Перейти к содержимому

Алим Шерзамонов: “Фаъолияти ПМТ дар соли гузашта фаротар аз интизори мо буд”

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон мегӯяд: “Фаъолиятҳои ПМТ дар як соли гузашта фаротар аз интизори мо буд ва бо барномарезиҳо, дар соли оянда қатъан фаъолтар амал хоҳем кард.”

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Паймони Миллии Тоҷикистон эътилофӣ сиёсие аст, ки соли гузашта дар ҳошияи Конфронси ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Урупо дар шаҳри Варшав ва ба муносибати 27-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, аз сӯи чаҳор гурӯҳи опозисиюни тоҷик аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши рушд ва ислоҳоти Тоҷикистон ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо таъсис шуд. Дар канори тамоми аммову агарҳо перомуни шаклгирӣ ва тадовуми фаъолияти ин эътилофи сиёсӣ, тайи як соли ахир шоҳиди фаъолиятҳои он будаем. Ҳафтаи гузашта низ ҷашни яксолагии Паймони Миллӣ ва 28-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Варшав баргузор шуд. Дар ҳамин росто, ба манзури баррасии фаъолиятҳои як соли гузаштаи ПМТ ва таҳлили нуқоти заъфу қуввати ин эътилоф, мусоҳибаеро бо оқоии Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ ва раиси иҷроии Анҷумани озодандешони тоҷик тартиб додаем. Дар идома ин мусоҳибаро мехонед.

Тасним: Дар ибтидои шаклгирии Паймони Миллии Тоҷикистон аммову агарҳои бисёре дар бораи муваффақияти шаклгирӣ ва идомаи фаъолияти он матраҳ шуд. Ба назари шумо, оё таваққӯот ва интизороте, ки чаҳор гурӯҳи сиёсии ҳозир дар ПМТ дар як соли пеш дар назар доштанд, тайи ин муддат бароварда шудааст?

Шерзамонов: Бале, дар хилоли Конфронси ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Урупо ва ба муносибати 28-солагии истиқлоли ҶумҳурииТоҷикистон, мо яксолагии Паймони Миллии Тоҷикистонро ҷашн гирифтем. Бояд бигӯям, ки таваққӯоти ҳаддиақал шахсии банда бисёр камтар аз он чизе буд, ки тайи як соли ахир ба он даст пайдо кардем. Хушбахтона, ПМТ тавонист дар тӯли як сол, ҳам ба худ ва ҳам ба дигарон исбот кунад, ки як ташкилоти маснуӣ нест ва қодир ба фаъолият ва асаргузорӣ аст.

Тасним: Муҳимтарин фаъолиятҳои ПМТ тайи як соли ахир дар чӣ ҳавзаҳое будааст? Оё барномаҳои ПМТ он тавр ки интизор мерафт ба пеш рафтаанд?

Шерзамонов: Бо тавваҷӯҳ ба ин ки ПМТ дур аз кишвар ва дар Урупо қарор дорад, дар тӯли як сол мо дар се ҳавза метавонистем фаъолият кунем. Аввал, ҳавзаи иттилоърасонӣ, дуввум, ҳавзаи равобит ва фаъолияти хориҷӣ ва севвум, иқдомоту барномаҳои ҳуқуқӣ. Худоро шокирем, ки дар ҳар се ҳавза тавонистаем дар тӯли ин як сол муваффақ амал кунем. Махсусан дар набарди иттилоотӣ, ки дар қазияи рабуда шудани Шаруфуддин Гадоев пеш омад, мо муваффақ шудем дар кӯтоҳтарин фурсат ин бародари худро аз чанги золимон наҷот диҳем. Аслитарин муваффақияти Паймони Миллии Тоҷикистон ҳам дар ин аст, ки ҳеч узви он як лаҳза ҳатто на ба худ ва на ба дигарон ин иҷозаро надиҳад, ки шак ё шубҳае барои рабуда шудани Гадоев аз Маскав матраҳ шавад; чаро ки дар ҳамон замон ҳатто афроде дар ҳамин сангар низ ин тавр қаламдод мекарданд, ки Шарофуддин Гадоев довталабона ба Тоҷикистони баргаштааст, ва мо шоҳиди гуфтаҳо ва навиштаҳои бисёре бо чунин иддаоҳое будем. Вале алҳамду лиллоҳ ПМТ тавонист ин мавзӯъро ба шаҳрвандони Тоҷикистон бирасонад, ки мо дар садоқати Шарофуддин Гадоев шакку шубҳае надорем. Баъд ҳам, ки шароити бозгашти вай аз Тоҷикистон фароҳам омад, боис шуд, ки Шарофуддин Гадоев имрӯз ҳам дар қанори мо ҳузур дошта бошад, ва ин нишондиҳандаи як муваффақияти муҳим барои ПМТ аст.

Тасним: Яке аз мавзӯоти муҳимме, ки дар бораи ПМТ бавежа пас аз қазияи Шарофуддин Гадоев матраҳ шуд, музокироти эҳтимолии опозисиюн бо давлати Тоҷикистон барои бозгашт ба кишвар аст. Оё ҳамчунон чунин рӯйкарде дар ПМТ вуҷуд дорад? Пешниҳодоте аз сӯи давлат дарёфт кардаед?

Шерзамонов: Дар мавриди музокира бо давлат, чанд нуктаи муҳим бояд ибтидо дар назар гирифта шавад. Аввал, барои музокира дар ҳар мавзӯе, ду тараф бояд зарурати ин музокираро эҳсос ва дарк кунад. Аммо ин дар ҳоле аст, ки имрӯз мақомоти Тоҷикистон дар ҳамин ҳолат ҳеч заруратеро барои гуфтугӯ ва музокира намебинанд. Аз ин рӯ, гумон намекунам то вақте он тараф моил ба музокира нест, музокирае шакл бигирад. Сониян, барои муколама нияту иродаи сиёсӣ ва омодагӣ барои гузашт дар кор аст. Аммо ба назар намерасад, ки ҳеч кадом аз тарафайн барои чунин мавзӯе омодагии лозимро дошта бошанд, ҳатто дар тарафи мухолифин ҳам ин мавзӯъ вуҷуд надорад. Яъне банда шахсан ҳозир нестам, ки бидуни озодии зиндониёни сиёсӣ бо ҳеч шарту шурути дигаре бо ин ҳукумат пойи мизи музокира қарор гирам. Аз ин рӯ, ҳаддиақалтарин шарт, озодии зиндониёни сиёсӣ аст. Шояд баъд аз иҷрои он мухолифин битавонанд бо тарафи муқобил бар рӯи як миз ҳозир шаванд.

Тасним: Яке аз мавзӯоте, ки маъмулан дар бораи ПМТ мавриди интиқод қарор мегирад, фуқдони як расонаи ҷомеъу фаъол аст. Аммо дар як соли ахир танҳо шоҳиди фаъолиятҳои ПМТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ будаем. Оё ин заъфро мепазиред?

Шерзамонов: То ҷое, ки ман медонам ва бардошти ман ин аст, пӯшиши хабарӣ ва фаъолияти расонаии ПМТ дар тӯли ҳамин як сол хеле муваффақ будааст. Албата шояд мо метавонистем муваффақтар бошем, аммо ин ниёзманди манобеи молӣ аст. Шумо бибинед агар имрӯз он маблағеро, ки ҳукумат барои муқобила бо мухолифин сарф мекунад, ки ҳаққи миллат аст, дар дасти ПМТ буд, қатъан шароит таври дигаре пеш мерафт. Ҳамин фаъолияти имрӯзи мо низ бидуни ҳеч ҳазинае аст. Яъне нерӯҳои мо ба таври довталабона ва бидуни дарёфти ҳеч маблағу маоше кор мекунанд. Он ҳам бо имконоти маҳдуде, ки мо дар даст дорем. Аз ин рӯ, бо тавваҷӯҳ ба ин шароит, фикр мекунам, ки дар пӯшиши хабарӣ ва набарди иттилоотӣ муваффақ амал кардаем. Вале қатъан метавонад ин фаъолият беҳтару бештар шавад.

Тасним: Яке аз нуқоти қуввати ПМТ дар як соли ахир, равобити хориҷӣ ва диплумотик будааст. ПМТ чӣ аҳдофу дастовардҳое аз ин навъ равобит доштааст?

Шерзамонов: ПМТ ва куллан мухолифони тоҷик, ки акнун хориҷи кишвар қарор доранд, агар коре метавонанд анҷом диҳанд ва фаъолиятҳоеро рақам бизананд, ба воситаи ҳамин равобити сиёсии хориҷӣ ва диплумотик аст. Дар ин росто низ мо дастовардҳои зиёдеро ноил шудаем. Яке аз ин дастовардҳо, марбут ба нишасти таблиғотиии ҳукумат буд, ки дар шаҳри Истанбули Туркия қарор буд алайҳи ПМТ ва яке аз аъзои он, яъне Ҳизби наҳзати исломӣ баргузор шавад. Аммо ПМТ тавонист аз тариқи ройзаниҳои сиёсӣ ва диплумотик онро лағв кунад. Дар ҳақиқат таъсири мо буд, ки Ҷумҳурии Туркия аз ин нишаст даст кашид. Дар ҳавзаи дигар, яъне кишварҳои ғарбӣ низ мо то ҳудуде муваффақ амал кардаем. Ҳатто метавонем имрӯз иддао кунем, ки дар равобити хориҷии Паймони Миллии Тоҷикистон аз Вазорати умури хориҷаи давлат низ муваффақтар буд. Тамосҳое, ки чӣ дар шарқу чӣ дар ғарб мо бо имконоти маҳдуди худ барқарор кардем, гумон намекунам, ки Вазорати умури хориҷа чунин карда бошад.

Тасним: Яке аз мавзӯоти муҳим дар мавриди фаъолияти ҷараёнҳои сиёсӣ, иртибототи мардумӣ аст. Аммо дар мавриди ПМТ шоҳиди он ҳастем, ки иртиботот бо мардуми дохили Тоҷикистон дар сатҳи бисёр поине ҳаст. Иллати ин мавзӯъ чист?

Шерзамонов: Бале, қатъан иртибот бо дохил хеле муҳим аст ва мо ҳам ин иртиботро як тараф анҷом додаем. Ютюб, Фейсбук ва шабакаҳои маҷозӣ аслитарин абзори мо будаанд, ки таъомул ва иртиботи мо бо мардумро ҳифз кардаанд. Чандин навбат суханрониҳои мустақим бо шаҳрвандонро раиси ПМТ ва дигар раҳбарони Паймон баргузор кардаанд, ки бо тавваҷӯҳ ба боздидҳо муваффақ ҳам буд. Лекин, аз сӯи дигар ҳам мо намехоҳем дар дохили кишвар ҷонибдорони худро дар хатар андозем ва онҳоро ба фаъолияте, ки дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ ва мамнӯъ эълом шудааст ҷалб кунем. Бидуни ин масъала ҳам имрӯз дар фазои бастаи Тоҷикистон мардум дучори мушкилоти ҳуқуқии бисёре ҳастанд ва мо намехоҳем, ки онро зиёдтар кунем.

Тасним: Ба унвони охирин суол, бифармоед, ки барномарезии ПМТ барои соли оянда ва дуввумин соли фаъолият чӣ гуна аст?

Шерзамонов: Мо тайи ин муддат тамоми бурду бохтҳо, мушкилоту заъфҳо, нуқоти қувватҳоро мавриди баррасӣ қарор додем ва тасмимотеро гирифтаем, ки албатта дар ҳоли ҳозир имкони расонаӣ кардани хеле аз ин тасмимотро лозим намешуморем. Аммо дар ҳамин қадр мутмаин бошед, ки дар соли пеши рӯ, Паймони Миллии Тоҷикистон хеле фаъолтар аз соли пеш хоҳад буд. Барномаҳои мушаххастаре дар пеш дорем ва ба он амал хоҳем кард ва мутмаин ҳастам, ки дар тӯли як соли дигар, ки мо фаъолият хоҳем кард, эътимоди хеле бештареро аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон ҷалб мекунем ва албатта фаъолият бо шаҳрвандони дохил ба маротиб хоҳад афзуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: