Перейти к содержимому

Оғози тазоҳурот алайҳи Ассисӣ дар Миср (филм)

Шабакаи Алҷазира аз таҷаммӯъи эътирозӣ алайҳи давлати Абдулфаттоҳ Ассисӣ дар майдони Таҳрир, маркази пойтахти Миср хабар дод.

Тасовир ва филмҳои мунташиршуда дар фазои маҷозӣ низ нишон медиҳад, ки ширкаткунандагон дар тазоҳурот алайҳи Абдулфатоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср шиор медиҳанд ва хостори сарнагунии вай ҳастанд.

Ҳамзамон низ дар Твиттер ҳаштаки الشعب_یرید_اسقاط_النظام# (Мардум хоҳони сарнагунии режим ҳастанд!) ба шиддат мунташир мешавад.

Бархе расонаҳо аз афзоиши лаҳза ба лаҳзаи афроди мӯътариз ва ҳузури онҳо дар майдони Таҳрир хабар медиҳанд; майдоне, ки соли 2011 саҳнаи шаклгирии инқилоби мардуми Миср буд.

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ монанди Фейсбук ва Твиттер, бархе дар эътироз ба фасоди ҳоким дар давлати Миср барои баргузории тазоҳурот фарохон дода буданд.

Ин тазоҳурот дар ҳоле баргузор мешавад, ки раисиҷумҳури Миср асри ҷумъа (20 сентябр) Қоҳираро ба мақсади Ню-йорк ҷиҳати ширкат дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тарк кардааст.

Бархе манобеъ ҳатто гуфта буданд, ки Ассисӣ аз тарси ин ки алайҳи ӯ тазоҳурот ва ё кудето шавад, сафари худ ба Ню-йоркро лағв кардааст.

Эътирозҳо дар фазои маҷозӣ алайҳи давлати Ассисӣ наздик ба як ҳафта пеш баъд аз он оғоз шуд, ки як паймонкори ширкати сохтусоз алайҳи вай ва фармондеҳони артиш ва мақомоти давлати Миср даст ба ифшогарӣ зад ва аз фасоди онҳо ва ҳайфу майли байтулмол парда бардошт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: