Перейти к содержимому

Як даҳа аст, ки ба мубориза металабад ва мегӯяд: оё ҳамоварде ҳаст?!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҷомеаи мо, ки ҳудуди сад сол дар банди истеъмор буд ва дар ин муддат ҳастӣ ва ҳувияти ӯ – аз забону хатту адабиёту таъриху фарҳангаш – мавриди анвоъи таҳрифҳо, табдилҳо ва дигаргунсозиҳо қарор гирифт, табиист вақте аз ин банд раҳо мешавад ва мехоҳад “худ”-ро аз нав биёбад ва бозсозад, баҳсу кашмакаш миёни афроди ин ҷомеа ба ҷараён биафтад; баҳс миёни эҳёгарон ва тарафдорони “ҳувияти таҳрифшуда”. Ин комилан табиист, бавежа бо дар назар гирифтани ин воқеият, ки муддати наздик ба сад сол, замони андаке нест. Дар ин муддат ду насл аз батни ин ҷомеа берун омада, ки ниҳодаш бо хамиртуруши истеъмор сохтаву пухта шудааст.

Беш аз як даҳа аст, ки фазои маҷозӣ, ва гоҳе фазои ҳақиқӣ, шоҳиди якчунин баҳсу кашмакашҳост. Дар як тараф эҳёгарон ва асолатхоҳон истодаанд ва мегӯянд: бояд забонамон ҳамон ному унвонро дошта бошад, ки ҳазорон сол чунон хонда шуда. Бояд хаттамон ҳамон бошад, ки осори бузургони ин сарзамин мисли Рӯдакӣ, Фирдавӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва Мавлоно ба он падид омада. Бояд ин забони ширин полойиш ва аз шӯрии вожагони бегона поксозӣ шавад.

Дар сӯи дигар аммо муртаҷеъони тарафдори “ҳувияти таҳрифшуда” истодаанд ва дар ҳоле, ки теша ба решаи худ мезананд, забони моро фақат дар маҳдудаи бисёр танги Тоҷикистони кунунӣ маҳсур месозанд ва мегӯянд: забони мо ҳамон аст, ки номаш дар даврони истеъмори булшевик ҷаъл шуда! (Ҳақиқати тамоми иддаоҳояшон ҷуз ин нест агарчӣ ба шакле дигар гуфта мешавад.) Ин гурӯҳ гӯӣ аз оламшумулии ин забон дар ғафлатанд ва намедонанд, “қанди порсӣ” танҳо маҳдуд ба ин ҷуғрофиёи кучак нест, балки ба фармудаи Ҳофиз:

Шакаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,

З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.

* * *

Яке аз эҳёгарон ва асолатхоҳон, ки барои ин муҳим камар баста ва беш аз як даҳа аст ба танҳоӣ кори як ниҳоди аризу тавилеро анҷом медиҳад ва тавониста “маҳол”-ро ба “мумкин” табдил кунад ва дар дили ҳазорон ва балки даҳҳо ҳазор тоҷик шӯълаи умед ба бозгашт ба хатти модариро равшан ва ба изъони хасмаш, “хело ҷавонҳоро мағзшӯӣ” бикунад, рӯзноманигори тавоно Дориюши Раҷабиён аст.

Раҷабиён дар ин муддат қариб ба сад (ва шояд бештар) ёддошту мақолаи илмӣ дар бораи забони модарӣ нигоштааст, ки дар фазои маҷозӣ ва бахусус дар гурӯҳи “Забони порсӣ” мунташир ва дар сойтҳои гуногун низ бознашр мешаванд; мақолаҳое, ки бисёре аз онҳо дар вокуниш ба иддаоҳои порсиситезон ва дар шакли раддия навишта шудаанд.

Раҷабиён 10 сол аст, ки муртаҷеъони тарафдори “ҳувияти таҳрифшуда”-ро ба чолиш мекашад ва онҳоро ба мубориза металабад ва мегӯяд: оё ҳамоварде ҳаст?! Аммо хусумаш, бо он ҳама ановини пуртамтароқе, ки доранд — аз “профессор”-у устоди донишгоҳу корманди Окодемӣ ва ғайра — дар ин муддат натавонистанд ақаллан як ҷавоби дурусту ҳисобӣ ба ӯ бидиҳанд ва барои ҷомеа собит кунанд, ки Раҷабиён носавоб мегӯяд.

Ба далели ҳамин аҷзу нотавонӣ дар посухи илмӣ аст, ки ин муртаҷеъони пурмуддао ба тарфандҳои пупулистӣ ва авомфиребона паноҳ мебаранд. Шиори “Душманони забони тоҷикӣ, душмани Тоҷикистон низ ҳастанд!”, ки ахиран дар забони муртаҷеъон зиёд ҷорӣ мешавад, аз ин тарафандҳост, ки барои инҳирофи зеҳнҳо аз асли моҷаро ба кор бурда мешавад.

Тавзеҳ он ки: ин шиор, барои касе, ки аз асли моҷаро огоҳ нест ва намедонад асосан даъво сари худи иборати “забони тоҷикӣ” аст, шиорест бисёр гиро ва мавриди қабул, ба ҳадде, ки бар мункираш лаънат мефиристад. Аммо барои як огоҳу мутталеъ аз асли моҷаро ва даъво, як шиори бисёр гумроҳкунанда аст. Зеро муртаҷеъ, дар ин шиор, ки сар медиҳад, масъалаи мавриди даъво бо хасмашро – ки ҳамон, иборати “забони тоҷикӣ” аст – як асли мусаллам ва пазируфташуда, ки гӯӣ дар он ҳеч ихтилофе нест ангошта, дар ҳоле, ки аввал ӯ бояд бо роҳи илмӣ ва истидлоли мантиқӣ собит кунад, ки забонамон тоҷикӣ хонда мешавад на масалан порсӣ, сипас ҳақ дорад бигӯяд: “Душманони забони тоҷикӣ, душмани Тоҷикистон низ ҳастанд!” Аммо то замоне, ки аз исботи он оҷиз аст, барояш дуруст ин аст, ки бигӯяд: “Душманони забони тоҷикон, душмани Тоҷикистон низ ҳастанд!

Асосан, тарфандҳои пупулистӣ ва авомфиребона ҳама аз ҳамин қумошанд. Инҷо барои равшантар шудани масъала, як ҳикояти воқеиро бароятон нақл мекунам ва ин ёддоштро поён мебахшам. Ин ҳикоят ҳикояте аст, ки ба назарам, барои расвосозии як пупулист ва авомфиреб, наметавон беҳтар аз онро пайдо кард. Ва аммо ин ҳикоят:

Яке аз уламои саршиноси ҷаҳони ислом ба номи Шайх Аббоси Қумӣ, дар хотироташ нақл мекунад ва менависад: Тобистонҳо гоҳе барои таблиғ ба баъзе аз рустоҳои атроф мерафтам. Боре ба рустое омадам, ки як муллои мубаллиғ он ҷо буд, ки ба мардум динашонро меомӯхт. Ӯ савод надошт, вале бо руҳияи мардум хуб ошно буд, забонашонро медонист. (Яъне як пупулисти ба тамоми маънои калима.) Вақте ман омадам ва дар масҷид ду се бор суханронӣ кардам, ин мулло эҳсос кард, нонаш ним мешавад ва ман ҷойи ӯро хоҳам гирифт.

Бинобар ин, рӯзе пас аз намози ҷамоат рӯй овард ба мардум ва гуфт: мардум! Ин ҷавон (бо ишора ба ман) бесавод аст ва дини шуморо хароб мекунад, ӯро аз русто биронед! Ва агар боваратон намешавад, ҳоло бароятон исбот мекунам.

Ҷамоат ҳам гуфтанд, бароямон ин иддаоро собит кунед, ки агар рост бошад, фавран ӯро меронем, то динамонро хароб накунад.

Мулло ҳам рӯй ба ман овард ва гуфт: оё ҳозирӣ имтиҳонат бикунам?

Гуфтам: бале, ҳозирам!

Гуфт: биё ин ҷо ва дар ин девор “Мор” бинавис!

Ман ҳам пеши худам гуфтам, аҷаб имтиҳоне! Инки чизе нест. Баланд шудам ва рӯйи девори масҷид “Мор” навиштам.

Сипас, муллои русто бӯрро аз дастонам гирифт ва шакли морро дар девор кашид. Ва он гоҳ рӯй ба мардум кард ва пурсид: ҳоло худатон қазоват кунед! Кадомин навишта дуруст аст? Оё он чи ман навиштам ё он чи ин ҷавони бесавод навишт?! (Мардум низ ҳама бесавод ва хондану навиштан намедонанд.)

Ҷамоат ҳама ва бо як садо гуфтанд: он чи шумо навиштед, мор аст, аммо он чи ин ҷавон, ки мепиндоштем муллост, навишта, мор нест.

Ин ҷо буд, ки мардум маро ронданд ва гуфтанд, то дигар поямро дар ин русто нагузорам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: