соли ин баҳое, ки мо ба сафари А. Собчак ва Е. Велихов додаем, «хабарнигори вижаи «Правда» бо номи «Виктор Ряшин» чунин тафсири баръакси ҳақиқати ҳолро ба ҳамагон талқин кардааст, то ҳадафи асосии истеъморгарон комилан пӯшида боқӣ бимонад: «… кто поджег бикфордовы шнуры на окраинах разрушенного Союза? Разве не экспортеры «демократии», которые были готовы сбыть свой товар с гнильцой кому угодно, даже дьяволу. Вспомните прошлогодний блицвизит А. Собчака, приезжавшего в сопровождании Е. Велихова в Таджикистан. Тогда при их активном посредничестве были заключены «согласительные протоколы», обеспечившие, в конечном счете приоритет оппозиционно-националистическим силам в республики» (22).

Дар он сафари таърихии А. Собчак ва Е. Велихов ба Тоҷикистон боз як тани дигар низ ҳамроҳи онҳо буд, ки «Виктор Ряшин» аз ӯ ном набурдааст (зеро соли 1992 касе ҳатто пешбинӣ намекард, ки аз 1-уми январи соли 2000 В. В. Путин ба вазифаи «Президенти Федерацияи Русия» мансуб мешавад). Ишон шоҳроҳи дуруст баргу‐ зидаи А. Собчак ва Е. Велихов барои пешрафти Тоҷикистонро дар даҳсолаҳои нахустини садаи бисту якум идома дод ва медиҳад…

Боиси таассуф аст, ки ҷаноби С. Мирзорахматов Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе (имрӯз ба номи Устод Садриддини Айнӣ)-ро бо ихтисоси «муаллими фанни забон ва адабиёти рус» ва бо «Дипломи аъло» хатм ва дар мактаби миёна ва ҳатто ба сифати декани Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа ва мудири шӯъба ва хабарнигори рӯзномаҳои «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Коммунист Таджикистана» кор ва ҳатто дар Қазоқистон зиндагӣ карда, аз одоб ва фарҳанги рӯшанфикрии рус ва ҳатто инсонӣ баҳрае набардоштааст (барои чунин таъкид аз хонандагон маъзарат мехоҳам). Вагарна бо чунин адабиёте (алфоз), ки нисбат ба мо ва дигарон (истисно очерк дар бораи устод Латифӣ аст) мақола навиштааст (осори ҳамтабақҳои пешин ва кунунияш низ аз ин баҳо берун нестанд), танҳо дар зиндону маҳбасҳои имрӯзаи Русия ва бемористонҳои равонии Кишварҳои Муштаракулманофеъи пас аз суқути режими коммунистӣ сухан мегӯянд ва баҳс меороянд. Табиати инсони солимфикр чунин хирасариро ба худ раво намебинад, ки бидуни далел дар ҳаққи дигарон бо ҳақорат, таҳқир ва паст задани шахсияти инсонӣ саҳифа сиёҳ кунад ва қаламфарсоӣ намояд. Ин ҷо метавон бо ибораи хеле зебои Ибни Ҳуққал (Ҳавқал) ифодаи матлаб кард, ки барҳақ дар сурату сирати ин қабил бузургворон мефармояд: «ишон пойбанд ба фазоили ахлоқӣ нестанд ва дар касби разоил бисёр ҳарисанд». (23)

Барои нақди корнома ва китобҳои Мирбобо Мирраҳимов ҳунар ва дониш лозим аст ва сарсарӣ аз як ҷо сархатеро интихоб карда, мавриди тӯҳмат ва сасаттабофӣ қарор додан кори сафеҳон аст! Мирбобо Мирраҳимов дунболи шӯҳрат нест ва аз он ки касе имрӯз ӯро ба хотир намеоварад, ҳеҷ парвое надорад ва ҳатто хушҳол аст, зеро “гумномӣ барои инсон зеботар аст аз бадномӣ” (Рӯзбеҳ). Гумон накунед, ки бо дурӯғҳоятон моро метавонед боз ба вартаи бало бикашонед. Иштибоҳ кардаед, ҷаноби С. Мирзорахматов! Пеш аз шумо, аз соли 1987 сар карда (ва ҳатто пештар аз он), беш аз шашсад ё ҳафтсад нафар хуфиянавис, гумошта, рӯзноманигор, вазир, академик, нимчамулло ва муллонамо, ходими ҳизби ва давлатӣ дар бораи Мирбобо Мирраҳимов ба КГБ, рӯзномаҳо ва хоҷагонашон гузориш, баёнот, мақолаҳо навиштаанд, ки дар маҷмӯъ парвандаи шастуҳафтҷилдаеро ҳанӯз соли 1994 дар Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода буданд (ҳоло панҷоҳу се ҷилди он дар Вазорати амнияти ҶТ маҳфуз аст). Байни солҳои 1995 ва 2010 низ боз даҳҳо мақола ва чандин ҷилд китобу рисола ба он музахрафот афзуда шудааст (аммо китобу дастнавишти солҳои 1978-1992 ва манзили мо воқеъ дар кӯчаи ба номи Чехов, гузари 8, ҳавлии №1 то ба ҳол дар дасти дигарон аст).

Нақди Мирбобо Мирраҳимов барои хуфиянависон, ҳангоматалабҳо, гузоришгарон, дурӯғнависон, бархе аз рӯзноманигорон, сиёсатмадорон, мансабдорон, тӯҳматгароён, тафсиргарон, мушовирони мақомоти баландпоя ва ҳатто уламои мӯҳтарами ислом низ бозоргир аст. Ахиран ҳамзамон бо нашр ва пахши китобчаи С. Мирзорахматов дар Тоҷикистон дар нишасте бо номи «Ёдбуди Нурӣ ва Ҳимматзода» уламои мӯҳтарами ислом низ аз китоби нави мо (бо ҳаммуаллифии С. Ҳакимова) «камбудие» пайдо кардаанд ва бо дастони мубораки хонум Мушкинисои Ассозода дар сайти интернетӣ ва рӯзнома чунон тафсире ба қалам додаанд, ки дар тарозуи ақл намегунҷад. Ибтидо он тафсири аҷибу ғариби осмониро ба таваҷҷӯҳи шумо ва ҳамтабақҳоятон пешкаш менамоем:

«Ин уламо буданд, ки ҳам забонро ҳифз карданд ва ҳам фарҳангро. Набошад он замон бо дасти рост хӯрданро ҷоиз намедонистанд. Барои замонавӣ будан ҳатман бо дасти чап нон мехӯрдӣ. Имрӯз ҳам таъсираш ҳаст. Ҳозир бародар Мирбобо дар бораи этикет китоб навиштааст, ки бояд бо дасти чап хӯрӣ. Ҳол он ки пайғамбари худо гуфта буданд бо дасти рост хӯрок хӯред. Бо дасти чап хӯрдан ин фарҳангӣ ва замонавӣ будан ҳисобида мешудаасту бо дасти рост хӯрокхӯрӣ ақибмондагӣ» (24).

Ҳоло аз китоби «Илми ахлоқ ва одоб» ҳамон сархатеро, ки ҳадафи интиқод қарор гирифтааст, айнан мисол меоварем, ки уламои мӯҳтарами ислом ва хонум М. Асозодаро сахт ношод ва мушавваш сохтааст ва гӯиё ки ба муқаддасоти динӣ тавҳин шуда бошад:

«Ҳангоми тановули ғизо аз васоили хӯрокхӯрӣ-чумча, чангол (чангча, вилка) ва корд бе садо истифода карданро ёд бигиред. Бояд чумчаро дар дасти рост, чанголро дар дасти чап, аммо корд ё кордчаро дар дасти рост нигаҳ дошт ва аз онҳо бе садо истифода ба амал овард. Замоне ки сарфи таъом ба поён расид васоилро на рӯйи дастархон, балки дохили табақча ё коса, ки аз он хӯрок истеъмол кардед, гузоред» (25).

Ҳар инсони бофарҳанг пас аз мутолааи ин сархат ва тафсири уламои мӯҳтарами ислом ё хонуми Мушкинисои Асозода (26) худаш хулоса барорад, ки оё дар навиштаҳои мо даъвои ҳатман бо дасти чап хӯрок хӯрдан вуҷуд дорад ва оё мо бо дасти рост хӯрок хӯрданро «ақибмондагӣ» гуфтаем ё на! Дигар он ки чумчаро дар дасти рост ва чанголро дар дасти чап нигаҳ доштан боз барои он лозим аст, ки ҳангоми тановули палав ё дигар ғизо, ки дар табақча гузошта шудааст, бо чангол бар чумча ҳидоят шавад. Ин мавзӯъ, ки уламои мӯҳтарами ислом дар таърихи фарҳанги мо чӣ нақше бозидаанд, ба ҳамагон рӯшан аст ва нуктаи ҷолиб ин ҷост, ки ҷаноби С. Мирзорахматов дар навиштаҳояш нисбат ба худи уламои ислом мушаххасан чизе намегӯяд, балки айб ва аъмоли онҳоро аз Мирбобо Мирраҳимов медонад. Уламои мӯҳтарами ислом низ дар навбати худ аз Мирбобо Мираҳимов домангиранд, ки исломгаро нест.

Даҳ сол пеш вақте ки «шоири бузурги миллати тоҷик Бозори Собир» дар тамомии рӯзномаҳои кишвар номаи бисёр пурсӯзу гудози худаш-«Симхорҳои «девори оҳанин»-ро набардоред» (27)-ро ба чоп расонд, мо мақолаеро бо унвони «Hallo аз Амрико ва посух ба он» (28) навиштем ва бахше аз он дар се шумораи ҳафтаномаи «Наҷот» ба нашр расид. Вале якбора уламои мӯҳтарами ислом ҷомаашонро чаппа пӯшида, на танҳо аз чопи идомаи посухи мо дар ҳафтаномаи «Наҷот» сар печиданд, балки муаллифро ҳамонанди даврони режими коммунистӣ мавриди накӯҳиш ва маҳкумият ҳам қарор доданд (29). Тафсири уламои исломӣ: он замон ва ин замон Бозори Собир ҳаммаҳали онҳо буд ва Мирбобо Мирраҳимов бегона. Имрӯз, ки Бозори Собир манъи фаъолияти ҲНИТ-ро дар кишвар ошкоро талаб дорад ва «ҳизби исломиро дар Тоҷикистон бастан даркор, чунки оянда зарараш дучандону садчандон хоҳад шуд» (30) мегӯяд, уламои мӯҳтарами ислом дар сардаргумӣ ба сар мебаранд ва бо тафсирҳое чун «ин фикри шахсии вай» иктифоъ меварзанд.

Бо иродати фаровон ба мақоми волои уламои мӯҳтарами ислом хоҳишмандем аз баҳри худо дар ин маврид ягон фатвое ё дастуре содир фармоед, ки мардум раҳгум назананд. Агар нигаҳ доштани «чангол дар дасти чап», ки мо гуфтем, ин қадар тафсири исломӣ дар пай дошта, пас чаро суханони Бозори Собир бе тафсир монда?! Ҳадди ақал барои маросими тановули ғизо мефармуданд:

-Бародарон ва хоҳарони аҳли суннат вал-ҷамоат! Барои он ки бо дасти чап чангол гирифта нашавад, ҳангоми тановули ғизо ҳатман дасти чапро бо рӯймол ё таноб ё таноби фӯлодӣ (таноби филезӣ, яъне трос) ба тани хеш (албатта, на тани бегона!) маҳкам бибандед ва мувозиб бошед, ки боз нашавад!

Ё ин ки: -Бародарони исломӣ! Чанголро дар дасти рост ва корд ё кордчаро дар дасти чап бигиред!

Магар ҷаноби С. Мирзорахматов бо уламои мӯҳтарами ислом ҳамфикру ҳамақида ҳастанд ва барои шӯҳрат бахшидан ба онҳо аз шахсияти Мирбобо Миррҳимов интиқод ба амал меоваранд?!

Дар китоби «Илми ахлоқ ва одоб» дар мавриди суннати таъом хӯрдан аз осори бузургон нуқтаи назари тоҷикӣ ё худ исломӣ оварда шудааст, ки, мутаассифона, аз назари уламои имрӯзи (модерн) ислом пӯшида мондааст ва ҳол он ки лозим буд, лутфан, ба ин навиштаҳо таваҷҷӯҳ мефармуданд:

«Агар пурсанд, ки чаҳор суннат (дар таъом хӯрдан-М. М.) кадом аст? Бигӯй: -Аввал, «Бисмиллоҳ» гуфтан. Дуюм, пеш аз таъом даст шустан. Сеюм, таъом ба дасти рост хӯрдан. Чаҳорум, баъд аз таъом «ҳамд» гуфтан» (31).

Чанде пеш китоби Шарон Ҳиллер «Донишномаи Фрейд» дастраси мо шуд, ки оқои Муҷтабои Пурдил аз забони инглисӣ ба забони форсӣ баргардон намуда ва онро соли 2010 интишороти «Тарона»-и Машҳад бо теъдоди ду ҳазор нусха чоп кардааст. Ин китоб, ки дар мазмун хилофи таълимоти динии мост, бо як пешгуфторе, ки бархе ин тазоддро шарҳу тафсир кардаанд, нашр шудааст. Аммо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ як аз уламои мӯҳтарами ислом алайҳи он нашӯридаанд ва тафсири подарҳавое ба он нанавиштаанд, зеро мефаҳманд, ки омӯхтани ҳатто нукоти мухолиф беҳ аз надонистан аст. Мо одоби дар олами мутамаддин роиҷ дар истифода аз чумча, чангол ва кордчаро ёдовар шуда, дар бало мондем*.

Дар мавриди мо ҳар он чӣ дигарон менависанд, агар интиқоди солим ва дуруст аст, ҳеҷ эроде надорад ва бо камоли эҳтиром пазируфта мешавад. Вале агар дасиса ва даъвое чун навиштаҳои Х. Юсупов, Р. Амонов, Р. Ғаффоров, С. Табаров, А. Маниёзов ва дурӯғу тӯҳмат монанди очерки С. Мирзорахматов аст, бо ин байти Убайди Зоконӣ, ки борҳо дар Эрон ва Тоҷикистон (ба фикрам, ҳатто дар Фаронса ҳам) нашр шудааст, қотеъона рад мешавад:

Ҳар «маърифате», ки марди бангӣ гӯяд

Бар к…ри харе навису дар к…наш кун! (32)

Хуб мебуд агар ҷаноби С. Мирзорахматов пеш аз даст задан ба мавзӯъоти таърих, ба вижа таърихи бедорӣ ва худшиносии миллии тоҷикон пас аз нашри мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» ба мутахассисини равонкобӣ (психоанализ) ва равоншиносӣ (психология) муроҷиат намуда, худашонро каме ташхис ва табобат мекарданд. Вагарна бо чунин ҷуволу тӯрбае пур аз васваса, сафсатта ва дурӯғу буҳтон ба ҷое нахоҳанд расид:

Тарсам нарасӣ ба Каъба, эй аъробӣ (33),

Ин роҳ, ки меравӣ ба Туркистон аст!

Воқеъан ҳам бо ин коре, ки ҷаноби С. Мирзораҳматов дар ғурбат анҷом додаст, роҳ ба сӯи Туркистон пеш гирифта, ки пасгашт аз он имкон надорад ва ҳаргиз ба Каъба нахоҳад расид ва агар бирасад ва ҳатто мулло шавад ҳам шакке нест, ки суде дар бар надорад.

Ман аз суханоне, ки дар мавриди осори халқкардаи Устод Айнӣ (мавзӯъ ва сабки «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», «Ғуломон» ва «Мактаби кӯҳна» дар назар аст) навиштаам, ҳеҷ гоҳ даст накашидаам ва намекашам, зеро он як дидгоҳи илмӣ аст ва дар ин замина мешавад баҳс кард ва он чӣ мо гуфтем, аз бузургии Устод ҳеҷ чизеро нахоҳад кост. Баръакс дар он сархат аз бузургии Устод Айнӣ, ҳунари халлоқият ва устувории ӯ дар сари ақидааш сухан рафтааст. Як бори дигар онро бо ҳам мурур мекунем:

«Иншои ниқорнома дар адабиёти шӯравии тоҷик пас аз кудатои нангини большевики соли 1917 ба майдон омад. Устод Садриддини Айнӣ бар ивази 75 дарра, ки аз шербачаҳои Амир хӯрда буданд, аз Сайид Олимхон қасос гирифтанӣ шуда, тамоми таърихи тоҷикро чӣ дар адабиёти бадеӣ ва чӣ дар осори илмӣ бо маҳорати фавқулодда сиёҳ карданд. Ва Устод тамоми умр аз ақидаи хеш даст накашиданд. Аммо ин ниқорномаи профессори шӯравипарвард роҷеъ ба ҷиноятҳои сангакиён ва нақши онҳо дар таърих тамоман чизи дигар аст. Зеро ин китобча на асари илмӣ аст ва на аз ҷумлаи каломи бадеӣ» (34).

Рӯи сухани мо дар ҷумлаҳои боло, ки ҷаноби С. Мирзорахматов ноҷавонмардона таҳриф кардааст, нишон додани ҳунари нависандагӣ ва садоқати Устод Садриддини Айнӣ ба мавзӯи осори хеш аст, на даъват ба маҳкум кардани ишон. Аз ин рӯ андешаи мо ба тафсири хирасарону бесаводон ниёз надорад (зеро дар ин қиёс ҳадафи асосӣ нишон додани беистеъдодии Р. Мусулмонқулов дар иншои китоб роҷеъ ба рухдодҳои таърихии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 аст). Ин нуктаро борҳо бо равоншод Устод Камолиддини Садриддинзодаи Айнӣ (15.05.1928-14.08.2010) низ дар миён гузоштаам ва ишон онро пазируфтанд. Худи Камолиддини Айнӣ ёдовар шуданд, ки ҳатто Амир Сайиди Олимхон дар як номае ба тарзи тасвири Устод Айнӣ дар мавриди ваҳшонияти замони аморат эътироз карда будааст…

Камоли булуғи дониши ҷаноби С. Мирзорахматов дар он аст, ки як сархатеро аз мақола барканда ба тарзи тафаккури муғризона тафсир мекунад ва пас аз он бо маҳорати бисёр хос, ки танҳо вижаи муллонуқотиҳост, ба аъмоли сафеҳона ва ифротгароёнаи толибони покистонии Афғонистон мечаспонад:

Умедвор бувад одамӣ ба хайри касон

Маро ба хайри ту уммед нест, шарр марасон (35)

С. Мирзорахматов дар «шоҳасар»-и хеш бо истеҳзо ва шояд як навъ ҳасодат роҷеъ ба зиндагии М. Мирраҳимов дар хориҷ аз Тоҷикистон ёдовар шудааст. Ин ҷо мо ба С. Мирзорахматов як ҳазор бор ташаккур мегӯем, ки ишон ба худфошкунӣ пардохтаанд. Дар поёни мақолаи С. Мирзорахматов таърихи иншои он шаҳри «Алматы 2002 г.» (36) сабт шудааст. Ин таърих моро ба андешаҳои талх водор сохт. Мо намедонем, ки ин гузориши бо сабки хоси хуфиянависони ҳирфаӣ иншокардаи ҷаноби С. Мирзораҳматов нахуст ба куҷо ирсол шуда ва дар кадом кишвар ба нашр расида, вале ин нуктаро дақиқ метавонем бигӯем, ки маҳз аз ҳамон соли наҳси 2002 масъалаи душвориҳои иқомати мо дар кишварҳои Русия, Эрон ва ҳатто Туркия сар шуд. Ҳар ҷо ки мерафтем масъала пеш меомад. Ёд дорам, ки боре ба Русия сафар доштам ва дар меҳмонхонае (Hotel) ҷой гирифта, барои сарфи хӯроки пешин бо дӯстон берун рафтам. Вақте ба меҳмонхона баргаштам, масъулини пазириши меҳмонхона хабар доданд, ки гузарномаам, яъне «загранпаспорт»-ро, шербачаҳои созмони хуфияи Русия бо худ бурдаанд ва лозим аст, ки зуд ба нишонии онҳо муроҷиат намоям. Рафтам. Ду соат аз банда бозҷӯӣ карданд. Он дурӯғу сафсаттаҳое, ки ҳоло ҷаноби С. Мирзорахматов (ва «Игорь Ленский») чун ҳақиқат дар ҳаққи мо дар мақолаашон ба қалам додаанд, ба наҳве дақиқ дар суолот ва пурсишҳои бозҷӯии ҷанобони дастгоҳи амниятии кишвари Русия ҷой дошт. Далеле надоштанд, ки ба ҷурме моро айбдор созанд ва ба ҳабс бигиранд. Ноумед шуданд ва дар ниҳоят яке аз афсарони баландрутба, ки чанд бор вориди хонаи бозҷӯӣ шуда ва боз берун мерафт ва ба асли қазия таваҷҷӯҳи вижа дошт, бо ҳақорат ба нишонии гузоришгарони тоҷик, ки дар мавриди М. Мирраҳимов навиштаанд, чунин гуфт:

-Дарди саре бароямон дуруст кардаанд ва ба таври дақиқ далеле нест, ки ин одамро барои чӣ боздошт кунем: бо айби «бунёди ҷумҳурии исломӣ ва ё терроризми байналмилалӣ». Дигар ба гузоришҳои тоҷикони лаънатӣ дар мавриди Мирбобо Мирраҳимов бовар накунед…

Соли гузашта барои дарёфти раводиди кӯтоҳмуддати саёҳатӣ ба сафоратхонаи яке аз кишварҳои мутамаддини дунё муроҷиат кардам. Бароям раводиди саёҳатӣ (туристическая виза) надоданд ва гуфтанд, ки нерӯҳои расмии кишвар барои сафари шумо ба хориҷ мухолифат меварзанд…

Дар тӯли ин солҳо боре барои «Фотиҳа»-хонӣ ба як хешамон аз марзи байни ноҳияи Истаравшан ва мавзеъи Қӯшканди Ӯзбакистон убур мекардем ва ду соат марзбонони кишвари дӯст ва ҳамсоя-Ҷумҳурии Ӯзбакистони бародарӣ маро боздошт карданд. Иллат пурсидам. Гуфтанд:

-Ба мо аз хориҷа гузориш расида, ки «Мирраҳимов бунёдгузори ҷумҳурии исломӣ дар Осиёи Миёна аст»…

Ниҳоят як афсари ҷавоне, ки, хушбахтона, миллияташ тоҷикӣ будааст ва ному номи хонаводагии мо ба гӯшаш расида, шояд аз ин қабил гузоришҳо хаста шуда буд, ки гузарнома ва шиносномаамро пас дод ва гуфт:

-Дигар назди марзҳои кишвари мо пайдо нашавед. Бароятон хатари зиёд дорад!

Ин саҳнаҳои дар воқеъ ҳам даҳшату ваҳшат ва ҳам музҳикро барои он мисол овардем, ки имрӯз пас аз сипарӣ шудани наздик ба даҳ сол аз таърихи иншои тӯҳматномаи С. Мирзорахматов маълум шуд, ки бод аз куҷо мевазидааст ва чӣ тавр ишон дар ин муддат зиндагиро чӣ дар хориҷ ва чӣ дар Меҳан барои мо заҳр кардаанд… Ҳазор ташаккур ба шумо ҷаноби С. Мирзорахматов!

Дар Эрон барои зиндагии ман ягон имтиёзе вуҷуд надорад, раводиди «паноҳандаи сиёсӣ» низ надорам, ки боиси ҳасодати дигарон шавад. Агар зарурате (аз қабили баргардон ё виройиши китоб) пеш ояд монанди дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раводиди саёҳатӣ («туристическая виза») ба он кишвар меравам ва ҳаққи аз ду ё се моҳ бештар иқомат дар он ҷоро надорам. Шукр мегӯям ва коре ба касе надорам. Бинобар ин даъвои ҷаноби С. Мирзорахматов дар бораи он ки «политэмигрантом» в Иране» (37), «Мирбобо теперь в стабильном, процветающем Иране пишет мемуары» (38) ҳақиқат надорад ва дурӯғи маҳз аст. Худо шуморо барои ҳамаи тӯҳматҳоятон аз даргоҳаш беподош нагузорад ва ҷойгоҳи арзандае дар Асфалассофилин бароятон муҳайё созад. Омин!

Ҳар чизе ки метавонам бо истинод аз қонунҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд ва ғайримазҳабӣ (яъне «светский» ё ба истилоҳ «дунявӣ» ва дар амал «лоик») дар Тоҷикистон менависам ва ба чоп мерасонам ва аз ҳеҷ кас иҷозат намепурсам ва ба шахсе ё идорае низ оид ба мӯҳтавои осоре, ки халқ менамоям, ҳисобот намедиҳам, ки чӣ менависам ва чӣ матлаберо чоп мекунам. Худованд ин хушбахтиро ба банда арзонӣ доштааст.

Сарнавишт чунин рақам хӯрда, ки номи мо доиман зери интиқод ва дурӯғи дигарон қарор бигирад (39). Ба ҳамаи ин неъмат шукргузорем. Зеро дар ғафлат намемонем:

Даврони бақо чу боди саҳро бигузашт,

Талхиву хушиву зишту зебо бигузашт.

Пиндошт ситамгар, ки ҷафо бар мо кард,

Дар гардани ӯ бимонду бар мо бигузашт.

* * *

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Шоҳид ва омили фаъоли фоҷиаҳои тоҷикон А. С. Чубаров аз он таърих чунин ёд меоварад: «В ночь с 15 на 16 сентября мы совершили перелет в район Кокайды. Этот под Термезом. Там загрузились и караваном из двадцати восьми Ми-8 под прикрытием «двадцатьчетверток» пошли в направлении Курган-Тюбе. Задачу нам поставили десантироваться на территорию 191-го мотострелкого батальона и в случае необходимости отбивать атаки боевиков-исламистов». Ин нукта низ аз хотироти А. С. Чубаров хеле муҳим аст:

«На прощание Ахмедов (Рустам Урманович-министр обороны Узбекистана-М.М.) задал мне вопрос:

-Чубаров, ты знаешь, кто в Средней Азии заказывает музыку? -Не могу знать, товарищ министр обороны!-отвечал я.

-Чубаров, в Средней Азии музыку заказывают узбеки! И запомни-так было и так будет всегда!

Много позже мне стало известно, что указание о моем командировании в Таджикистан давал сам Каримов».

Подроб. см.: Александр Чубаров. Сто десять боевых выходов.-журнал «Братишка», январь 2011. Сайт: bratishka.ru

(2) Ниг.: М. Мирраҳим. Рӯзномаи маҳбуси маҳкум ба қатл. Хотироти зиндони КГБ (солҳои 1993-1994). 1997, с. 177-178.

(3) Бо пофишории Д. Худоназаров беш аз 450 нафар бо силоҳ ба Кӯлоб баргаштанд ва маҳз онҳо ҳастаи асосии Фронти халқии мусаллаҳро ташкил карда, ҳокимиятро дар минтақа ба даст гирифтанд.

(4) Корманди Додситонии кулли кишвар Солеҳҷон Ҷӯраев аз он таърих чунин ёд меоварад: «Он рӯз (5.05.1992-М.М.), дертар Сангакро мухолифин гаравгон гирифтанд. Аммо бо Сангак чӣ сӯҳбат шуд, ба фикрам як умр ҷавоб намедиҳам. Онҷо гапҳо зиёд буд, намехоҳам ифшо шаванд. Вале тамоми ҷараёни сӯҳбат, ки ба таври расмӣ ба протоколи пурсиши Сангак Сафаров ва инчунин Рустам Абдураҳим аз тарафи муфаттиш баргузор шуд дар навори магнитофон сабт шудааст».- Фараж, №39(240), 27.09.2011, с. 9.

(5) Тухми хиёнате, ки дар мавриди ҷудосозии вилояти Ленинобод (имрӯз Суғд) аз кишвари Тоҷикистон дар моҳи майи соли 1992 кошта шуд, дар як муддати кӯтоҳ панҷ бор ҳосили талх ба бор овард. Нахуст, рӯзи қатли Н. Ҳувайдулоев, 24 моҳи августи соли 1992, раҳбарони вилояти Ленинобод бо машварат ва дастгирии М. Осимӣ ва Ю. Исҳоқӣ масъалаи ҷудошавии вилояти Ленинободро ба таври қатъӣ ба миён гузоштанд (ҳатто С. Кенҷаев, рақиби ашаддии Н. Ҳувайдуллоев, дар маросими ба хоксупории Додситони кулл ашки тимсоҳ рехта, савганд ёд карда буд, ки «кори ӯро давом хоҳем дод…»). Дуввум, фирори Раиси Ҷумҳур-Р. Набиев аз шаҳри Душанбе ба мақсади Хуҷанд дар авоили моҳи сентябри соли 1992 низ яке аз марҳалаҳои ҳассоси ин раванди ҷудоихоҳӣ буд, ки бо даст кашидани эшон аз ҳокимият хотима ёфт. Севвум, дар маросими ифтитоҳияи Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Кохи Арбоби Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 Раиси Кумитаи иҷрояи вилояти Ленинобод А. Ҳомидов суханронии хешро бо забони ӯзбакӣ шурӯъ кард ва ҳатто дар навори симо суханони ӯ: «Хуш келибсиз, азиз меҳмонлар!» садо дод. Ин ба он маънӣ буд, ки А. Ҳомидов аллакай (ба лаҳҷаи хуҷандиҳо «аллақачан») вилояти Ленинободро дар оғӯши Ҷумҳурии Ӯзбакистон медид. Чаҳорум, А. Ҳомидов соли 1993 ба нерӯҳои қудратии вилояти Ленинобод дастур дод, ки ҳамаи фирориёни аз пойтахт ва навоҳии ҷумҳурӣ ба вилоят омада, ба вижа мухолифинро, зери фишор ва таъқиб қарор диҳанд ва дастгир карда, ба Душанбе фиристанд. Панҷум, ҳамин ҷаноби А. Ҳомидов буд, ки як бор ба Ӯзбакистон фирор кард ва пасон боз ба мансаби Раиси комиҷроияи вилояти Ленинобод расид ва пули иртиботии рӯдхонаи Яғнобро, ки шимол ва ҷануби Ҷумҳуриро бо ҳам мепайваст, тарконид ва дар ниҳоят бо аъмоли зиёди хиёнатборе бар зидди тамомияти арзии кишвар муттаҳам шуд ва соли 2010 дар зиндон ба сахтӣ мурд. «Валлоҳу ло юҳиббу хоинина»-Аллоҳ хоинонро дӯст намедорад! Ниҳоят, фарҷоми хиёнатҳо ҳуҷуми сарҳанг М. Худойбердиев дар соли 1997 аз хоки кишвари Ӯзбакистон ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Барои ҷаноби С. Мирзорахматов ва Н. Табаров ёдовар мешавем, ки агар садо ва симо хиёнати додситонҳо, раҳбарони вилояти Ленинобод ва мушовираи М. Осимӣ ва Ю. Исҳоқӣ ва фирори Р. Набиевро сари вақт бозгӯӣ намекард, мо имрӯз ба монанди нимҷазираи Корея ва мардуми он ду қисмат будем ва ё зери султаи Ӯзбакистон. Бо камоли масъулият арз менамоям, ки дар тафсири сиёсии симо шаби 27-уми августи соли 1992 ин нуктаҳои боло ошкоро ба тамошобинон гуфта шуд. Пас аз он ҳам М. Осимӣ ва ҳам Ю. Исҳоқӣ шахсан ба мо занг заданд ва изҳори норозигӣ карданд, ки «мо ба тасмими раҳбарони вилоят ҳеҷ таъсире надорем». Дар ҳоле ки далелҳо шаҳодат бар он медод, ки маҳз ин ду тан пас аз марги Н. Ҳувайдуллоев ибтикори амалро дар ин замина ба даст гирифта буданд. Аҷаб не марги нохостаи эшон самараи хиёнати худи онҳо бошад… Нақл мешавад, ки пас аз ба қатл расонидани М. Осимӣ дар даҳонаш ин хатчаро гузоштаанд: «Сазои сари хоин ин аст».

(6) Пагоҳии 23 сентябри соли 1991 кафили қонун-Додситони кулли кишвар-Н. Ҳувайдуллоев ҳангоми берун шудан аз дари хурӯҷии бинои Шӯрои Олии Тоҷикистон ба дастгирии гирдиҳамоии коммунистон дар сӯги фурӯ рехтани муҷассамаи В. И. Ленин чунин гуфта буд: «Ман ҳамаи авбошону зиндониёнро озод карда, к…ни исломиҳоро медаронам…» Ман шоҳиди зиндаи ин суханони таърихии Додситони кулли Тоҷикистон Н. Ҳувайдуллоев будам. Додситони кулл олами ҷиноятро бо баҳонаи гирдиҳамоии мардум дар Майдони Озодӣ моҳи сентябри соли 1991 аз маҳбас берун овард. Чанде пеш дар «Asia-Plus» (20.06.2012, №47/734/, с. А/6) ба ин амали Додситони кулли кишвар талвеҳан ишорат шудааст. Додситони кулли кишвар натиҷаи ваъдаашро надид, вале подоши кирдори хешро 24 августи соли 1992 дарёфт кард, албатта, ба эҳтимоли зиёд аз тири ҳамон сипоҳе, ки ба сӯи мардуми Тоҷикистон равона карда буд… Истеҳзо ва фоҷиаи таърихро бинед, ки пас аз даргузашти ҳаждаҳ сол шахсият ва корномаи Н. Ҳувайдуллоев бо қалами номзади илмҳои филологӣ Н. Азимов ба хонандагон ҳамчун «марди шарифу бузург ва қаҳрамони беҳамтои роҳи истиқлолият» (ниг.: Фараж, 17.03.2010, №11(178), с. 13) муаррифӣ шудааст. Воқеан ҳам ин қабил рӯзноманигорон, олимон ва таърихнигорон танҳо дар байни тоҷикон пайдо мешаванд, ки дурӯғи бефурӯғашонро бо нархи гарон ба фурӯш мебароранд ва харидор ҳам доранд ва чунин пиндоранд, ки мардум аҳмақ аст ва чизе дарк намекунад ва ҳар он чӣ ки шон навиштанд ҳақиқат аст ва танҳо сухани онҳо маҳаки таърих буда ва худи таърих низ дар инҳисори онҳо қарор дорад. Барои мисол яке дигар бо унвони доктори илми таърих миннатдории хешро аз табартақсими русӣ-коммунистии Осиёи Миёна чунин изҳор доштааст: «Новобаста аз он ки Тоҷикистон дар гӯшаи дурдасти тоҷикнишини кӯҳистон ташкил гардид, на дар марказҳои аслии зисти тоҷикон ба мисли шаҳрҳои Бухорою Самарқанд, халқи тоҷик бояд як умр аз халқи бузурги рус ва хусусан ҳизби коммунисти он миннатдор бошад…». Ғолиб Ғоибов. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз. Душанбе-2006, саҳ. 593. Ин нуктаро аз китоби он таъриххарош сокини шаҳри Норак С. Алиев дарёфт кардааст ва ҳафтаномаи «Нигоҳ» зери сарлавҳаи «Хари моро нахандонед!» 25.01.2012, №45(268), с. 15 ба чоп расонидааст. Ин «хулосаи илмии» таърихшиноси мӯҳтарам дақиқан ҳамон мусоҳиба-латифаеро дар бораи қавми чукча пеши назар меоварад. Худ бихонед ва ба нуктаи як умр «миннатдории» халқи тоҷик аз халқи бузурги рус ва коммунистон муқоиса намоед:

«Журналист берет интервью у чукчи: -Как вы жили до революции 1917 года?// -Голод и холод.// -А как вы живете теперь?// -Голод, холод чувство глубокой благодарности». Ниг.: Антология мирового анекдота. Социльно-политический анекдот. Киев: Довира, 1994, с. 99. Боварии комил дорем, ки дар нашрҳои ояндаи китоби «Антология мирового анекдота» дурри маънии суфтаи Ғолиб Ғоибов ҳамчун латифаи тоҷикӣ ворид хоҳад шуд, ки боиси ифтихор ва рӯсурхии С. Мирзорахматов ва Н. Азимов мегардад.

(7) Барои пӯшонидани кирдори пешин ва нави Н. Ҳувайдуллоев дар ҳамон рӯзҳои сарнавиштсози моҳи майи соли 1992 дар саҳифаҳои матбуот дурӯғпароканиҳои зиёде ба роҳ андохтанд (имрӯзҳо ин раванд бо қотеъият идома дорад ва гузоштани тандису кӯчаҳо ба номи вай ба мӯд даромадааст), то ҳама чиз пинҳон бимонад. Ин дурӯғпароканиҳо маҷбур сохт, то дар раддия бо унвони «Изҳороти нерӯҳои демократии Тоҷикистон», ки рӯзномаи «Садои мардум» №103(353), 30.05.1992 дар саҳифаи дуввум ба нашр расонид, чунин таъкид шавад: «Рӯзномаҳои «Садои мардум» ва «Ҷумҳурият» аз 27.05.1992 хабаре нашр кардаанд, ки «Рӯзҳои наздик мири шаҳри Душанбе Мақсуди Икром… ба озодӣ мебарояд. Ин иқдоми ҳукуматро гӯё қувваҳои опозисион табрик намуда, аҳд кардаанд, ки кафили осоиши Додситони кулли ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев мебошанд». Мо албатта иқдоми ҳукуматро дар бораи озод кардани Икромов табрик мегӯем, вале бо салоҳат (шояд шакли дурусташ «сароҳат» бошад-М.М.) изҳор менамоем, ки мо ба ҳеҷ касе аҳд накардаем ва кафили осоиши касе нашудаем. Дар бораи Додситони кулли ҷумҳурӣ гуфтанием, ки бар асоси протоколи созиш байни Раиси ҷумҳур,

Раёсати Девони Вазирон ва неруҳои опозисион истеъфои Нурулло Ҳувайдуллоев пешбинӣ шуда ва минбаъд дар вазифаҳои масъули давлатӣ кор накардани он зикр шуда буд. Аз ин рӯ, мо аз Раиси ҷумҳур қатъиян талаб менамоем, ки иҷрои бандҳои протоколи созишро пурра таъмин намояд. Раиси ҲНИ М. Ҳимматзода; Раиси ҲДТ Ш. Юсуф; Раиси созмони Растохез Т. Абдуҷаббор; Раиси созмони «Лаъли Бадахшон» А Амирбек».

(8) И. Каримов моҳи марти соли 2012 даъвоҳои бист соли пеши хешро ба ёд оварда, ба таври ошкоро ва бешармона тасарруфи бахше аз қаламрави Тоҷикистон ва ба вижа сарбанди нерӯгоҳи Фарҳодро ҳадаф қарор дод. Ҷолиб ин аст, ки ба ин ғосибӣ ва зиёдаравиҳои И. Каримов на мақомоти расмии кишвар, балки сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав, ки сарпарастии онро мӯҳтарам А. Достиев бар ӯҳда дорад, вокуниш нишон дод. Муфассал ниг.: Таджикистан обвиняет Узбекистан-Asia-Plus, №25(712), 4.04.2012, с. А/3; Фараж, №14(279, 4.04.2012, с. 2.

(9) Александр Чубаров. Сто десять боевых выходов.-журнал «Братишка», январь 2011. Сайт: bratishka.ru Нуралии Давлат матни ин хотироти генерал А. С. Чубаровро аз забони русӣ ба тоҷикӣ баргардон ва дар шумораҳои 16(226), 17(227) моҳи апрели соли 2011 ҳафтаномаи «Фараж» ба чоп расонидааст.

(10) 1Ниг.: Фараж, 5.10.2011, №40(450), с. 16.

(11) Усмонов И. Соли Набиев. Душанбе: Матбааи байни донишкадаҳои олӣ, 1995, с. 99. Дар ин солноманависии И. Усмонов дурӯғ ва дарҳамбарҳамии зиёде ҷой дорад: Нахуст, намоиши саҳнасозишуда ва иғвобарангези Симои Ӯзбакистон на дар «арафаи ҳабс» ё «гарави кормандони дафтархонаи Раиси Ҷумҳур ва Девони Вазирон», ки чаҳоруми сентябри соли 1992 иттифоқ афтод, балки хеле бармаҳал, яъне 14.06.1992 соати 2100 шаб пахш шуда буд. Дуввум, барои ҷанобон И. Усмонов ва С. Мирзорахматов гуфта шавад, ки Раиси Симои Ӯзбакистон Ҳайитметов аз ақди қарордоди тарафайн дар мавриди пахши Симои Ҷумҳурии Ӯзбакистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва билъакс-Симои Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбакистон сар печид. Ӯзбакистон мехост, ки барномаҳои ТВи ӯзбак ба таври зӯрӣ ва яктарафа дар Тоҷикистон аз буҷаи давлати Тоҷикистон пахш шавад ва бар иваз Симои Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ дар Ӯзбакистон намоиш дода нашавад. Матни қарордод дар мавриди пахши тарафайни намоишҳои симо моҳи июни соли 1992 ба тарафи Ӯзбакистон ва Русия пешниҳод гардид ва пеш аз он таърихе, ки И. Усмонов навиштааст, пахши ТВи ӯзбак мутаваққиф шуд. Севвум, он чӣ, ки мо ба намоиши ТМТ дар 27.08.1992 «Хиёнат» ном гузоштем, дақиқан дуруст буд ва ҳеч муболиғае накардем. Ҳосили он хиёнатҳо (ки бархе бори аввал ба таври мухтасар дар боло бозгӯӣ шуд) ва пас аз онро мардуми Тоҷикистон дар тӯли бисту як соли ахир ҳамчун заҳр мечашанд, ки аз инҳо иборат аст: минкории марзҳо (дар ин муддат беш аз сад нафар ҳаммеҳани мо кушта шуданд ва боз садҳо нафар захмӣ); роҳбандон; боздошти масолеҳи сохтмонӣ, нафтӣ, хӯрокӣ; вайрон кардани роҳи оҳани самти Қӯрғонтеппа; қатъи газ; қатъи нерӯи барқ ва интиқоли он; ғасб ва талаби хоки кишвар; боздошт ва куштори мардуми тамоман бегуноҳ; муҳосираи иқтисодӣ; бастани марз ва эҷоди монеа дар убур ва мурури шаҳрвандон (аз 16 посгоҳи марзии ду кишвар ҳамагӣ ду ё се фаъол асту халос) ва боз даҳҳо мавриди дигар, ки ба ҳамагон маълум аст. Чаҳорум, масъалаи қарордоди пешниҳодгардида байни Ширкатҳои телевизионии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбакистон ва рад шудани он аз ҷониби бародарони бузург ва миёна борҳо дар барномаи «Ахбор» матраҳ шуда буд ва дар намоиши «Хиёнат» ҳоҷат ба такрор надошт.

(12) С. Кенҷаев шаби 23 ба субҳи 24 октябри соли 1992 дақиқан бо супориши И. Каримов ва дастгирии нерӯҳои он кишвар аз роҳи самти ғарбии мамлакат-шаҳри Турсунзода вориди хоки поки Тоҷикистон шуд. Ин бузургтарин хиёнат ба миллат ва якпорчагии кишвар буд. Русия тавонист ин бозиро ба нафъи худ ҳал кунад: тири С. Кенҷаев ва пуштибонаш хок хӯрд ва С. Сафаров (ки бо тарафдоронаш ба Душанбе наёмад ва С. Кенҷаевро фиреб дод) ӯро бо ин шармандигии абадӣ аз саҳнаи бозиҳои минбаъдаи сиёсӣ дур андохт. Русия дар ин масир ва барои саркӯбии тоҷикон аз нерӯҳои тарафдори М. Худойбердиев ҳам хуб истифода карда, дертар ӯро низ канор зад.

Бояд зикр шавад, ки бознависии таърих ва «қаҳрамони истиқлоли кишвар» ҷилва додани С. Кенҷаев (ҳамчунин Н. Ҳувайдуллоев) дар матбуоти кишвар аз устод Лоиқ сар карда, то нависандаву рӯзноманигорон бисёр мӯд шудааст, ки ин аз маҷоли посухи мо берун аст.

(13) С. Мирзорахматов. Герои…, с. 12.

(14) Як сол пас аз иншои ин сатрҳо Сайдумар Салимов дар мақолае хислатҳои асосии муҳочирини тоҷик ва хиёнатҳои ононро ба таври бисёр рӯшан нишон додаст. Ниг.: Почему таджикиу плохо на чужбине.- Asia-Plus, №63(750), 16.08.2012, с. В/6-В/7.

(15) Яксаду сӣ сол пештар аз ин рӯзгор академик А. Ф. Миддендорф дар китоби хеш «Очерки Ферганской долины» (СПб, 1882, с. 401) доир ба тоҷикон чунин тавсифномае навишта буд: «…мы можем судить и о прочих качествах таджика, поставляемых ему в упрек и часто противоречащих одно другому. Тирания сделал его послушным, низкопоклонным, замкнутым, скрытным, недоверчивым, лгуном, обманщиком, мстительным, хвастуном, льстецом и лжесвидетелем; будучи мельником, он занимается фальсификацией муки и постного масла; будучи шелководом, он продает песчаные зерна за грошу шелковичного червя; будучи «ученым», он подделывает документы и монету. Как человек ловкий и алчный, он, если занимает высокий пост, лучше всякого европейского дипломата проявляет свое мастерство в лжи и обмане; он виртуоз в искусстве невозможных извращений и хитросплетений. Как житель больших городов, он в низостях всякого рода далеко превосходит европейца-жителя этих гнезд пороков».

(16) «…тибқи иттилоъи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар соли гузашта (яъне соли 2011-М.М.) беш аз 800 ҷасад вориди кишвар шудааст, ки аз он наздик ба 100 ҳолат куштор арзёбӣ мешавад». Ниг.: Нигоҳ, №46(269), 1.02.2012, с. 2.

(17) Фараж, №3(213), 19.01.2011.

(18) Ниг.: Комсомоли Тоҷикистон, 6.01.1988.

(19) М. Мирраҳим. То ба кай об аз таги ях меравад? Маҷмӯаи мақолаҳо, китоби нотамом ва ҳикояҳо. 1998.-240 саҳ., бо аксҳо ва замимаҳо.

(20) Мирзорахматов С. Герои…, с. 79.

(21) Ниг.: Фараж 21 октябри соли 2009, саҳ. 5. Барои шахси С. Мирзорахматов лозим аст ба ҳамон китоби «То ба кай об аз таги ях меравад?», ки дар даст доранд ва ё ба дасташон додаанд, ба саҳифаҳои 88-89 муроҷиат намоянд ва бо ибораи бисёр обдори мақоли халқӣ барояшон мегӯем: «ҳамаро бо як чашм бинед!».

(22) Правда. 4 сентября 1992 г., с. 1.

(23) Ниг.: Сафарномаи Ибни Фазлон. Теҳрон: Интишороти Бунёди фарҳангии Эрон, 1345, саҳ. «яб».

(24) Ниг.: Фараж, 9.03.2011, №10(220). Ин тафсири исломии хонум М. Асозода як рухдоди аҷоиби дигар ва дар ҳақиқат «исломӣ»-ро дар ёди мо зинда кард, ки овардани онро зарур медонем:

Соли 1994 дар шаҳри Кундуз (Куҳандизи Афғонистон) корман‐ дони «Садои Тоҷикистони озод» бо як нафар аз уламои мӯҳтарами ислом нишасте доштаанд. Яке аз бачаҳои рӯшанфикр зимни сӯҳбат чунин ҳадс мезанад:

-Шояд решаи калимаи «фаранҷӣ» аз вожаи «фаранг, фарангӣ» гирифта шудааст…

Сухани он ҷавон дар даҳонаш ях мебандад ва он олими мӯҳтарами ислом филфавр бо чашмони ало ва шубҳа ба тарафи он ҷавон менигарад ва мегӯяд:

-«Фаранҷӣ», яъне «фарангӣ»?! Ҳо?! Ана, ба ту фарангӣ, мана, ба ту фаранҷӣ…

Муллои мӯҳтарам бо чолокии хос ба даҳони он ҷавони рӯшанфикр ду-се мушти обдор зада, дандонҳои вайро мешиканад!

(25) Ҳакимова С., Мирраҳим М. Илми ахлоқ ва одоб. Душанбе: Шуҷоъиён, 2010, саҳ. 35.

(26) Шояд хонум М. Асозода ҳам барои шӯҳрат ёфтан дар таҳриф ба худ муносиб надидаанд, ки аввал як бор ба сарчашма, яъне китоби «Илми ахлоқ ва одоб», нигоҳ кунанд ва пас аз он тафсир бинависанд. Албатта, тафсири исломии ин хонум ҳам аз фаросат ва ҳам аз дониши фарогирашон гувоҳӣ медиҳад. Аз ин пас хонуми М. Асозода машҳур хоҳанд шуд ҳамонади дигар дурӯғнависон бо тафсирулдурӯғинашон…

(27) Ҷумҳурият, 18.08.2001 ва муроҷиат шавад ба дигар нашрияҳои кишвар дар моҳҳои август ва сентябри соли 2001 ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбакӣ.

(28) Наҷот, №№38, 39, 40 дар таърихи 21 ва 28 сентябр ва 5 октябри соли 2001.

(29) Мухолифат дар нашри мақолаи «Hallo аз Амрико ва посух ба он» дар ҳафтаномаи «Наҷот» ва маҳкумияти муаллифи он аз ҷониби уламои мӯҳтарами исломӣ заминае шуд барои иншои китоби нав, ки моҳи феврали соли 2002 ба охир расондем ва худи ҳамон сол чоп шуд. Ниг.: М. Мирраҳим. Сар омад қиссаи дуздӣ ҳикоят ҳамчунон боқист…». 2002, 147 саҳ., бо замима ва аксҳо.

(30) Ниг.: Миллат 26.01.2011, саҳ. 8.

(31) С. Ҳакимова, М. Мирраҳим. Илми ахлоқ ва одоб, саҳ. 268.

(32) Ниг.: Убайди Зоконӣ. Куллиёти мунтахаб. Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963, саҳ. 117; Куллиёти Убайди Зоконӣ. Теҳрон: Чопи Теҳрони мусаввар, чопи дуввум, 1343, саҳ. 210.

(33) Кадом як танзпардоз мисраъи нахустини ин шеърро чунин таъбир кардааст:

Тарсам нарасӣ ба Каъба, эй ғир(р)омӣ!

(34) Ниг.: М. Мирраҳим. Ниқорнома. Перомуни як рисолаи профессор Р. Мусулмонқулов.-Чароғи рӯз, №3(92), 1996, саҳ. 15; То ба кай об аз таги ях меравад? с. 130-141.

(35) Шайхи Шероз Саъдӣ. Гулистон. Теҳрон: Интишороти Қадёнӣ, 1370, с. 185. Шарр-бадӣ, фасод.

(36) С. Мирзорахматов. Герои…, с. 94.

(37) Мирзорахматов С. Герои…, с. 79.

(38) Мирзорахматов С. Герои…, с. 91.

(39) Бархе чунин ақида доранд, ки ҳар дурӯғе дар ҳаққи инҷониб бинависанд, равост ва ба мо лозим аст хомӯширо авло бидонем. Яке аз дастандаркорони пахши китобчаи С. Мирзорахматов дар Душанбе, ки кадом ҷоизаеро дар таърихи 18.03.2010 бо ӯ ҳамроҳ касб кардааст, айнан ҳамин тавр фармуд: -Хайр, чӣ? Барои шумо боз як тӯҳмати дигар!

* * *

Қисматҳои дигари мақолаи «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: