Перейти к содержимому

Поёни ҷанги Яман, калиди ҳалли бӯҳрони равобити Эрону Арабистон

Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Irdiplomacy

Рӯёрӯии Эрону Арабистон ба нуқтаи авҷи худ расидааст. Ҳамла ба таъсисоти нафтии Оромку (Aramco) тавассути нерӯҳои Ҳусии Яман, ки дар навъи худ бесобиқа ва беназир буда, таниши ду тарафи набардро ба авҷи худ расондааст.

Эрон тарафдори Ҳусиҳост ва ба онҳо кӯмакҳои гуногуне карда ва Арабистони Саудӣ низ сардамдори эътилофи мубориза бо Ҳусиҳо дар Яман аст, ки чаҳор соли паёпай аст, ки ҷанги нобаробареро дар Яман ба роҳ андохта ва осебҳои ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ин кишвар задааст. Метавон гуфт, ҳамлаи Ҳусиҳо ба таъсисоти нафтии Оромку дар қалби Арабистон то андозае мувозинаи қудрати низомиро ба суди Ҳусиҳо таъдил кардааст.

Ба дунболи он, ин рӯёрӯиро метавон ба навъе рӯёрӯии ғайримустақими Эрону Арабистон қаламдод кард, ҳамон тавр ки дар тӯли ин солҳо шоҳид будаем, ки баъд аз ҳар ҳамлае аз сӯи Ҳусиҳо, Арабистон Эронро муттаҳам карда, ки бо ҳимояти худ аз Ҳусиҳо, силоҳ дар ихтиёри онҳо гузошта ва онҳо ин силоҳро алайҳи мавозеи Арабистон истифода кардаанд.

Метавон гуфт, рӯёрӯии Эрону Арабистон дар ҳоли ҳозир ба нуқтаи ҷӯш наздик шудааст. Фориғ аз ин ки силоҳҳои мавриди истифода алайҳи полоишгоҳи нафти Оромку тавассути чӣ касе сохта шуда ё аз чӣ ҷое шиллик шуда, метавон гуфт, иқдоми Ҳусиҳо мувозинаро алайҳи Арабистон тағйир дода ва набардро ба хоки ин кишвар кашондааст.

То пеш аз ин Арабистони Саудӣ ба ҳимояти Иёлоти Муттаҳида ва вуруди ин кишвар дар ҷанг умед дошт, аммо – бавежа баъд аз суқути паҳподи омрикоӣ тавассути Эрон – ба ин бовар расидааст, ки Иёлоти Муттаҳида ба ҳеч ваҷҳ барои вуруд ба ҳеч ҷанге дар минтақа тамоюл надорад; ҳамон тавр ки қаблан дар ҷанги Яман борҳо аз Омрико хоста буд, то вориди ҷанг шавад, то битавонад ҷангро ба нафъи Риёз яксара кунад, аммо Вошингтун ин тақозоро ҳамеша рад карда буд. Наздики ду моҳ пеш низ Кунграи (Конгресси) Омрико имкони судури силоҳ ба Арабистон барои истифода дар ҷанги Яманро манъ кард.

Ҳоло Арабистон дарк мекунад, ки Омрикое, ки ҳозир ба вуруд ба ҷанги Яман нашудааст, қатъан барои вуруд ба ҷанге мустақим бо Эрон барои дифоъ аз Арабистон тамоюл нахоҳад дошт. Шояд ба ҳамин далел аст, ки баъд аз ҳамлаи Оромку мақомоти арабистонӣ бо эҳтиёт мавзеъ гирифтанд ва ҳозир нашуданд ҳеч тараферо муттаҳам кунанд, ки дар ҳамла ба таъсисоти Оромку даст доштааст, ҳатто вақте ки омрикоиҳо иддао карданд, ки шавоҳиде дар ихтиёр доранд, ки нишон медиҳад мушакҳо ва паҳподҳое аз сӯи Эрон ба самти таъсисоти нафтии Оромку шиллик шуда ва ба парвоз даромадааст, тарафи арабистонӣ напазируфт ва таъкид кард, ки наметавонад мадорики ироашуда аз сӯи Омрикоро таъйид ва собит кунад.

Ин вокуниши бесобиқа аз сӯи Арабистон ба Иёлоти Муттаҳида аст. Ин нишон медиҳад, ки аввалан, арабистониҳо дигар ҳамонанди собиқ ба омрикоиҳо эътимод надоранд. Сониян, тамоюле ба ташдиди таниш бо Эрон ва вуруд ба ҷанге мустақим бо ин кишвар надоранд.

Пас роҳи ҳал чист?

Роҳи ҳал, поёни ҷанги Яман аст. Музокироти Эрону Урупо барои поён додан ба ҷанг аз гузашта оғоз шуда буд ва ба мароҳили хубе ҳам расида буд, ин музокирот акнун метавонад вориди фози ҷиддитаре шавад ва ба ҷанги хонумонсӯзи Яман поён диҳад. Арабистони Саудӣ, ки то кунун ҳазинаҳои сангинеро бобати ин ҷанг мутаҳаммил шуда, метавонад аз фурсати ба вуҷуд омадаи феълӣ баҳрабардорӣ кунад ва қотеияти худро барои поён додан ба ҷанг нишон диҳад.

Ҷанги Яман мардуми Яманро, ки мутаҳаммили сахттарин рӯзҳои худ дар дастикам се даҳаи ахир шудаанд, ба сутуҳ оварда, тарафҳои арабистониро замингир карда ва кишварҳои муттаҳиди Арабистонро, ки худро даргири ин ҷанг карданд пушаймон кардааст. Акнун беҳтарин замон барои поён додан ба ин ҷанг аст.

Қатъан бо эъломи омодагии тарафҳо барои музокира бо ҳадафи поён додан ба ҷанги Яман танишҳо дар минтақа низ метавонад фурӯкаш кунад ва аз таниши кунунии худ фосила бигирад.

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: